Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми севум: Савоби нафақаву бахшиш бар зану фарзандон

Гузориши мухтасар:

Мақола дар мавзӯъи cавоби нафақаву бахшиш бар зану фарзандон аст, гирифташуда аз китоби "Тарбияи фарзандон"

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми севум:

    Савоби нафақаву бахшиш бар зану фарзандон

    سلسلة تربية الأولاد, القسم الثالث:

    أجر الإنفاق على الزوجة و الأولاد

    < الطاجيكية >

    Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир

    إعداد: حقنظراو طاهر

    —™

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми севум:

    Савоби нафақаву бахшиш бар зану фарзандон

    Чорумин мавзӯи ин фасл савоби нафақа бар ҳамсару ав­лод мебошад ва табиист, ки нафақаву бахшиш дар кори тар­биявӣ таъсири хубе дорад, хусусан, ҳангоме ки бар асоси дастури шаръ бошад ва бо ҳукми «Бояд касе, ки тавонгар аст, ба қадри тавонгарии хеш (барои зан) нафақа диҳад…»[1], мутобиқат дошта бошад, чун дар ҳукми илоҳӣ на исроф кардан дуруст аст ва на ноумед гардонидану бухл варзидан, балки нафақа ва бахшише дурусту писандида аст, ки дар ҳадди тавоноии шахси нафақакунанда бошад ва дар айни ҳол аз мизони эътидол ва миёнаравӣ берун набошад. Илова бар он, риояи ин амр низ дарвоқеъ барои ояндаи кӯдаке, ки дар ҳоли рушд мебошад, як навъ варзиш аст ҷиҳати нафақа ва бахшиши ӯ дар сурати тавоноӣ ва ба даст овардани таҷрибаест, барои идораи хуби хонаву хонавода дар умури иқтисодӣ.

    Дар бораи нафақа кардан ва бахшиш ва соири садақот, ҳамчунин роҷеъ ба аҷру подоши онҳо аҳодис ва ривоятҳои зиёд омадааст, аз он ҷумла Расули Худо (с) фармудаанд:

    «Як диноре ки онро дар роҳи Худо нафақа кунӣ, як диноре, ки барои озодии ғуломе харҷ кунӣ ва як диноре, ки онро ба шахси бенавое садақа диҳӣ ва як диноре, ки барои хонаводаи худ нафақа намоӣ (ҳама дорои аҷру подош мебошанд аммо), як диноре, ки барои хонаводаи худ нафақа мекунӣ савобаш аз онҳо бештар мебошад».[2]

    Аз Саъд ибни Абиваққос (р) ривоят шуда, ки Пайғам­бар (с) фармудаанд:

    «Бегумон ҳар андоза бар хонаводаи худ нафақа кунӣ дар баробари он аҷру подоши (нек) меёбӣ, агарчи луқмае бошад, ки онро бардорӣ ва дар даҳони ҳамсарат бигузорӣ».[3]

    Ривоят шудааст, рӯзе Абуҳурайра (р) ба Расули Худо (с) гуфт: «Эй Расули Худо (с)! Кадом садақа беҳтар аст?» Он Ҳазрат (с) дар ҷавоб фармуданд: «Беҳтарин садақа он аст, ки саъй шавад ба шахси тангдасту камдаромад дода шавад ва нахуст онро ба атрофиёни фақиру афроди таҳти сарпа­растии худ бидиҳӣ».[4]

    Аз Миқдом ибни Маъдикарб (р) ривоят шуда, ки гуф­тааст: Пайғамбари акрам (с) фармуданд:

    «Ғизое, ки ба худат, ба фарзандат, ба ҳамсарат ва ба хидматгорат медиҳӣ ва ба онон мехӯронӣ барои ту садақа маҳсуб мешавад».[5]

    Ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

    «Вақте яке аз шумо (дар роҳи таъмини хароҷоти хона­вода ва ба даст овардани нафақаи аҳлаш) бо ҳолати ғамза­дагӣ ва андӯҳгинӣ бимирад, назди Худованд бартару писанди­датар аст аз ҳазор зарбаи шамшер хӯрдан дар роҳи Худо».[6]

    Манзури ҳадис ин аст, ки вақте яке аз шумо бо ҳолати ғамзадагиву андӯҳгинии қалб ба сабаби таъмини хонавода ва дар асари касби моли ҳалоле, ки назди аҳли камол фарзи айн мебошад, бимирад, назди Худованд бартару писандида­тар аст аз ҳазор зарбаи шамшер хӯрдан дар роҳи Худо, чаро ки касби моли ҳалол ба хотири таъмини он чизе, ки аёл эҳ­тиёҷ дорад ва афроде, ки дар таъминоти ӯст, фарзи айн ме­бошад, аммо таҳаммули ранҷу заҳмат дар роҳи Худо дар бештари аҳвол фарзи кифоя аст.

    Қузоъӣ аз Ибни Аббос ва Абунуайм дар «Ал-Ҳиля» ри­воят кардааст: «Талаби моли ҳалол ҷиҳод аст». Ва Табаронӣ аз Ибни Масъуд ривоят кардааст: «Талаби моли ҳалол фари­за мебошад». Ва Дайламӣ аз Анас ривоят намудааст: «Тала­би моли ҳалол бар ҳар фарди мусалмоне воҷиб мебошад». Ва Ибни Асокир аз Анас ривоят кардааст: «Касе, ки бо ҳолати хастагиву афсурдагӣ дар асари талаби ризқу рӯзии ҳалол би­мирад, гуноҳонаш бахшида мешавад».[7]

    Аз Ибни Умар (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: «Расули Худо (с) фармуданд:

    «Барои гунаҳкории шахс кофӣ аст, ин ки афроди бар ӯҳ­дааш бударо ниёзманд ва гурусна бидорад».

    Умар ибни Хаттоб (р) писарашро насиҳат ва огоҳ ме­кард, ки барои фарзандонаш моли ҳалол касб кунад, чунон­ки Ибни Муборак дар китоби худ «Аз-Зуҳд» дар ривояте, ки онро ба Ҳасан ибни Алӣ (р) истинод намуда, гуфтааст: «Рӯ­зе Умар ибни Хаттоб (р) дар яке аз кӯчаҳои Мадина роҳ ме­рафт, ногаҳон духтаракеро дид, ки аз ҷои худ мехезаду мени­шинад! Умар ибни Хаттоб (р) гуфт: «Эй бечораи тирабахт! Ин фарзанди кист?» Ибни Умар гуфт: «Эй амирулмӯъминин! Ин яке аз духтарони ту аст». Умар ибни Хаттоб (р) гуфт: «Аз чӣ нороҳат аст?» Ибни Умар гуфт: «Он чиро, ки дар Бай­тулмоли назди ту аст ва ба вай дода мешуд, аз ӯ дареғ доштӣ». Умар (р) гуфт: «Вақте ман ӯро аз он чи, ки дар наз­ди ман аст, манъ намудам, пас оё ту наметавонистӣ, моли ҳалоле барои ӯ ба даст биёрӣ, ҳамон тавре, ки дигарон барои духтарони худ ба даст меоваранд? Қасам ба Худо! Ту назди ман ҳеҷ ҳаққе надорӣ, магар ба андозаи он чи фарде аз дигар афроди мусалмон дорад, зеро дар миёни ману ту Китоби Ху­до вуҷуд дорад ва бар мо ҳукм мекунад». Ҳасан ибни Алӣ (р) мегӯяд: «Ба Худо савганд! Дидам, ки Умар ибни Хаттоб аз ӯ хашмгин ва асабонӣ шуд».[8]

    Як тазаккури зарурӣ

    Дар ин боб баёни ин нукта лозим аст, ки нафақа ва бах­шиши зан бар шавҳару фарзандонаш низ савоб аст. Чунон­ки дар ривояти тӯлоние омадааст: «Расули Худо (с) рӯзе па­гоҳӣ, баъд аз адои намоз ба назди заноне, ки дар масҷид бу­данд, омад ва болои сари онон истод ва зимни панду андарзи зиёд ҳамроҳ бо баёни азоби Худо дар рӯзи қиёмат фармуд:

    «… (Эй ҷамоати занон,) то метавонед (ба василаи са­дақоту тоот ва талаби мағфират) худро ба Худо наздик кунед».[9]

    Дар миёни занони ҳозир дар масҷид (Зайнаб) зани Аб­дуллоҳ ибни Масъуд низ ҳузур дошт ва ба назди Абдуллоҳ ибни Масъуд баргашт ва аз он чи аз Расули Худо (с) шунида буд, ӯро огоҳ намуд. Сипас, зеварҳои худро бардошт. Ибни Масъуд гуфт: «Ин зеварҳоро куҷо мебарӣ?» Ҳамсараш гуфт: «Мехоҳам бо бахшишу садақа додани инҳо худро ба Худо­ванд наздик созам». Ибни Масъуд гуфт: «Вой бар ту! Биё он­ро бар ман ва фарзандам садақа кун, мо ба он ниёзмандта­рем». Ҳамсараш гуфт: «То ба назди Расули Худо (с) рафта, аз Ӯ напурсам, ин корро намекунам». Пас ба назди Расули Худо (с) рафт ва иҷозаи даромадан хост. Расули Худо (с) фармуд: «Кист?». Арз карданд: «Эй Расули Худо (с) Зайнаб аст». Он ҳазрат (с) фармуд: «Кадом Зайнаб?». Яке аз ҳози­рин гуфт: «Зайнаб, зани Абдуллоҳ ибни Масъуд аст». Ҳазрат фармуд: «Ба вай иҷоза диҳед, то дарояд». Сипас Зайнаб до­хил шуд ва назди Расули Худо (с) рафта, гуфт: «Эй Расули Худо (с)! Ман пас аз гуфтае, ки дар масҷид аз шумо шуни­дам, фавран ба назди шавҳарам Ибни Масъуд баргаштам ва он фармудаи Туро ба иттилои ӯ расонидам ва зеварҳои худро бардоштам, то онҳоро хайру садақа кунам ва ба василаи он худро ба Худованд ва ба Ту наздик созам, ба умеди он ки Ху­дованд дар рӯзи қиёмат маро аз аҳли ҷаҳаннам нагардонад. Аммо Ибни Масъуд ба ман гуфт, ки зеварҳои худро ба ману фарзандам садақа кун, мо ба он ниёзмандтарем. Расули Худо (с) фармуданд: «Бирав, онро ба ӯ ва писараш садақа кун, онон низ ба монанди дигарон мустаҳиққи онанд».[10]

    Дар ривояти дигар омадааст, ки Расули Худо (с) ба ӯ гуфт: «Шавҳарат Ибни Масъуд рост гуфтааст, ки зевар­олоти худро ба ӯ ва фарзандаш садақа диҳӣ».

    Боз дар ривояти дигар омадааст, ки Расули Худо (с) дар ҷавоби зани Ибни Масъуд гуфтанд: «Оре, зеваролоти худро ба эшон садақа бидеҳ, чун ин кор ду аҷр дорад: яке аҷри қа­ро­бат ва дигаре аҷри садақа».

    [1]. Сураи Талоқ, 65: 7.

    [2]. Ба ривояти Муслим аз Абуҳурайра (р).

    [3]. Ба ривояти Абуяъло дар Муснадаш бо санади саҳеҳ ва ба ривояти Аҳмад.

    [4]. Ба ривояти Ҳоким дар «Мустадрак», Заҳабӣ ва Аҳмад низ онро ривоят кардаанд.

    [5]. Ба ривояти Аҳмад бо санади хуб.

    [6]. Ба ривояти Абуҳанифа дар «Муснад»-аш аз Ибни Аббос (р).

    [7]. Нақл аз шарҳи “Муснад»-и Абӯҳанифа (Мулло Алӣ Қорӣ). – С. 62.

    [8]. Нақл аз китоби Аззуҳду варрақоиқ».. – С. 275, (Абдуллоҳ ибни Муборак).

    [9]. Ба ривояти Муслим аз Абуҳурайра (р).

    [10]. Ба ривояти Ибни Хузайма дар «Саҳеҳ».

    Назари ту бароямон муҳим аст