Ворисони анбиё!

Гузориши мухтасар:

Олимон меросбарони паёмбаронанд ва паёмбарон ғайр аз илм чизе мерос намондаанд, пас мардум ҳар мушкилие дошта бошанд бояд аз олимон бипурсанд то аз хато ва гумроҳи дар динашон эмин бимонанд.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Ворисони анбиё!

    ورثة الأنبياء

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    محمد عزيز رجب

    —™

    Ворисони анбиё!

    Ворисони анбиё!

    Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармудааст:

    "لا تسبوا الديك, فإنه يوقظ للصلاة".

    «Шумо хурӯсро дашном надиҳед, зеро ки ба намоз бедор мекунад!». (Муснади Аҳмад 4/115, ва АбуДовуд 5101).

    Яке аз шахсиятҳои маъруфи олами ислом, Қорӣ Суъуд Шурайм ин ҳадисро нақл кардаву чунин шикояте мекунад:

    " نهى عن سب حيوان لا يعقل، فكيف بسب علماء ودعاة يعلمون الناس الخير!.. "

    «Паёмбар моро наҳй кардааст, аз дашном додани ҳайвоне ки ақл надорад, пас чӣ гуна ҳаст дашном додани уламо ва даъватгарон, ки ба мардум хайру некӯӣ меомӯзанд!..».

    Яке аз донишмандон ин масъларо бештар тавзиҳ додаву мегӯяд:

    Худованд моро фармудааст:

    ﴿فَسۡ‍َٔلُوٓاْ أَهۡلَ ٱلذِّكۡرِ إِن كُنتُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ ٤٣﴾ [النحل: ٤٣]

    “Аз аҳли зикр (донишмандон) суол кунед, агар намедонед”.

    Сураи Наҳл,43.

    Ва ин оят насси муҳкаме ҳаст то рӯзи қиёмат, ки мардумро амр мекунад ба руҷӯъ ба аҳли илм. Ҳарчиро ки нафаҳмиданд, ё ишколе пеш омад, аз уламо суол кунанд, токи ба ҳақ бирасанд, дар ончӣ ки ихтилоф карданд, ё ки надонистаанд.

    Дар рикоби донишмандон бошанду пой аз хати кашидаи эшон берун наниҳанд…

    Вале аҳмақону сафиҳоне буданду (ҳастанд), ки ин оятро баръакс мехонанд. Гоҳо ба забони ҳол, ва гоҳо ба забони мақол мегӯянд: Агар уламо чизе гӯянд, ки мо намедонем (мутобиқи ҳавои мо нест) ва масоилеро мухолифи равишу хоҳиши мо баён карданд, ба такфиру таъни эшон мепардозем!

    Агар ин уламо мисли мо нагӯянд, ва мисли мо нафаҳманд, пас муртаду кофирашон мехонем…

    Такфир кунед аҳли илмро, агар (чизе гуфтаанд, ки) шумо намедонед!».

    Шайх Абдулкарим Хузайр мегӯяд:

    "وليعلم كل إنسان أنهم يبذلون ما يستطيعونه لكن ليس بالمقدور أن ينفذ كل ما يقولون, هذا على مر العصور, العلماء ينصحون ويوجهون ولا يلزمون, لا يستطيعون الإلزام على مر العصور,.."

    «Ва бояд мо ҳама бидонем, ки уламо ба қадри тавоноӣ талош мекунанд! Вале имкон надорад, ки ҳар гуфтаи онҳо амалӣ шавад. Дар тули торих чунин будааст!

    Аҳли илм насиҳат мекунанд ва раҳнамоӣ мекунанд, вале касеро водор (маҷбур) карда наметавонанд…». (Шарҳи Китобул-илми АбуХайсама).

    Натиҷаи чунин инҳироф чист?!

    Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) мефармояд:

    "إِنَّ اللَّه لَا يَقْبِض الْعِلْم اِنْتِزَاعًا يَنْتَزِعهُ مِنْ النَّاس, وَلَكِنْ يَقْبِض الْعِلْم بِقَبْضِ الْعُلَمَاء حَتَّى إِذَا لَمْ يَتْرُك عَالِمًا اِتَّخَذَ النَّاس رُءُوسًا جُهَّالًا فَسُئِلُوا فَأَفْتَوْا بِغَيْرِ عِلْم فَضَلُّوا وَأَضَلُّوا ".

    «Аллоҳи мутаъол илму донишро аз байни мардум кашида намегирад, балки илмро бо гирифтани уламо (вафоти уламо) аз мардум мегирад. То ҷойе мерасад, ки олиме боқӣ намемонад ва мардум барои худ пешвоён ва сарварони ҷоҳилро мегиранд, ки пурсида мешаванд (аз умури шаръӣ ин сарварону пешвоёни ҷоҳилро мепурсанд) ва бидуни илму дониш фатво медиҳанду гумроҳ мешаванд ва гумроҳ мекунанд». (Саҳеҳи Бухорӣ 100 ва Муслим 2673).

    Ин ҳадисро имом Нававӣ чунин бобгузорӣ кардааст:

    «Аз байн рафтани илму дониш ва қабзи он ва зуҳури ҷаҳлу нодонӣ ва фитнаҳо!».

    Ва ин ҳадиси Паёмбар бозгӯи ҳақиқати ҳоли имрӯзи мост, ки ҷавонони ҷоҳиле бо ҷуръати комил ба уламову даъватгарон таъну тавҳин раво медоранд, ва ҳатто такфир мекунанд. Ва дар ҳар мавзуъ ва масъалае ки дилашон хоҳад фатво медиҳанду посух мегӯянд.

    Назари ту бароямон муҳим аст