Дастабандии илми

معلومات المواد باللغة العربية

Теъдоди матолиб: 10

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Олимон меросбарони паёмбаронанд ва паёмбарон ғайр аз илм чизе мерос намондаанд, пас мардум ҳар мушкилие дошта бошанд бояд аз олимон бипурсанд то аз хато ва гумроҳи дар динашон эмин бимонанд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Гоҳ-гоҳ дар мақолаву навиштаҳои баъзеҳо ибораҳое мисли: “зоҳирбин”, ”сатҳнигар”, ”аз умқи шариъат бехабар”, “мағзи дин” истифода мешавад.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Сухангу : Ҳоҷи Мирзо

    Ҳоҷи Мирзо дар ин навор дар мавзуи илм ва талаби он ва дар бораи фазлу бузургии олимон ва эҳтироми онҳо сухан меронад.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор мардум ва хоссатан донишҷуёнро ба илму донишомузи ташвиқ мекунад, ва инчунин дар рафти суҳбат дар бораи ТАВАССУЛ суҳбат намуда навъҳои ҷоиз ва мамнуъи онро баён мекунад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Ҳузайфа ибни Ямон (Рози бод Худованд аз У) ривоят мекунад, ки Паёмбар (Саллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "фазилати илм аз фазилати ибодат беҳтар аст ...".

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Бародарон ва хоҳарони гироми неъматҳое, ки худованд дар ин дунё барои бандагонаш дода аст хеле зиёду бе ҳисобанд, чуноне, ки худованди бузург мефармояд: {وآتاكم من كل ما سألتموه وإن تعدوا نعمة الله لا تحصوها إن الإنسان لظلومٌ كفار} [إبراهيم: 34]. Тарҷума: Ва аз ҳарчи хостаед ба шумо дода аст, ва агар бихоҳед неъматҳои худоро бишуморед) азбас ки зиёданд(наметонед онҳоро бишуморед воқеан инсон ситамгар ва носипос аст. Ва бузургтарин неъмате, ки худованд дар ин дунё барои бандагони мусалмонаш дода аст ин неъмати эмон ва ҳидоят барои ҳақ аст, ки агар худованд ба фазли худ бандагони мусалмонашро ҳидоят намекард ҳеҷ вақт ҳидоят намеёфтанд… . Ва инчунин аз бузургтарин неъматҳое, ки худованд дар ин дунё, ки барои каме аз бандогонаш насиб мегардонад ин (неъмати илм) аст.

  • Тоҷикӣ

    MP4

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи сифоти як иддае суҳбат мекунад, ки ба дараҷаи олимӣ намерасанд ва аз ҷумлаи он сифатҳо: Такаббур аст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Ғолибан ҳар инсоне, ки ба ҷидол машғул гашт – аз баракати илму дониш маҳрум хоҳад монд, Зеро аксари онҳое, ки ҷидол мекунанд танҳо сухани хешро нусрат доданӣ (исбот карданӣ) мешаванд, ва аз ин сабаб аз баракати илм маҳрум хоҳанд шуд…

  • Тоҷикӣ

    YOUTUBE

    Шайх Муҳаммад Солиҳи Пурдил дар ин навор дар яке аз мактабҳо дар бораи толибилми насиҳатҳои муфиде барои толибилмон намудааст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Бародарон ва хоҳарони толибилм: Пеш аз ҳама сипос гузорем он Худоеро ки неъмати "Талабиилмро" барои мову шумо насиб гардонд. Дар ҳоле ки бисёри ҷавонон аз ин неъмати бузург бенасиб ҳастанд, ва албатта ин аз фазлу бузургии Худованд аст, ки мову шуморо аз зумраи "Толибилмон" гардонид. Ва ҳар яки мо бояд бидонем ки нисбати ин неъмат дар назди Худованд масъулияти бузурге дорем, ки агар ин масъулиятиро дарк накунем ва вазифаи худро нисбати ин неъмат адо накунем, дар рузи қиёмат ин неъмат барои мову шумо табдил ба азоб мегардад.