Тавсифи таҳорат, таяммум ва ғусл: Лавҳаи мусаввар ба забони Тоҷикӣ , ки аз ҷониби Шайх доктор Ҳайсам Сарҳон омода шудааст, ки дар он мухтасари тавсифи таҳорат, таяммум ва ғусли Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст. бо расмҳой баёнгар.
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи Панҷ чиз ва ё амале, ки аз фитрат мебошад суҳбат мекунад. Ва ҳар як инсон бояд ин амалҳоро анҷом диҳад.
Эшони Нрурдин дар ин навор дар бораи одати моҳонаи занҳо ва аҳкоми он, ва сабаби пайдоиши он, ва муддатaш ки чанд рӯз аст, ва агар зан вақто, ки ин одатро бинад бар вай чи воҷиб мешавад ва аз кадом корҳо бояд боз истад, мавъиза мекунад. Ва барои тамоми хоҳарон ва модарони азиз тавсия мекунем ин наворро гуш кунанд.
قال الله تعالى: { يُرِيْدُ اللهُ بِكُمُ اليُسْرَ وَلاَ يُرِيْدُ بِكُمُ العُسْرَ } «Худованд осониро барои шумо мехоҳад ва сахтиву душвориро барои шумо намехоҳад». Барои эҷоди суҳулат дар анҷоми ибодатҳо шариъат як силсила сабукиҳоеро дар назар гирифтааст, ки масҳ кашидан бар масҳӣ, захмбанд ва … аз он ҷумла мебошанд. Масҳ аслан бо суннати Расули Худо (с) собит гардидааст. Аз ҷумла аз Алӣ ибни Абутолиб (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) муддати масҳро барои мусофир се шабонарўз ва барои муқим як шабонарўз муайян намудааст, он ҷо, ки мефармояд: «Мусофир то се шабонарўз ва муқим то як шабонарўз (бар мўзаҳояшон) масҳ мекашанд».