معلومات المواد باللغة العربية

Теъдоди матолиб: 3

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Илми ҳадис ё суннат илмест, ки ба воситаи он гуфтаҳо, кардаҳо ва аҳволу кирдори Пайғамбар (с) шинохта мешавад. Олимони ҳадис суннатро ингуна таъриф гузоштанд: Маҷмуъаи гуфтор, кирдор, таъйид ва васфи чигунагии хилқат ва ахлоқи собитшуда аз пайғамбари худоро, хоҳ пеш аз пайғамбариаш бошад ва ё баъди пайғамбариаш, суннат гуфта мешавад. Олимони Ислом дар замони гузашта ва ҳозира иттифоқ кардаанд, ки асл ва асоси муътабар дар исботи аҳкоми шариъат ва ҳалолу ҳаром дар дараҷаи аввал Қуръони карим китоби Худованд аст. Баъд аз Қуръон суннати Расули Худо (с) аст, ки аз ҳавову ҳавас гап намезанад, балки ваҳйи аст, ки Худованд бар Ӯ (с) нозил фармуда аст. Баъд аз Қуръон ва суннат (яъне асл ва масдари севум) Иҷмоъи олимони уммати исломӣ аст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : Ибн Қайм Ал-Ҷавзия Тарҷума : Одили Ҳайдарӣ

    Эъломул муваққиъин 4/454 - 456 Расули Худо (с) дар ҳоле дунёро видоъ гуфт, ки парандае дар осмон пар намезад магар ин ки аз он барои уматаш донишеро баён менамуд, ва ҳама чизро ба онон омузиш дода буд, ҳато одоби қазои ҳоҷат, ва одоби ҳамбистари, ва одоби хоб кардан, одоби нишастану бархостан, одоби хурдану нушидан, одоби савор шудану пиёда шудан, одоби сафару иқомат, одоби сукуту сухан гуфтан, одоби фақру дорои, одоби саломати ва бемори, ва тамоми аҳкоми маргу зиндагиро ба онон омухт.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Суол ва ҷавоб дар мавриди инкори суннат ва ҳадисҳои Паёмбар. Оё инкори ҳадис куфр аст? (Ҳукми шахсе ки ҳадисро қабул намекунад).