ЭҲТИМОМ БА ТАЪЛИМУ ТИЛОВАТИ ҚУРЪОН ВА АМАЛ НАМУДАН БА ОН

Гузориши мухтасар:

Китоби Худо роҳи тақвои Худованд ва муҳаббати Ўст. Китобе, ки ба дурусттарин роҳ ҳидоят мекунад, Насиҳатгаре, ки хиёнат намекунад, роҳнамое, ки гумроҳ намекунад, сухангўе, ки дурўғ намегўяд.
Ҳар ки бо ин китоб лаҳзае нишинад, бо зиёдати ва ками бармехезад, зиёдати дар ҳидоят ва ками дар кўри… Дониста бошед, ки он шафоъатгар ва сухангўю ростгўст. Ҳар киро рўзи қиёмат Қуръон шафеъ шавад, шафоъат карда мешавад.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    ЭҲТИМОМ БА ТАЪЛИМУ ТИЛОВАТИ ҚУРЪОН ВА АМАЛ НАМУДАН БА ОН

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Солеҳ ал-Фавзон

    2012 - 1433

    الحث على تعلم القرآن وتلاوته والعمل به

    «باللغة الطاجيكية»

    صالح بن فوزان الفوزان

    2012 - 1433

    ЭҲТИМОМ БА ТАЪЛИМУ ТИЛОВАТИ ҚУРЪОН ВА АМАЛ НАМУДАН БА ОН

    Китоби Худо роҳи тақвои Худованд ва муҳаббати Ўст. Китобе, ки ба дурусттарин роҳ ҳидоят мекунад. Ҳазрати Али (р) ин китобро чунин васф намудааст: "Насиҳатгаре, ки хиёнат намекунад, роҳнамое, ки гумроҳ намекунад, сухангўе, ки дурўғ намегўяд.

    Ҳар ки бо ин китоб лаҳзае нишинад, бо зиёдати ва ками бармехезад, зиёдати дар ҳидоят ва ками дар кўри… Дониста бошед, ки он шафоъатгар ва сухангўю ростгўст. Ҳар киро рўзи қиёмат Қуръон шафеъ шавад, шафоъат карда мешавад. Чун рўзи қиёмат нидокунандае бо садои баланд нидо мекунад: Огоҳ бош, оқибат ҳар кишткунанда дар кишткардаи хеш мавриди озмоиш қарор мегирад, ба ҷуз Қуръон. Пас шумо аз ҷумлаи кишткунандагон ва пайравони ин китоб бошед ва барои ба Худованд расидан, роҳро аз он биҷўед ва барои ислоҳи худ аз он талаби насиҳат кунед. Ҳама андешаҳои худро мутобиқи он намуда, хоҳишоти худро бо дастуроти он бисанҷед" .

    Эй бандагони Худо! Дар ин замона бисёриҳоро мебинем, ки Қуръонро тарк намудаанд ва на дар фикри тиловати онанду на дар фикри андешаи оятҳои он.

    Онҳо мувофиқи дастуроти он амал намекунанд ва аз он чи манъ кардааст, дури намеҷўянд. Онҳо каломи Худоро танҳо барои хондан дар муносибатҳои махсус, ё онро дар ғилофе печонида, барои табаррук дар ҷойҳои баланди хонаҳо нигоҳ медоранд, ё барои мурдагони худ тиловат мекунанд. Ҳамчунин бисёриҳоро мебинем, ки Қуръонро ҳифз кардаанд, онро бисёр тиловат мекунанд, вале дар байни онон кам инсонҳо пайдо мешавад, ки рафтори худро ба Қуръон мутобиқ намояд ва ин фазлу неъмати илоҳиро шукргузори намояд. Амал ба Қуръон кам шудааст ва замоне шудааст, ки дар шаъни мусалмонони имрўза сухани ҳазрати Умар рост омадааст, ки гуфта буд: "Саҳобагони бузургвор дар замони Паёмбар (с) аз Қуръон танҳо як сура, ё каме бештар ҳифз намудаанд, вале ба тамоми Қуръон амал мекарданд ва дар охири замон кўдакону кўрони ин уммат Қуръонро ҳифз мекунанд, вале онҳоро насиби амали ба он дода намешавад".

    Эй бародарони исломӣ! Мўъминони пешин қадри Қуръонро дарк карда буданд ва дар бораи онҳо ҳазрати Ҳасан ибни Али(рз) мегўяд: "Касоне, ки пеш аз шумо буданд, Қуръонро чун мактуби илоҳи фаҳмида буданд. Онҳо шабона дар бораи он меандешиданд ва рўзона ба он бовари доштанд". Пас аз онҳо тиловати Қуръонро шараф ва каромат меҳисобиданд, ба дараҷае, ки ибни Салоҳ (р) мегуфт: "Қироати Қуръон кароматест, ки Худованд инсонро додааст. Дар хабар омадааст, ки малоикаҳоро Қуръон дода нашудааст ва онҳо тиловати онро аз инсонҳо мешунаванд".

    Махфи нест, ки беҳтаринҳои ин уммат қориёни Қуръонанд, балки онҳо аҳл ва хоссаи Худованд мебошанд. Худованд мефармояд:

    ﭽكُنتُمۡ خَيۡرَ أُمَّةٍ أُخۡرِجَتۡ لِلنَّاسِ تَأۡمُرُونَ بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَتَنۡهَوۡنَ عَنِ ٱلۡمُنكَرِ وَتُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِۗ وَلَوۡ ءَامَنَ أَهۡلُ ٱلۡكِتَٰبِ لَكَانَ خَيۡرٗا لَّهُمۚ مِّنۡهُمُ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ وَأَكۡثَرُهُمُ ٱلۡفَٰسِقُونَ ﭼ سُورَةُ آلِ عِمرَانَ ١١٠

    «Шумо беҳтарин уммате ҳастед, ки барои мардум бароварда шудед, ки амри маъруф мекунед ва наҳйи мункар ва ба Худо имон овардаед. Ва агар аҳли китоб имон оваранд, барояшон беҳтар буд. Баъзеи онҳо мўъминанд, вале акасарашон фосиқонанд» сураи Оли Имрон, ояти 110.

    Паёмбар (с) мефармоянд:

    «Беҳтарини шумо касест, ки Қуръонро омўхта ва онро омўзондааст» Ривояти Бухори.

    Дар ҳадиси дигар мефармоянд:

    «Худованд дар байни мардум аҳли худро дорад. Аз ў пурсиданд: Эй Расули Худо, аҳли Худованд киҳоянд? Гуфт: Аҳли Худо ва хоссаи ў аҳли Қуръонанд» Ривояти Аҳмад ва Нассои.

    Аз ин ояту ҳадисҳо бармеояд, ки аҳли Қуръон беҳтарини беҳтаринҳо ва хосаи хосонанд.

    Соҳибони Қуръон парчамдорони Исломанд. Қози Аёз (р) мегўяд: "Ҳофизи Қуръон бардорандаи парчами Ислом аст ва ба хотири азамати Худованди муттаъол набояд чун беҳудакорон беҳудакори кунад ва чун хатокорон хато кунад ва чун бозингарон бози кунад".

    Эй ҳофизи Қуръон! Ин амонатро холисона бардор ва ба он амал намо ва мунтазир бош, ки Худованд бароят баракати дунё ва охиратро мерасонад. Ба ин оят андеша намо:

    ﭽقُلۡ بِفَضۡلِ ٱللَّهِ وَبِرَحۡمَتِهِۦ فَبِذَٰلِكَ فَلۡيَفۡرَحُواْ هُوَ خَيۡرٞ مِّمَّا يَجۡمَعُونَ ﭼ سُورَةُ يُونُسَ ٥٨

    «Бигў: Ин ба фазлу раҳмати Худост. Пас ба ҳамин чиз бояд хурсанд шаванд. Ин беҳтар аст аз он чи ҷамъовари мекунанд» сураи Юнус, ояти 58.

    Ибни Аббос (р) мегўяд Қуръон пур аз фазилату бузургист ва барои фаҳмидани он танҳо ҳамин ҳадис кофист, ки Паёмбар (с) мефармоянд: «Ҳамоно, Қуръон ба сурати марде лоғар бо соҳиби худ дар рўзи қиёмат вақте аз қабраш берун оварда мешавад, рў ба рў меояд. Аз ў мепурсад: Оё маро мешиноси? Мегўяд: Не, намешиносамат. Мегўяд: Ман ҳамон дўсти ту, Қуръонам, ки дар шиддати гармоҳо мемондам ва шабҳоро бо ту рўз мекардам. Ҳама тоҷирон пайи тиҷорати худанд ва ман барои ту имрўз аз ҳама тиҷоратҳо беҳтарам. Пас мулкро ба дасти росташ медиҳанд ва ҷовидониро ба дасти чапаш ва тоҷи виқорро бар сари ў мениҳанд ва ба волидайнаш ду либосе мепўшонанд, ки аз дунё боарзиштар аст. Онҳо мепурсанд: Ин ба кадом хотир аст. Бар онҳо мегўянд: Ба сабаби он ки фарзанди шумо дунболи Қуръон рафт. Пас барои он мард мегўянд: Бихон ва боло рав дар дараҷаҳои ҷаннат ва ҳуҷраҳои он. Ин инсон баланд баромадан мегирад, то замоне, ки тиловат мекунад, бетартил, ё ба тартил» Ривояти Ибни Моҷа.

    Эй мусалмонон! Ҳамчуноне, ки муйсафеди мусалмону подшоҳи одилро ҳурмат мекунанд, бояд қориёни Қуръонро икром кард, ки ин қадрдонии Худованд мебошад. Паёмбар (с) мефармоянд: «Аз бузургдошти Худованд аст, ки мусалмони муйсафедро икром кунанд ва ҳофизи Қуръонро, ки ҳамеша бо он аст ва икроми шоҳи одил» Ривояти Абудовуд.

    Эй бандагони Худо! Он касе, ки вақти худро дар ҳифз, тиловат ва андешаи Қуръон гузаронидааст, вақташ зоеъ нашудааст.

    Он диле, ки бо Қуръон зиндаги мекунад, бемор намешавад. Он касе, ки Қуръон намехонад, чиро мехонда бошад? Чи гуна инсон даст ба муноҷоти Худо мебардораду аз Қуръон чизеро намедонад? Касе, ки дар дилаш чизе аз Қуръон нест, монанди хонаи вайрона аст.

    Уммате, ки дастури он Қуръон аст, шикаст намехўрад ва душманони ин уммат аз чизе бештар аз Қуръон хавф надоранд. Аз рў овардани мусалмонон ба Қуръон бистарашон аҷаб дурушту нохушоянд мегардад.

    Эй мусалмонон! Ҳурмати китоби Худоро ба ҷо оред ва аз дармонҳоятон танҳо аз он шифо бихоҳед ва бо он бар душманони худ нусрат талабед ва бо он дўстро аз душман ҷудо намоед ва аз мактаби он адаб омўзед.

    Худованд раҳмат кунад қавмеро, ки хобашон меояду онҳо дар даст Қуръон доранд, то хобашон дур шавад, чунончи Муҷоҳид гуфтааст: Куҷост он тоифае, ки ҳиммат ва адаби онҳо чунин бошад, куҷост ононе, ки намехостанд касе онҳоро аз тиловати Қуръон боз дорад, ё онҳо касеро аз он боздоранд.

    ﭽإِنَّ ٱلَّذِينَ يَتۡلُونَ كِتَٰبَ ٱللَّهِ وَأَقَامُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَأَنفَقُواْ مِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ سِرّٗا وَعَلَانِيَةٗ يَرۡجُونَ تِجَٰرَةٗ لَّن تَبُورَ ٢٩ لِيُوَفِّيَهُمۡ أُجُورَهُمۡ وَيَزِيدَهُم مِّن فَضۡلِهِۦٓۚ إِنَّهُۥ غَفُورٞ شَكُورٞ ﭼ سُورَةُ فَاطِرٍ ٢٩-٣٠

    «Ҳамоно ононе, ки китоби Худоро тиловат мекунанд ва намозро барпо медоранд ва аз он чи ба онон рўзи додаем, ошкору ниҳон инфоқ мекунанд, ба тиҷорате дил бастаанд, ки ҳаргиз зиёне дар он нест. Худо подоши онро пурра дода шавад ва аз фазлаш ба онҳо афзун диҳад. Ҳамоно, ки Ў омўрзандаи меҳрубон аст» сураи Фотир, оятҳои 29-30.

    Худованд мову шуморо бо роҳнамудҳои китобаш ҳидоят намояд. Ҳамоно, ки Ӯ шунавову иҷобаткунанда аст.

    Бародарони имонӣ! Ҳеҷ тиҷорате бартар аз имону тиловати Қуръон ва амали солеҳ вуҷуд надорад. Тиловати Қуръон аз ҷумлаи тиҷоратҳоест, ки тибқи ваъдаи илоҳи безиён аст. Хушо ба ҳоли қориёни Қуръон, зеро Худованд мефармояд:

    ﭽإِنَّ ٱلَّذِينَ يَتۡلُونَ كِتَٰبَ ٱللَّهِ وَأَقَامُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَأَنفَقُواْ مِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ سِرّٗا وَعَلَانِيَةٗ يَرۡجُونَ تِجَٰرَةٗ لَّن تَبُورَ ﭼ سُورَةُ فَاطِرٍ ٢٩

    «Ҳамоно ононе, ки китоби Худоро тиловат мекунанд ва намозро барпо медоранд ва аз он чи ба онон рўзи додаем, ошкору ниҳони инфоқ мекунанд, ба тиҷорате дил бастаанд, ки ҳаргиз зиёне дар он нест» сураи Фотир, ояти 29.

    Ҳазрати Қатода мегўяд: Мутриф ибни Абдуллоҳ вақте ин оятро тиловат менамуд, мегуфт: Ин ояти қориён аст. Бо вуҷуди фазилате, ки ҷиҳод дорад, аз Суфёни Саври пурсиданд: Марде дар роҳи Худо ҷиҳод мекунад, бароят маҳбубтар аст, ё марде, ки Қуръон мехонад. Гуфт: Ҳамоне, ки Қуръон мехонад, зеро Паёмбар (с) мефармоянд: «Беҳтарини шумо касест, ки Қуръонро омўхта ва онро меомўзонад» Ривояти Бухори.

    Ривоят мекунанд, ки баъзе фақиҳони Миср ба назди

    имом Шофеъи даромаданд, ки ў дар масҷид нишаста буданд ва Қуръонро дар даст доштанд. Шофеъи ба онҳо гуфт: Шуморо фиқҳ аз Қуръон боздоштааст. Ман хуфтанро мехонам ва Қуръонро ба даст мегирам ва онро то субҳ намепўшам.

    Эй бандагони Худо! Арзиши хондани Қуръон ба андеша намудани маънои он аст ва Қуръон нозил шудааст, то ба он андеша намоянд. Худованд мефармояд:

    ﭽكِتَٰبٌ أَنزَلۡنَٰهُ إِلَيۡكَ مُبَٰرَكٞ لِّيَدَّبَّرُوٓاْ ءَايَٰتِهِۦ وَلِيَتَذَكَّرَ أُوْلُواْ ٱلۡأَلۡبَٰبِ ﭼ سُورَةُ صٓ ٢٩

    «Ин китобест бисёр бобаракат, ки онро ба сўи ту нозил кардаем, то дар оятҳои он соҳибдилон андеша намоянд» сураи Сод, ояти 29.

    Биқоъи (р) дар тафсири ин оят мегўяд: Яъне, дар охири ҳар оят бояд андеша намуд, ки ин оят ба чи меанҷомад ва чи мафҳумҳои ниҳони дар зимнаш дорад. Ҳар ки танҳо ба ҳифзи ҳарфҳои он иктифо намояд, ба монанди касест, ки гове дорад, пистонҳояш пур аз шир, вале онро намеҷўшад ва монанди тойчаест, ки нидо мекунад, вале онро таваллуд намекунад. Чунин инсон аз имкон берун нест, ки дигар ҳудудҳои Қуръонро намефаҳмад ва ба он амал намекунад.

    Худованд мефармояд: «Оё дар ин Қуръон андеша намекунанд? Ё ин ки дар дилҳояшон қуфл зада шудааст?» сураи Муҳаммад, ояти 24.

    Боз Худованд мефармояд:

    ﭽأَفَلَا يَتَدَبَّرُونَ ٱلۡقُرۡءَانَۚ وَلَوۡ كَانَ مِنۡ عِندِ غَيۡرِ ٱللَّهِ لَوَجَدُواْ فِيهِ ٱخۡتِلَٰفٗا كَثِيرٗا ﭼ سُورَةُ النِّسَاءِ ٨٢

    «Оё дар ин Қуръон андеша намекунанд? Агар он аз назди ғайри Худованд мебуд, албатта дар он ихтилофҳои зиёде медиданд» сураи Нисо, ояти 82. Қуртуби мегўяд: Ин оятҳо далолат бар он мекунанд, ки воҷиб аст, дар оятҳои Худованд андеша намоем, то маънои онро пурра бифаҳмем.

    Эй мусалмонон! Вақте, ки наандешидан дар оёти илоҳи барои мо чизи одди гашта бошад, аксари мо аз тадаббур истифода намебарем, ин аз як тараф ва аз тарафи дигар бошад, мехоҳем қироати Қуръонро бештар намоем ва сураҳоро паси ҳам хатм кунем, ҳатто ин ки яке аз орифон мегўяд: Мо чунон шудаем, ки чун сураеро оғоз намоем, мехоҳем ҳарчи зудтар онро анҷом диҳем. Яке аз аломатҳои мунофиқон дар ин аст, ки мехоҳанд аз андеша кардан дар Қуръон рўй гардонанд ва аз он ҳидоят наҷўянд. Сабаби ин дар он аст, ки дилҳои эшон бо он ҳама шаҳвату шубҳаҳо бемор гаштааст ва Худованд ҳам чун сифати мунофиқинро баён намуд, маҳз бо сифати рўй гардонидан аз тадаббури Қуръон онҳоро айб гирифт.

    Эй бародари мўъмин, агар пурсидани боши, ки барои андеша кардан дар Қуръон ва аз он пурра истифода намудан чи роҳҳоест? Ҷавоби ин саволро дар қоидаи бузурге меёби, ки онро Ибни Қайим дар китоби худ "Фавоид" сари ҳамаи манофеъ хондан аст, ки мегўяд: "Вақте иродаи онро дошта боши, ки аз Қуръон фоида ба даст ори, ҳангоми тиловати он дили худро ҷамъ намо, онро бештар бишнав ва хубтар гўш намо. Худро омода ба он намо, ки Худованд бо ту сўҳбат мекунад. Зеро Қуръон хитоби Худованд аст, ки тавассути Паёмбар (с) туро хитоб мекунад.

    Худованд мефармояд:

    ﭽإِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَذِكۡرَىٰ لِمَن كَانَ لَهُۥ قَلۡبٌ أَوۡ أَلۡقَى ٱلسَّمۡعَ وَهُوَ شَهِيدٞ ﭼ سُورَةُ قٓ ٣٧

    «Ҳамоно, ки дар ин Қуръон панд аст, барои он касе, ки дил дорад ва ё шоҳид буда, ба он гўш медиҳад» сураи Қоф, ояти 37.

    То он ҷо, ки мегўяд: Вақте таъсиркунанда (Қуръон) бошад, маҳалли қабул (дил) бошад, шарти қабул (гўш кардан) бошад ва монеъ набошад, ки он парешонхотири будан ва фаромўш кардани он ки хитобкунанда Худованд аст, дар ин сурат, албатта таъсири худро Қуръон мерасонад.

    Эй мўйсафеди кўҳансол! Аз ин китоб чиро ҳифз кардаи? Дар тиловату андеша намудан дар он насибе дори? Агар дар гузашта натавонисти насибе аз он бархўрдор боши, пас кўшиш кун, ҳиссае аз он бардори. Агар худ наметавони ин корро анҷом диҳи, кўшиш намо, то фарзандонат аз он бенасиб нагарданд. Эй вазифадор, муаллим ва коргар! Оё наметавони чанд лаҳза аз вақти пурарзиши худро сарфи ҳифзу тиловати ин китоби бузург намои? Зеро аз паи ҳар тавонманди нотавонист ва аз паи ҳар фароғ серкорист. Хушо ба ҳоли он муваззаф, муаллим ва корманде, ки барои ҳифзу андешаи ин китоб бо ҳам ҷамъ мешаванд.

    Эй ҷавону наврас! Оё аз китоби Худованд чанд оят ҳифз намудаи? Дар оятҳои он чанд лаҳзаҳо андеша кардаи? Набояд коре куни, ки ҷавонони дигар туро дар ҳифзи Қуръон сабқат намоянд ва дигар ту пушаймон шави, вале вақти пушаймони намонда бошад.

    Эй мардону занони мусалмонон! Ҳамеша дунболи ҳифзу тадаббури Қуръон бошед ва онро ба андозае қадрдони намоед, ки Худованд мехоҳад, то дар ду олам ҳаёти осоиштаги ва неъматҳои фаровонро насиб гардед.

    Назари ту бароямон муҳим аст