Масҳ бар мўзаҳо (масҳиҳо), захмбанд, тахтаи шикастабандӣ ва аҳкоми он

Гузориши мухтасар:

قال الله تعالى: { يُرِيْدُ اللهُ بِكُمُ اليُسْرَ وَلاَ يُرِيْدُ بِكُمُ العُسْرَ } «Худованд осониро барои шумо мехоҳад ва сахтиву душвориро барои шумо намехоҳад».
Барои эҷоди суҳулат дар анҷоми ибодатҳо шариъат як силсила сабукиҳоеро дар назар гирифтааст, ки масҳ кашидан бар масҳӣ, захмбанд ва … аз он ҷумла мебошанд. Масҳ аслан бо суннати Расули Худо (с) собит гардидааст.
Аз ҷумла аз Алӣ ибни Абутолиб (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) муддати масҳро барои мусофир се шабонарўз ва барои муқим як шабонарўз муайян намудааст, он ҷо, ки мефармояд: «Мусофир то се шабонарўз ва муқим то як шабонарўз (бар мўзаҳояшон) масҳ мекашанд».

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Масҳ бар мўзаҳо (масҳиҳо),

    захмбанд, тахтаи шикастабандӣ

    ва аҳкоми он

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Абдушарифи Боқизода

    2009 - 1430

    المسح على الخفين و الجبيرة و أحكامهما

    « باللغة الطاجيكية »

    عبد الشريف عبد الباقي

    2009 - 1430

    Масҳ бар мўзаҳо (масҳиҳо),

    захмбанд, тахтаи шикастабандӣ

    ва аҳкоми он

    Худованд мефармояд:

    ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﯗ ﯘ ﯙ ﯚ ﯛ ﯜ ﯝ ﯞ ﯨ ﭼ البقرة: ١٨٥

    «Худованд осониро барои шумо мехоҳад ва сахтиву душвориро барои шумо намехоҳад».[1]

    Барои эҷоди суҳулат дар анҷоми ибодатҳо шариъат як силсила сабукиҳоеро дар назар гирифтааст, ки масҳ кашидан бар масҳӣ, захмбанд ва … аз он ҷумла мебошанд. Масҳ аслан бо суннати Расули Худо (с) собит гардидааст.

    Аз ҷумла аз Алӣ ибни Абутолиб (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) муддати масҳро барои мусофир се шабонарўз ва барои муқим як шабонарўз муайян намудааст, он ҷо, ки мефармояд: «Мусофир то се шабонарўз ва муқим то як шабонарўз (бар мўзаҳояшон) масҳ мекашанд».[2]

    Ибни Мунзир мегўяд: Ҳасани Басрӣ (р) гуфт: «Ҳафтод нафар аз асҳоби Паёмбар (с) бароям ривоят кардаанд, ки Расули Худо (с) бар мўзаҳои (масҳиҳои) худ масҳ мекашид».[3]

    Он касе, ки бо пои таҳорат мўза (масҳӣ) пўшидааст, пас ҳар гоҳ бевузў гардад, метавонад ҳангоми вузў ба ҷои шустани пойҳояш бар мўзаҳои худ масҳ кашад.

    Масҳ бар мўзаҳо ба ин сурат аст, ки шахси вузўкунанда ангуштони худро бо об тар намуда, сипас ба миқдори се ангушт бар болои мўзаҳои худ аз ҷое, ки сари ангуштонаш қарор гирифтааст, то поинтар аз соқ масҳ мекашад.

    Масҳ бар пойафзолҳо дар сурате ҷоиз аст, ки шартҳои зеринро доро бошанд:

    1. Ин ки пойафзор буҷилаки пойро пўшонида бошад.

    2. Сафар ба василаи он мумкин бошад.

    3. Ин ки шахс ҳангоми вузў доштан онро пўшида бошад.

    Агар як пои мўза ба андозае шикоф шуда бошад, ки се ангушти кўчаки по аз он намоён шавад, дар ин сурат масҳ кашидан бар он ҷоиз намебошад. Вале агар ҷои даридагӣ камтар аз ин миқдор бошад, масҳ бар он ҷоиз аст.

    Муқим (шахсе, ки дар ҷое истиқомат мекунад) то як шабонарўз ва мусофир то се шабонарўз метавонад бар мўзаҳояш масҳ кашад. Оғози ин муддат аз вақти бевузў шудан ҳисоб мешавад.

    Масалан, агар шахси муқим пас аз вузўи намози бомдод мўза пўшида ва баъд ҳангоми намози зўҳр (пешин) бевузў гардад, дар ин сурат то зўҳри рўзи баъд бар мўзаҳояш масҳ мекашад. Мусофирро низ ба ин қиёс кунед.

    Муқиме, ки қабл аз ба поён расидани як шабонарўз мусофир мегардад, метавонад то охири се шабонарўз масҳ намояд ва мусофире, ки муқим мешавад, агар муддати масҳаш як шабонарўз ё зиёдтар шуда бошад, лозим аст, ки мўзаҳояшро бароварда аз нав пойҳояшро бишўяд, вале агар муддати масҳ камтар аз он бошад, як шабонарўзро пурра менамояд.

    Худованд мефармояд:

    ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﮨ ﮩ ﮪ ﮫ ﮬ ﮭ ﮮ ﮯ ﮰ ﯴ ﭼ الحج: ٧٨

    «Ў (Худованд) шуморо баргузидааст ва ҳеҷ душворӣ ва ҳараҷеро аз ноҳияи дин бар шумо бор накардааст».[4]

    Агар узви бадани шахсе ҷароҳат бардорад ва бо захмбанд баста шавад ва ё бишиканад ва шикастабандӣ шавад, дар ин ҳолатҳо бар болои захмбанд ва тахтаҳои шикастабандӣ масҳ мекашад ва то замони беҳбудӣ ёфтанаш онро идома медиҳад.

    Дар мавриди масҳи тахтаи шикастабандӣ (ҷабира)[5], захмбанд[6] ва гачгирифтагӣ (гипс) лозим нест, ки пеш аз бастани он ғусл намуда ва ё вузў дошта бошад ва ҳамчунин муддати муайяне барои масҳи он вуҷуд надорад.[7] Танҳо лозим аст, ки андозаи он аз ҳаҷми захм зиёд набошад.

    Агар он чӣ захм бо он баста шудааст (тахтачаи шикастабандӣ ва ё порча ва латта) пеш аз беҳбуд ёфтани захм ё яра бияфтад, дар ин ҳолат масҳ ботил намешавад. Вале агар баъд аз беҳбудии он бияфтад, дар ин сурат масҳ ботил мегардад.

    Масҳ бар салла, кулоҳ, рўпўш ва дасткаш ҷоиз нест.

    Баъзе масоили масҳ

    а) Агар масҳиҳо ба қадре кўтоҳ бошанд, ки буҷили пойҳоро напўшонанд, масҳ бар он намуди масҳӣ ҷоиз нест.

    б) Агар масҳиҳои маъмулиро (масҳиҳое, ки то соқи пойро мепўшонанд) барои гарм нигоҳ доштани пойҳояш бетаҳорат пўшида бошад, масҳ бар онҳо дуруст нест. Бояд дар ҳолати вузў онҳоро бароварда, пойҳояшро бишўяд.

    в) Шахсе мўзаҳои худро бо таҳорат пўшида бошад, вале баъдтар бар вай ғусл воҷиб гардад, дар ин сурат масҳ бар мўзаҳояш барои покшавии ў аз ҷанобат кифоя намекунад, балки зарур аст, ки мўзаҳояшро бароварда, пойҳояшро барои рафъи ҷанобат бишўяд.[8] Масҳи мўзаҳо эҷоди навъе сабукӣ аз ҷониби шаръ барои вузўгирандагон аст, ки дар шабонарўз шояд борҳо вузў гиранд, на барои ғуслкунанда.

    г) Тариқаи масҳ ин аст, ки ангуштони дасташро тар намуда, аз сари ангуштони по шурўъ намояд ва ба тарафи боло бикашад, вале кафи дасташро нагузорад. Дар сурате, ки бар паҳнии по масҳ кашад, ҷоиз аст, вале хилофи мустаҳаб мебошад. Масҳ бар кафи по ё ду тарафи по ва ё пушти по дуруст нест.[9]

    д) Агар тамоми ангуштони дастро бар масҳиҳо нагузошт, балки бо нўги ангуштонаш масҳ кашид, ин масҳ дар сурате дуруст мегардад, ки аз сари ангуштонаш об бирезад ва ба андозаи як ангушт болои масҳиро тар намояд.

    ж) Ба миқдори се ангушт бар ҳар масҳие масҳ кашидан фарз аст ва камтар аз ин миқдор ҷоиз нест. Кушода доштани ангуштони даст дар вақти масҳ кашидан ва то соқи по кашидани масҳ суннат мебошад.

    з) Назари Абуҳанифа (р.ҳ) дар бораи масҳи ҷўрабҳо ин аст: Масҳи ҷўрабҳо дар сурате ҷоиз аст, ки онҳо чармкорӣ ва ё наълбандӣ шуда бошанд. Чармкории ҷўрабҳо ин аст, ки қисмати боло ва поёни онҳо бо пўст ва чарм мустаҳкам сохта шаванд ва наълбандӣ он аст, ки дар қисмати зеринаш чармеро бичаспонанд, ба монанди наъл.

    Дар назди Имомайн (Абуюсуф ва Муҳаммад (р.р.)) масҳи ҷўрабҳо вақте ҷоиз аст, ки сахту мустаҳкам бошанд, на шаффофу нозук, вале чармкорӣ ва наълбандӣ шарт нест.[10]

    Дар Ҳидоя омадааст, ки: Имом Абуҳанифа (р.ҳ) дар бораи ҷоиз будани масҳ бар ҷўрабҳо ба қавли Имомайн баргаштааст, яъне ҷўрабҳо ғафс ва мустаҳкаме бошанд, ки ба монанди масҳӣ тай намудани масофа бо онҳо мумкин бошад, дар ин ҳолат ҳукми масҳиро мегиранд. (Ба нақл аз Эълоуссунан, с. 324).

    Шиканандаҳои масҳ

    Шиканандаҳои масҳ иборатанд аз:

    1. Ҳар он чи ки вузўро мешиканад.

    2. Сипарӣ шудани муддати масҳ, ки барои муқим як шабонарўз ва барои мусофир се шабонарўз мебошад.

    3. Баровардани мўзаҳо.

    4. Берун шудани бештари ақиби мўза аз соқи по.

    Дар сурати тамом шудани муддати масҳ ва ё баровардани мўза ва ё хориҷ шудани бештари ақиби он аз соқи по, агар вузў дошта бошад, шарт нест, ки бори дигар вузў намояд, балки шустани пойҳояш кифоя мекунад.

    [1] - Сураи Бақара, 2: 185.

    [2] - Ҳадиси саҳеҳ: [Мухтасари Саҳеҳи Муслим, 139]. Саҳеҳи

    Муслим, 276. Сунани Насоӣ, 127, 128, 129. Сунани Куброи

    Насоӣ, 131. Муснади Имом Аҳмад, 21344, ҷ. 6, с. 278.

    Мўъҷамулкабир, 3764, 3772, ҷ. 4, с. 95, 96, 9246, 9247, ҷ. 9,

    с. 252.

    [3] - Насбуррояи Зайлаъӣ, 162.

    [4] - 1 Сураи Ҳаҷ(ҷ), 22: 78.

    [5] - Ҷабира- тахтаҳо, чўбҳо ва чизҳои дигареро мегўянд, ки бо онҳо узвҳои шикаста ва кафидаи бадани инсон баста мешаванд.

    [6] - Захмбанд- дастмол, бинт ва чизҳои дигаре мебошад, ки бо онҳо ҷароҳатҳо ва яраҳои бадан баста мешаванд.

    [7] - Дар бораи масҳ бар ҷабира (захмбанд, тахтаи шикастабандӣ ва…) омадааст, ки: пайвандҳои дасти Алӣ дар рўзи ҷанги Уҳуд шикаст, Расули Худо (с) ўро ба масҳ кашидан ба болои он амр намуд» .

    (Сунани Ибни Моҷа, 657). Аз худи Алӣ (р) низ ривоятҳое ба ҳамин маъно зикр шудааст. (Сунани Доруқутнӣ, 3, ҷ. 1, с. 226. Мусаннафи Абдурраззоқ, 623, ҷ. 1, с. 161). Дар ривояти дигаре аз Ҷобир (р) омадааст: сафарҳо санге бар сари марде аз ҳамроҳонамон зад ва сари ўро кафонд. Пас аз он он мард эҳтилом шуд ва ба ҳамроҳонаш гуфт: Оё иҷозат аст, ки (дар чунин ҳолате)таяммум намоям? Ҳамроҳонаш гуфтанд: Вақте об ҳаст, мо бароят дар ин бора рухсате намебинем. Он мард ғусл кард (ва дар натиҷа) вафот кард.

    Вақте ба назди Паёмбар (с) омадем (ва) аз ин кор хабар дода шуд, гуфт: Худо онҳоро бикушад, ки ўро куштанд.

    Вақте намедонистанд, чаро напурсиданд? Дармони (дарди оҷизӣ ва) нодонӣ пурсиш аст. Кифоя буд, ки таяммум мекард. Порчаеро бар ҷароҳати сараш мебаст ва бар он масҳ мекашид ва дигар мавзеъҳои баданашро мешуст». (Сунани Абудовуд, 336, 337. Сунани Ибни Моҷа, 572.Мустадраки Ҳоким, 585, ҷ. 1, с. 270. Ҳоким онро саҳеҳ гуфтааст. 630, 631, ҷ. 1, с. 285, 286. Сунани Куброи Байҳақӣ, 1107, 1110, ҷ. 1, с. 388, 390.

    дар иснодаш вуҷуд дорад, саҳеҳтарин чизе гуфтааст, ки дар ин боб ривоят шудааст). Аз Ибни Аббос (р) низ чунин ривояте омадааст.

    [8] - Ривоят шудааст:

    сафар мўзаҳо (ва пойафзорҳои) худро то се шабонарўз (бо шикастани вузў) аз пешоб, қазои ҳоҷат ва хоб набарорем, магар аз ҷанобат». (Сунани Тирмизӣ, 96, 3535, 3536. Тирмизӣ онро ҳадиси ҳасан ва саҳеҳ гуфтааст. Сунани Насоӣ, 126, 127, 129, 158, 159. Сунани Ибни Моҷа, 4070. Мўъҷамулкабир, 7359, ҷ. 8, с. 58. Ва…).

    [9] - Ривоят шудааст, ки Алӣ (р) фармуд:

    раъй (ва андеша) вогузор мебуд, ҳатман, (аз назари ақл) масҳ кашидан бар кафи мўза аз пушташ беҳтар буд. Локин Расули Худо (с)-ро дидам, ки бар пушти онҳо масҳ мекашид». (Сунани Абудовуд, 162, 164. Сунани Куброи Байҳақӣ, 1428, ҷ. 1, с. 491. Сунани Доруқутнӣ, 4, ҷ. 1, с. 204. Мусаннафи Ибни Абушайба, 43, ҷ. 1, с. 208).

    [10] - Аз даҳ саҳоба ривоят шудааст, ки онҳо бар ҷўрабҳояшон масҳ мекашиданд. Абудовуд номи нўҳ нафари онҳоро пас аз ҳадиси 159 зикр кардааст. Ҳамчунин аз Муғира ибни Шўъба ва Абумўсои Ашъарӣ ривоят шудааст, ки: Расули Худо (с) бар ҷўрабҳо ва наълҳояш масҳ кашидааст». (Сунани Абудовуд, 159. Сунани Тирмизӣ, 99. Сунани Ибни Моҷа, 559, 560. Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, 1338, ҷ. 4, с. 168). Абудовуд ин ҳадисҳоро ғайри қавӣ донистааст, вале Тирмизӣ ҳадиси Муғираро ҳасани саҳеҳ гуфтааст. Ҳарчанд дар бораи қувват ва заъфи ҳадиси мазкур дар миёни аҳли илм ихтилофи назарҳо вуҷуд дошта бошад ҳам, вале аксари онҳо, аз ҷумла бузургони мазҳаби ҳанафӣ, масҳ бар ҷўрабҳоеро, ки дар ғафсӣ ва мустаҳкамӣ ба масҳӣ монанд бошанд, ҷоиз донистаанд. Зеро масҳ бар онҳо бо ривояти саҳеҳ собит гардидааст.