Озод кардани асирон дар наҳйи аз пешвозгири идҳои насрониён

Гузориши мухтасар:

Аз мусибатҳо ва балоҳое, ки уммати мусулмон гирифтор шудааст ва ба сабаби он неъматҳои худоро аз даст додааст ва гирифтори мушкилиҳо шудааст, ташбеҳ ва монанди кардани мусулмонон бар насрониҳо, яҳудиҳо ва дигар мушрикону кофирон дар идҳо ва ҷашнҳояшон мебошад.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Озод кардани асирон дар наҳйи аз пешвозгири идҳои насрониён

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Таҳия ва ихтисор: Д, Абдулмаҷид Ҷумъа

    Тарҷума: Дорул ислом\Тоҷикӣ

    2013 - 1435

    فك الأسارى في النهي عن الاحتفال بأعياد النصارى

    «باللغة الطاجيكية»

    الاختيار و الاختصار من كتاب: اقتضاء الصراط المستقيم: د, عبد المجيد جمعة

    الترجمة: دار الإسلام/ طاجيكي

    2013 - 1435

    Озод кардани асирон дар наҳйи аз пешвозгири идҳои насрониён

    Аз мусибатҳо ва балоҳое ки уммати мусулмон гирифтор шудааст ва ба сабаби он неъматҳои худоро аз даст додааст ва гирифтори мушкилиҳо шудааст, ташбеҳ ва монанди кардани мусулмонон бар насрониҳо, яҳудиҳо ва дигар мушрикону кофирон дар идҳо ва ҷашнҳояшон мебошад.

    Ин монанди кардан ба онҳо тақрибан ҳама ҳолатҳоро дар бар гирифтааст,Мисли: Одатҳо, ибодатҳо, ахлоқу муомилаҳо, Ва хусусан монанди кардани онҳо дар идҳояшон аст, Инчунин дар мавсимҳои ибодати, хусусан таваллуди Исо алайҳис салом, ки мусодиф бар 25 моҳи декабр ва иди соли нав мебошад, ки мусодиф бар аввали моҳи январ аст.

    Баъзе мусулмононро мебини ки дар ин ду рӯз ба пешвозгири ва хурсанди ва чорабиниҳои калон машғул мешаванд.

    Ва ин кор ба ҳадде расидааст, ки баъзеҳо бахотири иштирок кардан дар ингуна ҷашнҳо ба давлатҳои ғарби ва ҷойҳое ки ин рӯзҳоро бо ҷашнҳои бодабдаба мегузаронанд, сафар мекунанд.

    Бо вуҷуде ки дар онҷо бисёр корҳои бад ва гуноҳ аз қабили шаробхори ва фисқу фуҷур ва дигар мункаротро анҷом медиҳанд.

    Иддае аз олимон ва муслиҳон овоз баланд карданд ва ақволи олимон ва соҳибони мазоҳибро ҷамъовари намуда китобҳо навиштанд, то инки ин миллати мусалмон бохабар шавад ва аз ингуна ҷашнҳои пур аз гуноҳу фисқу фасод дури ҷуянд.

    Ва шояд яке аз беҳтарин китобҳое ки дар ин мавзӯъ таълиф шудааст китоби "Иқтизои сироти мустақим фи мухолафати аҳли ҷаҳим" ки аз таълифоти Ибни Таймия (р) аст,мебошад.

    Ӯ дар ин китоби худ далилҳоро аз китобу суннат ва ақволи саҳобагон ва дигар олимони Ислом ва мазоҳиби чаҳоргона ҷамъовари намуда ва бо тафсил ҳукми ингуна мавзӯъҳоро зикр намудааст. Ва ман мехоҳам он далилҳо ва суханони олимонро бо тартиб ва мухтасаран барои хонандагон пешкаш намоям, шояд, ки сабаби ҳидоят ва баргашти бархе аз касонеки аз ин аҳком бохабар нестанд, гардад. Ва аз монанди кардан бар насрониҳо ва яҳудиҳо ва дигар кофирон боз истанд.

    Аввал: Далилҳо аз Қуръони карим

    Худованд мефармояд:

    ﴿ٱهۡدِنَا ٱلصِّرَٰطَ ٱلۡمُسۡتَقِيمَ ٦ صِرَٰطَ ٱلَّذِينَ أَنۡعَمۡتَ عَلَيۡهِمۡ غَيۡرِ ٱلۡمَغۡضُوبِ عَلَيۡهِمۡ وَلَا ٱلضَّآلِّينَ ٧﴾ [الفاتحة: ٦، 7]

    “Моро ба роҳи рост ҳидоят кун: Роҳи касоне, ки онҳоро неъмат додаӣ, на хашмгирифтагонӣ бар онҳо ва на гумроҳон”.

    Сураи Фотиҳа 6-7

    Ба хашмгирифтагон (Онҳоеанд, ки ҳақро донистанд ва аз он саркашӣ карданд (ҳамчун яҳудон).

    Гумроҳон (Онҳоеанд, ки ҳақро нашинохтанд ва гумроҳона амал карданд(ҳамчун насоро)).

    Дар оёти гузашта Худованд бандагонашро амр намудааст, ки дар намозҳои худ аз Ӯ талаби ҳидоят ба суи роҳи касоне намоянд, ки худованд бар онҳо неъмат додааст ва онҳо паёмбарон ва сиддиқон ва шаҳидон ва солиҳон мебошанд. Ва инки Худованд бандагони худро аз роҳи касоне, ки бар онҳо хашм гирифтааст ва касоне ки гумроҳанд дур бидорад.

    Пас касоне ки Худованд бар онҳо хашм гирифтааст яҳудиёнанд, Ва касоне ки гумроҳанд, насрониҳо мебошанд.

    Паёмбари худо (дуруд ва раҳмати худо бар ӯ ва олу асҳобаш бод) мефармояд:

    “Яҳудиҳо ба ғазаби Худо гирифташудагонанд, Насрониҳо гумроҳонанд”.

    Тирмизӣ 2953

    Ва ин далолат бар ҳаром будани пайравии онҳо мекунад. Ва идҳои онон аз роҳу равиши динии онҳо мебошад.

    Ва Худованд мефармояд:

    ﴿ثُمَّ جَعَلۡنَٰكَ عَلَىٰ شَرِيعَةٖ مِّنَ ٱلۡأَمۡرِ فَٱتَّبِعۡهَا وَلَا تَتَّبِعۡ أَهۡوَآءَ ٱلَّذِينَ لَا يَعۡلَمُونَ ١٨﴾ [الجاثية : ١٨]

    “Пас, туро ба роҳи зоҳир аз дин (яъне, шариъат) андохтем. Пас, аз он роҳ бирав ва аз хоҳишҳои нодонон пайравӣ макун”.

    Сураи Ҷосия 18

    Худованд дар ин оят мефармояд, ки Муҳаммадро (дуруд ва раҳмати худо бар ӯ ва олу асҳобаш бод) бар шариъате фиристодааст, ки Худованд худаш онро асосгузори кардааст, Ва амр кардааст, ки аз он пайрави кунад, ва аз пайравии ҳаво ва ҳаваси дигарон, ки нодонанд дури ҷуяд. Дар ҷумлаи он касоне ки нодонанд ҳама касонеки шариъати худоро мухолифат кардаанд аз яҳудиён ва насрониҳо ва дигарон, дохил мешаванд. Ҳаво ва ҳаваси онҳо ончизе аст, ки онҳо мехоҳанд ва пайрави кардани онҳо дар умуре ки хосси динашон ва идҳояшон ва ҳавову ҳавасашон аст. (Пас пайрави кардани онҳо дар ибодатҳо, идҳо, ва хоҳишоташон ҷоиз нест, зеро ин корҳои онҳо мухолифи шариъати Худованд аст.)

    Боз Худованд дар ҷои дигар мефармояд:

    ﴿وَلَن تَرۡضَىٰ عَنكَ ٱلۡيَهُودُ وَلَا ٱلنَّصَٰرَىٰ حَتَّىٰ تَتَّبِعَ مِلَّتَهُمۡۗ قُلۡ إِنَّ هُدَى ٱللَّهِ هُوَ ٱلۡهُدَىٰۗ وَلَئِنِ ٱتَّبَعۡتَ أَهۡوَآءَهُم بَعۡدَ ٱلَّذِي جَآءَكَ مِنَ ٱلۡعِلۡمِ مَا لَكَ مِنَ ٱللَّهِ مِن وَلِيّٖ وَلَا نَصِيرٍ ١٢٠﴾ [البقرة: ١٢٠]

    “Яҳудон ва насрониён аз ту рози (ва хушнуд) намешаванд, то ба ойинашон гардан ниҳӣ. Бигӯ: «Ҳидоят, ҳидоятест, ки аз ҷониби Худо бошад». Агар аз он пас, ки Худо туро огоҳ кардааст, аз хостаи онҳо пайравӣ кунӣ, ҳеҷ ёвару мададгоре аз ҷониби ӯ нахоҳӣ дошт”.

    Сураи Бақара 120

    Дар ин оят таҳдиди сахт ва ваъдаи азоби шадид барои касоне аст, ки баъди Қуръону суннатро фаҳмидану донистан боз пайрави аз яҳудиён ва насрониҳо мекунанд. Пайрвии онҳоро дар корҳои диниашон, идҳояшон ва хоҳишоташон мекунанд. Худованд мефармояд:

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَتَّخِذُواْ ٱلۡيَهُودَ وَٱلنَّصَٰرَىٰٓ أَوۡلِيَآءَۘ بَعۡضُهُمۡ أَوۡلِيَآءُ بَعۡضٖۚ وَمَن يَتَوَلَّهُم مِّنكُمۡ فَإِنَّهُۥ مِنۡهُمۡۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّٰلِمِينَ ٥١﴾ [المائ‍دة: ٥١]

    “Эй касоне, ки имон овардаед, яҳуд ва насороро ба дӯстӣ нагиред. Онон худ дӯстони якдигаранд. Ҳар каси аз шумо, ки эшонро дӯст гирад, дар зумраи онҳост. Ва Худо ситамгоронро ҳидоят намекунад!”

    Сураи Моида 51

    Бархе аз олимон мегуянд: Аз дӯст доштани онон ташаббуҳ ва монанди кардан, пешвозгирии идҳои онон, ошкор кардани идҳои онон аст, дар ҳоле ки онҳо маъмуранд, ки дар ватани мусулмонон ин корҳои динии худро дар доираи худ ва махфиёна гузаронанд. Пас агар мусулмон ин корҳои динии онҳоро анҷом диҳад, маънои кумак кардани онон дар ошкор кардани корҳои диниашонро дорад. (Ташбиҳ алхисис би аҳлилхамис 23)

    Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

    ﴿وَٱلَّذِينَ لَا يَشۡهَدُونَ ٱلزُّورَ وَإِذَا مَرُّواْ بِٱللَّغۡوِ مَرُّواْ كِرَامٗا ٧٢﴾ [الفرقان: ٧٢]

    “Ва касоне ки бар ботил гувоҳи намедиҳанд”.

    Сураи Фурқон 72

    Баъзе аз олимони Ислом маънои (аззур)-ро идҳои мушрикон гуфтаанд. Аз ибни Аббос(р) ин ривоят шудааст.

    Шайх Абдураҳмони Саъди дар тафсири ин оят мефармояд: Ва касоне ки бар дуруғ ва ботил ҳозир намешаванд , Ва дар маҷолиси дуруғгуйи ва маъсиятҳо ширкат намекунанд. Зур- яъне гуфтор ва кирдори ноҷоиз ва ҳаром. (Тафсири Саъди, сураи Фурқон)

    Бинобар тафсири он олимон идҳои онҳо ноҷоиз ва ҳаром ба ҳисоб меравад, ки муъминон ба ингуна ҷойҳо намераванд ва ингуна ҷашнҳоро мушоҳида ва тамошо намекунанд.

    Агар ин аҳвол аз сифоти солиҳон бошад, ки дар ин ҷашнҳо ҳозир нашаванд ва ба он гуш фаро надиҳанд, пас касоне ки худ ингуна идҳоро пешвоз мегиранд ҳукмашон чи мешавад?

    Дуввум: Далилҳо аз Суннат

    Аз Абдуллоҳ ибни Умар (р.з) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (дуруд ва раҳмати худо бар ӯ ва олу асҳобаш бод) гуфт: “Касе, ки ба қавме худро монанд кунад, пас ӯ аз ҳамон қавм аст”. (Абудовуд 4031)

    Ин ҳадис далолат бар ҳароми мутлақ будани монанди кардан ба онон мебошад. Ва аз ҷумлаи он ташаббуҳ ва монанди дар пешвозгирии идҳои онон мебошад, зеро идҳои онҳо аз ҷумлаи шиъорҳои динии онон аст.

    Аз Анас ибни Молик (р.з) ривоят аст, гуфт: Ҳангоме, ки Расули Худо (дуруд ва раҳмати Худо бар ӯ ва олу асҳобаш бод) Мадина омад, ду рӯз буд, ки дар он ду рӯз бози (ва хурсанди) мекарданд. Паёмбар (дуруд ва раҳмати Худо бар ӯ ва олу асҳобаш бод) аз онҳо пурсид: Ин ду рӯз чи рӯзе аст? Гуфтанд: Дар замони ҷоҳили дар ин ду рӯз бози мекардем. Пас Паёмбари Худо (дуруд ва раҳмати худо бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармуданд: Дар ҳақиқат Худованд дар ивази он ду рӯз барои шумо ду рӯзи дигар ихтиёр намудааст, аз он беҳтару хубтар аст, рӯзи иди Қурбон ва иди Фитр (иди Рамазон).

    (Абудовуд 1134, Насои 1556, Ибни Ҳаҷар дар Фатҳулбори саҳеҳаш гуфтааст 2/442)

    Аз ин ҳадис фаҳмида мешавад, он ду рӯзро паёмбари худо иқрор накард ва инчунин нагузошт, ки онҳо дар он ду рӯз мисли одати гузаштаашон бози кунанд, Балки гуфт: Дар ҳақиқат Худованд дар ивази он ду рӯз барои шумо ду рӯзи дигар ихтиёр намудааст, аз он беҳтару хубтар аст, рӯзи иди Қурбон ва иди Фитр (иди Рамазон). Табдил ва иваз шудани як чиз далолат бар ин мекунад, ки кори табдилшуда аз байн меравад.

    Пас фаҳмида мешавад, ки расули худо онҳоро аз бози ва хушнуди дар ин ду рӯз манъ кард ва онҳоро хабар дод, ки Худованд барои шумо дар ивази ин ду рӯз, ду рӯзи хубтару беҳтарро ихтиёр кардааст ва дар он ду рӯз метавонед бози ва хушнуди кунед.

    Аз Оиша (р.з) ривоят аст, ки паёмбари Худо (дуруд ва раҳмати Худо бар ӯ ва олу асҳобаш бод) гуфт: Эй Абубакр барои ҳар як қавм ид аст ва ин иди мо аст.

    (Бухори 909, Муслим 892)

    Ин ҳадис далолат бар он мекунад, ки ҳар як миллат ва уммат барои худ иди хоссе дорад, ки дигар умматон дар он шарик нестанд. Мусулмонон барои худ ид доранд, ки дигарон дар он бо мусулмонон шарики намекунанд. Пас вақтоки яҳудиҳо иди хосси худро доранд, насрониҳо иди хосси худро доранд, пас мо мусулмонон дар он иштирок намекунем.

    Инчунин мебинем, ки расули худо иҷозат дод, ки дар рӯзи иди мусулмонон бози ва овозхони ва хушнуди кунанд, зеро ки он иди мусулмонон буд. Ва ин иҷозат ва рухсати паёмбар дар иди яҳуд ва насрониҳо набуд, Ва ин далолат бар наҳйи ташаббуҳ ва монанди ба онҳо дар бозию хушнуди мебошад.

    Саввум: Далилҳо аз осори саҳоба

    Бисёри аз асҳоби расули худо аз иштирок кардан бо кофирон дар идҳояшон ё мушоҳада ва дохил шудан дар байнашонро манъ намудаанд.

    Умар ибни Хаттоб (р.з) мегуяд: Суханҳои ғайри арабиро таълим надиҳед, ва рӯзи иди мушрикон дохили калисоҳояшон нашавед, зеро ғазаб бар онҳо нозил мешавад. (Мусаннафи Абдураззоқ 1/411)

    Инчунин мегуяд: Аз душманони худованд дар идҳояшон дур бошед. (Байҳақи дар Сунани кубро 9/234)

    Аз Абдуллоҳ ибни Амр (р.з) ривоят аст, ки гуфт: Касе ки дар ватани аҷамиҳо(ғайри араб) бошад ва мисли онҳо наврӯз ва дигар идҳояшонро пешвоз гирад ва бо онҳо то вафоташ монанди кунад( дар пешвозгирии идҳояшон) рӯзи қиёмат бо онҳо зинда гардонида мешавад. (Байҳақи дар Сунани кубро 9/234)

    Ин сухани Абдуллоҳ ибни Амр (р.з) маънои гуфтаи расули худо аст, ки ҳар касе бо қавме монанди кунад пас ӯ аз он қавм аст. Ва сухани ӯ маънои онро дорад, ки ин корро аз гуноҳони кабира ҳисобидааст, ки сабаби дохил шудан дар дузах мебошад.

    Муҳаммад ибни Сирин (р.з) мегуяд: Назди Али ибни Абутолиб (р.з) туҳфаи наврӯзи оварданд. Ӯ гуфт: Чист ин? Гуфтанд: Эй амири муъминон имрӯз наврӯз аст. Ӯ гуфт: Пас ҳар рӯзро наврӯз гардонед. Абу Усома гуфт: Бад дид,ки наврӯз бигуяд. (Байҳақи дар Сунани кубро 9/235)

    Яъне: Бад дид, ки дар номгузории рӯзи иде ки хосси онҳо аст шарик бошад, пас чигуна аст ҳукми касе ки дар амали ин рӯз (пешвоз гирифтанаш ҳамчун ид) бо онҳо мувофиқ ва шарик бошад.

    Чаҳорум: Далилҳо аз иҷмоъ

    Аммо иҷмоъ, Умар ибни Хаттоб (р.з) аҳли китобро(насрониҳо ва яҳудиҳо) шарт гузошт, дар байни мусулмонон шиъорҳои динии худро, на идҳо ва на ғайри идҳоро ошкор насозанд.Ва гуфт: Боъус ва шаъонинро набароянд. (Байҳақи 9/202)

    Боъус: Чигунае ки мусулмонон рӯзи иди қурбон ва иди рамазон мебароянд (барои намози идро хондан), ҳамингуна рӯзро мегуянд.

    Шаъонин: Ҳам яке аз рӯзҳои ҷашнгирии онҳо аст. (иди насрониҳо аст, ки рӯзи якшанбеи пеш аз иди фасха мебошад, Дар ин рӯз дохил шудани Исои Масеҳ байтулмақдисро пешвоз мегиранд, (Муъҷами васит 1/486))

    Ҳама саҳобагон ва фақеҳон бар ин шартҳои Умар (р.з) иҷмоъ ва иттифоқ намудаанд.

    Пас агар мусулмонон иттифоқ ва иҷмоъ карда бошанд, ки ошкор намудани идҳо ва шиорҳои диниашон манъ аст, пас чигуна пешвозгири ва ошкор намудани он барои мусулмон муносиб ва дуруст мегардад. Албатта шакке нест, ки кори ин мусулмон сахттару бадтар аст аз кори кофире ки шиори дини ва идҳои худро ошкор пешвоз мегирад.

    Инчунин олимон дар ҳаром будани иштирок дар ингуна идҳо ва тамошои онҳо иҷмоъ ва иттифоқ доранд. Ва баъзе аз олимони мазоҳиби чаҳоргона ин мавзӯъро сароҳатан баён кардааст.

    Аввал: Мазҳаби Ҳанафӣ

    Ибни Нуҷайми Ҳанафи дар баёни навъҳои куфр мегуяд: Бо баромаданаш ба суи наврӯзи маҷусиҳо, Ва мувофиқ буданаш бо онҳо дар корҳое, ки дар ин рӯз анҷом медиҳанд, Ва бо хариданаш дар рӯзи наврӯз чизеро ки дигар рӯзҳо намехарид, барои бузургдошти наврӯз на барои хурдан ва нӯшидан, Ва бо туҳфа карданаш дар он рӯз бар мушрикон агарчи як тухм ҳам бошад, на бо иҷобати даъвати маҷусие, ки сари писарашро тарошида аст, Ва бо таҳсини амри кофирон мутлақан, бо иттифоқ. (Баҳри роиқ 5/133, инчунин нигаред:Дуррул мухтор 6/754, Фатовои ҳинди 6/446, Маҷмаъул анҳур фи шарҳ мултақо ал-абҳур 4/491)

    (Яъне ин корҳое ҳастанд, ки ибни Нуҷайм онҳоро аз анвоъи куфр гуфтааст.)

    Дуввум: Мазҳаби Молики

    Абдулмалик ибни Ҳабиб мегуяд: Ибни Қосим аз ҳукми савор шудан бар киштиҳое ки насрониҳо барои идҳои худ савор мешаванд, пурсида шуд, Ӯ онро макруҳ шуморид, аз тарси онки бар онҳо ғазаб фуруд ояд, ба сабаби ширке ки бар он ҷамъ шудаанд.

    Ва гуфт: Ибни Қосим амали мусулмоне ки барои насрони дар идаш мукофоте туҳфа кунад –ро макруҳ донист, зеро онро аз бузургдории иди онҳо ва кумаки ӯ бар куфраш шуморид.

    Оё намебини, бар мусулмон ҳалол нест фурухтани чизе ба насрониҳо, ки барои идашон бошад, мисли гушт, равған, либос, иъора додани ҳайвон (мисли хар, асп), Зеро он аз бузургдории ширки онҳо ва кумаки онҳо бар куфрашон аст. Ва бояд ҳокимон мусулмононро аз ин кор манъ намоянд, Ва ин қавли Молик ва ғайри ӯст, ва намедонам дар ин касе ихтилоф карда бошад. (Иқтизои сироти мустақим, ибни Таймия 1/19, Аҳкоми аҳли зимма, ибни Қайим 1/157)

    Ва шайх Дардир дар бораи ончизе ки шаҳодати мардро айбдор ва ноқис мегардонад, мефармояд: Ва бозии наврӯз, яъне бози кардан дар рӯзи наврӯз, ки рӯзи аввали соли қибти аст, мониъи қабули шаҳодат аст. (Яъне касе агар дар рӯзи аввали наврӯз бози ва хушнуди кунад, шоҳидии ӯ қабул нест) Ва он аз корҳои замони ҷоҳили ва насрониҳо аст, Ва дар баъзе аз шаҳрҳо аз баъзе мардум воқеъ мешавад.

    (Шарҳи кабир4/181, инчунин нигаред: Ат-тоҷ ал- иклил 6/175, Мавоҳиб алҷалил 4/529)

    Севум: Мазҳаби Шофеъи

    Абулқосим, Ҳибатуллоҳ мбни Ҳасан ибни Мансури табари, фақеҳи шофеъи гуфтааст: Ва ҷоиз нест барои мусулмонон ки дар идҳояшон ҳозир шаванд (иштирок кунанд), Зеро онҳо бар кори мункар ва дуруғ ҳастанд, Ва агар аҳли маъруф (мусулмонон) бар аҳли мункар (кофирон) якҷо шуданд, ба ғайри инки он кори бадро инкор кунанд, пас онҳо мисли касе ҳастанд, ки аз он кори бад рози ҳастанд (Яъне касоне ки аз мусулмонон дар ин идҳо иштирок мекунанд, на ба хотри инкор кардани амалашон), Пас метарсем, ки ғазаби Худованд бар он ҷамоъат фуруд ояд ва ҳамаро фаро гирад, ба Худо паноҳ мебарем аз ғазабаш.( Аҳкоми аҳли зимма, ибни Қайим 1/156)

    Байҳақи дар Сунани кубро (9/234) мегуяд: Боби кароҳияти дохил шудан дар калисои аҳли зимма (кофироне ки дар давлати исломи зиндаги мекунанд) ва монанди кардан ба онҳо дар наврӯзашон ва дигар ҷашнҳояшон.

    Чаҳорум: Мазҳаби Ҳанбали

    Абулҳасани Омиди, ки маъруф ба ибни Бағдоди аст, дар китоби "Умдатул ҳозир ва кифоятул мусофир" мегуяд: Фасл: Мушоҳида кардани идҳои насрониҳо ва яҳудиҳо ҷоиз нест. Ин сухани имом Аҳмад дар ривояте аз ӯст, ва ин сухани Худовандро ҳуҷҷат ва далил гирифтааст, ки Худованд мефармояд:

    ﴿وَٱلَّذِينَ لَا يَشۡهَدُونَ ٱلزُّورَ وَإِذَا مَرُّواْ بِٱللَّغۡوِ مَرُّواْ كِرَامٗا ٧٢﴾ [الفرقان: ٧٢]

    “Ва касоне ки бар ботил гувоҳи намедиҳанд”.

    Сураи Фурқон 72

    Гуфт: Шаъонин ва идҳояшон (Ҷашнҳо ва дигар идҳояшон). (Иқтизои сироти мустақим, ибни Таймия 1/516, Аҳкоми аҳли зимма, ибни Қайим 1/157, Алфуруъ, ибни Муфлиҳ 5/235)

    Аммо далилҳо аз нигоҳи эътибор, чанд навъ мебошад:

    1- Ин ки шариъати исломи бар мухолифати кофирон дар ҳама корҳои хосси онҳо амр намудааст, Ва идҳо аз муҳимтарин корҳои дини ва хосси онҳо аст.

    2- Идҳо аз шиъорҳое ҳастанд, ки ҳар як миллат ва уммат бо он шинохта мешавад. Худованд мефармояд: “Барои ҳар уммате дине ниҳодем, то бар он дин бошад”. (Ҳаҷ 67) Ва иштирок кардани мусулмонон дар идҳои насрониҳо, маънои иштирок карданашон дар дини ботилашон аст.

    3- Ин идҳо дар дини насрони навпайдоянд (яъне дар асл дар дини насрони набуданд ва баъди Исо (а) пайдо шуданд, пас инҳо бидъат ва навпайдо мебошанд) ва ин қавм дар навовари дар дин машҳуранд, чигунае ки Худованд мефармояд: Ва раҳбонияте (узлат; гӯшанишинӣ), ки ба бидъат овардаанд, Мо бар онҳо муқаррар накардаем, аммо дар он хушнудии Худо меҷустанд, вале ҳаққи онро баҷо нагузориданд. (Ҳадид 27) Пас он идҳо ва ҷашнҳое ки навпайдо ҳастанд, гумроҳи ва залолат мебошанд. Агар мусулмонҳо дар дин навовари кунанд, гумроҳи ва залолат аст, пас чи расад ба инки ин бидъати насрониҳо ва яҳудиҳо аст?.

    4- Ин идҳо ва ҷашнҳои навпайдо ва бидъати ба муқобили идҳое мебошанд, ки шариъат барои мусулмонон муқаррар намудааст.Пас ҳарвақт ки инсон бар бидъату гумроҳи одат кунад, дар баробараш тарки суннат ва ҳидоят мекунад.

    5- Пешвозгирии идҳои онҳо ва иштирок кардан дар он ҷашнҳо сабаби дӯстдори ва муносибати дӯстона доштан бо онон мешавад, ва ин дӯстдори муқобили имон аст, чунонки Худованд мефармояд:

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَتَّخِذُواْ ٱلۡيَهُودَ وَٱلنَّصَٰرَىٰٓ أَوۡلِيَآءَۘ بَعۡضُهُمۡ أَوۡلِيَآءُ بَعۡضٖۚ وَمَن يَتَوَلَّهُم مِّنكُمۡ فَإِنَّهُۥ مِنۡهُمۡۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّٰلِمِينَ ٥١﴾ [المائ‍دة: ٥١]

    “Эй касоне, ки имон овардаед, яҳуд ва насороро ба дӯстӣ нагиред. Онон худ дӯстони якдигаранд. Ҳар каси аз шумо, ки эшонро дӯст гирад, дар зумраи онҳост. Ва Худо ситамгоронро ҳидоят намекунад!”

    Сураи Моида 51

    6- Иштирок кардан аз ҷониби мусулмонон дар идҳои онон сабаби бо иззат шудани онон мегардад, Зеро онҳо мехоҳанд мусулмононро дар умури дунё тобеъ ва пайрави худ гардонанд, пас чигуна (намехоҳанд) пайравии онҳо (-ро) дар умури диниашон? Бинобар ин барои мусулмон ҷоиз нест, ки дар идҳои онон иштирок кунад ё касе ки ба онон монанди мекунад кумакаш кунад. Инчунин ҷоиз нест, ки даъвати ононро барои иштирок дар ин идҳо қабул кунад, Ва ҷоиз нест,ки таъоми онҳоро бихурад (таъоме ки барои ид пухта шудааст) ва туҳфаашонро қабул кунад ва ҳарчизе ки кумак барои идашон аст ба онҳо фурушад.

    7- Иштирок ва пешвоз гирифтани идҳояшон маънои иқрор бар дуруст ва саҳеҳ будани он идҳои ботилро дорад.

    Ин буд баъзе аз ҳолатҳои нодуруст ва ботиле ки баъзе аз мусулмонон аз руи нодони ва бехабари дар идҳо ва ҷашнҳои дигар динҳо иштирок мекунанд, Вале дар асл ингуна ҳолатҳо зиёданд.

    Пас бинобар зикршудаҳои боло барои мусулмон ҷоиз нест, ки дар идҳои кофирон иштирок кунад, ё идҳои ононро пешвоз гирад, ё онҳоро дар пешвозгирии ингуна идҳо ва ҷашнҳо кумак кунад, ё инки даъвати онҳоро барои иштирок дар он идҳо қабул кунад, ё инки туҳфаи идии ононро қабул кунад, ё онҳоро ба ин муносибат туҳфа диҳад, ё инки дар инрӯз хушҳоли кунад. Ҳамаи ин корҳо ва дигар корҳое ки барои онон дар барпо намудани идҳо ва ҷашнҳояшон кумак менамояд ҷоиз нест.

    Баъди зикри далелҳои возеҳу ошкор аз Қуръону суннат, ақволи саҳоба ва олимони чаҳор мазҳаби барҳақ: Оё касе ки дар дил заррае имон дорад, дар ҳаром будани пешвозгири ва иштирок кардан дар ин идҳо ва ҷашнҳо, шакк мекунад?

    Бор Илоҳо моро дар дини худат собитқадам бигардон, ва барои мо тоъати худат, пайравии шариъат ва суннати паёмбаратро насиб бигардон, Ва моро аз бидъат ва навовари дар дин ва пайравии ҳавову ҳавасу динҳои ботил дур ва пок бигардон. Омин, ва ҳамду шукр барои Парвардигори оламиён.

    Назари ту бароямон муҳим аст