معلومات المواد باللغة العربية

Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз - Китобҳо

Теъдоди матолиб: 2

  • Тоҷикӣ

    Илми ҳадис ё суннат илмест, ки ба воситаи он гуфтаҳо, кардаҳо ва аҳволу кирдори Пайғамбар (с) шинохта мешавад. Олимони ҳадис суннатро ингуна таъриф гузоштанд: Маҷмуъаи гуфтор, кирдор, таъйид ва васфи чигунагии хилқат ва ахлоқи собитшуда аз пайғамбари худоро, хоҳ пеш аз пайғамбариаш бошад ва ё баъди пайғамбариаш, суннат гуфта мешавад. Олимони Ислом дар замони гузашта ва ҳозира иттифоқ кардаанд, ки асл ва асоси муътабар дар исботи аҳкоми шариъат ва ҳалолу ҳаром дар дараҷаи аввал Қуръони карим китоби Худованд аст. Баъд аз Қуръон суннати Расули Худо (с) аст, ки аз ҳавову ҳавас гап намезанад, балки ваҳйи аст, ки Худованд бар Ӯ (с) нозил фармуда аст. Баъд аз Қуръон ва суннат (яъне асл ва масдари севум) Иҷмоъи олимони уммати исломӣ аст.

  • Тоҷикӣ

    Зиёрати масҷиди Паёмбар (саллоҳу алайҳи ва саллам) пеш аз ҳаҷ ё баъд аз ҳаҷ суннат аст. Зеро дар китоби "Саҳеҳ Бухори" ва "Саҳеҳ Муслим" аз Абу Ҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят омадааст, ки гуфтанд: Паёмбар саллалоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: " "صلاة في مسجدي هذا خير من ألف صلاة فيما سواه إلا المسجد الحرام" "Як намоз дар ҳамин масҷидам беҳтар аст аз ҳазор намоз дар масчидҳои дигар, ғайр аз масҷиди Ҳаром".