Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми сиюҳаштум: Усули тарбияи набавӣ барои кӯдакон

Гузориши мухтасар:

Мақола дар бораи Усули тарбияи набавӣ барои кӯдакон, асосҳо дар робита бо услубҳои муассири равонӣ дар худи кӯдак мебошад, гирифташуда аз китоби "Тарбияи фарзандон"

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми сиюҳаштум: Усули тарбияи набавӣ барои кӯдакон

    سلسلة تربية الأولاد، القسم الثامن والثلاثون: أصول التربية النبوية للأطفال

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир

    ترجمة : حقنظراو طاهر

    —™

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми сиюҳаштум: Усули тарбияи набавӣ барои кӯдакон.

    Асоси аввали равонӣ, сӯҳбат кардан бо кӯдак

    Бояд донист, ҳамчунонки ҷисми кӯдак ба воситаи ғизои дурусту солим рушду нумӯи матлуб мекунад, арвоҳ низ ба василаи тарбияи латифу некӯ рушду нумӯ менамояд. Тафо­вут танҳо дар он аст, ки рушду нумӯи ҷисм ҳадди маълуму ниҳояти мушаххас дорад, ки аз он ҳадду ниҳоят берун на­ме­равад, ба гунае ки ҳар гоҳ ба он ҳадду мақом бирасад, шу­рӯъ ба ақибгардӣ мекунад ва аз нав ба заъфу нотавонӣ мега­рояд. Аммо рушду нумӯи рӯҳ ба зиндагии инсон пайванд хӯрдааст ва мутаваққиф намешавад, магар он замоне, ки нафсҳо дар сина хомӯш шаванд ва шахс аз мадрасаи ин ҷа­ҳони бузурги моддӣ рахт барбандад...[1]

    Возеҳу равшан аст, ки ҳамроҳ шудану сӯҳбат кардан бо кӯдак дар нафсу равони ӯ бисёр муассир мебошад ва дар тақвияти рӯҳияи ӯ нақши босазоеро ифо мекунад. Зеро сӯҳ­бат кардану ҳамдам шудан дар воқеъ оинаи дӯст бо дӯст аст ва шабоҳати зиёде бо амали талқин дар миёни ду дӯст до­рад, ки ба ҳамдигар омӯзиш дода, ба якдигар фоида мера­со­нанд. Ҳамчунонки дар мабоҳиси гузашта баён гардид, Пай­ғамбари акрам (с) дар тамоми майдонҳову саҳнаҳои зинда­гӣ бо кӯдакон ҳамроҳу ҳамсӯҳбат мешуданд. Ба унвони на­муна, як бор бо Ибни Аббос (р) ҳамроҳу ҳамсӯҳбат мешу­данд ва бо ҳам роҳ мерафтанду сӯҳбат мекарданд. Бори ди­гар бо амакзодаашон Ҷаъфар ҳамсӯҳбат мегардиданд. За­моне ҳам бо Анас (р) ба гуфтугӯ мепардохтанд. Ҳамин тавр, бо ҳар кӯдаке бидуни такаббуру танаффур ва дур аз эҳсоси худбиниву худбартарӣ ҳамнишину ҳамсӯҳбат мешуданд. Шакке нест, ин ҳаққи кӯдаку навҷавон аст, ки бикӯшад ҳам­роҳу ҳамнишини бузургон гардад, то аз эшон одоби иҷти­моӣ, масоили ахлоқӣ ва матолиби диниву дунявиро омӯхта, хештанро пок созад. Ҳамчунин ақлу андешаи худро ороста, одату кирдору рафтори хешро некӯ созад.

    Дар ривоят омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) дар дав­рони кӯдакияшон, дар ҳоле ки бо дигар кӯдакон бозӣ ме­карданд, Ҷибриил (а) омада, Ӯро гирифта бар замин хобонд ва ба амри Худованд қалбашонро шикофт...[2]

    Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар гуфтааст: “Агар ману Қусам ва Убайдуллоҳ ибни Аббосро медидӣ, дар ҳоле ки бозӣ мекардем, ногаҳон Расули Худо (с) савор бар чаҳорпое расида, маро дар пеши худ, сипас Қусамро бар пушти худ савор мекарданд, Убайдуллоҳ ибни Аббосро мегузоштанд! Сипас, Пайғамбар (с) се бор даст бар сари ман кашида, фармуданд: «Худоё (ак­нун Ҷаъфар, ки шаҳид шудааст) ҷои ӯро бо фарзандаш Аб­дуллоҳ пур кун ва ӯро сарпарастиву мувозибат бифармо». Баъд Убайдуллоҳ ба Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар гуфт: “Ба сари Қусам чӣ омадааст?” Гуфтам: “Дар роҳи Худо шаҳид шуд”. Ман низ ба Абдуллоҳ гуфтам: “Худованд ва Расулаш ба ваз­ъу ҳоли ӯ огоҳтаранд”. Гуфтам: “Оре, ҳамин тавр аст”.[3]

    Дар ривоят омадааст, ки Абуҷуҳайфа яке аз кӯдакони са­ҳоба буд, ғолибан ҳамроҳи қавми худ назди Расули Худо (с) мерафт ва ҳамин омаду рафт ӯро ба ҷое расонд, ки баъдан аҳодиси набавиро ривоят мекард. Ҳар он чиро, ки аз он ҳаз­рат (с) дида, ё шунида буд, бозгӯ мекард. Чунонки худи ӯ мегӯяд: “Ҳамроҳи чанд нафар аз писарони Омир ибни Саъсаъа дар маҳалли Абтаҳ назди Расули Худо (с) омадем, фарму­данд: «Марҳабо ба шумо, хуш омадед, шумо аз ман ҳастед!». Ҳангоми фаро расидани вақти намоз Билол рафт, ки азон би­гӯяд, пас ду ангушти худро дар миёни ду гӯши худ қарор дод ва ҳангоми азон гуфтан онҳоро мегардонид. Баъд иқомаи на­моз гуфт ва Пайғамбари акрам (с) асое рӯи замин кӯбиданд ва дар канори он намоз хонданд.[4]

    Саҳобаи бузургвор (р) низ ҳамин корро мекарданд, чу­нонки Умар ибни Хаттоб (р) бо писараш ва бо Ибни Аббос (р) сӯҳбату ҳамнишинӣ мекарданд ва Зубайр (р) низ кӯдаки худро ба майдони ҷанг мебурд, то фанҳои ҷангу пайкорро биомӯзад, ки фарди қавию устувор хоҳад шуд.

    Илова бар он, Пайғамбари акрам (с) пайваста бар дӯс­тиву бозӣ ва ҳамнишинии кӯдакон бо якдигар таъкид ме­фармуданд ва худашон дар даврони кӯдакияшон бо дигар кӯдакон бозӣ мекарданд, бо онон ҳамсӯҳбату ҳамнишин ме­шуданд ва шабу рӯз бо онон омаду рафт доштанд. Инчунин вақте бузург шуданд, баъд аз мабъус шуданашон ҳам кӯда­конеро, ки медиданд, ба сурати дастаҷамъӣ бозӣ мекарданд, монеъи онон намешуданд ва бозии эшонро амри нописанд намедонистанд, балки ононро бар ин корҳои дастаҷамъиву бозиҳои гурӯҳӣ ташвиқу тарғиб мекарданд...

    Бинобар ин, лозим аст кӯдак дар даврони хурдсолияш бо кӯдакони дигари ҳамсинну соли худ муоширату ҳамни­шинии солим ва дӯстиву рафоқати содиқонаву созанда дош­та бошад. Дар чунин мавридҳо беҳтар аст волидайн дӯсти содиқу солеҳ барои кӯдаки худ интихоб кунанд, дар равишу рафтори ин гирдиҳамоии дастаҷамъии кӯдакон назорат на­моянд, комилан ҳаракоти ононро сарпарастӣ ва дар зери назар дошта бошанд. Бояд падарон ба таври доимӣ бо мас­ъулону муаллимони кӯдаконашон дар сатҳи мактабҳо дар алоқаи комил бошанд ва бо онон ҷаласаҳои зиёде ташкил диҳанд ва дар мавриди рафъи нуқсонҳо ва пешрафти илми­ву ахлоқии кӯдакони худ бо эшон ҳамкорию ҳамёрӣ кунанд. Ҳамчунин лозим аст модарон ба мактабҳои кӯдакони худ муроҷиат карда, аз авзоу аҳволи дарсиву ахлоқии онон ҷӯё шаванд. Иншоаллоҳ, дар фасли баъдӣ дар ин бора ба таф­сил баҳс хоҳем кард, зеро шакке нест дар ин маврид, ки во­лидайн мекӯшанд таоми ҳалол барои кӯдакони худ таъмин кунанд, то ҷисму рӯҳи онон бо ғизои ҳалолу муносиб рушду нумӯ кунад ва намехоҳанд гӯшту устухони эшон аз моли ҳа­ром бирӯяду бо он таквину истеҳком ёбад. Аз ҷиҳати дигар низ мекӯшанд барои кӯдакони худ дӯстони солеҳу содиқ пайдо кунанд, то дар фазои солиму созанда бо онон ба му­боҳасаву гуфтугӯ, ба шабнишиниву бозӣ ва ба тафриҳу сар­гармӣ бипардозанд...

    Бояд волидайни мӯҳтарам ба ин нуктаи муҳим таваҷҷӯҳ кунанд ва бисёр огоҳу ҳушёр бошанд ва нагузоранд фарзан­донашон бо кӯдакони нобобу афроди фосид омаду рафт ку­нанд ва бо ин гуна афрод дӯсту ошно шаванд. Зеро ин кор мӯҷиби суқути онон дар чоҳи зиллату хорӣ мегардад, эшон­ро ба муртакиб шудан ба гуноҳону лағжишҳо ва расвоиҳои ҷуброннопазир дучор месозад.

    Табиист, вақте ки падар аз як тараф дар гумроҳӣ ва ай­ёшӣ ғарқ гардад ва нисбат ба умури моддӣ ва масоили дун­явӣ беш аз ҳадди даркорӣ бисёр кӯшову ҷиддӣ бошад ва пайваста худро ба онҳо машғул созад ва аз ҷиҳати дигар, модар низ ба воситаи диду боздидҳо бо дӯстону ошноёнаш пайваста дар рафту омад бошад ва ба хушгузаронӣ бипар­дозад, мусалламан кӯдаки онон дар вазъияти ногувор ва дар ҳолати номатлубе ба сар мебарад, ба гунае ки дар доми аф­роди нобобу мунҳариф меафтад. Агар гуноҳҳо баррасӣ ша­ванд ва аз зиндонҳои наврасону ҷавонон боздид ба амал ояд ва ё авзоъу аҳволи онҳо ба гӯши касе бирасад, мушаххас мегардад, ки бештари онҳо кӯдакону навҷавонони нобобу мунҳарифе ҳастанд, ки дар асари ғафлату саҳлангории во­лидайну сарпарастонашон ба чунон сарнавиште дучор шу­даанд.

    Акнун шумо, эй волидайни мӯҳтарам ва эй сарапарас­тони гиромӣ! Оё мехоҳед фарзанди худро дар зиндонҳои ҷа­вонон биёбед, ё дар хонаҳои Худо ва масоҷиди муслимин? Пас, агар қисмати дуюмро мехоҳед, бояд барои ёфтани кӯ­даки солеҳу содиқе, ки фарзанди шумо бо ӯ дӯсту ҳамнишин шавад ва бо итминон бо ӯ муоширату омаду рафт дошта бо­шад, шитоб ба харҷ диҳед ва дар ҷустуҷӯи чунин дӯсте кӯто­ҳӣ наварзед. Агар кӯдаки солеҳу содиқе наёфтед, ҳарчи зуд­тар назди устод ва муаллими содиқу солеҳе биравед, то фар­зандони солеҳу боадабро ба шумо муаррифӣ кунанд, ки фарзанди хешро ҳамроҳу ҳамнишини онон созед ва дар ҷам­ъи онҳо қарор диҳед.

    Оре, оё вақти он нарасидааст, ки волидайни мӯҳтарам бедор шаванд ва ба хубӣ дарёбанд, ки ба ростӣ душманон бедору дар каминанд, то кӯдаконашонро дар доман ва дар зери сарпарастии онон бирабоянду ба дуздӣ бибаранд? Ин коре аст, ки ба василаи барномаҳои муназзаму аз пеш тарҳ­резишудаи мулҳидон ва ҳамдастии афроди фосиду табаҳкор ва ба дасти ҳастаҳои нопок анҷом мегирад...

    Асоси дуюми равонӣ,

    ворид намудани шодию сурур дар дилу замири кӯдак

    Равшану возеҳ аст, ворид намудани суруру шодӣ дар ди­лу даруни кӯдак нақши шигифтангезе дорад ва дар рӯҳу ра­вони ӯ асари зиёде мегузорад. Зеро кӯдакон дар, ҳоле ки шу­куфаҳои сафову покӣ мебошанд, суруру шодиро дӯст медо­ранд, вақте дар чеҳраи бузургони худ лабхандеро мушоҳида мекунанд, ба он шод мешаванд ва онро дӯст медоранд. Ило­ва бар ин, шакке нест, ки бедор намудани онҳо ягона омили муассири воқеъӣ аст, ки дар руҳу равони кӯдак нақши му­ҳимме ба ҷо хоҳад гузошт. Ҳамзамон ӯро ба истеъдоду омо­дагии бештар барои пайравию омӯзиши коре ва барои ҳар навъ иршоду раҳнамоие тайёр мекунад.

    Пайғамбари акрам (с) пайваста ба дили кӯдакон шодию сурур меандохтанд ва ба ҳар василаи мумкин эшонро шоду хушҳол мегардониданд ва барои ин кор равишҳову услуби зиёдеро ба кор мебурданд, аз он ҷумла:

    1. Ба василаи истиқболи хуб ва пазироии қобили таваҷ­ҷӯҳе аз онон.

    2. Бо бӯсидану меҳр варзидан ва бо шӯхиву хушгӯии му­носиб бо онон.

    3. Ба василаи даст бурдан бар сари онон ба унвони му­ҳаббату шафқат.

    4. Бардоштану қарор додани онон дар оғӯши шарифу меҳромези худ.

    5. Додани таоми поку муносиб ба онон.

    6. Нишастан бар сари як суфра ва хӯрок хӯрдан бо онон.

    Табиист, ҳар як аз ин услубҳои зикршуда, бар асоси он чи, ки баён гардид, маънову мақсуди хоссеро дар бинои отифӣ ба вуҷуд меоварад, ба хотири ин ки суруру шодӣ, шу­куфоӣ, қудрати таъсирпазирӣ, тандурустӣ ва хушбахтиро дар рӯҳу равони кӯдак эҷод мекунад...

    Асоси сеюми равонӣ, эҷоди бинои рақобат дар байни кӯдакон ва таъйини ҷоиза барои фарди ғолиб

    Шакке нест, ки рақобату мусобиқа ба таври умум, дар инсон ва ба таври хусус дар вуҷуди кӯдакон эҳсосоту нерӯ­ҳои нуҳуфтаи ононро ба ҳаракат дармеоварад, нерӯҳое, ки инсон онҳоро намешиносад ва дарк намекунад, магар замо­не, ки рақобату мусобиқа барои пирӯзӣ бар фалон кас ва ё ба хотири дастёбӣ ба фалон чиз дар вуҷуди ӯ эҷод шавад.

    Машҳур аст, ки Пайғамбари акрам (с) рӯҳи рақобати созандаву ҳамчашмии шоистаро дар вуҷуди кӯдакон барме­ангехтанд, то ин нерӯи бузургу шигифтангез дар вуҷуди онон ва ба таври куллӣ дар вуҷуди инсон ба ҳаракат дарояд. Яке аз намунаҳои равшану муассири он рақобати фикрӣ аст. Чунонки рӯзе он ҳазрат (с) онро ба унвони савол бар ас­ҳоби худ матраҳ намуданд. Дар ҳоле ки Абдуллоҳ ибни Умар (р), ки хурдтарини он гурӯҳ буд, дар миёни онон ҳузур дошт. Пайғамбари акрам (с) хитоб ба онон фармуданд:

    «Ҳамоно аз ҷинси дарахтон дарахте ҳаст, ки баргҳояш намерезанд ва чигунагии он ҳамчун шахси мусалмон мебошад, ба ман бигӯед, он чӣ навъ дарахт аст?».

    Афроди ҳозир дар он ҷо зеҳнашон ба дарахтони биёбон расид ва ҳар кадом онро ба як навъ дарахти биёбон тафсиру таъбир менамуданд. Пайғамбари акрам (с) ба мо фарму­данд: «Он дарахт хурмо аст». Сипас Абдуллоҳ ибни Умар (р) ба падараш гуфт: “Ба зеҳнам расид, ки он дарахт хурмо аст, аммо чун ман аз ҳама камсинтар будам, шарм доштам, ки дар ҳузури бузургони ҳозири дар он ҷо ҷавоби дурустро бигӯям”.

    Табиист, ки ин гуна саволҳо ақлу андешаи кӯдакро бе­дор месозад ва мушкилоти ахлоқиву иҷтимоӣ, гиру бандҳои дарку фаҳмашро боз мекунад ва ҳофизаи хушки ӯро фаъол менамояд.

    Ҳамчунонки гуфта шуд, ин Абдуллоҳ ибни Умар (р) буд, ки дар посухи дуруст додан бо бузургон ба рақобат пардохт, аммо ба сабаби камсинну сол буданаш нисбат ба онон ва ба хотири шарму риояи адаб аз ҷавоб додан худдо­рӣ намуд.

    Ҳамчунин яке аз ин гуна намунаҳо эҷоди рақобати вар­зишӣ дар миёни кӯдакон аст, ки Пайғамбари акрам (с) онро ба сурати мусобиқа дар миёни кӯдакон ташкил мекарданд, то ҷисми эшон ба хубӣ рушд кунад ва қавию нерӯманд гар­дад. Чунонки Абдуллоҳ, Убайдуллоҳ, писарони Аббос ва кӯдакони дигарро таърифу тарғиб мекарданд ва ононро дар як саф қарор дода, сипас мефармуданд: «Ҳар кадом аз шумо зудтар пеши ман биёяд, фалон чиз ва фалон чизро ба ӯ меди­ҳам». Онҳо ба суръат ба сӯи он ҳазрат (с) медавиданду худ­ро бар пушту рӯи синаашон меандохтанд. Он ҳазрат (с) низ ононро мебӯсиданд ва он чиро, ки ваъда дода буданд, ба онон ато мефармуданд.[5]

    Бинобар ин, мусобиқа ташкил кардан дар миёни кӯда­кон услуб ва роҳу равише аст, ки ба дасти волидайну мураб­биён дар байни фарзандонашон анҷом мегирад. Онҳо мета­вонанд ин гуна чорабиниҳоро пешниҳод кунанд ва замони муносиберо барои иҷрои он дар назар бигиранд ва ба ин ва­сила рӯҳу равони кӯдаконро шоду масрур намоянд, ҳимма­ту чобукии ононро баланд бардоранд. Ҳамзамон ба ашхоси дар мусобиқа ғолибомада бахшишҳо кунанд, то шодию хур­сандии кӯдакон афзун гардад. Чунончи дар ҳадиси чанд сатр қабл омада зикр гардид, ки Пайғамбари акрам (с) фар­муданд: «Ҳар кадом аз шумо зудтар пеши ман биёяд, фалон чиз ва фалон чизро ба ӯ медиҳам».

    Табиист, ки кӯдак ба василаи ин пирӯзиву сабқат ҷустан бар ҳамсолони худ эҳсоси лаззату хушбахтӣ мекунад. Аз ин рӯ, ҳар кӯдаке мекӯшад он чӣ дар тавон дорад, ба кор биандозад, тамоми саъйу талоши худро барои расидан ба муваффақият сарф кунад ва ҳамаи қудрату нерӯи худро барои рӯзи мусобиқа омода созад. Ба ин сурат, ки ба хона баргашта, ба машқ бипар­дозад, матолиби лозимро биомӯзад, нукоти заъфи худро ба ва­силаи пурсидан аз афроди огоҳ бартараф намояд ва пайваста волидайни хешро аз мизони пешрафту тавоноии худ огоҳ со­зад, чун ин кор нерӯву тавони нуҳуфтаи ӯро ошкор сохта, онро шукуфо мекунад.

    Ин услуб, илова бар доштани натиҷаҳои зикргардида, фоидаи дигаре низ дорад, яъне рӯҳи иҷтимоӣ будан ва анге­заи дурӣ ҷустан аз танҳоиву узлатнишиниро дар вуҷуди кӯ­дак зинда месозад, ба он рушду нумӯ мебахшад, дарку фаҳ­ми зиндагии дастаҷамъиро таҷриба мекунад, ба тавре ки дар миёни ҷомеаи худ гоҳе суд мебарад ва замоне низ зиён мебинад, як бор ҷавоби савол ё амреро медиҳад ва бори ди­гар ба бунбаст мерасад, як вақт назараш ба воқеият исобат мекунад ва замоне ба хатову иштибоҳ меафтад...

    Асоси чоруми равонӣ,

    далер ва қавидил сохтани кӯдак

    Бешак, шуҷоъ сохтани зоҳирӣ ва ё маънавӣ амри некӯву унсуре аз унсурҳои зарурии тарбиявӣ аст, ки наметавон аз он бениёз буд, аммо бидуни ифроту зиёдаравӣ дар он.

    Равшану возеҳ аст, ки далеру қавидил намудан дар рӯҳу равони кӯдак дорои нақши босазое аст. Дар пешрафти ҳара­кати мусбати бунёди ӯ, дар кашфи тавоноии зиндагонӣ ва анвоъи хостаҳояш хеле ва хеле муассир мебошад. Ҳамчу­нин, ба идома бахшидани амал ва анҷом додани он ба хо­ти­ри қадам ниҳодан ба тарафи пеш фузунӣ мебахшад.[6]

    Илова бар он, дар ҳадисе, ки аз Пайғамбари акрам (с) дар асоси қаблӣ, (асоси сеюм) дар робита бо таърифу таш­виқи кӯдакон баён шуд, ки он ҳазрат (с) фармуданд: «Ҳар кадом аз шумо зудтар пеши ман биёяд, фалон чиз ва фалон чизро ба ӯ медиҳам» худ далели возеҳе бар ташҷеъу ташвиқ намудани кӯдакон бар мусобиқа кардан аст. Ҳозир шудани Абдуллоҳ ибни Умар (р) дар он маҷлисе, ки Пайғамбар (с) саволи дарахти хурморо матраҳ фармуданд, далели дигаре барои ташвиқу тарғиби дигарон, новобаста аз синну сол ва ба рақобат ҷустану мусобиқа кардан ба якдигар даъват на­мудан аст. Зеро ҳангоме ки Умар ибни Хаттоб (р) бо пи­сараш Абдуллоҳ аз он маҷлис берун шуд, Абдуллоҳ ба ӯ гуфт: “Эй падар! Вақте Пайғамбар (с) он саволро матраҳ фармуданд, ман дар пеши худам донистам, ки ҷавоби саҳеҳи он дарахти хурмо аст”. Умар ибни Хаттоб (р) ба ӯ гуфт: “Пас чӣ туро манъ кард, ки онро нагӯӣ, дар ҳоле ки агар ту онро мегуфтӣ, назди ман аз фалону фалон чиз беҳтару маҳ­бубтар буд”. Абдуллоҳ ба ӯ гуфт: “Он чи, ки монеъи ман шуд, ҷавоби онро бигӯям ин буд, ки дидам ту ва Абубакри Сиддиқ дар он маҷлис ҳузур доред ва дар бораи он чизе наме­гӯед, аз ин рӯ, ман низ нописанд донистам, ки ҷавобро бигӯям”.[7]

    Ибни Ҳаҷар ин ҳадисро шарҳ дода, гуфтааст: “Ба зоҳир Пайғамбари акрам (с) дар матраҳ намудани ин савол гӯё ишора бар ин фармудаанд, ҷавоби дуруст миёни бузургсолу хурдсол баробар бошад, ҳаққи тақаддум ба фарди бузургсол аст. Аммо агар он ҷавоби саҳеҳ ва баёни дурусте, ки пеши фарди хурдсол ҳаст, назди шахси бузургсол набошад, ҳеҷ мо­неъе надорад, ки фарди хурдсол сухан бигӯяд ва изҳори назар намояд, зеро Умар ибни Хаттоб (р) бо вуҷуди ин ки писараш барои ӯ далел овард, ки ба хотири ҳузури ӯ ва Абубакри Сид­диқ дар он маҷлис ҷавоби саҳеҳро нагуфтааст, аммо бо ин васф таассуф хӯрд, ки чаро писараш сухан нагуфт ва ҷавоби дурустро баён накард?”[8]

    Ибни Қайим низ дар шарҳи ин ҳадис гуфтааст: “Ин ҳа­дис ишорабар он дорад, ки падар ба ин шоду хушҳол мешавад, ки фарзандаш назарияи саҳеҳ бидиҳаду дар ҷавоб додани ду­руст тавфиқ ҳосил кунад. Ҳамчунин ба ин воқеият низ ишора лорад, ки ҳеҷ монеъе надорад фарзанд дар ҳузури падараш ҷа­воби саволеро, ки медонад, бидиҳад, агарчи падараш ҷавоби онро намедонад. Чун ин ҷавоб додани дурусти фарзанд дарво­қеъ ба унвони беадабӣ нисбат ба падараш маҳсуб наме­ша­вад”.[9]

    Инак, баёни мисоли дигаре дар робита бо эҳтимом вар­зидан ба далер намудану ташвиқи кӯдакон ба ин ки дар ма­ҷолиси бузургон ва дар мавқеи муносиб сухан гуфта, ороу назариёти дурусти худро ироа диҳанд. Чунонки омадааст, Умар ибни Хаттоб (р) хитоб ба касоне, ки перомуни ӯ бу­данд, гуфт: “Оё дар бораи нузули ин оят, ки мефармояд: «Ая­вадду аҳадукум ан такуна лаҳу ҷаннатун мин нахилин ва аъноб»[10] чӣ медонед? Дар ҷавоб гуфтанд: “Худо медонад ва Ӯ аз ҳар кас огоҳтар аст”. Умар ибни Хаттоб (р) хашмгин шуду гуфт: “Бигӯед: “Медонем, ё намедонем!” Ибни Аббос (р), ки камсинну солтарини он маҷмаъ буд, гуфт: “Эй ами­рулмӯъминин! Чизе дар ин бора дар зеҳнам расид”. Умар ибни Хаттоб (р) гуфт: “Эй бародарзода, бигӯ, хештанро (ба во­ситаи хурдсол будан) ҳақиру камарзиш машумор!” Ибни Аб­бос (р) гуфт: “Барои амале масал зада шудааст”. Умар ибни Хаттоб (р) гуфт: “Чӣ амале?” Ибни Аббос (р) гуфт: “Ба­рои амали шахси сарватманде, ки тоату ибодати Худоро ба ҷо меоварад ва корҳои некро анҷом медиҳад, сипас шайтоне назди ӯ меояду фиребаш медиҳад, то ин ки муртакиби мао­си­ву корҳои хилоф мешавад ва дар натиҷа тамоми аъмоли не­каш аз байн мераванд”.[11]

    Оре, бояд шиори волидайну мураббиён дар ташвиқ на­мудани кӯдакон пайваста ин бошад, ки бигӯянд: “Эй писари азизам, бигӯ ва хештанро муҳаққиру камарзиш машумор!”

    Бояд донист, яке аз услуби неку писандидаи тарғиб на­мудан ҳамон ташвиқ кардани кӯдакон бар анҷом додани корҳои некӯ аст, ки яке аз онҳо харидани китобҳои муфиду омӯзанда аст, то барои кӯдак манбаъу марҷаъи илмӣ гар­данд ва бар асоси мӯҳтавою матолиби инсонсози онҳо руш­ду нумӯ кунад. Чунонки писари донишманди олиқадр Ибни Обиддин дар бораи тарбияву парвариши падараш ишора менамояд, ки сабаби аслӣ дар ҷамъоварии китобҳои ноёбу камназир барои ӯ падараш будааст, зеро он тавре, ки худи ӯ қайд мекунад, ҳар китоберо, ки мехост, падараш барои ӯ ме­харид ва ба ӯ мегуфт: “Ҳар китобе, ки назаратро ҷалб меку­над, бихар, ман баҳои онро мепардозам, чун он чи аз сирати гузаштагонамро, ки ман фаромӯш кардаву аз даст додаам, ту онро зинда мекунӣ. Умедворам, эй писарам, Худованд по­доши хайрат бидиҳад”. Ҳамчунин китобҳои гузаштагонаш, ки дар назди ӯ мавҷуд буданд ва онҳоро бар фарзандону насли баъд аз насли худ вақф карда буданд, ба ӯ дод...

    Асоси панҷуми равонӣ, таърифу тавсифи кӯдак

    Шакке дар ин нест, ки таърифу тамҷид намудани кӯдак дорои асари фаъоле дар рӯҳу равони ӯ мебошад ва эҳсосоту ҳавосашро ба ҳаракат дармеоварад. Дар натиҷа, кӯдак ме­кӯшад, то рафтору аъмоли худро ислоҳ кунад, чун дар аса­ри ин таърифу тамҷид нафсу равонаш шоду хуррам мегар­дад, ба худ меболад, ба нишоту чобукии худ идома медиҳад ва онро пайравӣ менамояд. Пайғамбари акрам (с), ки ра­воншиноси ҳақиқӣ буданд, бар анҷоми ин ягона равиши ҳассосу фаъол дар робита бо рӯҳу равони кӯдак таъкид фар­муда, волидайну мураббиёнро ба риояи он водор мекар­данд. Зеро ба василаи таърифу тамҷид аст, ки рӯҳу равони кӯдак ба ҳаракату ҷунбиш ба сӯи истиҷобату фармонбар­до­рӣ дармеояд.

    Чунонки дар ривоят омадааст, Абдуллоҳ ибни Умар (р) [12] гуфт: “Дар замони ҳаёти Пайғамбари акрам (с) марде буд, вақте хобе медид, онро барои Пайғамбар (с) бозгӯ мекард. Ман низ орзу намудам, ки хобе бинам ва онро барои Пай­ғам­бар (с) бозгӯ намоям. Ман дар он вақт писарбаччаи навҷавон будам. Билохира дар замони Пайғамбар (с) шабе дар масҷид хобида будам, дар хоб дидам, ки гӯё ду фаришта маро гириф­танду ба сӯи оташ бурданд. Ногаҳон онро ба монанди чоҳи амиқи печида дидам, дорои ду тири чӯбмонанд буд. Дар миёни он мардоне буданд, ки эшонро мешинохтам. Шурӯъ кардам ба гуфтани «Аъузу биллоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим». Дар ин асно фариштаи дигаре ба мо ҳамроҳ шуда, ба ман гуфт: “Ин қадар метарсӣ! (Яъне баъд аз ин бар ту хавфе нест). Пас аз он ки бедор шудам, ин хобро барои Ҳафса бозгӯ кар­дам. Ӯ низ онро барои Пайғамбар (с) бозгӯ кард. Пайғамбар (с) фармуданд: «Агар Абдуллоҳ намози шаб мехонд, хуб шах­се буд».[13] Мегӯянд: “Абдуллоҳ (р) баъд аз он ҳар шаб намоз мехонд ва ҷуз муддати каме намехобид”.

    Чунонки мулоҳиза мешавад, дар ин таърифу тамҷиди Пайғамбар (с), ки дар бораи Абдуллоҳ ибни Умар (р) фар­муданд: «Агар Абдуллоҳ намози шаб мехонд, хуб шахсе буд», дар рӯҳу равони ӯ бисёр муассир воқеъ шуд ва ӯро дар мав­риди намози шаб, ки аз он ғофил буд, бедор намуд, он ҳам бо ин ибораи ҷолибу хушоянд: «Агар Абдуллоҳ намози шаб мехонд, хуб шахсе буд».

    Оре, таърифу тамҷиди ба мавқеъ ва дар замону макони муносиб бисёр муассиру муфид мебошад. Агар чунин там­ҷиде ҳамроҳ бо риояи комили эътидол, бидуни риёву таз­вир, бидуни ифрот бо икрому эҳтиром анҷом пазирад ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад, ҳатман пайваста сама­рабахш воқеъ мешавад.

    Қаблан мушобеҳи чунин маънову мафҳуме баён гардид, аз қабили ин фармудаи Пайғамбар (с), ки кӯдаки навҷавоне дар ҳоли рушду нумӯро тарғиб ба ин намуданд, ки забони арабӣ ва сурёниро биомӯзад, то дар ин робита ба Пайғам­бар (с) хидмат кунад. Чунонки дар ҷанги Хандақ ба ӯ фар­муданд: «Аммо ба ростӣӯ хуб навҷавоне аст».

    Асоси шашуми равонӣ, бо кӯдакон бозӣ кардан ва ҳолати кӯдакона ба худ гирифтан бо онон

    Табиист, ки бозии кӯдакона бо кӯдак ва худро дар ради­фи ӯ қарор додан ба рӯҳу равони ӯ рушду нумӯ бахшида, ӯро бар изҳори ҳолатҳои ботинияш ёрӣ медиҳад. Чунонки қаблан баён шуд, Пайғамбар (с) бо Ҳасану Ҳусайн бозӣ ме­карданд, ононро бар дӯши худ мегирифтанд ва роҳ мераф­танд. Ҳамчунин бо писарони Аббос (р) бозӣ мекарданд. Ҳар як аз ин ҳолатҳо далолат бар аҳамияти бозӣ кардани волидайн бо фарзандони хурдсоли худ доранд ва нишонаи эҳтимом варзидани Пайғамбари акрам (с) ба ин аст, ки во­лидайн бо ҳолати кӯдакона бо хурдсолони худ бозӣ кунанд. Ин як нидои умумӣ барои тамоми падарону модарон аст, то бо кӯдакони хурдсол бозии кӯдакона кунанд ва дар бис­ёри мавридҳо худро ба сатҳи онон поён биёваранд. Чунонки Ибни Асокир аз Абусуфён ривоят намуда, ки гуфтааст: “Назди Муъовия (р) рафтам, бар пушти худ хобида буду рӯи синааш писарбачча ва ё духтарбаччае буд, ки бо ӯ бозӣ мекард ва суханони ширине мегуфт. Ман ба ӯ гуфтам: “Эй амирул­мӯъминин! Ин кӯдакро канор бигзор”. Гуфт: “Шунидаам, Ра­сули Худо (с) мефармуданд: «Касе, ки кӯдаке дошта бошад, бояд худро барои ӯ ба сурати кӯдак дароварад (ва бо ӯ бозии кӯдакона кунад)».

    Дар ривоят омадааст, ки Уммихолид духтари Холид иб­ни Саъид гуфтааст: (Духтарбачае будам,) ҳамроҳи пада­рам назди Расули Худо (с) рафтам, дар ҳоле ки пероҳани зардранге бар тан доштам. Расули Худо (с) фармуданд: «Са­наҳ – санаҳ». Ин вожа ба забони ҳабашӣ ба маънои пероҳани зебое аст. Баъд пеш рафтам, то бо хотами нубувват бозӣ кунам, аммо падарам монеъ шуд ва маро ронду дур кард. Пай­ғамбар (с) ба падарам хитоб намуда фармуданд: “Ӯро бигзор ва монеъ машав”. Сипас Паёмбари акрам (с) се бор ба так­рор фармуданд: «Аблӣ ва ахлиқӣ, (яъне бо умри тӯлонӣ чан­дин пероҳанро ин гуна) бипӯшӣ ва кӯҳна кунӣ».[14] Абдуллоҳ (р) мегӯяд: Ин пероҳан муддати замони тӯлонӣ боқӣ монд.

    Ҳофиз Ибни Ҳаҷар дар шарҳи ҳадиси боло гуфтааст: “Мурод аз шӯхиву бозӣ кардан бо кӯдаки хурдсол ба василаи гуфтору кирдор ҳамон эҷоди унсу улфат дар вуҷуди ӯ мебо­шад ва бӯсидани ӯ низ аз он ҷумла аст”.[15]

    Аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки Пайғамбари акрам (с) забони худро барои Ҳасан ибни Алӣ (р) аз даҳон берун меоварданд ва ин кӯдак сурхии забони он ҳазрат (с)-ро, ки медид, ба суръат ба тарафашон меҷаҳид”.[16]

    Намунаи дигаре аз бозиву шӯхӣ кардани Пайғамбар (с) бо Ҳасан ибни Алӣ (р) ин буд, ки даҳони худро боз мекар­данду даҳони Ҳасан (р)-ро дар даҳони худ мегузоштанд. Чу­нонки аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: “Рӯзе Пайғамбар (с) берун рафтанд ва маро дар масҷид диданд. Дастамро гирифтанд, ман низ ҳамроҳашон рафтам ва ҳеҷ гуна сухане бо ман нагуфтанд, то ин ки ба бозори Бани Қай­нуқоъ расидем. Он ҳазрат (с) дар он ҷо гашту гузор ва ба атроф назар андохтанд. Сипас, баргаштанд, дар ҳоле ки ман ҳамроҳашон будам, то ин ки ба масҷид расидем. Он ҳазрат (с) нишаста, зонуҳояшонро ба шиками худ часпониданд, си­пас фармуданд: «Хурдакак (мурод Ҳасан (р)) куҷост?! Хур­дакакро бароям садо кун». Ногаҳон Ҳасан (р) омада, бо сур­ъат худро дар оғӯши он ҳазрат (с) андохт. Сипас, дасташро дар риши мубораки Пайғамбари акрам (с) гузошт. Баъд он ҳазрат (с) даҳони худро боз мекарданду даҳони Ҳасан (р)-ро дар даҳони худ мегирифтанду мебӯсиданд, баъд фармуданд: «Худоё, ман ӯро дӯст медорам ва Ту ҳам ӯро дӯст дор ва ҳар касе, ки ӯро дӯст медорад, дӯст бидор».[17]

    Дар ривояти дигар омадааст, ки Анас (р) гуфт: “Пайғам­бари акрам (с) бо ҳазлу шӯхӣ ба ман фармуданд: «Ин соҳиби ду гӯш бо ман шӯхӣ мекунад».[18]

    Аз Анас (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: Пайғамбари ак­рам (с) бо Зайнаб, духтари Уммисалама шӯхӣ мекарданд ва борҳо мефармуданд: «Эй Зайнаби хурдакак! Эй Зайнаби хур­дакак!».[19]

    Аз Ибни Масъуд (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: Пайғам­бари акрам (с) намоз мехонданд ва вақте ки ба саҷда мераф­танд, Ҳасану Ҳусайн бар рӯи пушташон мепариданд, афроди ҳозир дар он ҷо мехостанд ононро аз ин кор боз доранд, аммо Пайғамбар (с) ишора мекарданд, ки ононро бигузоранд. Ва вақте намозро хонданд, он дуро дар оғӯши худ гузошта, фар­муданд: «Ҳар кас маро дӯст дорад, бояд ин дуро дӯст би­дорад».[20]

    Асоси ҳафтуми равонӣ,

    парвариши кӯдак бар асоси такя ба худ доштан

    Пайғамбари акрам (с) барои парвариши кӯдак бар асо­си такя ба худ ва эътимод ба хеш чанд роҳу равишро дунбол мекарданд, то ин ки кӯдак фарди нерӯманд шавад ва бар он асос рушду нумӯ кунад:

    1. Тақвияти иродаи кӯдак бо одат додани ӯ ба ду амри зер:

    а) Одат кунонидани кӯдак ба ҳифзу нигоҳдории асрор, ҳамон тавре ки Анас (р) ва Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар (р) ҳа­мин корро мекарданд, чунки ба он одат варзида буданд. Би­нобар ин, вақте кӯдак тариқаи пинҳон доштани асрорро омӯхт, дигар онро фош намекунад, ба хотири ин ки бар асо­си ҳисси масъулият ва иродаи қавию устувор рушду нумӯ кардаву парвариш ёфтааст, ки дар натиҷа дорои эътимоди комил ба худ ва иттикои мутмаинне мебошад.

    б) Одат додани кӯдак ба рӯза гирифтан, зеро кӯдак ҳан­гоми рӯзадорӣ вақте қасди муқовимату пойдориро дар ба­робари гуруснагиву ташнагии шадид намуд, эҳсос мекунад, ки бар нафси худ пирӯзу ғолиб шудааст. Дар натиҷа иродаи ӯ дар муқобили масоилу мушкилоти зиндагӣ устувортар ме­гардад ва бештар ба худ эътимод пайдо мекунад.

    2. Парвариши кӯдак бар асоси ҷалби эътимоду итминони иҷтимоӣ

    Табиист, вақте ки кӯдак ниёзмандиҳои хонаро таъмин карда, корҳои падару модарашро анҷом иҳад, бо бузургтар­ҳо ҳамнишин гардад ва бо афроди хурду ҳамсинну соли худ рафту омад намояд, албатта эътимоду итминони иҷтимоии ӯ фузунӣ ёфта, дар натиҷа дар ӯ ҳисси такя ба худ пайдо мешавад.

    3. Парвариши кӯдак бар асоси рушди эътибор ва эътимоди илмӣ

    Табиист, ки касби эътибору эътимоди илмӣ бештар ба ва­силаи омӯхтану рӯй овардан ба Қуръону суннати Расули Худо (с) ва роҳи поку азими ӯ ҳосил мегардад. Зеро кӯдак дар асари чунин парварише, илова бар ин ки илму огоҳии боарзишеро барои худ касб менамояд, эътибору эътимоди илмии ӯ нисбат ба шахси худаш рушду нумӯ меёбад ва дар натиҷа аз масоили инҳирофӣ маҳфуз мемонад, зеро ҳақоиқи илмӣ ва огоҳии ду­русту содиқона аз хурофоту асотир дур мебошад.

    4. Парвариши кӯдак бар асоси эътимоди иқтисодӣ ва бозаргонӣ

    Дар воқеъ, ҳусули чунин амре ба василаи тамрину одат додани кӯдак ба хариду фурӯш ва ҳамчунин дар асари давр задану ҷавлон задан дар бозору майдонҳои доду гирифт ба ҷои волидайнаш ва анҷом додани ниёзмандиҳои онон им­конпазир мебошад.

    Дар ривоят омадааст, ки Сулаймон ибни Ясор гуфт: “Алафи хари Саъд ибни Абиваққос тамом шуд, ба писари хур­даш гуфт: “Бирав миқдоре гандум аз хона бардор ва дар ивази он ҷав бихар, ба гунае ки ба ҳамон андоза бошад на бештару на камтар”.[21]

    Мегӯянд: “Ҳангоме ки Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар дар ҳоли хариду фурӯши кӯдакона буд, Пайғамбари акрам (с) ӯро ди­да, барояш дуои хайру баракат карданд”.

    Ҳамчунин намунаҳои дигари ба ин мавзӯъ далолатку­нанда мавҷуд аст, ки Пайғамбари акрам (с) дар парвариши кӯдак бар асоси эътимоду такя ба нафс бисёр таъкид фар­мудаанд...

    Асоси ҳаштуми равонӣ,

    тарғибу тарҳиб намудани кӯдак

    Бояд донист, тарғибу тарҳиб яке аз услубҳои бисёр му­ассиру муваффақи равонӣ дар ислоҳ намудани кӯдак мебо­шад. Ин як услуби возеҳу зоҳир дар тарбияи набавӣ аст, ки Пайғамбар (с) онро дар бисёр ҳолатҳо дар мавриди кӯдакон ба кор гирифтаанд, ки дар сархати онҳо некӣ дар ҳаққи волидайн мебошад.

    Бинобар ин, Пайғамбари акрам (с) кӯдаконро ба некӣ кардан дар ҳаққи волидайн тарғибу ташвиқ намуда, ононро аз мухолифату озор расонидан ба эшон барҳазар доштаанду тарсонидаанд. Ин кор фақат ба хотири он аст, ки кӯдак фармонбардору амрпазир бошад ва дар баробари умури маслиҳатомез зери таъсир қарор гирифта, дар натиҷа хулқу рафтори ӯ ислоҳ гардад.

    Асоси нӯҳуми равонӣ, бароварда сохтани хостаҳои мантиқии кӯдакон ва хушнуд намудани онон

    Услуби дигари муассиру муваффақи равонӣ дар бисёре аз кишварҳо бароварда сохтани хостаҳову орзуҳои дурусту мантиқии кӯдак ва розиву хушнуд намудани ӯ аст. Табиист, ҳар андоза бароварда сохтани ин гуна майлҳову хостаҳо ба даврони кӯдакиву хурдсолӣ наздиктар бошад, муассиртару муваффақиятомезтар аст. Аз ин ҷиҳат, лозим аст кӯдакро розиву хушнуд сохта, хостаҳои мантиқияшро бароварда кард. Ба ин далел ӯ ниёзеро, ки хоҳони он мебошад, эҳсос мекунаду онро дарк менамояд ва вақте ниёзаш бароварда шуд, рӯҳу равонаш шод мегардад ва саранҷом зиндагии беҳ­тару матлубтареро дар пеш хоҳад гирифт. Аммо агар ба хостаҳояш эътиное нашаваду нисбат ба анҷоми онҳо иқдо­ме ба амал наояд, албатта хашму асабонияти ӯ фузунӣ ме­ё­бад, ки дар натиҷа даст ба корҳое мезанад, ки мавриди ри­зояту писанд нестанд.

    Ҳамон тавре, ки дар «Ал-Ҷомеъул-кабир» омадааст, Ибни Асокир аз Воил ибни Асқаъ ривоят намуда: “Рӯзе Ра­сули Худо (с) назди Усмон ибни Мазъун рафта, диданд, пи­сарбаччае дар канори вай аст ва ӯро мебӯсад. Расули Худо (с) аз эшон пурсиданд: «Оё ин писари ту аст?». Гуфт: “Оре”. Расули Худо (с) фармуданд: «Эй Усмон! Оё ӯро дӯст ме­до­рӣ?». Дар ҷавоб гуфт: “Оре, эй Расули Худо, ӯро дӯст медо­рам”.Расули Худо (с) фармуданд: «Оё мехоҳӣ муҳаббати туро нисбат ба ӯ зиёд кунам?». Усмон ибни Мазъун гуфт: “Оре, падару модарам фидоятон”. Расули Худо (с) фарму­данд: «Бегумон касе аз насли худ кӯдаки хурдсолеро хушнуд созад, то ин ки ӯ розиву хушнуд шавад, Худованд дар рӯзи қиёмат ӯро хушнуд мекунад, то розиву хушнуд гардад».[22]

    Дар ривоят омадааст, ки дар байни Муъовия ва Аҳнаф ибни Қайс муноқашаву муҷодала рух дод. Кор ин тавр шуд, ки Аҳнаф ибни Қайс аҳамияти талаб ва ризоияти фарзанд ва истиҷобату фароҳам намудани хостаҳои ӯро барои Му­ъовия баён намуд. Мавзӯъ аз ин қарор буд, ки Язид ибни Муъовия мегӯяд: “Падарам Аҳнаф ибни Қайсро назди худ фаро хонд. Ҳангоме ки пеши ӯ омад, гуфт: “Эй Абубаҳр! Дар бораи фарзандон чӣ назар дорӣ?” Аҳнаф ибни Қайс гуфт: “Эй амирулмӯъминин! Фарзандон меваҳои қулубу сутунҳои пуш­ти моянд ва мо барои эшон ба манзалаи замини нарму соябони комилем. Ба василаи онон аст, ки метавонем иқдом ба анҷом додани корҳои бузургу муҳим кунем. Аз ин рӯ, агар чизеро хостанд, бояд ба онон дода шавад ва розиву хушнудашон бояд кард. Агар хашмгин шаванд, лозим аст эшонро ором гардо­нид, то дӯстиву садоқатро дар баробари ту анҷом диҳанд ва қудрату тавони хешро дар роҳи ту ба кор гиранд. (Ҳушёр бош) бо онон сахтгиру сангдилӣ макун, то аз зиндагиву зинда монданат серу хаста нашаванд, орзуи маргу нобудии туро на­намоянд ва аз наздик шудан ба ту мутанаффиру нороҳат на­шаванд”. Муъовия ба ӯ гуфт: “Эй Аҳнаф! Худованд ёру пуш­тибонат бод ва ҷазои хайрат диҳад, қабл аз ин, ки ту ба ин ҷо биёӣ, ман аз писарам Язид бисёр хашмгину дилгир будам...”

    Баъд аз ин, ки Аҳнаф бархосту аз пеши Муъовия рафт, Муъовия бо хушҳоливу ризояти комил назди Язид омада, маблағи зиёде дирҳам ва ҷома ба Язид дод. Язид ҳам ними аз дирҳамҳову ҷомаҳоро барои Аҳнаф фиристод.[23]

    Ривоят мекунанд, ки Адй ибни Ҳотам (р) гуфтааст: “Назди Пайғамбари акрам (с) рафтам, дар ҳоле ки дар мас­ҷид нишаста буданд, афроди ҳозири он ҷо маро барояшон му­аррифӣ карда, гуфтанд: “Ин Адй ибни Ҳотам аст”. Чун ман бидуни навиштаву муаррифии номае ба он ҷо омада будам ва қаблан низ пеши худ гуфта будам: “Умед дорам Худованд ва­силаеро фароҳам созад, то дасти муборакашон дар дастам қарор гирад”. Хушбахтона, пас ан ин, ки маро барояшон му­аррифӣ карданд, дастамро гирифта бо худ бурданд ва дар роҳ зане бо кӯдаке, ки ҳамроҳи ӯ буд, ба хидмати Пайғамбар (с) расиду гуфт: “Эй Расули Худо! Назди шумо омадем, то ниёзи моро бароварда созед”. Он ҳазрат (с) он дуро ҳамроҳи худ бурда, ниёзи ононро бароварда сохтанд...[24]

    Асоси даҳуми равонӣ, такрори амр дар рӯҳу

    равони кӯдак асар мегузорад

    Возеҳу равшан аст, кӯдак низ ҳамчун ҳар инсони дигаре дорои саҳву нисён мебошад ва дар миёни тамоми мавҷудоти зиндаи дигар даврони туфулияти ӯ тӯлонитар мебошад. Ин даврони ғайр аз марҳилаи мукаллафӣ аст, балки он марҳи­лаи омодагиву муҳайё шудани кӯдак барои замони таклиф мебошад ва аъмоли бади ӯ дар ин даврони туфулият аз та­рафи фариштагони нозир китобат намешаванд. Чунонки Пайғамбари акрам (с) фармудаанд: «Се кас мавриди таклиф ва бозхост қарор намегиранд: аз фарди дар хоб рафта, то вақте ки бедор мешавад, аз кӯдак то замоне, ки ба ҳадди бу­луғ мерасад ва аз шахси девона то замоне, ки сари ақл меояд».[25]

    Вақте ки ин матлабро ба дурустӣ дарк кардем, дигар ба­рои мо саҳлу осон аст, ки ба асл ва мабдаъи такрори амр ба­рои кӯдак бештар аз як бор мӯътақид бошем, то ин ки дар рӯ­ҳу равони ӯ муассир воқеъ шавад ва барои анҷоми он му­бо­дират варзаду зудтар даъват ва фарохониро иҷобат намо­яду онро бипазирад. Аммо далели аслу мабдаъи такрор ҳа­мон фармудаи Пайғамбари акрам (с) аст, ки мефармояд: «Вақте ки кӯдак ба синни ҳафтсолагӣ расид, намоз хонданро ба ӯ дас­тур диҳед ва агар ба синни даҳсолагӣ расиду намозро нахонд (дастури шуморо низ барои хондани он анҷом надод) ӯро тан­беҳ кунед (ба гунае ки ба устухону гӯшти ӯ осеб нарасад)».[26]

    Пайғамбари акрам (с) се соли ба ҳам пайваста ва пай дар пайро барои решадору устувор гардонидани амри му­ҳимме, ҳамчун намоз дар Ислом, қарор додаанд. Шакке нест, ки аҳамияти намоз назди ҳамаи мусалмонон маълуму мушаххас мебошад ва ба ҳамин хотир аст, ки Қуръон ба мардум хитоб намуда, аҳамияти онро чунин баён наму­дааст:

    ﴿وَأۡمُرۡ أَهۡلَكَ بِٱلصَّلَوٰةِ وَٱصۡطَبِرۡ عَلَيۡهَاۖ لَا نَسۡ‍َٔلُكَ رِزۡقٗاۖ نَّحۡنُ نَرۡزُقُكَۗ وَٱلۡعَٰقِبَةُ لِلتَّقۡوَىٰ ١٣٢﴾ [طه: ١٣٢]

    «Хонаводаи худро ба гузоридан намоз амр кун ва худ низ бар иқомаи он собиту мондагор бош...».[27]

    Бинобар ин, волидайн дар ин се соли муайяну муқар­раршуда дар амри решадор сохтани намоз дар дили кӯдак лозим аст, ки сабру шикебоии зиёдеро таҳаммул карда, адои ҳар намозеро аз кӯдак бихоҳанд. Дар ин сурат, агар бо як нигариши ҳисобшудаи риёзӣ ба ин муддати замон бин­гарем, дармеёбем, ки волидайн дар рафти ин се сол, ки ба­рои адои ҳар намозе аз намозҳои панҷгона ба кӯдак дастур медиҳанд, рӯи ҳам 5475 бор онро такрор мекунанд.[28] Ин рақа­ми бузурге аз такрори дастури мазкур мебошад, ки ин худ аз як ҷиҳат далолаткунанда бар аҳамияти такрор аст ва аз ҷиҳати дигар баёнгари он аст, ки худи кӯдак гоҳе барои аввалин бор ва ҳатто ҳам барои дуюмину сеюмин бор ба дастур ҷавоби мус­бат намедиҳад ва онро намепазирад. Аз ин ҷиҳат лозим аст, ки ин дастур бидуни эҳсоси ноумедӣ такрор шавад.

    Саҳобаи ҷалилулқадр Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) чун аслу мабдаи такрор бо кӯдаконро дарк мекард, аз ин рӯ та­ваҷҷӯҳи волидайнро нисбат ба фарзандонашон дар ин ро­бита чунин ҷалб мекунад: “Фарзандони худро ба анҷоми ам­ри хайр одат диҳед, чун амри хайр дар асари ба он одат вар­зидан ҳосил мешавад”.

    Оре, лозим аст хоҳон шудани амри хайр, ба вижа, адои намоз бештар аз як бор такрор шавад, то кӯдак ба он одат карда, бар анҷоми он давом диҳад, зеро гоҳо кӯдак ҳам ду­чори хатову нисён мешавад. Ба ҳамин хотир буд, ки Анас (р) комилан мутобиқи суннат ва роҳу равиши Пайғамбари акрам (с) амал мекарду онро анҷом медод, ба гунае ки ҳар вақт аз канори кӯдакон ва афроди дигар мегузашт, бар онон салом мекарду мегуфт: “Пайғамбари акрам (с) ин корро ме­карданд ва ба бузургу хурд салом медоданд. Табиист, ки вақ­те кӯдак борҳову борҳо мебинаду мешунавад, ки афроди бу­зургтар аз худ бар ӯ салом мекунанд, мусалламан ӯ низ са­лом карданро меомӯзаду онро такрор мекунад ва дар нати­ҷа дере нагузашта он одати ӯ мегардад.

    Асоси ёздаҳуми равонӣ,

    омӯзиши муназзам ва қадам ба қадами кӯдакон

    Дар асоси қаблӣ баён намудем, ки Пайғамбари акрам (с) фармудаанд: «Вақте ки фарзанди шумо ба синни ҳафтсо­лагӣ расид, намоз хонданро ба ӯ дастур диҳед ва агар ба син­ни даҳсолагӣ расиду намозро нахонд (дастури шуморо низ ба­рои хондани он анҷом надод),ӯро танбеҳ кунед».

    Чунонки мулоҳиза мешавад, аз ин фармудаи Пайғам­ба­ри акрам (с) мабдаи азиме истифода мешавад, ки дар рӯҳу равони кӯдак бисёр муассиру созгор мебошад ва он иборат аст аз дастур додани муназзаму қадам ба қадам ба кӯдакон, парҳез аз якбора ироа намудани масоили зиёд, дастуроти дастаҷамъӣ ба онон, зеро ҳар марҳилае замони хосси худро дорад. Аз ин ҷиҳат, намоз, ки рукни асосиву сутуни дин ме­бошад, дар се марҳила ба таври муназзам, ба кӯдак дастур дода мешавад:

    Марҳилаи аввал: Ин марҳила дар воқеъ марҳилаи му­шоҳидаи кӯдак аз ҳамон лаҳзае мебошад, ки роҳ рафтанро шурӯъ мекунад, то замони расидан ба синни ҳафтсолагӣ идома меёбад. Вақте ки ӯ роҳгардиро меомӯзаду забон ме­кушояд ва мушоҳида менамояд, ки падару модараш мурат­таб намоз мехонанд, ӯ низ ба намоз хондан алоқа пайдо ме­кунаду ба пайравӣ аз онон ба намоз хондан рӯй меоварад. Агар волидайнаш дар ин марҳила ӯро ба намоз хондан там­рину одат диҳанд, бисёр беҳтару нур болои нур мебошад.

    Марҳилаи дуюм: Ин марҳила низ марҳилаи дастур дода­ни волидайн ба кӯдак мебошад, ки аз ибтидои ҳафтсолагӣ шурӯъ мешавад ва то синни даҳсолагӣ идома меёбад. Аз ин вақт волидайн авомири худро мутаваҷҷеҳи кӯдак месозанд ва аз ӯ мехоҳанд, ки намоз бихонад.

    Марҳилаи сеюм: Дар ин марҳила, ки аз даҳсолагӣ шу­рӯъ мешаваду идома ҳам меёбад, агар кӯдак дар ин син на­моз нахонду амрҳову раҳнамудҳои волидайнашро напази­руфт, таҳдиду танбеҳ мешавад (ба гунае ки ба устухону гӯш­ти ӯ зарар нарасад).

    Бояд донист, ки дар ин дараҷабандиву қадам ба қадам амр намудан ба кӯдак, ҷиҳати намоз хондан, дар нафсу ра­вони ӯ ва дар истиҷобат намуданаш бисёр муассиру корсоз мебошад. Зеро кӯдак дар марҳалаҳои навҷавонӣ мудом дар ҳоли рушду нумӯ мебошад, аз ин рӯ, лозим аст муназзам, ба сурати дараҷабандӣ ва интиқол аз марҳилае ба марҳилаи дигар бо ӯ бархӯрд кард, ва аз рӯи нақшаву ҳадафи мушах­хасе бо ӯ рӯбарӯ шуд ва ба таносуби ҳар марҳалае ба вай дастур дод. Волидайн бояд ин марҳалаҳоро барои ӯ ба су­рати мантиқиву мураттаб ба нақша гиранд ва ӯро барои иҷ­рои он ёрӣ диҳанд.

    Асоси дувоздаҳуми равонӣ,

    садо кардани кӯдак ба шеваи хубу дилнишин

    Равшану возеҳ аст, ки Пайғамбари акрам (с) дар хитоб намуданашон ба кӯдакон танаввуъ эҷод мекарданд ва онон­ро ба муносибатҳои гуногун садо мезаданд, то ин ки баран­гехта шаванду дар ҳолати омодагӣ барои талаққиву ёдги­рии гуфтор қарор гиранд, ба тавре ки гоҳе кӯдакро бо ис­маш садо мезаданд ва бо ӯ шӯхӣ мекарданд. Ба унвони на­муна, ба бародари Анас, ки бо паррандае бозӣ мекард, фар­муданд: «Эй Абуумайр! Ин паррандаи хурд чӣ кор мекунад?». Як бор ҳам Ибни Аббосро дар даврони кӯдакияш мавриди хитоб қарор медоданду мефармуданд: «Эй ғулом (писар)! Ин чанд ҷумларо ба ту ёд медиҳам (онҳоро барои ҳамеша дар ёд дошта бош: авомир ва навоҳӣ) Худоро ҳифз ва риоя бина­мо, Худованд низ туро (аз ҳар чизе) маҳфуз медорад! Худоро ба ёд дошта бош (пайваста),ӯро дар пеши рӯи худ меёбӣ, ҳар гоҳ чизе хостӣ, онро фақат аз Худо бихоҳ ва ҳар вақт кӯма­ку ёрӣ талабидӣ, танҳо аз Худо кӯмаку ёрӣ талаб кун..то охир».[29]

    Гоҳе ҳам мефармуданд: «Эй писарам, ба суфраи таом наздик шав ва таомро бо номи Худо шурӯъ кун ва бо дасти росту аз он чӣ, ки дар пеши ту аст, бихӯр».[30]

    Пайғамбари акрам (с) аксаран аз рӯи меҳру муҳаббат Анасро садо мекарданду мефармуданд: «Эй писари азизам! Вақте ба хона ва хонаводаи худ ворид шудӣ, салом кун, чунки салом кардан мӯҷиби хайру баракат барои ту ва аҳли хона­водаат мешавад».[31]

    Аз Анас (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: “Пайғамбари акрам (с) ба ман фармуданд: «Эй писари азизам! Агар қодирӣ, бидуни ин ки ғиллу ғаше нисбат ба касе дар қалбат бошад, шабро рӯзу рӯзро бегоҳ кун, пас то метавонӣ ин корро би­кун». Сипас фармуданд: «Эй писарам! Он кор аз роҳу равиши ман аст (ва бидон) касе, ки роҳу равиши маро зинда гардо­над, ба дурустӣ маро дӯст медорад ва касе, ки маро дӯст до­рад, бо ман дар биҳишт аст».[32]

    Мегӯянд, ки саҳобаи бузургвор (р) кӯдаки мусалмонеро, ки падараш ба Ислом гаравида буд, садо мезаданд: «Эй ба­родарзодаам».

    Чунонки Умар ибни Хаттоб (р) ба Ибни Аббос (р) гуфт: “Эй бародарзодаам! Бигӯ ва хештанро муҳаққиру камарзиш машумор”.

    Аммо кӯдаки мусалмонеро, ки падараш ҳанӯз мусалмон нашуда буд, садо мезаданд: «Эй писарбачаи азизам».

    Саъб ибни Ҳакам аз падараш ва аз бобояш ривоят на­муда, ки гуфтааст: Назди Умар ибни Хаттоб (р) омадам, гуфт: “Эй бародарзодаам!!” Пас аз ин ки дар бораи падарам савол намуд ва донист, ки ҳанӯз мусалмон нашудааст, ин бор ба ман гуфт: “Эй писари азизам!” (ва “эй бародарзодаи ази­зам” нагуфт).[33]

    Муслим дар «Саҳеҳ»-и худ аз Исҳоқ ибни Молик (р) ривоят намуда, ки гуфтааст: Пайғамбари акрам (с) ба ман фармуданд: «Эй писарбаччаи азизам».

    Боз Муслим аз Муғира ибни Шӯъба (р) ривоят намуда, ки гуфтааст: “Ҳеҷ кас ба андозаи ман аз Расули Худо (с) дар бораи Даҷҷол савол намекард. Дар ҷавоб ба ман фармуданд: «Эй писарбаччаи азизам! Чӣ ранҷу машаққате аз ҷониби ӯ ба ту мерасад? (Бидон, ки) ҳаргиз ба ту зарару зиён наме­расонад».[34]

    Имом Нававӣ (р) гуфтааст: “Ин ду ҳадиси боло ишора ба ин аст, ки ҷоиз аст инсон ба ғайри писари худ, ки аз назари син аз ӯ хурдтар мебошад, «Эй писарам» бигӯядва ё ба сура­ти изҳори меҳрубонӣ бигӯяд: «Эй писарбаччаи азизам»ва ё бигӯяд: «Эй фарзандам», ки маънои он лутфу меҳрубонӣ нис­бат ба ӯ мебошад, ки гӯё ба вай мегӯяд: “Ту назди ман дар шафқату меҳрварзӣ ба манзалаи фарзанди худам мебошӣ”. Ҳамчунин ин ду ҳадис баёнгари ҷоиз будани он аст, ки инсон ба кӯдак ва ба касе, ки ҳамсинну соли ӯ мебошад, бигӯяд: «Ё ахӣ», он ҳам ба ҳамон маъное, ки баён намудем, аммо агар дар ин хитоб қасди лутфу меҳрубонӣ дошта бошад, амри мустаҳаб аст, ҳамчунон ки Пайғамбари акрам (с) ҳамин маъноро қасд мекарданд.[35]

    Аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ривоят шуда, ки Пайғам­бари акрам (с) фармуданд: «Эй бародарзодаам! Бегумон касе, ки дар имрӯз (ки рӯзи Арафа аст) гӯшу чашму забони худро дар ихтиёр дошта бошад (ба хубӣ аз онҳо истифода кунаду ба номаҳрам нанигарад), мавриди омӯрзиш қарор мегирад».[36]

    Ин ҳадис дар ривояти Байҳақӣ дар «Шуъбул-имон» бо ибороти «Ё ибни ахӣ...» шурӯъ шудааст. Дар ривояти Таёли­сӣ бо ибороти «Маҳин ё ғулому...»[37] шурӯъ шудааст.

    Дар ривоят омадааст, ки Ибни Аббос (р) гуфтааст: “Рӯ­зе пушти сари Расули Худо (с) қарор гирифта будам, фар­муданд: «Эй писар! Ин чанд ҷумларо ба ту ёд медиҳам (он­ҳо­ро барои ҳамеша ба ёд дошта бош: авомир ва навоҳии) Ху­до­ро ҳифз ва риоя бинамо! Худованд низ туро (аз ҳар чизе) маҳфуз медорад...» то охири ҳадис. Дар ин ҷо нидо кардан бо ибораи «Эй писар» ба чашм мехӯрад, ки ба маънои «Эй писари хурдакак)» мебошад.

    Оре, аз он чи дар ин боб баён гардид, натиҷа гирифта мешавад, ки кӯдакро ба сурати зебову муҳаббатомез садо кардан як бор ба сароҳати исм, бори дигар ба «Эй писар», як бор ҳам ба «Эй писари бародар» ва билохира бо “Эй писара­ки ман”, албатта ҳар як аз онҳо нафс ва равони кӯдакро бе­дор месозаду ӯро барои иҷобати нидо ва дарёфти паёми ни­додиҳанда омода мекунад ва эҳсоси муҳаббат варзидани ни-докунандаро дарк мекунад...

    [1]. Нақл аз «Ас-саодатул-узмо».. – С. 90, шайх Муҳаммад Хизри Ҳусайн.

    [2]. Ривоят аз Анас (р). Ҳоким низ онро дар «Мустадрак»-и худ ривоят намуда, онро «саҳеҳу-л-иснод» донистааст.

    [3]. Ба ривояти Ҳоким.

    [4]. Ба ривояти Абӯяъло дар «Муснад». – Ҷ. 2.. – С. 191 бо санади саҳеҳ.

    [5]. Ба ривояти Аҳмад аз Абдуллоҳ ибни Ҳорис (р).

    [6]. Нақл аз «Манҳаҷу-т-тарбияту-л-исломия, таълифи Муҳаммад Қутб.

    [7]. Ба ривояти Бухорӣ.

    [8]. «Фатҳул-борӣ». – Ҷ. 1, саҳ, 197, шарҳи ҳадиси 61.

    [9]. Нақл аз китоби Ат-Тиббун-набавӣ».. – С. 398.

    [10]. Сураи Бақара, : 266.

    [11]. Ба «Тафсири Қуртубӣ». – Ҷ. 3.. – С. 266 сураи Бақара» муроҷиат шавад.

    [12]. Абдуллоҳ ибни Умар (р) дар соли дуюм ё сеюми биъсати Пайғамбари акрам (с) таваллуд шуд. Дар ҳоле ки кӯдак буд ва ба ҳадди булуғ нарасида буд, ҳамроҳи падараш мусулмон шуд. Пайғамбар (с) ба хотири хурдсолияш ба ӯ иҷозат надоданд дар ҷанги Уҳуд ширкат кунад. Аммо барои ҷанги Хандақ ба ӯ иҷозат доданд, то дар он ширкат кунад.

    [13]. Ба ривояти Бухорӣ аз Ибни Умар (р).

    [14]. Ба ривояти Бухорӣ дар «Саҳеҳ»-и худ дар боби Ман тарака сабийята ғайриҳи ҳатто талъаб…» аз Уммихолид (р).

    [15]. Нақл аз «Фатҳу-л-борӣ». – Ҷ. 12.. – С. 34.

    [16]. Ба ривояти Ибни Ҳиббон дар «Саҳеҳ»-и худ бо санади хуб.

    [17]. Ба ривояти Ҳоким аз Абуҳурайра (р). Ин ҳадис дар «Тоҷул-усул». – Ҷ. 3.. – С. 357 бо ибораи дигар омадааст.

    [18]. Ба ривояти Тирмизӣ ва Абудовуд аз Анас (р). Бо санади заиф, ба «Ҷомеъул-усул». – Ҷ. 11.. – С. 55-56 муроҷиат шавад.

    [19]. Ба ривояти Зиё бо санади саҳеҳ, ба «Саҳеҳу-л-ҷомеъ» шумораи 5025 муроҷиат шавад.

    [20]. Ба ривояти Абӯяъло бо санади хуб.

    [21]. Ба ривояти Молик аз Сулаймон ибни Ясор (р).

    [22]. «Ал-Баёну ва-т-таъриф фӣ асбоби вуруди-л-ҳадиси-ш-шариф, Ибни Ҳамза. – Ҷ. 2.. – С. 135.

    [23]. Нақл аз «Эҳёу-л-улум». – Ҷ. 2.. – С. 238 боби ҳуқуқи волидайн ва валад.

    [24]. Ба ривояти Тирмизӣ ва гуфтааст: Ҳадиси ғариб аст.

    [25]. Ба ривояти Абудовуд, Насоӣ ва Ҳоким.

    [26]. Ба ривояти Абудовуд, Аҳмад ва Тирмизӣ.

    [27]. Сураи Тоҳо, 20: 132.

    [28]. Ба ин сурат:(365×5)=5475.

    [29]. Ба ривояти Тирмизӣ барои иттилоъ бар тамоми ҳадис ба «Тоҷул-усул». – Ҷ. 5.. – С. 212 муроҷиат шавад.

    [30]. Ба ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ.

    [31]. Ба ривояти Тирмизӣ бо санади хуб.

    [32]. Ба ривояти Тирмизӣ.

    [33]. Ба ривояти Бухорӣ дар «Адабул-муфрад» дар боби: Қавлур-раҷули: Ё бунай, хитоб ба кӯдаке, ки падараш мусулмон нашудааст.

    [34]. Ба ривояти Муслим аз Муғира ибни Шӯъба (р).

    [35]. Нақл аз шарҳи Муслим таълифи Имом Нававӣ дар боби: «Ҷавозу қавлуҳу лиғайри ибниҳи ё бунайя..».

    [36]. Ба ривояти Имом Аҳмад дар «Муснад». – Ҷ. 1.. – С. 329.

    [37]. Нақл аз «Ал-Канз». – Ҷ. 5.. – С. 68.

    Назари ту бароямон муҳим аст