Даъват ба суи ҷаннат

Нависанда : Абузари Абдулло

Гузориши мухтасар:

Бародарону хоҳарон, ва падарону модарони азизу гироми! Инҳо баъзе саволҳое ҳастанд ки ҷавобҳояшонро бароятон аз саҳеҳтарин ҳадисҳои паёмбар (Дуову дуруд бар у бод) ҷамъовари кардам ва фикр намекунам ки амали кардани ҷавоби онҳо бароятон мушкил бошад, пас ҳарки хушбахтии дунё ва охиратро бихоҳад дар паи амали намудани ин ҷавобҳо бояд кушиш намояд.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Даъват ба суи ҷаннат

    ] Тоҷикӣ – Tajik – طاجيكي [

    Таҳияи: Абузари Абдулло

    2011 - 1432

    ﴿ الدعوة إلى الجنة ﴾

    « باللغة الطاجيكية »

    إعداد: أبو ذر عبد الله

    2011 – 1432

    Даъват ба суи ҷаннат

    Бародарону хоҳарон, ва падарону модарони азизу гироми! Инҳо баъзе саволҳое ҳастанд ки ҷавобҳояшонро бароятон аз саҳеҳтарин ҳадисҳои паёмбар (Дуову дуруд бар у бод) ҷамъовари кардам ва фикр намекунам ки амали кардани ҷавоби онҳо бароятон мушкил бошад, пас ҳарки хушбахтии дунё ва охиратро бихоҳад дар паи амали намудани ин ҷавобҳо бояд кушиш намояд.

    Хонандаи гироми!

    Оё мехоҳи бо Худованд наздик боши?

    Паёмбар (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: "Аз ҳама зиёд вақтҳое ки банда бо Худованд наздик аст, ҳагоми саҷдааш мебошад пас дуъоро дар он ҳангом зиёд кунед".(Ривояти Муслим)

    Оё мехоҳи савоби ҳаҷро бигири?

    Паёмбар (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: "Умра дар моҳи Рамазон баробар ба (савоби) ҳаҷ аст, ё ҳаҷе бо ман" (Мутафақун алайҳи)

    Оё мехоҳи дар ҷаннат хонае дошта боши (дар ҳоле ки дар ин дунё ҳасти)?

    Паёмбар (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: "Ҳарки барои Худо масҷиде бино кунад Худованд мисли у дар ҷаннат барояш бино хоҳад кард" (Ривояти Муслим)

    Оё мехоҳи розигии Худовандро ба даст ори?

    Паёмбар (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: "Худованд рози мегардад аз бандае ки ҳаргоҳе ки чизе бихурад уро ҳамд (Алҳамдулиллоҳ) бигуяд, ва ҳаргоҳе ки чизе бинушад уро ҳамд бигуяд" (Ривояти Муслим)

    Оё мехоҳи дуъоят қабул гардад?

    Паёмбар (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: "Дуъое ки байни азону қомат аст рад намегардад" (Ривояти Абудовуд)

    Оё мехоҳи бароят савоби рузадории як соли пурра навишта шавад?

    Паёмбар (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: "Рузадории се рузи ҳар моҳ баробар ба рузадории тамоми сол аст" (Мутафақун алайҳи)

    Оё мехоҳи бароят мисли куҳҳо савоб бошад?

    Паёмбар (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: "Ҳар ки дар ҷанозае ҳозир гардад то ин ки намози ҷанозаашро бихонанд барои у мисли қироте савоб навишта мешавад, ва агар то дафн кардани майит ҳозир бошад барои у мисли ду қирот савоб навишта мешавад, аз паёмбар (Дуову дуруд бар у бод) пурсиданд ки қирот чист? Гуфт: Қирот мисли ду куҳи бузурге" (Мутафақун алайҳи)

    Оё мехоҳи дар ҷаннат ҳамроҳи паёмбар (Дуову дуруд бар у бод) боши?

    Паёмбар (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: "Ман бо кофили (парваришгари) ятим ин гуна ҳастем гуфту ду ангушташро бо ҳам баробар карду нишон дод" (Ривояти Бухори)

    Оё мехоҳи савоби муҷоҳиди роҳи Худо ва ё савоби рузадору шабзиндадорро бигири?

    Паёмбар (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: "Ҳарки дар паи кумаки беваҳо ва бечорагон мегардад мисли муҷоҳиде дар роҳи Худо мебошад, ва инро низ ба ҳисоб мегирам ва гуфт: инчунин мисли шабзиндадорест ки аз намоз берун намешавад, ва мисли рузадорест ки ифтор намекунад" (Мутафақун алайҳи)

    Оё мехоҳи худи паёмбар (Дуову дуруд бар у бод) бароят ҷаннатро замонат бидиҳад?

    Паёмбар (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: "Ҳарки бароям миёни ришҳояшро (даҳонашро) ва миёни пойҳояшро (аз ҳаромиҳо) бароям замонат бидиҳад (Аз сухани бад ва нодуруст, ва зинокори дур бошад) ман барояш ҷаннатро замонат медиҳам" (Мутафақун алайҳи)

    Оё мехоҳи амалат баъди мурданат қатъ нагардад?

    Паёмбар (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: "Ҳангоме ки инсон мемирад тамоми амалҳояш қатъ мегарданд магар аз се чиз, агар (дар зиндагияш) садақаи ҷория карда бошад, ё илмаш нафъ бахшида бошад, ё фарзанди солеҳе (тарбият карда бошад) ки дар ҳақаш дуъо кунад" (Ривояти муслим)

    Оё канзе (хазина) аз канзҳои ҷаннатро мехоҳи?

    Паёмбар (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: "Калимаи (Ло ҳавло ва ло қуввата илло биллоҳ) канзе аз канзҳои ҷаннат аст" (Мутафақун алайҳи)

    Оё савоби шабзиндадориро бо намозаш мехоҳи бо пурраги дарёфт намои?

    Паёмбар (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: "Ҳарки намози Хуфтанро бо ҷамоат ба ҷо биёрад мисли он аст ки нисфи шабро бо намозгузори зинда доштааст, ва ҳарки намози Бомдодро бо ҷамоъат ба ҷо биёрад мисли он аст ки тамоми шабро бо намозхони зинда доштааст" (Ривояти Муслим)

    Оё мехоҳи се яки Қуронро дар як дақиқа бихони?

    Паёмбар (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: "Сураи "Қул ҳуваллоҳу аҳад" баробари се яки Қурон аст" (Ривояти Муслим)

    Оё мехоҳи тарозуи савобҳоят вазнин гардад?

    Паёмбар (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: "Ду калимае ҳастанд дустдоштани дар назди Худованд, ва гуфтанашон сабуктар дар забон, ва вазнашон вазнинтарин дар тарозу (тарозуи амалҳо) Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи, субҳоналлоҳи л азим" (Ривояти Бухори)

    Оё мехоҳи ризқат фаровону умрат дароз гардад?

    Паёмбар (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: "Ҳар ки дуст дорад ки ризқаш фаровону умраш дароз гардад, пас силаи раҳмро пароканда насозад" (Ривояти Бухори)

    Оё мехоҳи Худованд дидоратро дуст бидорад?

    Паёмбар (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: "Ҳарки дидори Худовандро дуст бидорад, Худованд ҳам дидори уро дуст медорад" (Ривояти Бухори)

    Оё мехоҳи Худованд туро ҳифз намояд?

    Паёмбар (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: "Ҳарки намози Бомдодро ба ҷо биёрад дар зимаи Худованд аст" (Риволяти Муслим)

    Оё мехоҳи агарчи гуноҳонат бе андоза зиёд бошанд тамоми онҳо бахшида шаванд?

    Паёмбар (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: "Ҳар ки бигуяд: (Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи) сад бор тамоми гуноҳонаш бахшида мешаванд агарчи ба андозаи мавҷҳои болои баҳр бошанд" (Мутафақун алайҳи)

    Оё мехоҳи Худованд байни ту ва оташи дузах то ҳафтод сола роҳ дури биандозад?

    Паёмбар (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: "Ҳар ки аз барои Худо як руз руза бидорад Худованд уро то ҳафтод сола роҳ аз оташи дузах дур месозад" (Ривояти Бухори)

    Оё мехоҳи Худованд бар ту салавот бифиристад?

    Паёмбар (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: "Ҳарки бар ман як бор салавот бифиристад Худованд бар у даҳ бор салавот мефиристад" (Ривояти Муслим)

    Оё мехоҳи Худованд туро баланд мартаба гардонад?

    Паёмбар (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: "Ҳарки бо касе аз барои Худованд хоксори намояд Худованд уро баланд мартаба хоҳад гардонд" (Ривояти муслим)

    Назари ту бароямон муҳим аст