ДАЪВАТ БА ХУШГУФТОРӢ ДАР ҚУРЪОНИ КАРИМ

Гузориши мухтасар:

Даъват ба хушгуфтори сухани нек ва рафтори нек бо мардум, ва оятҳое аз Қурони карим ки дар ин мавзуъ ворид шудааст.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    ДАЪВАТ БА ХУШГУФТОРӢ ДАР ҚУРЪОНИ КАРИМ

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    http://tojikislom.net.ru/

    2010 - 1431

    الدعوة إلى حسن المعاملة

    « باللغة الطاجيكية »

    http://tojikislom.net.ru/

    2010 - 1431

    ДАЪВАТ БА ХУШГУФТОРӢ ДАР ҚУРЪОНИ КАРИМ

    Қуръони карим сар то сар панди Худост. Тамоми масъалаҳои ҳаёт дар он дарҷ ёфтааст. Акнун ки он бо забони тоҷикӣ ва ҳарфи кирилӣ гардонида шудааст, барои ҳар фарди мусалмон имконият даст медиҳад, ки онро мутолиа кунад. Агар хонему амал накунем чунон аст, ки мо аз фармудаи Худо (ҷ) рӯй гардонида бошад. Яке аз мавзӯъҳое, ки Худои мутаол дар китоби худ ба бандагонаш пешниҳод кардааст, мавқеи забон дар ҳаёт, аҳамияти забон ва тарзи истифода бурдани ӯ дар зиндагӣ мебошад.

    Худо (ҷ) мефармояд, ки бандаи ман ҳамоне аст, ки агар мардуми ҷоҳилу нодон ба онҳо бо суханони қабеҳ муроҷиат кунанд ҳам, бандаи ман бо сабр ва нармиву мулоиматӣ ба ӯ бояд ҷавоб гардонад. Дар ояти 63 сураи «Фурқон» омадааст:

    ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﮱ ﯓ ﯔ ﯕ ﯖ ﯗ ﯘ ﯙ ﯚ ﯛ ﯜ ﯝ ﯞ ﭼ الفرقان: ٦٣

    «Dа бандагони Худои раҳмон ононе ҳастанд, ки ба рӯи замин роҳ бо тавозӯъ ва фурӯтанӣ раванд ва ҳар гоҳ мардуми ҷоҳил ба онҳо хитоб кунанд, бо забони хуш ҷавоб диҳанд».

    Дар ҳақиқат ҷавонмардӣ, одамгарӣ аз он беҳтар намешавад, ки дар муқобили одами ба сари ту хашм карда бо забони нарм посух гӯи. Кас бо ин амали худ ба деги ғазаби ба ҷӯш омадаи рақибаш оби сард мерезад. Афсӯс, ки на ҳама ин корро карда метавонанд.

    Дар ояти 18 сураи «Pevfh» низ ҳамин фикр тақвият ёфтааст:

    ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﮩ ﮪ ﮫ ﮬ ﮭﮮ ﮯ ﮰ ﮱ ﯓﯔ ﯕ ﯖ ﯗ ﯘ ﯙ ﭼ الزمر: ١٨

    «Jн бандагоне, ки чун сухан бишнаванд, некӯтар амал кунанд, онон ҳастанд, ки Худо онҳоро ба лутфи хоси худ ҳидоят фармуда ва ҳам онон хирадмандони ҳақиқи оламанд».

    Дар оят таъкид шудааст, ки ҳар бандае сухан мешунавад, яъне касе ӯро сарзаниш мекунад ё танқид менамояд ва ӯ дар ҷавоб амали хубтар мекунад, онҳо ҳамон одамоне ҳастанд, ки Худо бо лутфи махсусаш онҳоро ҳидоят кардааст ва онҳо хирадмандтарин одамони олам мебошанд.

    Дар сураи Муҳаммад (с) ояти 21 гуфта шудааст:

    ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﭰ ﭱ ﭲﭳ ﭽ ﭼ محمد: ٢١

    «Роҳи саодат тоати Худо ва гуфтори неку аст». Яъне инсонро аввал тоату ибодаташ ба саодату комёбӣ мерасонад. Мардуми ширинсухан ва хушгуфторро ҳамеша дӯст медоранд. Дар бораи ингуна одамон мегӯянд, ки фалони чунон ширинсухан аст, ки мехоҳи ду гӯши дигар пайдо кунию ӯро бишнави.

    Дар ҳақиқат як сухани ноҷо метавонад маҷлис ё ҷамъомадро сард кунад. Беҳуда Абдулқодири Бедил нагуфтааст:

    Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,

    Пистаи бемағз гар лаб во кунад, расво шавад.

    Дар ояти 53 сураи (Bchj), Худо ба пайғомбари худ мефармояд:

    ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﮀ ﮁ ﮂ ﮃ ﮄ ﮅﮆ ﮇ ﮈ ﮉ ﮊﮋ ﮌ ﮍ ﮎ ﮏ ﮐ ﮑ ﮒ ﭼ الإسراء: ٥٣

    «Ва эй Муҳаммад бандагонро бигӯ, ки ҳамеша ҳангоми такаллум сухани беҳтарро бар забон оред ва ҳаргиз ҳарфи зишт нагӯед, ки шайтон бисёр шавад ба як калимаи зишт миёни шумо душманӣ ва фасод бармеангезад, зеро душмани ӯ ба одамиён возеҳ ва ошкор аст».

    Магар барои мо аз ин беҳтар ва фоидаовартар панде ҳаст? Ба мо лозим аст, ки бо ин панди Худо(ҷ) ҳамеша амал кунем.

    Шахсоне, ки дар маъракаҳо суханони ношоиста, дағал ва ногувор мегӯянд, ин гуна одамонро «хунукгап», «бӯйинсухан», «плефтагӯй» мегӯянд ва мардум онҳоро онқадар эҳтиром намекунанд.

    Дараҷаи сухан ва қадри он назди Худои карим хеле бузург ва арзишманд аст. Худо ба пайғомбари худ мегӯяд:

    ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﯲ ﯳ ﯴ ﯵ ﯶ ﯷ ﯸ ﯹ ﯺ ﯻ ﯼ ﯽ ﯾ ﯿ ﰀ ﰁ ﭼ إبراهيم: ٢٤

    «J\ yflblb (fq bycjy) xbueyf ,f\y rfhl {eljdfyl vfcfke ljcnjyb ce[fyb gjrhj vjyfylb lfhf[nb gjr rb ,t[fi ecnedjhe vesrfv ,jifl df ij[fsjzi lfh jcvjy » (сураи Иброҳим ояти 24).

    Ҳама Сухан хуб аст, аммо мо он суханонро ҳангоми гуфтугӯ дағалу дурушту беарзиш мекунем. Гоҳо як ҳамсӯҳбати дағалгуфтор ҷамъомади гармро сард ва ҳама аҳли маҷлисро нороҳат мекунад. Ба қавли шайх Саъдӣ:

    Ба як нотарошида дар маҷлисе,

    Биранҷад дили хушмандон басе.

    Агар буркае пур кунад аз гулоб,

    Саге дар вай афтад, кунад манҷалоб.

    Баъзан ҳолатҳое мешавад, ки баъзе шахсон махсусан роҳбарон дар ҷамъомаде ба сари мардум садо баланд карда ҳамаи аҳли ҷамъиятро гунаҳкор медонанд. Ба сари ҳамаи халқ дод мезананд. Ин гуна ҳолатҳо дар шаҳр дар маҷлисҳо бисёр ба мушоҳида мерасад. Дар деҳот бештар сардорони маҳал, раисони хоҷагиҳо, раисони ҳукуматҳои маҳалӣ қаҳру ғазаби худро ба воситаи ба сари мардум дод задан паст кардани мешаванд. Худои меҳрубон ҳамин амали ношоистаи чунин саркашонро маҳкум намуда дар ояти 148 сураи «Нисо» чунин гуфтааст:

    ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﭒ ﭓ ﭔ ﭕ ﭖ ﭗ ﭘ ﭙ ﭚ ﭛﭜ ﭝ ﭞ ﭟ ﭠ ﭡ ﭼ النساء: ١٤٨

    «Худо дуст намедорад, ки касе бо гуфтори зишт ба айби халқ садо баланд кунад». Дар давоми ҳамин оят Худо (ҷ) миёни халқ баланд кардани овозро ба ҳамон касоне рухсат медиҳад, ки онҳо аз дасти кассе ҷабру зулм дида бошанд.

    Бубинед, ки Худо (ҷ) сухани баланд, доду фиғонро дар миёни мардум маҳкум карда онҳоро ба нармгуфторӣ даъват кардааст.

    Дар бисёр оятҳои китоби Худо (ҷ) дар бораи таъсирнокӣ, рӯшанбаёнӣ, фасеҳии забони Қуръон ишора шудааст. Азбаски ин китоб гуфтаи Худо (ҷ) аст, бояд ҳамин тавр ҳам бошад. Масалан дар ояти сеюми сураи «Зухруф»омадааст:

    ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﮩ ﮪ ﮫ ﮬ ﮭ ﮮ ﮯ ﭼ يوسف: ٢

    «Мо Қуръонро бо забони фасеҳи арабӣ муқарар доштем, то шумо дар фаҳми он ақл ва фикр ба кор баред».

    Аз ин фармудаҳои Худо (ҷ) шоирон илҳом гирифта дар бораи сухану сухангӯӣ, қадри калом шеър ҳам зиёд эҷод кардаанд, агар онҳоро ҷамъ кунем як китоби бузург мешавад.

    Аз ҳамаи ин гуфтаҳо мо бояд ба натиҷае оем, ки ба ширинзабонӣ, хушзабонӣ ва наранҷондани хотири якдигар одат кунем ва сухан гӯем.

    Назари ту бароямон муҳим аст