Сеюмин мард дар ислом баъди Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам- ва чароғе аз чароғҳои роҳи ҳидоят, бо ҳаётарин ва саховатмандтарин шахс, ва ҷавонмарди бо шараф ҳазрати Усмон писари Аффон -разияллоҳу анҳу-.
Халифаҳои Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам шогирдони мадрасаи нубувват ва баъди Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва дигар пайғамбарон бузургтарин ва беҳтарин бандагони Аллоҳ таоло мебошанд. Ҳамчуноне Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам пешвои пайғамбарон ва имоми ҷаҳониён дониста мешавад, саҳобагонаш пешвои саҳобагони дигар пайғамбарон ва баъди пайғамбарон бузургтарин фарзандони Одам дониста мешаванд.
Ин овеза баёнкунандаи шаҷараномаи имом Ҷаъфари Содиқ аст. Ҳамаи мароҷеъ ва масодири мусулмонон шаҳодати онро медиҳанд, ки аҳли байти пайғамбар ва саҳобагонаш як ҳастанд, ва байни онҳо хешованди ва дӯстии самими вуҷуд дошт, ҳам пеш аз воқеъ шудни фитна ва ҳам баъдаш, ки далолат бар наздик будани алоқаи дӯсти ва хешовандии олу асҳоб ва тобиъин мекунад. Пас аз дуруғҳои бофташуда ва дар таърих дохил кардашуда барҳазар бошем.
Ин намуна аз робита ва ҳамбастагӣ миёни Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва хулафои рошидин разияллоҳу анҳум сухан мегуяд, ки онҳо Абубакри Сиддиқ ва Умар ибни Хаттоб ва Усмон ибни Аффон ва Алӣ ибни Абитолиб мебошанд. Ин ҳам далолат бар бузургии эшон ва робитаи қави байнашон мебошад.
Follow us: