- Тоҷикӣ Таълиф : Ҳасан Закариёи Фулайфул Тарҷума : Муҳаммадиқболи Садриддин
Хонандагони гиромиро ва махсусан бонувони азизро ба қироати ин ганҷинаи пурмўҳтаво, ки ҳамаи матнҳои он бо истидлоли оёт ва аҳодиси набавӣ музайян гардидааст, даъват менамоем ва хоҳиши онро дорем, ки дар хондани он бо диққат бошанд, то ба каҷфаҳмӣ роҳ надиҳанд ва худро аз ин гуноҳҳо боз доранд, то бонуи бошараф ва афифаӣ хонадони худ ва кишвари азизамон гарданд. Зеро ҳар марди мусалмони ҷомеъаи кунунии мо ниёзи шадид ба чунин бонуи афифа дорад.
- Тоҷикӣ Нависанда : Қисми Илмии Дор ал-Ватан
1) Хоҳари азиз! Бисёр кушиш кун то, ки дар ҳаҷу умра ва соири ибодатҳо холис барои Худо боши. 2) Аҳкоми Ҳаҷро мувофиқи суннати Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) таълим бигир, чуноне ки паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) мефармояд: "Маносики (амалҳои) Ҳаҷро аз кардаҳои ман таълим бигиред".
- Тоҷикӣ Тарҷума : Абдусаттори Ҳақназар
Вақтеки хоҳарони азизи мо барои анҷом додани аъмоли нек ва кушиш дар итоати Худо ва фурсат донистани вақт дар ризогии Худо ҳарис ҳастанд баъзе аз онон нисбат ба баъзе аз аҳком дар мавриди дини Худо ва суннати Пайғамбараш худро ба ҷаҳолат мезананд. Ба муносибати даромадани моҳи шарифи рамазон, ки моҳи шитоб кардан ва сабқат гирифтан дар аъмоли нек аст хостем, ки ин рисоларо ки гушае аз китоби " Аснофу-н-нисо фи рамазон" аз шайх Муҳаммад Муснад аст таҳия кунем, то ин ки хоҳарони мусалмон аз ин фойдаҳо баҳраманд шаванд ва бо илму огоҳи дар итоати Худо кушиш кунанд. Ва намехоҳем чунонеки саҳобии ҷалил Абдуллоҳ ибни Масъуд фармуданд: "Ва бисёри касоне ҳастанд ки иродаи хайр доранд вале ба он даст намеёбанд" аз дастраси ба хайр маҳрум гардед.
- Тоҷикӣ Нависанда : Абдусаттори Ҳақназар Таҳрир : Мисбоҳиддини Ҳомид
Хоҳари диндор: Нафсу хонаводаи хешро аз ширки зоҳириву ботини нигоҳ медорад. Хоҳари диндор: Ҳоҷати хешро танҳо аз Худо талаб карда танҳо назди Парвардигори хеш сар фуруд меорад. Хоҳари диндор: Хоҳари диндор аз ғайбату масхара ва таҳқири дигарон дури меҷуяд.
Follow us: