Аз сабабҳои дохил шудан дар биҳишт

Гузориши мухтасар:

Дар ин ҳадис баъзе аз сабабҳои дохил шудани ҷаннат, ва фазлу бузургии калимаи шаҳодат баён шудааст.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Аз сабабҳои дохил шудан дар биҳишт

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Таҳия: islamhouse.com/tajik

    2013 - 1434

    من أسباب دخول الجنة

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: دار الإسلام/ طاجيكي

    2013 - 1434

    Аз сабабҳои дохил шудан дар биҳишт

    عن أبي عبد الله جابر بن عبد الله الأنصاري – رضي الله عنهما – أن رجلا: "سأل رسول الله فقال: "أرأيت إذا صليت المكتوبات, وصمت رمضان, وأحللت الحلال وحرمت الحرام ولم أزد على ذلك شيئا أأدخل الجنة؟ قال: "نعم". رواه مسلم.

    Аз Абуабдуллоҳ Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ (р) ривоят шуда ки: Марде аз расули Худо пурсид: Маро хабар бидеҳ эй расули Аллоҳ, агар намозҳои фарзиро бихонам, ва рӯзаи моҳи рамазонро бигирам, ва ҳалолро раво бидорам, ва ҳаромро ҳаром бидонам ва аз он дури кунам ва бар он(корҳои зикршуда) чизе наафзоям, Оё дар биҳишт дохил мешавам?

    Расули Худо фармуданд: "Бале"

    Муслим

    Ривояткунандаи ҳадис

    Ровии ин ҳадиси шариф Ҷобир писари Абдуллоҳи ансори (р) аз ҳофизони машҳури саҳоба буданд ва ҳадисҳои зиёде аз Пайғамбар (с) ривоят намуда аст ва умри дароз дошт ва дар сини (94) солаги дар Мадинаи мунаввара аз дунё гузашт.

    Ҳама ҳадисҳое ки аз Пайғамбар (с) ривоят карда аст 1500 ҳадис аст, ки Бухори ва Муслим бар 54 ҳадисаш иттифоқ доранд, ва Бухори 26 ҳадис, ва Муслим 126 ҳадис ба танҳои аз ӯ ривоят кардаанд. Ва Пайғамбари худо(с) борҳо барои Ҷобир талаби мағфират намуд ва дар Шом ҳамроҳи Али (р) буд ва дар охири умраш нобино шуд. Худо аз ӯ рози бошад.

    Шарҳи ҳадис

    Маънои ҳалолро ҳалол донистан, эътиқоди ҳалол будани он чизро дорад. Ва маънои ҳаромро ҳаром донистан, дури ҷустан аз он ҳаромро дорад.

    Дар ин ҳадиси шариф Паёмбар (с) ба мо мефаҳмонад, ки некбахтии ду ҷаҳон барои касеки муваффақ бошад кори осон аст.

    Зеро хондани намози фарзи, ва гирифтани рузаи фарзи, ва истифода аз ҳалол ва дури ҷустан аз ҳаром барои рафтан ба биҳишт кофӣ аст ва ин маъно шояд аз лиҳози аҳодисеки дар ин матлаб омада аст мутавотир ва ё наздик ба тавотур бошад.

    Дар ҳамин маъно имом Аҳмад ва Насои аз ҳадиси Абу Аюби Ансорӣ (р) аз расули Худо ривоят кардаанд, ки ба ҷой овардани фароиз ва анҷом додани ҳалолу дури ҷустан аз ҳаром мояи нек бахти ва сабаби дохил шудани биҳишт аст.

    Хулоса: Гирифтани ҳалол ва гузоштани ҳаром ва тарки он, мояи саъодати ду ҷаҳон аст, ва мақсад аз аъмоли ислом ва аркони имон он аст, ки инсонро ба истифода аз ҳалол ва дури аз ҳаром водорад.

    Ва дар ҳадиси дигаре омада аст, ки расули Худо фармуданд:

    (من قال لا إله إلا الله مخلصا دخل الجنة, قيل وما إخلاصها؟ قال: أن تحجزك عما حرم الله).

    "Ҳар касе аз руи ихлос (калимаи тайиба) Ло илоҳа илло Аллоҳ- ро бигуяд( Нест маъбуди барҳақ магар Аллоҳ), дохили биҳишт мешавад" Гуфта шуд: Аз руи ихлос чигуна аст?

    Фармуданд: "(Аз руи ихлос он аст, ки) туро аз воқеъ шудан дар ҳаром боздорад"

    Гуруҳе аз донишмандон гуфтаанд ки калимаи тавҳид сабаби дохил шудан ба биҳишт ва наҷот ёфтан аз дузах аст. Ва лекин дорои шартҳое аст, ки он шартҳо иборатанд аз адои фароиз ва дури аз навоҳӣ.

    Вақто ки ба Ҳасани Басри гуфтанд: Марде мегуяд, ки ҳар кас "Ло илоҳа илло Аллоҳ" гуфт, ба биҳишт меравад, Ҳасани Басри гуфт: Ҳар кас "Ло илоҳа иллалоҳ" бигуяд: ва ҳаққу фарзи онро анҷом бидиҳад, ба биҳишт меравад.

    Ба Ваҳаб ибни Мунаббиҳ гуфтанд: Оё чунин нест, ки "Ло илоҳа илло Аллоҳ", калиди биҳишт аст? Гуфт бале, ва лекин ҳар калиде дандонаҳое дорад.

    Яъне "Ло илоҳа илло Аллоҳ" шартҳое дорад ва он амал кардан бар он ва дури ҷустан аз ончи Худованд манъ намуда аст.

    Дар ин ҳадиси боло номи закот ва ҳаҷ зикр нашуда аст.

    Дар инҷо зикр нашудани закот ва ҳаҷ эҳтимол дорад, ки ин ҳадис пеш аз фарз шудани закот ва ҳаҷ ворид шудааст, ё инки суолкунанда эҳтиёҷи пурсидани ин дуро надошт, зеро ӯ аз ҷумлаи касоне буд, ки қудрати ба ҷой овардани ҳаҷ ва додани закотро надошт.

    Ва Пайғамбар (с) ҳамеша ҳоли суолкунандаро ба назар гирифта мувофиқи суол ва аҳволаш ҷавоб медоданд.

    Ва ҳар касе, ки охирин суханаш калимаи тавҳид бошад ба биҳишт дохил мешавад.

    Ва ин ҳолат барои касе рӯй медиҳад, ки ҳамаи умрашро ба тоъат ва фармонбардории Худованд мегузаронад. Ва ҳамеша ризогии Худоро меҷуяд.

    Дар ҳадис омада аст, ки охирин калимаи инсон, ки бо у аз дунё мегузарад калимаи шаҳодат бошад дохили биҳишт мешавад.

    Паёмбари Худо (с) мефармояд:

    قال رسول الله - عليه السلام - :(من كان آخر كلامه لا إله إلا الله دخل الجنة).

    "Касе ки охирин гуфтораш Ло илоҳа иллалоҳ бошад ба биҳишт дохил мешавад" .

    Абузуръа, ки яке аз ҳофизони баландпояи ҳадис буд ва умри худро дар таълим ва хондани ҳадис гузаронида буд, дар охирин рӯзи умраш исноди ин ҳадисро мехонд то инки расид ба :

    قال رسول الله - عليه السلام - :(من كان آخر كلامه لا إله إلا الله دخل الجنة).

    Ва гарданаш яктарафа шуд, диданд, ки даргузашта аст. Ҳатто пеш аз гуфтани:

    (دخل الجنة)

    дар гузашт, ва охирин суханаш калимаи шаҳодат буд.

    Ва ҳамин аст ки инсон ба ҳар гуфторе ки забонашро одат дод, ба ҳамон гуфтор аз дунё меравад, Пас инсон бояд ҳамеша кушиш кунад ки забонаш ба номи Аллоҳ таъоло бошад то вақти аз дунё гузаштанаш ҳам бар ёди Худо раҳсипори охират шавад.

    Худованд аз фазлу карамаш оқибати ҳамаи моро ба неки бигардонад ва охирин гуфтори моро калима шаҳодат қарор диҳад.

    Назари ту бароямон муҳим аст