Соли гузаштаамонро читавр гузаронидем?

Гузориши мухтасар:

Соли гузаштаамонро читавр гузаронидем?
Соли ояндаамонро читавр бояд гузаронем?
Гузашт соли куҳнае, ки ман ва ту онро соли нав гуфта қабулаш намӯда будем. Боз як соли ҳаёти умри ширини мо ва ту гузашт соли ҳиҷрие ки 355 рӯз буд ва соли мелодие ки 366 рӯз буд. Дар ин соли гузаштаи умри мо ва ту хонандаи гироми пур аз ҳаводиси талху ширинро дар бар дошт.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Соли гузаштаамонро читавр гузаронидем?

    ] Тоҷикӣ – Tajik – طاجيكي [

    Муҳаммадиқболи САДРИДДИН

    2011 - 1432

    ﴿ كيف قضينا عامنا الماضي؟ ﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    محمد إقبال صدر الدين

    2011 – 1432

    أسفل النموذج

    Соли гузаштаамонро читавр гузаронидем?

    Соли гузаштаамонро читавр гузаронидем?

    Соли ояндаамонро читавр бояд гузаронем?

    Гузашт соли куҳнае, ки ман ва ту онро соли нав гуфта қабулаш намӯда будем. Боз як соли ҳаёти умри ширини мо ва ту гузашт соли ҳиҷрие ки 355 рӯз буд ва соли мелодие ки 366 рӯз буд. Дар ин соли гузаштаи умри мо ва ту хонандаи гироми пур аз ҳаводиси талху ширинро дар бар дошт. Агар ба рафтору кирдори худ каме биандешем онро як китоби 700 сафҳаги бо камтарин шуморишамон дархоҳем ёфт. Дар сафаҳоти ин китоби ҳаёти мо ҳар суханамон ҳар қадамамон ҳар кучактарин саҳву хато савобу эҳсонамон ҳар чи гушҳоямон шунидааст дастҳоямон ламс намудаанд, пойҳоямон рафтаанд ба сӯи он, ҳар луқмае,ки хурдаем ҳар нушокиеки нушидаем сабт шудааст.

    Сухани худо.

    10. Ҳол он ки бар шумо муҳофизоне (фариштагоне) вобаста шудаанд:

    11. котибоне бузургвор

    12. медонанд, ки шумо чӣ мекунед.

    Сураи Инфитор,Оятҳои 10-12

    1-) Аз ин ҳама амале,ки тули сол анҷом додаем мо ва ту чиқадари он барои ризои Худоямон буд ?

    2-) Аз он амалҳои анҷом додаамон чиқадараш итоъат аз фармудаҳои Худо ва расули Ў буданд ?

    Хонандаи гироми бояд мо дар атрофии ин ду савол фоидаҳо ва зарарҳои кардаи худро дар соли гузашта дар назди худ ҳисобот бидиҳем.

    Чунонеки гуфтаанд: «Ҳисобот бигир аз худат қабл аз инки аз ту ҳисобот бигиранд» Боз гуфтаанд: «Намозатро бигузор қабл аз онки намози( ҷаноза)-атро мегузоранд»

    Хонандаи гироми барои онки дар зеҳни мо ва шумо халале ворид нашавад инро бояд бидонем, ки дар Қуръони карим чунин омадааст: «Худованд бар бандагонаш зулм кунанда нест»

    Худованди карим дар Сураи муборакаи Зилзол (Залзала) ки тақрибан мо ва шумо ҳаррӯз дар намозҳоямон онро мехонем чунин мефамояд:

    7. Пас, ҳар кас ба вазни заррае некӣ карда бошад, онро мебинад

    8. Ва ҳар кас ба вазни заррае бадӣ карда бошад, онро мебинад.

    Сураи Зилзол (Залзала),оятҳои 7-8

    Инчунин дар Сураи муборакаи Қориъаҳ чунин мефармояд:

    6. Пас, ҳар киро гарон ояд (вазнин бошад) паллаҳои амалҳои некаш (дар тарозу)

    7. Пас, он шахс дар ҳаёти хушу босаъодат аст.

    8. Аммо ҳар киро паллаи тарозуяш (аъмоли некаш) сабук бошад,

    9. Ҷойгоҳаш дар ҳовияҳ аст.

    10. Ва ту чӣ донӣ, ки ҳовияҳ чист?

    11. Оташест дар ниҳояти гармӣ

    Сураи Қориъаҳ оятҳои 6-11

    Барои ин мо ва туро хонандаи гироми лозим аст то ҳаёти худро дар ин соли ҷадиди ҳиҷри қамари ва мелоди ончиро,ки дар соли гузашта аз даст додем ва ё аз мо кутоҳие сар зад онро ислох намоем.То тавонем паллаи тарозуи аъмоли неки худро биафзоем ва то ҷои тавон паллаи аъмоли нохубу зиштамонро маҳв ва кам намоем.Зеро мо дар маҳзари Холиқамон ва замини Ў зиндаги дорем. Аз ризқи ато намуда, саломатии баданҳоямон, гардиши айёми муътадил ва ғаираҳо бархурдорем вале бозҳам ба фармӯдаҳояш амал наменамоем ва аз боздоштаҳояш даст намебардорем.Читавр худро комёб ва бандаи накӯкор меҳисобем.Агар аз баъзе аз мо ва шумо пурсанд намоз мехони мегуяд дил тоза бошад дигараш мешавад.Чаро шароб менӯши ? чаро зино мекуни? чаро? ….. он мегуяд дил тоза бошад мешавад.Бародари гироми аз кадом дил дори гап мезани? оё магар дар як дил ҳам исён ва фисқу фуҷур ва мухолифати фармудаҳои Холиқат ва боз иддиъо мекуни ки он тоза аст? На савганд ба Худо он хело касиф ва олудааст. Зеро дил хонаи ибодати Худованд аст ва ҳаргиз дар он ҷурм ва итоъат фисқ ва тақво палиди ва поки якҷо ҷамъ намегардад,ин имкон нопазир аст. Ин афкори ғалати материалистиро аз ёд баред зеро ин суханон куҳна гаштанд ва мо бояд худро воқеъан аз олудагиҳо пок намоем ва барои вазнин намӯдани паллаи некии тарозуямон кушиш намоем зеро моро хабар нест,ки соли оянда то охираш зинда хоҳем монд ё на. Чиқадар инсонҳо мехостанд мисли мо ва ту солро ба охир бирасонанд вале мутаасифона аҷал ба онҳо фурсат надод ва онҳоро аз мо гирифт. Пас мо ва ту низ соли аз пеш меомадаро намедонем ва аз фитнаҳои он бехабарем ва аз ҳодисаҳои аз пеш меомада ноогоҳем, танҳо орзӯи зиндаги дар он дорем ва оё он орзӯи мо ҷомаи амал мепушад ё не онро намедонем. Биёед якҷо дар ин сол ба чунин корҳо камари ҳиммат бубандем ва барои охиратамон,ки дар он ҳамеша боқи хоҳем монд биандешем ва барои он рӯз танҳо имрӯз фурсат дорем ва аз фардо моро огоҳи нест зеро илми он дар дасти Худованди мост.

    1)- Корҳоеки бояд дар як шабона рӯз анҷом бидиҳем:

    Нахуст лозимаст бар мо инки ниятҳоямонро холис барои Худованд намоем(яъне ибодатро танҳо барои Ў амали хайрро барои Ў ҳама кори анҷом медодаамонро холис барои Ў анҷом диҳем на барои каси дигаре зеро аҷрро Ў медиҳад на инсон ва шахси мавриди назари мо ва шумо пас танҳо Ўро ибодати холисона намоем ва аҷр касб намоем)

    А)- Фурӯтан бурдбор бояд бошад шахси мусалмон на мутакаббир ва баланд ҳавову дағал.

    Б)- Намозҳои панҷгонаи фарзиро бояд дар вақташ адо намоем ва дар аснои адои намоз бояд онро бо ҳузури қалб ва ором дар ҳама арконаш баҷой оварем. Ҳамеша кушиш намоем намозҳоямонро бо ҷамоъат адо намоем ва дар рафтан ба сӯй масҷид танбали нанамоем зеро намози ҷамоъат фазилаташ аз танҳо гузор бисту чанд дараҷа баланд аст ва яке аз вазнин кунандаи паллаи тарозуи некии мо дар ин нуҳуфта аст пас дар ин амал биштобем, ки он хело муҳим аст.

    В)- Дар адои намозҳои суннати анҷомдодаи расули акрам (с) кутоҳи накунем мисли намози Зуҳо (сари офтоб) ду ракаъат намози таҳияи масҷид, намозҳои қиёми лаил (намози ними аз шаб ё соате қабл аз адои суннати бомдод хонда мешавад. Ин намозро расули акрам нури муъмин гуфтаанд ва он поси аз шаб ҳангоми қабули дуъо низ аст)

    Г)- Ҳамеша кушиш намо то рӯзиатро аз ризқи ҳалол пайдо намои зеро ҷасаде,ки аз касби моли ҳаром нашъу намо ёфтааст оташ барояш авло аст расули акрам (с) гуфтаанд.Ва дуъои ин шахс мавриди иҷобати Худо қарор намегирад. Пас дар пайдо намӯдани ризқу рӯзии ҳалол ҳамеша аҳаммият диҳем зеро ризқи ҳалол барои муъмин ҳатмист.

    Д)- Тиловати Қуръони каримро ҳар рӯз бояд анҷом дод ва барои худ онро вазифа намоем ва дар тиловати ҳар ҳарфаш даҳ савобро барои худ захира кунем. Ҳатман аз зикрҳои суннатии шабонарӯзи истифода кунем ,ҳам савоб ва аҷр бигирем ва ҳам худро аз бадиҳо ва офатҳо муҳфизат намоем.

    Е)- Ҳамеша дар додани салом пешдасти намоем ва дар ҷавоби саломҳам хуб ҷавоб бидиҳем. Ҳангоми хориҷ шудан аз хона, дохил шудан ба хона, дохил шудан ба масҷид, хориҷ шудан аз масҷид,ҳангоми хоб рафтан ҳангоми аз хоб бедор шудан дуъоҳои махсусашонро аз ёд набарем зеро бо хондани он аҷр хоҳем гирифт ва боз дар Амон хоҳем монд. Дуъои дохил шудан ба ҳоҷатхона берун шудан аз он, Дуъои ҳамбистар шудан бо ҳамсарамонро низ аз ёд набарем зеро дар онҳо ҳикматест нуҳуфта мову туро аз он хабаре нест. Ҳамеша дуъои аз маҷлисе вақте хостем хориҷ шавем онро бихонем ва суханони беҳудаи задаамонро бо он дуъо маҳв кунем. Ҳамеша зикрро аз лабонамон канда накунем хосатан ҳангоми дар мошин рафтанамон дар чароғаки роҳ истоданамон ва … бо ин аъмол тарозуи амалҳои некамон пур хоҳад гашт дар ҳолеки худамон огоҳ нестем, пас биштобем дар ҳолеки фурсат бо мост.

    2)- Корҳое ки дар як ҳафта бояд анҷом бидиҳем.

    Корҳоеки дар як ҳафта барои мо ва шумо лозим аст ки анҷом диҳем аз ин қабиланд.Рӯзи ҷумъаи муборак, он беҳтарин рӯзест,ки дар он офтоб тулӯъ намудааст. Бояд дар ин рӯзи муборак ғусл намоем,хушбӯй намоем худро,ба сӯй масҷид биштобем то намози ҷумъаро адо намоем.Қабл аз адои намози ҷумъа сураи мубораки Каҳфро бихонем, бар паёмбарамон (с) салавот бифристем. Дар он рӯз пас аз намози аср то намози шом машғули қироъати қуръон бошем ва аз ёд набарем ки дар рӯзи ҷумъа соате аст,ки дар он дуъо мустаҷоб мегардад уламо онро миёни ду хутбаи хатиб ҳангоми болои минбар буданаш гуфтаанд бархе пас аз намози аср қабл аз намози шом гуфтаанд ин вақтҳоро ғанимат бишуморем зеро қабули дуъо худ барои шахси муъмин як таманно ва орзӯ аст онро ҷустуҷу намоем умед аст бароямон натиҷаи хубе диҳад. Ин чунин руза доштани рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе низ суннати расули акрам (с) аст аз инҳам касби аҷр намоем. Зеро дар ин рӯзҳо номаҳои аъмоли бандагон ба боло меравад ва тамоми ҳафта барои шахси дар ин ду рӯз руза дошта руза навишта мешавад ин фурсат ро аз даст бояд надиҳем зеро дар ҷаннат барои руза дорон дарвозаест ба номи Райён ки он махсуси руза дорон аст шояд он насибамон гардад.

    3- Корҳое ки дар мудати як моҳ ё моҳона бояд анҷом бидиҳем.

    Дар ҳар моҳ моро мебояд ҳар рӯзи 13-14-15 ҳар моҳи ҳиҷрии қамари руза бидорем ин рӯзҳоро расули акрам (с) айёми Биз (Рузҳои сафед) номида ва моро ба руза доштан тавсия намудаанд.Албатта ин яке аз суннатҳои расули акрам (с) буда ва дар он хайр ва аҷри бузурге вуҷуд дорад.Дар ҳадисе аз расули акрам (с) омадааст: «Шахсе як рӯз дар роҳи Худо рӯза бидорад Худованд дур менамояд ҷасади ӯро ҳафтод сол аз оташи дузах». Аз моҳонаеки ҳармоҳ мегирем ниёзмандон ва фақиронро бевазанҳо ва ятимонро аз ёд набарем зеро бо хушнуд намудани онҳо сабаби кушоиши ризқ ва рузии шумо хоҳад гашт.

    4-Корҳое ки дар муддати яксол бояд анҷом бидиҳем.

    Рузаи моҳи рамазон,рузаи шаш рӯзи моҳи шаввол,рузаи рӯзи Арафа.Рузаи рӯзи нуҳум ва даҳуми моҳи муҳаррам.Анҷоми фаризаи ҳаҷ ва умра ҳангоми доштани тавонои барон. Закоти молро баровардан ҳангоми расидани мол ба нисоб ва марраи муқаррар намудаи шаръ.Дар даҳи авоили моҳи Зилҳиҷҷа ба корҳои хайр машғул шудан. Зиёд намудани руза доштанро дар авоили моҳи шаъбон.Инчунин анҷом додани корҳои хайр дар ҳама моҳои чаҳоргонаи ҳаром. Дури ҷустан аз зулм дар мадори сол зеро зулм дар дунё ба касе намудан аз торикиҳои рӯзи қиёмат аст. Ҳангоми зулм намудан нахуст биандешем, ки моро Худоямон нигоҳ дорад.

    5- Корҳоеки бояд ҳамеша онҳоро анҷом бидиҳем онҳоро вақти муаяне нест.

    Хушнуд намудани падару модар дар ҳангоми зинда буданашон инчунин пас аз вафоташон. Силлаи раҳм миёни ақрабо ва хешовандони наздикамон. Некуй намудан бар ҳамсоягонамон хосатан ҳамсоягони ҳарду паҳлуямон. Нигоҳ доштани чашм ва забон аз ҳаром. Амри ба маъруф ва наҳи аз мункар намудан. Гуфтани сухани ҳақ ва дар ҳолати мушаққат сабр намудан. Хабар гирифтан аз беморон.Иштирок дар намози ҷаноза ва то қабристон бо майт рафтан.Фаро гирифтани илм ва омӯзиши он ба дигарон.Роҳ намуд шудан ба шахси гумроҳ. Расонидани кумак ба муҳтоҷон. Нишастан бо мардуми некӯ ва солеҳ. Эҳтироми олимон.Ҳангоми дидани кори зиште аз нодоне онро бузург ҷилва надодан.То ҷои тавон кушиш намоем нодонеро аз кори баде ба кори хайре роҳнамун шавем. Ҳамеша орзу намо то дар роҳи ҳақ аз олам гузарем на дар роҳи шар ва ниҳояту хотимаи бад.

    Хонандаи гироми: Биё имсол қасд ва кушиш менамоем то ҷои тавон ҳарчи аз ин фармудаҳоро амали менамоем ва паллаи тарозуи некиҳоямонро вазнин менамоем. Зеро мумкин аст ин соле,ки мо ва ту дар пеши руй дорем охирон соли ҳаёти мо ва шумо бошад. Зеро моро аз аҷалҳоямон хабаре нест ва инсон якбор зиндаги менамояд ва барои худ тушаи кофие омода намоем то дастгирамон гардад дар он рӯзҳои сахту ҳавлнок.

    Биё хонандаи гироми имсол қасд менамоем, ки роҳи тай менамудаи худро тибқ ин ояти карима мегардонем «Бигӯ: «Намози ману қурбонии ман ва зиндагии ману марги ман, барои Худо, он Парвардигори ҷаҳониён аст. Ўро шарике нест. Ба ман чунин амр шудааст ва ман аз нахустин мусалмононам».

    Дар охир барои ҳамагон соли бо барору соли пур аз аъмоли наку ва маҳви ҳама хатоҳоро таманно дорам.

    أسفل النموذج

    Манбаъҳо:

    Сомонаи Васатият: www.wasatiyat.tj

    Дастабандии илми:

    Назари ту бароямон муҳим аст