• PDF

    «Оё гумон кардӣ, ки асҳоби Каҳф ва навиштае, ки (бар девори ғор буд) аз ҷумлаи ояту нишонаҳои аҷибу ғариб буд? Чун ором гирифтанд ҷавонон дар ғор пас гуфтанд: Парвардигоро, бидеҳ ба мо аз назди худ биҳиште ва омодасоз барои мо дар кор роҳёберо (мудаббиреро). Пас парда гузоштем дар гӯшҳояшон дар ғор (яъне, хобонидем онҳоро) чанд сол. Боз бедор сохтем онҳоро то бидонем, ки кадом яке аз ду гурӯҳ ёд дошта муддатеро, ки дар он ғор буданд». (Сураи Каҳф 9 - 11).

  • PDF

    Рӯзе, ки аъмоли инсон ба ӯ нишон дода, аз ӯ суол карда шавад, гиря ва пушаймонӣ фоидае надорад. Рӯзе, ки инсон мегӯяд: «эй кош барои зиндагии абадиям тӯшае мефиристодам»… орзу мекунад, ки ба дунё бозгардад, то барои ибодати Худо талош кунад… вале чи касе метавонад ин фурсатро ба ӯ бидиҳад….дунё дигар барои ӯ тамом шудааст…ҳоло вақти онаст, ки посухи неъматҳои бешумори илоҳиро пас диҳад…

  • PDF

    Нависанда : Мунира ҲАБИБОВА

    Зани насрони чигуна мусалмон шуданошро дар ин мақола қисса мекунад, ва инчунин мушкилотҳое ки дар роҳи Худо ба онҳо дучор шудааст. (Ман монанди ҳар фарди масеҳии дигар аз кӯдакӣ бар дини масеҳият ба воя расидам. Падарам кӯшиш мекард, то маро тарбияти хуб кунад. ӯ рӯзҳои якшанбе маро бо худ ба калисо мебурд).

  • PDF

    Аз фазлу раҳмати Худованд ин аст, ки дар тӯли сол барои бандагони солеҳи худ мавсимҳоеро қарор медиҳад, ки дар он ба аъмоли солеҳ бипардозанд. Аз ҷумлаи он мавсимҳо даҳаи моҳи Зулҳиҷҷа аст. Дар фазилат ва бузургии ин даҳаи муборак далелҳои бисёре аз Қуръону суннат ворид шудааст.

  • PDF

    Баъд аз анҷоми ҳар тоату ибодате чӣ рӯзаву намоз, ҳаҷҷу умра, садақа ё амали солеҳи дигаре ҳамаи мо сухани Алӣ (р)-ро такрор менамоем, ки фармуд: "Эй кош, қабул мегашту табрикаш мегуфтем ва ба маҳрумгашта таъзият мефиристодем". Инчунин баъд аз ҳар ибодате гуфтаи Ибни Масъуд (р)-ро ба кор мебарем, ки мефармояд.

  • PDF

    Дини Ислом ба унвони бузургтарин дини ахлоқ аст, ки тамоми ҳолоти мусулмононро аз бузургу кӯчак дар назар мегирад ва ба тамоми ҷанбаҳои фардӣ ва иҷтимоӣ эҳтимом меварзад. Расули Акрам (саллоҳу алайҳи ва саллам) мефармоянд: "Ҳамоно ман мабъус шудам, то тамомкунандаи беҳтарин ахлоқро бошам". (Имом Аҳмад).

  • PDF

    Ҳузайфа ибни Ямон (Рози бод Худованд аз У) ривоят мекунад, ки Паёмбар (Саллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "фазилати илм аз фазилати ибодат беҳтар аст ...".

  • PDF

    Чипта: Танҳо ба як самт (чиптаи бозгашт нест). Нарх: Ройгон (бепул). Ҷойи махсус: Ҷудо ва тасдиқ шудааст. Маълумоте дар бораи мусофир. Ном. Насаб. Номи падар: Ҳама фарзандони Одам (а). Таркибаш: Хок. Суроға: Сайёраи Замин. ШАРТҲОИ САФАР Нуқтаи равонашавӣ: Ҳаёти дунявӣ. Нуқтаи охирин: Ҳаёти беохир. Транзит: Меҳмонхона - 2 метр зери замин (танҳо барои як шахс). Муддати парвоз: Номаълум.

  • PDF

    Пас аз офариниши Одам (а) Худованд (ҷ) ба фариштагон фармуд: "Ҳангоме ки онро низом бахшидем ва аз рӯҳи худ дар он дамидем, барои ӯ ба саҷда афтед" (сураи "Ҳиҷр", ояти 29). Бо ин фармони илоҳӣ "фариштагон ҳамагӣ саҷда карданд" (сураи "Ҳиҷр", ояти 30). Аммо иблис "ба хотири рӯҳияи истикбораш аз фармони Худо сарпечӣ намуд ва саҷда накард" (сураи "Бақара", ояти 34). Зеро иддаои бартарӣ бар Одам дошт ва мегуфт: "маро аз оташ офаридаӣ ва ӯро аз гил ва ман бартар (болотар) аз ӯям" (сураи "Сод", ояти 76). Ба ҳамин далел Худованд (ҷ) ба вай фармуд: "аз осмонҳо (ва аз суфуфи малоика) дур шав, ки ту рондаи даргоҳи манӣ". Ба ин васила иблис аз даргоҳи илоҳӣ ронда шуд.

Назари ту бароямон муҳим аст