Ҳукми иштирок дар идҳои кофирон

Гузориши мухтасар:

Ҳукми иштирок кардан дар идҳои кофирон, ва ёри додани онҳо дар идҳояшон.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Ҳукми иштирок дар идҳои кофирон

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Фатво: Адулазиз ибни Боз

    Тарҷума: Дорул ислом\Тоҷикӣ

    2013 - 1435

    حكم الاشتراك في أعياد الكفار

    «باللغة الطاجيكية»

    فتوى: الشيخ عبد العزيز بن باز

    الترجمة: دار الإسلام/ طاجيكي

    2013 - 1435

    Ҳукми иштирок кардан дар идҳои кофирон

    Баъзе аз мусулмонон идҳои насрониҳоро бо онҳо пешвоз мегиранд, шумо ба онҳо чи насиҳат медиҳед?

    Ширкат варзидан дар идҳои насрониҳо ва яҳудиҳо ва идҳои дигар кофирон бар мусулмон ҷоиз нест, Балки тарки ин кор бар мусулмон воҷиб аст, зеро ҳар касе худро ба қавме монанд кард пас ӯ аз он қавм мебошад. Ва Расули худо моро огоҳи додааст ки монанди онҳо набошем ва аз ахлоқу рафтори онҳо пайрави накунем. Пас муъмин аз ин корҳо бояд барҳазар бошад. Ва ёри додан дар ин идҳо бо ҳар роҳе набошад ҷоиз нест. Зеро ин идҳо мухолифи шариъат мебошанд. Пас иштирок кардан, кумак кардан бо чизе, мисли чой қаҳва асбобу анҷоми рузгор ва ғайра ҷоиз нест. Зеро Худованд мегуяд:

    ﴿وَتَعَاوَنُواْ عَلَى ٱلۡبِرِّ وَٱلتَّقۡوَىٰۖ وَلَا تَعَاوَنُواْ عَلَى ٱلۡإِثۡمِ وَٱلۡعُدۡوَٰنِۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۖ إِنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلۡعِقَابِ ٢﴾ [المائ‍دة: ٢]

    “Ва дар некӯкорӣ ва парҳез ҳамкорӣ намоед, на дар гуноҳу таҷовуз. Ва аз Худо битарсед, ки ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад”.

    Сураи Моида 2

    Иштирок ва ҳамроҳи кардан дар идҳои кофирон як навъи кумак ва ҳамкори бо онҳо аст.

    Маҷмуъи фатово ва мақолоти мутанаввиъа. Адулазиз ибни Боз 6/405

    Дастабандии илми:

    Назари ту бароямон муҳим аст