• Тоҷикӣ

    Бародарон ва ҳоҷиёни муҳтарам! аз ин ки зиёрати хонаи Худо ва ҳаҷҷи Байтуллоҳи-л-ҳаром яке аз аркон ва бунёни асоси Ислом ба шумор меравад, пас, бояд мутобиқи суннат ва гуфтори Расули акрам-саллаллоҳу алайҳи васаллам- бошад чунонки он ҳазрат худ фармуданд: «خذوا عني مناسككم، فإني لا أدري لعلي لا أحج بعد حجتي هذه». [مسلم]. «Аз ман маносик ва роҳнамои ҳаҷҷи худро биёмўзед. (Ба ривояти Муслим). Ин хадис асли азим ва бузурге дар маносик ва роҳнамои ҳаҷ аст. Пас ин мухтасари маносики ҳаҷро ба бародарони форсизабони ҷаҳон тақдим медорем ва аз Худованди азза ва ҷалл хосторем онро холисан барои ризову хушнўдии худ қарор дода, моро аҷр ва подоши нек дар дунё ва охират ато фармояд.

  • Тоҷикӣ

    Банда ин рисоларо бо умеди ин, ки Худованди таъоло ба василаи он зану шавҳарро нафъ мебахшад ҷамъоварӣ намудам, ва бояд бигӯям, ки зани хирадманди афифа нағз медонад, ки чӣ гуна шавҳарашро хушнуд созад ва чӣ тавр бо ахлоқи ҳамида, фармонбардорӣ аз шавҳар ва лутфу нармӣ муҳаббати шавҳарашро касб намояд. Расули акрам (с) ба яке аз занони асҳоби хеш гуфтанд: - Оё шавҳар дорӣ? Гуфт: -Оре. Он ҳазрат (с) пурсиданд: - Нисбати ӯ чӣ гуна муомилаву рафтор менамоӣ? Гуфт: - То ҳадди тавонам дар хидматаш тақсиру кӯтоҳӣ нахоҳам кард. Он ҳазрат (с) фармуданнд: - Дар мавриди шаҳарат боэҳтиёт бош, зеро, ки ӯ (шавҳарат) биҳишт ва дӯзахат мебошад. Яъне, шавҳарат сабаби даромаданат ба биҳишт ва дӯзах мегардад. (Ба ривояти Тирмизӣ)

Назари ту бароямон муҳим аст