Соддагии ислом ва азамати Муҳаммад саллоҳу алайҳи ва саллам

Гузориши мухтасар:

Ҳангоме, ки дар бораи ислом ба Қуръон ва сураи Муҳаммад бинни Абдуллоҳ муроҷиа кардам, ҷиҳате афкорамро ба худ ҷалб кард. Соддагии ислом ва суҳулати (осони) он. Ақидаи ислом напечидаги дорад ва на мубҳам аст, балки як имони соддае аст, ки аз роҳи ақл ва диққат дар низоми офариниш, барои инсон ҳосил мешавад ва риояти ҳамин ду чиз қатъан одамиро ба офаридагори доно ва тавоно мўъмин месозад.
Дар ин мақола дар бораи ислом овардани ин шахсияти бузург ва сабабҳое ки уро маҷбур кард ки исломро қабул бикунад зикр мекунад.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Соддагии ислом ва азамати Муҳаммад соллаллоҳу алайҳи ва саллам

    وضوح الإسلام وعظمة محمد صلى الله عليه وسلم

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Таҳияи: Абдуссатори Ҳомид

    2009 - 1430

    وضوح الإسلام وعظمة محمد صلى الله عليه وسلم

    « باللغة الطاجيكية »

    إعداد : عبد الستار حميد

    2009 - 1430

    Соддагии ислом ва азамати Муҳаммад соллаллоҳу алайҳи ва саллам

    Ба қалами устоди амрикои, мудири мачаллаи

    " Шахсияти родиёи " Доналд Ригёл

    Авомил аз ҷиҳати зиёде маро ба сўи ислом ҷазб кард, ки баъзе аз онҳо чунон ошкор аст, ки наметавон дар онҳо шак ва тардид кард ва баъзе дигарро боисти дар ботину аъмоқи рўҳи одами ҷустуҷў намуд.

    Ҳангоме, ки дар бораи ислом ба Қуръон ва сураи Муҳаммад бинни Абдуллоҳ муроҷиа кардем, ҷиҳате афкорамро ба худ ҷалб кард. Соддагии ислом ва суҳулати (осони) он. Ақидаи ислом напечидаги дорад ва на мубҳам аст, балки як имони соддае аст, ки аз роҳи ақл ва диққат дар низоми офариниш, барои инсон ҳосил мешавад ва риояти ҳамин ду чиз қатъан одамиро ба офаридагори доно ва тавоно мўъмин месозад.

    Ҳангоме, ки Худоро шинохти ва ба вучудаш имон оварди, ислом ба ту таълим медиҳад, ки

    ﭧ ﭨ ﭽﭚ ﭛ ﭜ ﭝ ﭞ ﭟ ﭠ ﭼ ق: ١٦

    " Худо аз раги гардан ба инсон наздиктар аст "

    сураи "Қоф" ояи 16

    Ва низ дар мақоми муаррифии хеш чунин мегуяд :

    ﭧ ﭨ ﭽ ﯩ ﯪ ﯫ ﯬ ﯭ ﯮﯯ ﯰ ﯱ ﯲ ﯳ ﯴﯵ ﯶ ﯷ ﯸ ﯹ ﯺ ﯻ ﯼ ﭼ البقرة: ١٨٦

    "Ҳаргоҳ бандагонам аз ту дар бораам суол кунанд, ман ба онҳо наздикам ва дуъои дуъокунандагонро мустаҷоб мекунам". сураи "Бақара" ояи 186.

    Бинобар ин дар оини ислом миёни Худо ва бандагонаш на воситае лозим аст ва на барои пазириши тавба ва анҷоми ибодат вучуди коҳин ва ё маркази муайяне зарурат дорад.

    Худованд мефармояд:

    ﭧ ﭨ ﭽ ﮔ ﮕ ﮖﮗ ﮘ ﮙ ﮚ ﮛ ﮜﮝ ﮞ ﮟ ﮠ ﮡ ﮢ ﭼ البقرة: ١١٥

    " Машриқу мағриб моли Худо аст, ҳар су руй андозед,Худо дар ҳамон сў аст."сураи "Бақара" ояи 115.

    Рафторе, ки ислом ба мухолифини худ, чи дар ҳоли сулҳ ва чи дар ҳоли ҷанг, чи бо яҳуд ва чи бо насрониҳо карда ва нарми ва бузургворие, ки дар ҳаққи онон намуда аст, ончунон шигифтовар ва қобили таҳсин аст, ки беихтиёр маро шефтаи худ сохта аст.

    Дар тамоми аҳкоми ислом ва дар ҳамаи дастурҳои он, ҷанбаҳои инсонии он ошкор аст. Ҳамаи мардум бо тамоми ихтилофоте, ки дар баҳраманди аз мазоҳири зиндаги доранд, дар пешгоҳи Худо баробаранд. Ҳеҷ кас ба хотири сарват ё нажод ё ранг ба дигаре бартари надорад, танҳо бартари ва фазилат дар сояи шоистаги ва парҳезгори аст.

    Худованд мефармояд:

    ﭧ ﭨ ﭽ ﭵ ﭶ ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭼ ﭽ ﭾ ﭿﮀ ﮁ ﮂ ﮃ ﮄ ﮅﮆ ﮇ ﮈ ﮉ ﮊ ﮋ ﭼ الحجرات: ١٣

    "Эй мардум ҳар оина офаридем шуморо аз мард ва зан ва сохтем шуморо ҷамоъатҳо ва қабилаҳо то бо якдигар шиносо шавед ҳар оина беҳтарини шумо назди Парвардигор парҳезгортарини шумост ҳар оина Худо донову хабар дор аст"

    Афроди сарватманд бояд ҳуқуқу воҷиби моли худро ба фақирҳо ва бенавоён бипардозанд.

    Ислом на танҳо пайравони худро аз ҳамгоми бо корвони тамаддун ва пешрафт бознамедорад, балки ба онон фармон медиҳад аз роҳҳои ақли бо корвони тараққи ва фарҳанг ҳамоҳанг гарданд.

    Ислом баҳраманди ва мазоҳири зиндагиро ҳаром намедонад.

    Худованд мефармояд:

    ﭧ ﭨ ﭽ ﯨ ﯩ ﯪ ﯫ ﯬ ﯭﯮ ﯯ ﯰ ﯱ ﯲ ﯳﯴ ﰆ ﭼ القصص:٧٧

    "Ончи ки марбут ба охират аст, бигир, вале баҳраатро аз мазоҳири зиндагии ин ҷаҳон фаромўш макун" сураи "Қасас" ояи 77.

    Худованд боз мефармояд:

    ﭧ ﭨ ﭽ ﭣ ﭤ ﭥ ﭦ ﭧ ﭨ ﭩ ﭪ ﭫ ﭬ ﭭﭮ ﭿ ﭼ الأعراف: ٣٢

    "Бигў, (эй Паёмбар), чи касе зинатҳои Худоро, ки барои бандагонаш офарида, ҳаром карда аст? ва аз рўзиҳои покиза ва ҳалол манъ кардааст?" сураи "Аъроф" ояи 32

    Бисёре аз соддагиҳо ва хубиҳои ислом, чи дар қисмати ақоид ва ибодат ва чи қисмати муомилот ва ғайра, ки феълан бароям мақдур (имконпазир) нест ҳамаи онҳоро бишмурам, боис гардид, ки ман ба ислом мўътақид гардам.

    Ончи ки сазовор аст, гуфторамро ба он хатм кунам, ҳамон таваҷҷўҳ ба азамати Муҳаммад соллаллоҳу алайҳи ва саллам аст. Ҳар касе, ки сират ва таърихи ўро чи дар мақоми даъват ва чи аз лиҳози шахсияти рўҳи ва чи дар ҳоли ҷиҳод ва майдони ҷанг мутолиъа кунад, ногузир эътироф хоҳад кард, ки Муҳаммад соллаллоҳу алайҳи ва саллам хотами пайғамбарон ва дини ў беҳтарини адён аст.

    Ва ба унвони табрик, номамро ба номи гироми мубораки он ҳазрат "Муҳаммад ибни Абдуллоҳ" табдил намуда, аз Худо тавфиқи бештар масъалат менамоям.

    Аз китоби "Чаро мусулмон шудам"