Хоки мазори Ҳусен (р) ва Аввалин саволи фаришта аз мурда дар қабр, назди шиъаён

Гузориши мухтасар:

Саволу ҷавоб дар бораи хоки мазори Ҳусен (р) ва Аввалин саволи фаришта аз мурда дар қабр

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Хоки мазори Ҳусен (р) ва Аввалин саволи фаришта аз мурда дар қабр, назди шиъаён

    تربة قبر حسين رضي الله عنه وأول سؤال في القبر عند الشيعة

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Абдурраҳмон ибни Саъд Шасрӣ

    عبد الرحمن بن سعد الشثري

    —™

    Тарҷума: Дорул-Ислом Тоҷикӣ

    ترجمة: دار الإسلام الطاجيكي

    Хоки мазори Ҳусен (р) ва Аввалин саволи фаришта аз мурда дар қабр, назди шиъаён

    Хоки мазори Ҳусен (р) номаи амон аст.

    Суоли: 81: Ба эътиқоди бузургони шиъа чи чиз мурдаро аз азоби қабр дар амон нигоҳ медорад?

    Ҷавоб: (Ба эътиқоди онҳо) Ончизе ки мурдаро дар қабр амон медиҳад, ин аст, ки миқдоре аз хоки қабри Ҳусен (р) бардошта шавад ва ҳамроҳи хушбӯйи ва моддаҳои хушбӯйкунанда дар кафани мурда гузошта шавад.

    Тазод ва зиддият:

    Ҷуз касоне ки аҳли тавҳид ва яктопарасти ҳастанд, дигар касе аз азоби Худованд дар амон нестанд, Чигунае ки Худованд мефармояд:

    ﴿ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَلَمۡ يَلۡبِسُوٓاْ إِيمَٰنَهُم بِظُلۡمٍ أُوْلَٰٓئِكَ لَهُمُ ٱلۡأَمۡنُ وَهُم مُّهۡتَدُونَ ٨٢﴾ [الانعام: ٨٢]

    “Касоне, ки имон овардаанд ва имони худро ба ширк намеолоянд, эминӣ аз эшон аст ва эшон ҳидоятёфтагонанд”.

    Сураи Анъом, ояти 82

    Аввалин саволи фаришта аз мурда

    Суоли: 82: Вақте мурда дар қабр гузошта мешавад, мувофиқи ақидаи олимони шиъа аввалин чизе ки аз ӯ пурсида мешавад, чист?

    Ҷавоб: Аввалин суол муҳаббатварзӣ ва дӯстдории имомони шиъа аст.

    Ривоят кардаанд, ки: "Аввалин чизе ки аз банда пурсида мешавад муҳаббат ва дӯст доштани мо аҳли байт аст"

    Ду фаришта аз ӯ мепурсанд, ки дар мавриди ҳар яки аз имомон чи эътиқод доштааст. Агар дар мавриди яке аз онон ҷавоби нодуруст диҳад, ӯро бо сутуне аз оташ мезананд ва қабри ӯ то рӯзи қиёмат пур аз оташ гардад.

    Тазод ва зиддиятии шиъа:

    Шиъа ривоят кардаанд, ки Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: Эй Алӣ ҳамоно аввалин суоле баъд аз марг аз банда пурсида мешавад: Шаҳодат ба Ло илоҳа Илло Аллоҳ ва Муҳаммад расулуллоҳ аст. (Нест худои бар ҳақ магар Аллоҳи ягона ва Муҳаммад расули Аллоҳ аст) ([1])

    (Тарҷума аз китоби Ақоид-уш-шиъатил иснай ашария, 131, 135).

    [1] ) Китоби Уюунул ахбор, Ризо (2\453\ ҳ 8 ).

    Назари ту бароямон муҳим аст