معلومات المواد باللغة العربية

Мусъаби Ҳамза - Китобҳо

Теъдоди матолиб: 9

  • Тоҷикӣ

    Илми ҳадис ё суннат илмест, ки ба воситаи он гуфтаҳо, кардаҳо ва аҳволу кирдори Пайғамбар (с) шинохта мешавад. Олимони ҳадис суннатро ингуна таъриф гузоштанд: Маҷмуъаи гуфтор, кирдор, таъйид ва васфи чигунагии хилқат ва ахлоқи собитшуда аз пайғамбари худоро, хоҳ пеш аз пайғамбариаш бошад ва ё баъди пайғамбариаш, суннат гуфта мешавад. Олимони Ислом дар замони гузашта ва ҳозира иттифоқ кардаанд, ки асл ва асоси муътабар дар исботи аҳкоми шариъат ва ҳалолу ҳаром дар дараҷаи аввал Қуръони карим китоби Худованд аст. Баъд аз Қуръон суннати Расули Худо (с) аст, ки аз ҳавову ҳавас гап намезанад, балки ваҳйи аст, ки Худованд бар Ӯ (с) нозил фармуда аст. Баъд аз Қуръон ва суннат (яъне асл ва масдари севум) Иҷмоъи олимони уммати исломӣ аст.

  • Тоҷикӣ

    Таълиф : Мусъаби Ҳамза

    Яктопарасти воқеъи ва ҳақиқи касе аст ки дар ҳама ҳолат таваккал ба худо карда ҳеҷгоҳ ба худованд ширк намеварзад.

  • Тоҷикӣ

    Аркони Имон, рукни аввали имон, ва ягонагии Худованд, ва парастиши Худованди ягона ва маънои калимаи шаҳодат, ва навъҳои ширк, ва маънои ибодат, ва далелҳои воридшуда дар Қурону суннат дар бораи ягонагии Худованд, ва дигар гуфтаниҳо дар мавриди ягонагии Худованд, инҳо мавзуъҳое ҳастанд ки ин китобча дар бар гирифта аст.

  • Тоҷикӣ

    Бидонед, ки ба ростӣ Ислом ҳамон Суннат ва Суннат ҳамон Ислом аст, яке аз ин ду бедигарияш қоим намешавад. Пас, аз ҷумлаи суннат лозим гирифтани ҷамоъат аст, пас касе аз ҷамоъат (яъне ҷамоъати мусалмонон) рӯй гардонаду ҷудо шавад, ба ростӣ ресмони Исломро аз гарданаш кашида аст ва гумроҳу гумроҳкунанда мебошад.

  • Тоҷикӣ

    Маълумоти мухтасар дар бораи дӯзах: Дӯзах азобе аст аз ҷониби Худованд, ки душманони худро дар он азоб медиҳад ва зиндоне аст, ки муҷримонро дар он зиндони мекунад.

  • Тоҷикӣ

    Тарҷума : Мусъаби Ҳамза

    Ин мақола дар бораи ҳаҷ ва умра, фарзҳои он, суннатҳои он, мустаҳабот ва дар бораи чигуна бояд ҳаҷ ва умра кардро баён мекунад.

  • Тоҷикӣ

    Ин китобча баёнкунандаи мавқифи Ислом бар вуҷуд доштани ҷин бо зикр кардани далелҳо аз Қуръону Суннат мебошад. Инчунин дар бораи хуроки ва нӯшокии ҷин ва даромадани ӯ дар инсон ва чигуна муъолиҷа кардани инсонро баён мекунад. Ва дар охир оятҳои Қуръониро، ки барои муъолиҷа мебошанд، бо як маҷмуъа насиҳатҳо зикр мекунад.

  • Тоҷикӣ

    Китоби "Нишонаҳои Қиёмат (бо ривояти аҳли суннат) баён кунандаи аломатҳои рӯзи қиёмат, ки дар аҳодиси набави омадааст мебошад. Муаллифи китоб ҳама аломатҳои суғро ва кубро-ро, ки дар ҳадисҳои Расули худо (с) омадааст бо шарҳи онҳо зикр намудааст.

  • Тоҷикӣ

    Қуръон барои ҳар давру замоне гўшаҳое аз эъҷози худро мекушояд ва он китоби ҳар аср аст ва дар ҳар давре далели эъҷози худро аз ҳамон давра доро мебошад. Ва ин силсиламақолаҳоест дар бораи эъҷози илмии Қуръон.