Сеюмин мард дар ислом баъди Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам- ва чароғе аз чароғҳои роҳи ҳидоят, бо ҳаётарин ва саховатмандтарин шахс, ва ҷавонмарди бо шараф ҳазрати Усмон писари Аффон -разияллоҳу анҳу-.
Халифаҳои Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам шогирдони мадрасаи нубувват ва баъди Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва дигар пайғамбарон бузургтарин ва беҳтарин бандагони Аллоҳ таоло мебошанд. Ҳамчуноне Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам пешвои пайғамбарон ва имоми ҷаҳониён дониста мешавад, саҳобагонаш пешвои саҳобагони дигар пайғамбарон ва баъди пайғамбарон бузургтарин фарзандони Одам дониста мешаванд.
Амр ибни Ҷамуҳ дар даврони ҷоҳилият сарваре аз сарварони номдори Араб ва сардори мӯҳтарами қабилаи бани Салама ва яке аз саховатмандон ва дорои сифатҳои муруввату мардонагӣ дар Ясриб буд. Ӯ яке аз саҳобагони бузургворе буд, ки дар аввалҳои даъвати Паёмбар (с) исломро қабул кард ва дар ҷанги Уҳуд ба шаҳодат расид.
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи он саҳобагоне, ки Паёмбари Худоро бо ҷону дил қабул карданд ва аз он Ҳазрат ҳимоят карданд ва онҳо аҳли Мадинаи Мунаввара буданд, ки бо номи Ансор дар байни мусалмонон машҳуранд, суҳбат мекунад.
Ин овеза баёнкунандаи шаҷараномаи имом Ҷаъфари Содиқ аст. Ҳамаи мароҷеъ ва масодири мусулмонон шаҳодати онро медиҳанд, ки аҳли байти пайғамбар ва саҳобагонаш як ҳастанд, ва байни онҳо хешованди ва дӯстии самими вуҷуд дошт, ҳам пеш аз воқеъ шудни фитна ва ҳам баъдаш, ки далолат бар наздик будани алоқаи дӯсти ва хешовандии олу асҳоб ва тобиъин мекунад. Пас аз дуруғҳои бофташуда ва дар таърих дохил кардашуда барҳазар бошем.
Follow us: