Фазилати даҳаи Зулҳиҷҷа

Гузориши мухтасар:

Аз фазлу раҳмати Худованд ин аст, ки дар тӯли сол барои бандагони солеҳи худ мавсимҳоеро қарор медиҳад, ки дар он ба аъмоли солеҳ бипардозанд. Аз ҷумлаи он мавсимҳо даҳаи моҳи Зулҳиҷҷа аст. Дар фазилат ва бузургии ин даҳаи муборак далелҳои бисёре аз Қуръону суннат ворид шудааст.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Фазилати даҳаи Зулҳиҷҷа

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Таҳияи: Мунира ҲАБИБОВА

    2010 - 1431

    فضل عشر ذي الحجة

    « باللغة الطاجيكية »

    إعداد: منيرة حبيباوة

    2010 - 1431

    Фазилати даҳаи Зулҳиҷҷа

    Аз фазлу раҳмати Худованд ин аст, ки дар тӯли сол барои бандагони солеҳи худ мавсимҳоеро қарор медиҳад, ки дар он ба аъмоли солеҳ бипардозанд. Аз ҷумлаи он мавсимҳо даҳаи моҳи Зулҳиҷҷа аст. Дар фазилат ва бузургии ин даҳаи муборак далелҳои бисёре аз Қуръону суннат ворид шудааст:

    Фазилати даҳаи Зулҳиҷҷа

    Аз фазлу раҳмати Худованд ин аст, ки дар тӯли сол барои бандагони солеҳи худ мавсимҳоеро қарор медиҳад, ки дар он ба аъмоли солеҳ бипардозанд. Аз ҷумлаи он мавсимҳо даҳаи моҳи Зулҳиҷҷа аст. Дар фазилат ва бузургии ин даҳаи муборак далелҳои бисёре аз Қуръону суннат ворид шудааст:

    1- Худои таоло мефармояд: «Қасам ба сапедадам ва қасам ба шабҳои даҳгона» (сураи "Фаҷр", оятҳои 1-2). Ибни Касир (р.з) дар тафсири худ мегӯяд: Манзур аз ин даҳ шаб даҳаи Зулҳиҷҷа аст. Чунончи Ибни Аббос (р.з), Ибни Зубайр (р.з), Муҷоҳид ва дигарон ба он ишора кардаанд.

    2- Ҳамчунин аз Ибни Аббос (р.з) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: "Амал дар ин рӯзҳо назди Худованд аз ҳама рӯзҳои дигар дида маҳбубтар аст.

    3- Худованди бузург мефармояд: «Ва номи Худоро дар рӯзҳои муайян ёд кунанд». Ибни Аббос дар тафсири ин ояти карима мегӯяд: Мақсуд аз рӯзҳои муайян рӯзҳои даҳгонаи Зулҳиҷҷа мебошад.

    4- Ҳамчунин Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар "Фатҳ-ул-борӣ" мегӯяд: он чӣ дар фазилат ва бартарии айёми Зулҳиҷҷа намоён аст ҷамъ шудани тамоми ибодот дар ин муносибат аст, яъне намоз, рӯза, садақа ва ҳаҷ ва дар ҳеҷ муносибати дигаре чунин нест.

    ДАР ИН ДАҲА МУСТАҲАБ АСТ:

    1- Намоз: Дар ин айём барои анҷоми фароиз дар масҷид ва бисёр анҷом додани навофил шитофтан мустаҳаб аст.

    2- Рӯза: Аз Ҳунайда ибни Холид (р.з), аз ҳамсараш (р.з), аз бархе аз ҳамсарони Расул (с) ривоят мекунад, ки Расул (с) нуҳуми Зулҳиҷҷа ва рӯзи Ошӯро ва се рӯз аз ҳар моҳро рӯза мегирифт". Имом Нававӣ (р.з) дар бораи рӯзаи айёми даҳгона мегӯяд: Рӯзаи он мустаҳаб аст.

    3- Такбиру таҳлил: Имом Бухорӣ (р.з) мегӯяд: "Ибни Умар (р.з) ва Абӯҳурайра (р.з) дар рӯзҳои даҳгона вориди бозор мешуданд ва такбир мегуфтанд ва мардум ба такбири онҳо такбир мегуфтанд". Такбир бояд ин гуна гуфта шавад:

    А) Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар. Аллоҳу акбар кабиран.

    Б) Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар. Ло илоҳа иллаллоҳ валлоҳу акбар, аллоҳу акбар ва лиллоҳи-л-ҳамд.

    В) Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар. Ло илоҳа иллаллоҳ валлоҳу акбар, Аллоҳу акбар. Аллоҳу акбар ва лиллоҳи-л-ҳамд.

    4- Рӯзаи рӯзи Арафа: Рӯза доштани рӯзи Арафа тибқи ҳадис мустаҳаб аст. Расули Худо (с) мефармояд: "Cавоби он назди Худованд кафораи гуноҳони соли пеш ва соли баъд мебошад". Аммо шахсе, ки худ дар саҳрои Арафа ҳозир бошад (яъне худ ҳоҷӣ бошад) рӯза барояш мустаҳаб нест.

    5- Фазилати рӯзи қурбонӣ: Бештари мусулмонон аз азамату бузургии ин рӯз ғофиланд, дар ҳоле ки бархе аз донишмандон бар ин назаранд, ки ин рӯз беҳтарин рӯзи сол аст. Ибни Қайим (р.з) мегӯяд: "Беҳтарин рӯзҳо назди Худованд (ҷ) рӯзи наҳр аст, зеро ҳаҷҷи акбар ҳамон рӯз аст".

    ЧӢ ГУНА ИН РУЗҲОРО ПЕШВОЗ ГИРЕМ?

    1- Мусулмон бояд дар ин рӯзҳо ба тасбеҳу таҳлил пардозад ва аз гуноҳони худ тавбаи насӯҳ намояд.

    2- Бояд бо азми дурусту ҷиддӣ барои ғанимат шумурдани ин фурсатҳо ва истифодаи хуб бурдан аз онҳо камар бандем.

    Назари ту бароямон муҳим аст