Ҳаҷ дар Ислом

Нависанда :

Тарҷума: Абдулҳалим ОРИФӢ

Гузориши мухтасар:

Мақолаи мухтасар дар бораи Ҳаҷ ва маънои эҳром, тавоф, саъй ва вуқуфи дар арафот, гирифташуда аз китоби «Рӯҳи ислом»

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Ҳаҷ дар Ислом

    الحج في الإسلام

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    АФИФ АБДУЛФАТТОҲ ТАББОРА

    عفيف عبد الفتاح طباره

    —™

    Таҳия: Абдулҳалим ОРИФӢ

    إعداد: عبد الحليم عارفي

    1. Достони бинои Каъба. 2. Рӯҳ ва ҳақиқати ҳаҷ дар Ислом. 3. Эҳром ва фалсафаи он. 4. Ҳикмат ва фалсафаи тавоф ба даври Каъба. 5. Ҳикмати сайъ ва омадурафт дар байни Сафо ва Марва. 6. Фалсафаи вуқуф дар Арафа. 7. Шаҳодат ва эътирофи яке аз уламои Ғарб нисбат ба ҳаҷ.

    Ҳаҷ дар луғат ба маънои қасд намудани чизи азим ва боаҳамият аст ва дар истилоҳи шариати Ислом ба маънои қасди Байтул –л-лоҳи –л-Ҳарам, дар Макка ба манзури ибодат мебошад. Ҳаҷ як маросим ва шиори динӣ аст, ки аз қадимулайём дар назди ҳамаи миллатҳо мутадовил буда, мардум онро анҷом додаанд. Қабл аз Ислом арабҳо одат доштанд ба манзури ибодат ба Байту-л-Ҳаром дар Макка, ки Иброҳим ва Исмоил, алайҳимусалом, онро бино кардаанд, мерафтанд ва ба номи ҳаҷ онро зиёрат мекарданд.

    «Дуо ва ибодати онон ба давраи Каъба ҷуз ҳуштак кашидан ва каф задан чизи дигаре набуд».

    Каъба ба сурати маҳалли истиқрори бутҳои арабҳо даромада буд, вале ҳамин ки Ислом ба қудрат расид, онро аз ҳамаи мазоҳири ширку ҷаҳл ва бутпарастӣ поксозӣ кард.

    ДОСТОНИ БИНОИ КАЪБА

    Чун Каъба маркази асосии анҷоми фаризаи ҳаҷ аст, беҳтар аст, ки ишорае ба достони сохтани он бинамоем. Таърихи бинои Каъба ба даврони ҳазрати Иброҳими Халилуллоҳ, алаҳисалом, бармегардад. Дар замони ҳазрати Иброҳим бутпарастӣ дар байни мардум бисёр шоеъ буд. Иброҳим ба манзури ибодати Парвардигор аз мардум дурӣ гузид ва муҳоҷират кард ва аз сарзамини Шом ватани обою аҷдодаш ҳамроҳи ҳамсараш Ҳоҷар ва фарзандаш Исмоил рӯ ба ҷануб ҳиҷрат кард, то ин ки дар сарзамини Ҳиҷоз ба дур аз мардум раҳли сафарро бар замин андохт, то хонаводаеро ташкил диҳад, ки танҳо Худои якторо парастиш намоянд. Ҳангоме ки Исмоил ба синни ҷавонӣ ва рушди ҷисмии кофӣ расид, Худованд ба Иброҳим дастур дод масҷидро бино намояд, то мардум барои ибодат, зикр, сипосгузории неъматҳо ва алтофи илоҳӣ ба даври он ҷамъ шаванд. Худованди мутаол дар ишора ба ин ҳодиса мефармояд:

    ﴿وَإِذۡ يَرۡفَعُ إِبۡرَٰهِ‍ۧمُ ٱلۡقَوَاعِدَ مِنَ ٱلۡبَيۡتِ وَإِسۡمَٰعِيلُ رَبَّنَا تَقَبَّلۡ مِنَّآۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ ١٢٧﴾ [البقرة: ١٢٧]

    «Ба ёд биёваред, он ҳангомеро ки Иброҳим ва Исмоил пояҳои Каъбаро боло мебурданд ва дуо мекарданду мегуфтанд: Парвардигори мо, ин амалро аз мо бипазир. Бегумон, Ту шунаво ва доно ҳастӣ» (Бақара, 127).

    Вақте Иброҳим ва Исмоил аз бинои Каъба фориғ шуданд ва онро такмил намуданд, Худованд дастур дод, то аз он муҳофизат кунанд ва Каъбаро аз тамоми олудагиҳои моддию маънавӣ монанди ширку бутпарастӣ поку муназзаҳ намоянд. Худованди мутаол дар ин бора мефармояд: «Ва ба Иброҳим ва Исмоил супориш кардем, ки хонаи Моро барои тавофкунандагон ва эътикофкунандагон ва рукӯъву саҷдакунандагон поку покиза кунед» (Бақара, 125).

    Пас Каъба аввалин масҷид ва хонае аст, ки ба манзури ибодати Худои ягона барои мардум сохта шудааст. Худованд мефармояд:

    ﴿إِنَّ أَوَّلَ بَيۡتٖ وُضِعَ لِلنَّاسِ لَلَّذِي بِبَكَّةَ مُبَارَكٗا وَهُدٗى لِّلۡعَٰلَمِينَ ٩٦ فِيهِ ءَايَٰتُۢ بَيِّنَٰتٞ مَّقَامُ إِبۡرَٰهِيمَۖ وَمَن دَخَلَهُۥ كَانَ ءَامِنٗاۗ ٩٧﴾ [ال عمران: ٩٦، ٩٧]

    «Нахустин хонае (аз ҳайси хидмату эҳтиром, ки бо дасти анбиё ҷиҳати парастиш ва ниёиши саҳеҳи Худованди ягона) барои мардум сохта шудааст, хонае аст, ки дар Макка қарор дорад, ки пурхайру баракат ва мояи ҳидояти ҷаҳониён аст. Дар он нишонаҳои равшане вуҷуд дорад, аз ҷумла мақоми Иброҳим ки ҳар кас дохили он шавад, дар амон қарор мегирад» (Оли Имрон, 96-97).

    Вақте Иброҳим вафот кард ва ба дунболаш Исмоил низ фавт намуд, баъд аз замоне мардум чизҳои нодурусту хилофро аз ҷониби худ ба ҳаҷ изофа карданд. Аз ҷумла, ширку бутпарстиро ҷузъи маросими ҳаҷ қарор доданд. Ба ҳамин хотир Худованди мутаол Муҳаммад, саллаллоҳу алайҳи ва салламро фиристод, то решаи ширку бутпарастиро ба куллӣ қатъ кунад ва мардумро ба тавҳид ва яктопарастӣ баргардонаду монанди Иброҳим ононро ба сӯйи Парвардигори тавоною доно даъват намояд. Дар ин бора Худованд хитоб ба Пайғамбар (с) мефармояд: “Худо шуморо баргузидааст ва дар дин корҳои сангину душвореро нагузоштааст. (Дини шумо ҳамон) ойини падаратон Иброҳим аст ва Худо қаблан шуморо мусулмон номидааст” (Ҳаҷ, 78).

    РӯҲ ВА ҲАҚИҚАТИ ҲАҶ ДАР ИСЛОМ

    Ҳаҷ дар Ислом ба тамоми маъно бо ҳаҷ дар дигар динҳо фарқи асосӣ дорад, чаро ки ҳаҷ дар назди дигар динҳо иборат аст аз тавассул ҷустан ба қубур ва гӯрҳои ашхоси солеҳ ва муқаддас ва осору биноҳое, ки аз эшон боқӣ мондааст, дар ҳоле ки ин амр дар Ислом мавриди инкор ва нафрати шадид мебошад. Беҳтарин ҳаҷ дар назди дигар динҳо ҳаҷе аст, ки инсон дар роҳи он машаққату нороҳатии фаровонеро бар худ таҳмил намояд. Дар ҳоле ки Ислом иҷозат намедиҳад, ки инсон амдан ба манзури савоби бештар ранҷу машаққати изофиро дар анҷоми ҳаҷ бар худ таҳмил кунад, ҳарчанд ин кор бо хотири хуш ва хости шахсӣ бошад. Дар ин бора ривоят шудааст, ки Пайғамбар (с) марди пиёдаеро дид, ки бо такя бар дӯши ду писараш роҳ мерафт. Пайғамбар (с) аз вазъи ӯ пурсид. Гуфтанд: Эй Расули Худо, бар худ назр карда, ки бо пойи пиёда ба ҳаҷ биравад ва Каъбаро тавоф намояд”. Пайғамбар (с) фармуд: Набояд ин корро бикунад, чаро ки Худованд ниёзе надорад, ки мардум худро азоб диҳанд, ӯро бар уштур савор кунед. «Бинобар ин, Ислом ҳаҷро василае барои таҳқиқи фавоиди маънавию рӯҳӣ ва адабию ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва сиёсию иқтисодӣ медонад ва мефармояд:

    ﴿وَأَذِّن فِي ٱلنَّاسِ بِٱلۡحَجِّ يَأۡتُوكَ رِجَالٗا وَعَلَىٰ كُلِّ ضَامِرٖ يَأۡتِينَ مِن كُلِّ فَجٍّ عَمِيقٖ ٢٧ لِّيَشۡهَدُواْ مَنَٰفِعَ لَهُمۡ وَيَذۡكُرُواْ ٱسۡمَ ٱللَّهِ فِيٓ أَيَّامٖ مَّعۡلُومَٰتٍ عَلَىٰ مَا رَزَقَهُم مِّنۢ بَهِيمَةِ ٱلۡأَنۡعَٰمِۖ فَكُلُواْ مِنۡهَا وَأَطۡعِمُواْ ٱلۡبَآئِسَ ٱلۡفَقِيرَ ٢٨﴾ [الحج : ٢٧، ٢٨]

    «Эй Муҳаммад, ба мардум эълом кун, ки пиёда ва ё савор бар шутурони лоғару борикандом роҳҳои дурро тай кунанд ва ба ҳаҷу зиёрати Каъба биёянд ва ба нидои ту посух гӯянд (онон ба ин сарзамини муқаддас биёянд), то манофеъи худро ба чашми худ бибинанд (ва ба суди моддию маънавиашон бирасанд) ва нозири фавоиди фардӣ ва иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии ҳаҷ бошанд ва дар айёми муайяне, ки (рӯзи ид ва ду ё се рӯз баъд аз он аст ба ҳангоми забҳи қурбонӣ) номи Худоро бар чаҳорпоёне (ҳамчу гӯсфанд, бузу гов ва шутур) бибаранд, ки Худо ин неъматҳоро насиби онон кардааст “(Эй ҳоҷиёни хонаи Худо), пас аз забҳи ҳайвонот худатон низ аз гӯшти онҳо бихӯред ва бенавоёни мустамандро ҳам аз он ғизо ва таъом диҳед» (Ҳаҷ, 27-28).

    Дар ин ҷо Худованд мефармояд: «То нафъи худро ба чашми худ бибинанд». Таваҷҷӯҳ фармоед, ки уламои Ислом манофеи ҳаҷро ба манофеи динӣ ва дунёӣ ҳарду бо ҳам тафсир кардаанд, чаро ки дин ва дунё аз назари Қуръон бо ҳам иртибот ва ҳамоҳангии комил доранд, ҳамон гуна, ки дар байни рӯҳ ва ҷисм иртиботи муҳкаме мавҷуд аст ва ҳарду мукаммили ҳамдигаранд. Дар ҳоле ки дин рӯҳро бо имони саҳеҳ ва одобу ахлоқи ҳасана тақвият менамояд, васоилу имконоти моддӣ низ боиси бақо ва тараққию пешрафти он мебошад. Агар мо бихоҳем фавоидеро, ки ҳаҷ барои мусулмонон ба армуғон меоварад, аз ҳама ҷиҳот баёну баррасӣ намоем, ниёз ба таълифи китоби мустақил дорем ва ин китоб гунҷоиши онро нахоҳад дошт.

    Бояд гуфт, ки ҳаҷ як анҷумани бузург ва ё як конфронси умумӣ аст, ки ҳар сол ба манзури эҷоди иттиҳод ва ҳамоҳангӣ дар байни мусулмонони ҷаҳон ва огоҳ сохтани онон ба шеваи саҳеҳи истифода аз манобеи ҳаётӣ аз тариқи ошноӣ бо фарҳанги ҳамдигар дар маркази пайдоиши Ислом Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара ташкил мешавад.

    Набояд аз аҳамияти фаровони ҳаҷ ғофил бошем, зеро ҳар яке аз миллатҳои мусулмон дар заминаи хосе дорои маҳорату нубуғ ҳастанд ва ҳар кишваре аз мавод ва манофеи табиии хосе бархурдор аст, ки кишварҳои дигар аз он баҳраманд нестанд ва ин анҷумани солиёна ба ҳамаи мусулмонон имкон медиҳад, то ба имзои тавофуқҳои асосӣ ва табодули афкор ва андешаҳо дар байни худ аз тамоми имконоти моддӣ ва маънавии мавҷуд дар сарзаминҳои исломӣ ба таври аҳсан истифода кунанд. Намояндагони тамоми кишварҳои исломӣ дар ин анҷумани солиёна ширкат доранд ва ин амр ба онон имкон медиҳад, ки ба осонӣ битавонанд дар заминаҳои фарҳангӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ иқдомоти ҷиддӣ ва муҳимеро ба амал оваранд, мушкилот ва мавонеъро аз байн бардоранд ва азамату қудрат ва маҷди мусулмононро амалан ба онон боз гардонанд.

    Ҳаҷ ба чӣ касоне воҷиб аст? Ҳар мусулмони болиғу оқиле, ки дорои бадани солим ва маблағи рафту баргашти мусофирати ҳаҷ ва қути афроди таҳти кафолаташ дар муддати мусофират бошад, ҳаҷ бар ӯ воҷиб аст. Шарт ин аст, ки қарздор набошад ва ҳаққи дигаронро ба гардан надошта бошад ва ҳамчунин набояд сарваташро аз тариқи номашрӯъ монанди рибо, дуздӣ, ришва, хариду фурӯши машруботи алкоголӣ ва маводи мухаддир ва дигар роҳҳои нодуруст ба даст оварда бошад ва закоти шаръии он низ пардохт гардида бошад ва бо вуҷуди ин шароити амнияти роҳ зарурӣ аст.

    Ҳаҷ дорои шаш рукн аст: Эҳром; Тавоф ва зиёрати Каъба; Саъй дар байни Сафо ва Марва; Вуқуф дар Арафа; Кӯтоҳ кардани мӯйи сар ё тарошидани он; Риояи тартиб дар байни ин аркон.

    Инак, ба баёни ҳар як мепардозем.

    ЭҲРОМ ВА ФАЛСАФАИ ОН

    Арабҳо одат доштанд, ки бо қарор додани нишонаҳо чарогоҳҳои худро аз вуруди ҳайвоноти дигарон ҳимоя ва мамнӯъ мекарданд ва ҳудуду марзҳое барои он қарор медоданд, ки қабоили дигар ҳаққи тааддӣ ва таҷовуз ба онро надоштанд. Афроди боқудрат ва пурнуфуз дар байни онон заминҳои фарвонеро ба унвони чарогоҳи худ мушаххас мекарданд ва ба касе иҷозат намедоданд бе иҷозати эшон аз он баҳрабардорӣ кунад, то ин, ки Ислом омад ва тамоми ҳаримҳои даврони ҷоҳилиятро, ки ба ноҳақ ба вуҷуд омада буданд, ботил ва бекор эълом намуд. Магар ҳарими Худо, ки онро таъйид намуд ва ҳарим ва миқотҳое барои Каъба қарор дод, то касоне, ки дохили Ҳарам мешаванд, ҳаққи тааддӣ аз ин ҳарам ва миқотҳоро надошта бошанд, магар ба шева ва шароити муайяну махсусе. Ҳангоме ки марди мусулмон дохили эҳром гардид, истифода аз ҳар гуна василаи ороишӣ ва рафоҳӣ барояш ҳаром мегардад ва иҷозат надорад баъд аз эҳром ба ҳеҷ чизи муаттаре худро хушбӯ кунад. Набояд пироҳан ва ё ҳар либоси дӯхташудаеро бипӯшад, ба ҷуз пойафзори кӯтоҳе, ки буҷулҳои пойро напӯшонад. Ҳақ надорад аз кафше истифода кунад, ки пойҳояшро бипӯшонад ва набояд бо ангуштар ё дигари васоили ороишӣ худро ороста намояд, мӯҳои баданро наметарошад ва нохунҳоро намегирад ва бо ҳамсараш омезиш намекунад.

    Фалсафаи ин ҳама парҳез ин аст, ки ҳаҷ ибодат аст ва ҳадафи он тақаррубу наздикӣ ба пешгоҳи Худованд ва расидан ба неъматҳое аст, ки Худованд онҳоро барои одамони некӯкор ба унвони подош омода кардааст. Маъмулан дастёбӣ ба ин файзу баракат муяссар нест, магар ин ки нафс аз ҳамаи тамоюлот ва орзуҳои шаҳвонии худ дурӣ ҷӯяд ва аз ҳолати оддӣ хориҷ гардад ва аз лаззатҳою хушгузарониҳо парҳез намояд. Ин кор вақте ҳосил мешавад, ки инсон танҳо ба заруриёти зиндагӣ иктифо кунад ва дар тамоми ҳаракоту сукуноташ таслими амри Худо шаваду ба ҷуз ӯ аз ҳама чиз ҷудо гардад. Фалсафаи дигари риояи парҳез дар эҳром ин аст, ки нафс мутаваҷҷеҳ шавад, ки чун ба камоли матлуби худ мерасад, ки болотар аз модда ва тамоюлоти шаҳвонӣ, ки одатан дар баробари онҳо таслиму заиф аст, қарор гирад ва бо дурӣ аз лаззатҳои зиндагӣ худро барои расидан ба чунин камоле омода созад.

    Аз тарафи дигар, эҳром тамрин ва риёзате аст, ки нафсро ба ҳолати рӯҳонияти аввал бозмегардонад. Мулоҳиза мефармоед, ки вақте аз олами модда ва завоҳири он дур мешавем ва нафс ба табиати рӯҳонии худ бармегардад, чӣ қадар хушҳолем ва эҳсоси дилпокию лаззати рӯҳӣ мекунем. Парҳезкорӣ дар эҳром нафсро бурдбору сабур ва қодир ба таҳаммули мушкилот ба бор меоварад. Яке аз уламо ба номи Бодин Павл низомеро ба номи низоми кашшофа барои тарбияи нафс ва омода сохтани он бар таҳаммули мушкилот ихтироъ кардааст, ки аксари миллатҳо инояти фаровоне ба он нишон додаанд ва мо метавонем бо шаҳомат эълом кунем, ки низоми риёзатии эҳроми ҳаҷ ба маротиб таъсираш бештар аз низоми риёзатии кашшофаи Бодин Павл мебошад. Зеро машаққату нороҳатие, ки дар эҳром вуҷуд дорад, нисбат ба машаққати мавҷуд дар низоми кашшофаи Павл ҳам сангинтар ва ҳам мудатташ тӯлонитар аст ва дар як фазои динӣ ва ақидатӣ анҷом мегирад, ки боиси таъсирпазирии бештари нафс мебошад ва аз ин рӯ, муфидтар аст.

    Набояд фаромӯш кунем, ин ҳолат, ки тамоми ҳоҷиёни фақиру ғанӣ, дар як либос ва шакли ягона худро нишон медиҳанд ва асаре аз васоили ифтихор ва ғурури баъзе бар баъзеи дигар вуҷуд надорад, паёмовари маънои бисёр баланди мусовот ва бурдбории ҳамагонӣ аст, ки Ислом сахт алоқаманд аст, то решаи онро дар дили пайравонаш қавӣ ва нерӯманд намояд.

    Эҳром паёмовари сулҳ ва оромиш аст. Инсоне, ки ба эҳром медарояд, вақте хонаи Худоро мушоҳида мекунад, ин дуоро мехонад: “Парвардигоро, номи Ту салом аст ва оромишу сулҳ танҳо аз ҷониби Ту аст. Парвардигоро, зиндагии оромеро ба мо бидеҳ. Парвардигоро, бар шарофату каромат ва ҳайбату эҳтироми ин хонаи Худ бияфзо ва бар шарофату эҳтироми касе, ки ба унвони ҳаҷ ё умра онро зиёрат мекунад, бияфзо”.

    Зикри ин дуо нишон медиҳад, ки яке аз фалсафаҳои ҳаҷ эҷод ва парвариши ишқу алоқа ба сулҳу оромиш дар нафси пайравони Ислом мебошад. Ислом мехоҳад решаи буғз ва кинаю адоватро аз даруни онон хушк намояд ва мусулмононро водор созад, то ба сурати бародарони меҳрубон бо ҳам зиндагӣ ва муошират кунанд ва Қуръон ин матлабро мавриди таъкид қарор медиҳад ва мефармояд: «Ҳаҷ бояд дар моҳҳои муайяне анҷом пазирад (ки иборатанд аз шавволу зулқаъда ва зулҳиҷҷа) ва касе, ки дар ин моҳҳо ҳаҷро бар хештан воҷиб карда бошад, набояд калимоти зишт бигӯяд ва набояд омезиши ҷинсӣ бо ҳамсараш дошта бошад ва набояд муртакиби фисқу гуноҳ шавад ва набояд ба ҷангу ҷидол бипардозад, зеро ин корҳо бо рӯҳи ҳаҷ муғоярат дорад» (Бақара, 197).

    Дар ин ояти шарифа Худованди мутаол бар инсоне, ки дар эҳром аст, воҷиб карда ки орому беозор бошад ва бо касе ба адовату ҷидол напардозад ва ба ӯ дастур медиҳад аз ба забон овардани калом ва суханони беҳудаю зишт дурӣ ҷӯяд ва аз гуноҳу корҳои нописанд бипарҳезад ва аз фармони Парвардигор таҷовуз нанамояд ва муртакиби ҳеҷ кори ҳароме нашавад ва аз муҷодалаю адоват худдорӣ варзад.

    Ҳамчунин ба хотири тақвият ва парвариши ишқ ба оромишу сулҳ дар нафсҳо аст, ки Ислом бар касоне дар эҳром ҳастанд, ҳаром намудааст ҳайвонотеро, ки дар хушкӣ зиндагӣ мекунанд, бикушанд. Фарқе намекунад гӯшти ин ҳайвонот ҳалол бошад ё ҳаром. Дар ин маврид Худованд мефармояд:

    ﴿أُحِلَّ لَكُمۡ صَيۡدُ ٱلۡبَحۡرِ وَطَعَامُهُۥ مَتَٰعٗا لَّكُمۡ وَلِلسَّيَّارَةِۖ وَحُرِّمَ عَلَيۡكُمۡ صَيۡدُ ٱلۡبَرِّ مَا دُمۡتُمۡ حُرُمٗاۗ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ ٱلَّذِيٓ إِلَيۡهِ تُحۡشَرُونَ ٩٦﴾ [المائ‍دة: ٩٦]

    «Шикор ва хӯрдани гӯшти сайди обзӣ барои шумо, ки муқим ҳастед ва барои мусофирон, ки онро захира мекунанд, ҳалол аст, вале то вақте дар ҳоли эҳром бошед, шикор кардани ҳайвони хушкизӣ барои шумо ҳаром аст. Аз Худой тақво дошта бошед ва аз азобаш битарсед, ки ба сӯйи ӯ баргардонда мешавед» (Моида, 96).

    Даъват ба сулҳу оромиши ҳамаҷониба дар ҳаҷ ба ин ҷиҳат аст, ки Ислом мехоҳад аз тариқи ибодат ва парастиши илоҳӣ пайравони худро сулҳҷӯю ором ва солим ба камол расонад ва ба василаи ибодат ононро дар ин замина парвариш намояд.

    Таслим ва итоат аз Худо. Инсоне, ки дар эҳром аст, бо садои баланд ин калимотро дар ҳар фурсату муносибате такрор менамояд ва мегӯяд: «Омода ва фармонбардори Туам, Парвардигоро. Ба ҳақиқат омадаам, ҳеҷ шарику анбозе надорӣ ва омодаю фармонбардорам. Бегумон, тамоми ситоишу неъмат аз они Ту аст ва қудрату мулк хоси Ту аст ва ҳеҷ шарику анбозе надорӣ».

    Ба ростӣ, ин калимот ба манзалаи нидое аст, ки сарбозон дар майдони ҷанг замзама менамоянд ва рӯҳи ҳамосаю шуҷоат ва фидокориро дар онон ба ҳаяҷон дармеоварад. Ҳадаф аз такрори ин калимаҳо вогузор намудани зимоми ихтиёр ба дасти пурқудрати Парвардигор ва таслим шудан дар баробари фармони ӯ ва дарҳам шикастани ғуруру такаббур аст, то инсон бар асоси қонуни Худо рафтор кунад ва ба унвони як мавҷуди шарифу сулҳҷӯ ва ором ба зиндагии шарофатмандона идома диҳад ва аз ҳудуди қонун ва шариати Ислом таҷовуз нанамояд.

    ҲИКМАТ ВА ФАЛСАФАИ ТАВОФ ДАР КАЪБА

    Ҳоҷӣ ҳафт бор дар гирди Каъба давр мезанад, ӯ тавофи худро аз Ҳаҷару-л-асвад шурӯъ менамояд. Гардидан ба даври Каъба ва тавоф ба манзалаи салом барои аввалин хонае аст, ки ба василаи Иброҳим барои парастиши Худои якто сохта шудааст ва ёдовари хотироти Иброҳиму Исмоил мебошад.

    Ҳаҷару-л-асвад санге аст, ки дар гӯшае аз Каъба ба унвони як рамз ва шиор қарор дода шудааст, ки Иброҳим онро барои таъйини нуқтаи шурӯи тавоф дар он ҷо насб кардааст. Арабҳо ҳам ҳар гоҳ бинои Каъбаро таҷдид мекарданд, Ҳаҷару-л-асвадро маҳфуз медоштанд. Тавоф ба даври Каъба шабоҳат ба ҳоли фариштагоне дорад, ки ба даври Арши Худо ҳалқа задаанд ва ба тасбеҳи Парвардигор машғул буда, ҳаргиз онро қатъ наменамоянд. Бегумон, ин таваҷҷӯҳи қалбӣ ба Худо ва ибодати амалӣ рӯҳи инсонро ба малакути аъло ба парвоз дармеоварад.

    Илова бар ин, ҳамаи мусулмонон ба ҳангоми намоз ҳадди аққал рӯзе панҷ бор ба сӯйи Каъба рӯй меоваранд, пас воҷиб аст ба ҳангоми анҷоми фаризаи ҳаҷ низ онро тавоф кунанд ва бар хонае дуруду салом намоянд, ки Иброҳими Халил, алайҳи-с-салом, онро барои ибодату парастиши Худои якто бино сохтааст.

    ФАЛСАФА ВА ҲИКМАТИ САЪЙИ

    БАЙНИ САФОВУ МАРВА

    Саъй иборат аз рафтани пиёда ба ҳолате аст, ки аз ҳолати оддӣ сареътар бошад, вале суръати он ба давидан нарасад. Саъй байни Сафову Марва яке аз аркони ҳаҷ дар даврони ҷоҳилият буд, ки ислом онро низ таъйид ва тасбит намуд, то ёдовари як ҳодисаи таърихӣ бошад. Аввалин саъй, ки дар байни ду теппаи Сафову Марва анҷом гирифт, ба василаи модари Исмоил – Ҳоҷар – ҳамсари Иброҳими Халил буд, ки дар ҷустуҷӯи об барои фарзанди ташнааш ба суръат дар байни онҳо омадурафт мекард. Арабҳои даврони ҷоҳилият низ ин ибодату шиорро маҳфуз нигаҳ дошта буданд, вале дар болои ҳар як аз ду теппаи Сафо ва Марва буте қарор дода буданд, ки яке Усоф ва дигаре Ноила ном дошт. Вақте Ислом омад, тамоми бутҳоро нобуд кард, вале саъйи байни Сафо ва Марваро боқӣ гузошт, онро аз лавси ширку бутпарастӣ пок намуд. Ислом саъй дар байни Сафо ва Марваро боқӣ гузошт, зеро бо қавонини Исломӣ созгорӣ дорад ва нишоту таҳрик дар рӯҳу ҷисми ҳоҷиёнро тақвият менамояд ва монанди тамриноти ҷангӣ ва амалиёти низомӣ аст. Илова бар инҳо, саъй дар байни Сафо ва Марва ба манзалаи паноҳ бурдан ба Парвардигор барои дафъи гирифториҳою нороҳатиҳо ва талаби омурзишу раҳмат ва мағфират мебошад. Зеро дар чунин ҳолате буд, ки Худованди мутаол гирифториҳои Ҳоҷару фарзандаш Исмоилро бартараф сохт ва оби Замзамро барои онон ҷорӣ намуд, дар ҳоле ки ҳар ду аз шиддати ташнагӣ дар дами марг қарор гирифта буданд.

    ФАЛСАФА ВА ҲИКМАТИ

    ВУҚУФ ДАР АРАФА

    Яке дигар аз аркони ҳаҷ вуқуф дар Арафа дар рӯзи нӯҳуми моҳи зулҳиҷҷа аст. Албатта, фавоиди вуқуф бисёр аст. Аввал ин ки як конфронсе аст солиёна, ки садҳо ҳазор нафар аз ҳамаи нуқоти олам ба сурати намояндаи дигар мусулмонони кишвари худ дар он ширкат менамоянд. Покистонӣ, мисрӣ, мағрибӣ, ироқӣ, индонезӣ, турк, суриягию лубнонӣ ва мусалмононе аз тамоми гӯшаю канори олам дар ин конфронс ширкат доранд, дар як ҷо ҷамъ мешаванд ва як Худоро ба фарёд мехонанд ва аз Парвардигори якто талаби раҳмату баракату саодат менамоянд ва ҳама дар як либоси пок ва бо сару пойи бараҳна, ки бо он шоҳе бар гадое имтиёзе надорад, дар ниҳояти хушӯъ ва фурӯтанӣ ва бо қалби саршор аз сафою самимият ва ишқ ба некию эҳсон ва инсондӯстӣ дар пешгоҳи Худованд ба розу ниёз машғуланд. Чунин саҳнае намоёнгари беҳтарин ва бузургтарин намунаи мусовоту бурдборӣ ба сурати амалӣ дар байни инсонҳо аст, ки ҳеҷ имтиёзи моддӣ ва фахру мубоҳот дар он дида намешавад.

    Вуқуф дар Арафа бозсозӣ, таҷдиди шахсият ва ҷудо шудан аз гузаштаи олуда ба гуноҳу корҳои нописанд аст, тавбаю руҷӯъ ба сӯйи Худо аст ва таҷдиди аҳду паймон бо Парвардигор бар он шурӯъ намудани як зиндагии тоза ва поку муназзаҳ аз олудагиҳо мебошад. Дар ин бора Пайғамбар (с) мефармояд: «Касе, ки барои ризои Худо ҳаҷ кунад ва аз гуноҳу суханони бад бипарҳезад ва аз фисқу фуҷур дурӣ намояд ва аз итоати Худо хориҷ нашавад, баъд аз ҳаҷ монанди тифле, ки аз модар нав ба дунё меояд, бегуноҳ ва маъсум ба хонаи худ бармегардад» (Ривояти Бухорӣ)

    ШАҲОДАТ ВА ЭЪТИРОФИ ЯКЕ АЗ УЛАМОИ ҒАРБ

    ДАР БОРАИ ФАВОИДИ ҲАҶ

    Мавзӯи ҳаҷро гуфтаи доктор Филипп Ҳатий дар китобаш ба номи «Таърихи Ғарб» дар маврид ҳаҷ дар назди мусулмонон ба охир мерасонем, ки мегӯяд: «Бо вуҷуди гузашти давронҳои фаровон ҳанӯз ҳаҷ ба сурати як низоми қавӣ ва муҳкаму собиту побарҷо аст, равобити мусулмононро бо ҳам таҳким мебахшад, тафоҳуму иттиҳод ва дӯстию мусовотро дар байни қабоил, гурӯҳҳо ва миллатҳои мусулмон ба вуҷуд меоварад ва ҳеҷ сустию ихтилофе дар он мушоҳида намешавад. Дар сояи ин низоми нерӯманд ҳар мусулмоне орзу дорад, ки дар даврони зиндагии худ ҳадди аққал як бор ба мусофирати ҳаҷ биравад ва дар иҷтимои бародарона ва пур аз меҳру муҳаббат ва мусовоте, ки дар Макка ташкил мешавад, бо дигар мӯъминон ширкат намояд ва эҳсосу ҳамбастагии худро ба афроде, ки аз нуқоти мухталифи ҷаҳон ба ин ҷо омадаанд, эълом намояд. Дар партави баракати ин низом барои ҳар як аз миллатҳои мухталиф монанди сиёҳпӯстон, барбарҳо, чиниҳо, форсҳо, туркҳо, арабҳо ва ғайра фақиру сарватманд, боқудрату заиф ва нотавон ин фурсат ҳосил мешавад, ки аз ҳайси забону фарҳанг ва ақидаю имон бо ҳам тафоҳум, ҳамоҳангӣ ва ҳамбастагӣ ба вуҷуд оваранд. Бегумон, Ислом тавониста ба пирӯзии бисёр чашмгире дар мубориза бо нажодпарастӣ ва қавмгароӣ, махсусан дар байни пайравонаш ноил шавад, ки ҳеҷ як аз динҳои мавҷуд дар ҷаҳон натавонистааст ба он бирасад, зеро Ислом ҳеҷ имтиёзеро, ки боиси бартарияти инсоне ба инсони дигаре бошад, ба расмият намешиносад, магар он имтиёзе, ки боиси бартарии як фарди мӯъмин аст (ки иборат аз тақво ва фазилати ахлоқӣ ва маънавӣ аст). Бидуни тардид, ташкили ин иҷтимои бузург дар айёми ҳаҷ бузургтарин нақш ва хидматро дар роҳи расидан ба ин мавқеият ба ӯҳда дорад».[1]

    Ва саллаллоҳу ало саййидино Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин.

    [1] “Таърихи Ғарб “Таълифи Филип Ҳатий.-- Ҷ.1., саҳ.187.

    Дастабандии илми:

    Назари ту бароямон муҳим аст