Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи авфу бахшиши дини Ислом суҳбат карда, баён мекунад, ки дини Ислом ҳамавақт тарафдори бахшиши ҳамдигар аст ва ба ин ташвиқ мекунад ва ҳеҷгоҳ тарафдори интиқом ва бадбини нест.
Дини ислом дар воқеъ сарчашмаи рухсат ва осонгири аст, Ва осонгири яке аз ҳадафҳои он ба шумор меравад, инчунин осони ва тасомуҳ дар ҳама аҳкоми дини Ислом, дар усулу фуруъ ва ақидаву ахлоқ ва ғайра, дида мешавад.
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин суханронии худ ҳадисеро аз Паёбари ислом ривоят мекунад, ки мадҳу сано барои ду бародарест, ки барои Худованд бародар ва дӯст шудаанд.
Дини ислом охирин пайғоми исломи аст ки Худованд онро барои ҳама мардум фуру фиристода аст чи дар машриқ ва чи дар мағриб, барои зан ва мард, қудратманд ва нотавон, сарватманд ва нодор, доно ва нодон, солим ва бемор, ба ҳамин хотир Худованд бо лутфу карами хеш пайғоми худро ба гунае нозил кард ки фаҳми он барои ҳама муяссар мебошад, ва дини ислом дар пайи он аст ки машаққат ва ҳараҷро аз мардум бардорад.
Дили софу солим, суханҳо ва амалҳо бо оёт ва аҳодиси воридшуда дар ин мавзуъ, ва сабабҳои воқеъ шудан дар бадбини ва ҳиқду ҳасад, ва чигуна аз ин сифатҳои бад эмин мондан.
Дини Ислом ба унвони бузургтарин дини ахлоқ аст, ки тамоми ҳолоти мусулмононро аз бузургу кӯчак дар назар мегирад ва ба тамоми ҷанбаҳои фардӣ ва иҷтимоӣ эҳтимом меварзад. Расули Акрам (саллоҳу алайҳи ва саллам) мефармоянд: "Ҳамоно ман мабъус шудам, то тамомкунандаи беҳтарин ахлоқро бошам". (Имом Аҳмад).