Духтаре аз Руссия

Гузориши мухтасар:

Ин достонро ба шумо тақдим мекунам. Достоне, ки дар ҳақиқат рух додааст. Достоне, ки бояд онро ёд дошта бошем ва онро ба ҳамсарону духтарон ва хоҳарони хеш нақл кунем, то онро дар дилу ақлу ҷони худ ба хотир бисупоранд. То ҳама бидонанд, ки дини Худованд пируз ва сарбаланд аст. Ҳатто агар аҳли он аз он шона холи кунанд ё афроде, ки ба он дин нисбат доранд ва дар байни мо зиндаги мекунанд ва бо забони мо сухан мегуянд бо он дини муқаддас дар набурда бошанд.
Духтаре аз Россия … тоза мусалмон ва аз сарзамини куфр, забони арабиро намедонист. Аммо у роҳеро паймуда буд, ки бештари мардони мо аз рафтан ба он бозмондаанд.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Духтаре аз Руссия

    قصة إسلام امرأة روسية

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    2009 - 1430

    قصة إسلام امرأة روسية

    « باللغة الطاجيكية »

    2009 - 1430

    Духтаре аз Руссия

    Ин достонро ба шумо тақдим мекунам. Достоне, ки дар ҳақиқат рух додааст. Достоне, ки бояд онро ёд дошта бошем ва онро ба ҳамсарону духтарон ва хоҳарони хеш нақл кунем, то онро дар дилу ақлу ҷони худ ба хотир бисупоранд. То ҳама бидонанд, ки дини Худованд пируз ва сарбаланд аст. Ҳатто агар аҳли он аз он шона холи кунанд ё афроде, ки ба он дин нисбат доранд ва дар байни мо зиндаги мекунанд ва бо забони мо сухан мегуянд бо он дини муқаддас дар набурда бошанд.


    Духтаре аз Россия … тоза мусалмон ва аз сарзамини куфр, забони арабиро намедонист. Аммо у роҳеро паймуда буд, ки бештари мардони мо аз рафтан ба он бозмондаанд.


    Асли достон:


    Аз Россия омада буд. Ба ҳамроҳи чанд тан аз занони руси, ки як савдогари руси онҳоро ба ин кишвари халиҷи (Дубай) оварда буд. Ҳадафи онҳо хариди васоили барқи ва ворид кардани он ба кишвари Россия ҳамчун васоили шахси буд. Зеро ба ин равиш аз ин борҳо боҷи гумруки гирифта намешуд. Тоҷири руси бошад ин васоилро баъди таҳвил гирифтан аз ин занон бо фоидаи фаровон дар Россия ба фуруш мерасонад ва дар иваз ба онҳо дастмузд медиҳад. Ин кор дар Россия ба амри роиҷ табдил шуда буд. Зеро бисёр арзон ва бе пардохти боҷи гумрук ба даст меомад.
    Замоне, ки ин тоҷир бо ҳамроҳонаш ба Иморот расиданд ин мард қазияи aслии он чизе, ки қабл аз сафар ба онҳо гузошта будро ба миён гузошт .


    Гуфт: Шумо акнун ба инҷо омадед то пул ба даст оваред. Ва инҷо маконест, ки сарвати фаровон ва моли беҳаду андоза дорад. Назари шумо дар бораи танфуруши чист? Ҳар кадом аз шумо, ки хоҳад пулу моли фаровоне дар ихтиёри уст. У бо фиребу иғво бештари онҳоро ба назари худаш қонеъ кунонд. Зеро ҳеҷ боздорандаи имони ва илтизоми ахлоқи дар миён набуд, ки битавонад онҳоро аз анҷоми ин кор манъ кунад.
    Магар як зан фикри уро қабул накард ва он тоҷири руси уро ба масхара гирифт ва гуфт: Ту дар ин кишвар нобуд мешави! Зеро худат ҳасти ва либосҳоят ман ба ту ҳеҷ ҷиз намедиҳам!
    Он зан дар гирдоби фикр фуру рафт, ки чи кор кунад? Дар охир тасмими худро гирифт. Паспорташро гирифта аз хона берун рафт ва ба хиёбонҳо гурехт. Ҳеҷ чизе ҳамроҳаш надошт ба ҷуз либоси танаш ва гузарномааш. Тоҷири руси уро дид ва садояш зад: Ҳар вақт, ки ҳама роҳҳо ба руят баста шуд ва пушаймон шуди ба инҷо биё. Адресро, ки медони!


    Гуяндаи достон мегуяд: Ман ҳамроҳи модар ва ду хоҳарам дар хиёбон роҳ мерафтем, ки ногаҳон ин зан ба суръат ба тарафи мо давид, ва шуруъ ба суҳбат кардан бо мо кард. Албатта бо забони руси. Мо ба у фаҳмондем, ки русиро намедонем. Гуфт: Англисиро медонед? Гуфтем: Бале. Хушҳол шуд, вале хушҳоли бо ғам ва ҳамроҳ бо гиря гуфт: Ман зани руси ҳастам ва достонам чунин аст ва фақат аз шумо мехоҳам, ки муддате ба ман ҷо ва макон бидиҳед то битавонам бо хонаводаам дар Россия тамос бигирам ва дар мавриди корам тасмим бигирам.


    Мо низ дар мавриди ин зан шуруъ ба маслиҳат кардем, ки оё уро қабул кунем ё не! Шояд фиребгар бошад ё ҷинояткор ва ё... Дар охир тасмим гирифтем, ки суханашро бовар кунем ва уро бо худ ба хона бурдем.


    Ҳангоме, ки ба хона расидем у шуруъ ба тамос гирифтан кард аммо хатти телефони хонаашон қатъ будааст. Бисёр талош кард аммо фоидае надошт. Хоҳаронам ба у ҳамонанди як хоҳар рафтор мекарданд ва уро ба Ислом даъват карданд. Аммо у қабул намекард. Нисбат ба ислом нафрат дошт. Рад мекард. Дуст надошт. Зеро у аз хонаводаи мутаассиби ортодокс буд, ки аз ислом ва мусалмонҳо бадаш меомад. Ва гоҳгоҳе аз у ноумед мешудем, вале исрори фаровон ҷое барои ноумеди намегузорад.
    Холид мегуяд: Ман ҳам гоҳе дар баҳс бо хоҳаронам кумак мекардам ва гоҳе ҳам худам бо у баҳс мекардам. Дар яке аз рузҳо ба китобхона рафтам ва аз масъули онҷо китоби руси дар мавриди Ислом талаб кардам.


    Масъули китобхона дар мавриди Холид мегуяд: Ҷавоне ба инҷо омад ва ба ман гуфт; оё китобҳои исломи ба забони руси дорам? Гуфтам; бале, аммо кам аст. Ҳарчи дорам ба ту медиҳам ва ту метавони баъд аз ҳафта биёи то боз ба ту китоб диҳам. У низ теъдоди каме китобча бардошту рафт.


    Баъд аз муддате баргашт дар ҳоле, ки чаҳор зан ҳамроҳи у буданд. Сетои онҳо бо ҳиҷоб буданд, аммо чаҳоруми, ки зани зебое буд ҳиҷобе надошт. Аз Холид хостам, ки занҳоро ба утоқи интизори занон раҳнамои кунад. Сипас у назди ман омад ва гуфт: Ин зани руси достонаш чунину чунон аст. Ҳамон достоне, ки гуфтам. Ман як ҳафта пеш инҷо омада будам ва аз шумо китоб гирифта будам. Ҳоло омадам то китобҳои дигаре ба ҳамроҳи як чанд навор аз шумо бигирам. Зеро ман исломро ба у пешниҳод кардам ва у кам кам қабул карда истодааст. Ва ба у гуфтам агар мусалмон шавад бо у издивоҷ мекунам.


    Масъули китобхона мегуяд: Китобҳои дигаре ба у додам. Баъд аз муддате баргашт ва хабар дод, ки он зан мусалмон шуда ва мехоҳад, ки исломашро ошкор кунад.


    У исломашро эълом кард. Вақте, ки исломашро эълом кард ман ба Холид гуруҳе аз хоҳарони бофарҳанг ва таҳсилоти оли, ки давраи омузиши Қуръони карим доштанд ва метавонистанд беҳтар бо он зан робита барқарор кунандро муаррифи кардам.
    Чанд муддате гузашт. Холид ҳамроҳи ҳамсараш омаданд то санади ақди никоҳи худро биёваранд. Холид гуфт: Мужда бидеҳ, ки ман алҳамду лиллоҳ издивоҷ кардам.
    Масъули китобхона мегуяд: Вале чизе, ки маро ҳайратзада карда буд, ин зан ҳиҷоби комиле ба тан карда буд, ки ҳеҷ қисмати аз баданаш ошкор набуд.


    Ба шухи ба Холид гуфтам: Чаро ин тавр шудааст?.
    Гуфт: Баъд аз издивоҷ ман ҳамроҳи ҳамсарам барои хариди эҳтиёҷоти хона ба бозор рафта будем, ки ҳамсарам занони ҳиҷобдорро дид ва ба ман гуфт: Чаро ин зан ингуна либос мепушад? Оё айбе дар баданаш ҳаст, ки мехоҳад аз дигарон пинҳон кунад? Холид мегуяд: Ман бо ғайрати исломи ҷавоб додам. На! Ин зан ҳиҷоберо пушида, ки Худованди бузург барои бандагонаш ихтиёр карда ва Паёмбари У ба он дастур додааст.
    У баъди каме фикр кардан ба ман гуфт: Бале, яқинан ин ҳамон ҳиҷоби исломи аст.


    Гуфтам : Аз куҷо фаҳмиди? Гуфт: Ман ҳар вақт вориди бозору мағозаҳо мешавам чашмони мардони онҷо чеҳраамро медаррад! Мисли ин, ки чеҳраам қариб, ки тикка тикка шавад. Пас бояд чеҳраамро бипушонам. Бояд чеҳраи ман фақат барои ҳамсарам бошад. Ман аз ин бозор берун намеравам магар бо ҳиҷоб.
    Холид мегуяд: Ба Худо маҷбур шудам, ки барояш ҳиҷобе бихарам, то у онро бипушад.


    Масъули китобхона мегуяд: Сипас муддати панҷ ё шаш моҳ аз Холид ва ҳамсари русиаш бехабар мондам. Баъд аз ин муддат Холид пешам омад ва ман аз сабааби наёмаданашро пурсидам. Гуфт: Ман бо шумо робитаамро накандаам балки маслиҳате пеш омад, ки маҷбур шудам аз ту дур бимонам ва алҳамду лиллоҳ он тамом шуд ва ман инҷо ҳастам. Ман омадам то онро бароят ҳикоят кунам. Зеро дарсҳо ва ибратҳои фаровоне дар он вуҷуд дорад:
    Баъд аз ин, ки бо ин зан издивоҷ кардам ва зиндагиямон шуруъ шуд. Муҳаббати у дар дили ман зиёд шуд, то ҷое, ки тамоми вуҷудам фаро гирифт. Вале мушкиле пеш омад ва он ҳам ин буд, ки муддати гузарномаи ҳамсарам ба поён расид ва бояд онро иваз мекардем ва мушкили баъди ин буд, ки ин гузарнома бояд дар ҳамон шаҳри худаш иваз мешуд. Ман ҳам як фаластини ҳастам ва ба ғайр аз иҷозаи иқомат чизи дигаре ҳамроҳи худ надоштам. Пас ночор бояд рахти сафар мебастем ва илло иқомати у дар инҷо ғайри қонуни мешуд. Ба хотири мушкилоти модди маҷбур шудем билетро аз арзонтарин хатти парвоз бигирем, ки ҳамон ҳавопаймои руси буд. Ду билет гирифтем ва бо ҳамсарам савори ҳавопаймо шудем.


    Ман ба у гуфтам: Азизи ман, мо ба хотири ҳиҷоби ту дучори мушкили мешавем. Гуфт: Холид! ту аз ман мехоҳи аз ин кофирон, ки агар бо ин афкорашон бимиранд, хезуми ҷаҳаннам мешаванд итоат кунам ва аз фармони Аллоҳ сарпечи кунам? Имкон надорад, ки ман ин корро анҷом диҳам!


    Нигоҳ кунед! Ин сухани як зани тозамусалмон аст, ки ҳануз як моҳ ё камтар нест, ки мусалмон шудааст.
    Холид мегуяд: Савор шудем ва нигоҳи мардум ба суи мо сарозер шуд. Меҳмондорон шуруъ ба пахши таом карданд ва ҳамроҳи таом машруботи алколи ҳам тақдим карданд. Кам-кам машрубот дар сари мардум асар кард ва хандаву масхара ва ишора ва нигоҳҳои мардум шуруъ шуд. Дар канори мо меистоданд ва моро масхара мекарданд.


    Ман як калима ҳам намефаҳмидам. Ҳамсарам лабханд мезад ва механдид ва ҳарфҳои онҳоро бароям тарҷума мекард. Ҳамсарам мегуфт: Нороҳат нашав! Зеро ин дар муқобили балоҳо ва имтиҳоноте, ки ба асҳоби Паёмбари Худо (дуо ва дуруди Худо бар у бод) мерасид, чизе нест.


    Эҳсос кардам гуё тире вориди қалбам шуд, ки дигар аз он берун намешавад.
    Мегуяд: Ба шаҳри ҳамсарам расидем ва дохили фурудгоҳ шудем. Бо худ гуфтам, ки бо назди хонаводааш меравем ва онҷо мемонем, то корҳоямон тамом шавад ва баргардем. Вале у гуфт: На. Хонаводаам нисбат ба динашон мутаассиб ҳастанд ва ман намехоҳам ҳоло ба онҷо равем. Утоқеро иҷора мекунем ва онҷо мемонем.
    Фардои он руз ба идораи гузарнома рафтем ва барои анҷоми кор ба назди масъули аввал баъд дуввум ва саввум рафтем. Аз онҳо дархости анҷоми марҳалаҳои конуни ҷиҳати иваз кардани гузарномаро кардем ва ҳар кадоми аз онҳо ҳам аз гузарномаи кадими ҳамроҳи ақси ҳамсарамро талаб карданд. Ҳамсарам низ ақси худро ки сиёҳ сафед ва бо ҳиҷоб буд ба сурате, ки фақат доираи чеҳрааш намоён буд дармеовард ва дар пеши онҳо мегузошт.
    Ҳар кадом аз масъулон онро рад мекард ва мегуфт: Ин акс қобили қабул нест. Мо ақси ранги мехоҳем, ки дар он чеҳра, му ва гардан комилан ошкор бошад. Аммо ҳамсарам мегуфт: Ба ҳеҷ ваҷҳ! Имкон надорад чунин ақсе бигирам. Ва ҳар масъул мегуфт: Имкон надорад гузарнома бигири, магар бо ин тарз!
    Дар охир ба мо гуфтанд, ки ин мушкили шуморо фақат раиси гузарномаи Масква метавонад ҳал кунад. Ё ин, ки ба ин тарзе, ки гуфтем ақс мегири.


    Ба Холид нигоҳ кард ва гуфт: Холид меравем Масква! Холид ҳам талош мекард, ки уро қонеъ кунад, ки Худованд болотар аз тавоноиятон шуморо мукаллаф намекунад. Ин гузарномаро фақат баъзе аз афрод барои зарурат хоҳанд дид ва баъд онро дар хона махфи мекуни то муддаташ тамом шавад.
    Ҳамсарам гуфт: Не, не.Имкон надорад, ки ман баъд аз ин ки дини Худоро шинохтам беҳиҷоб шавам. Агар ту намехоҳи ба Масква биёи ман ба хотири зарурат меравам.
    Холид мегуяд: Қабул карда ва ба Масква рафтем. Утоқеро иҷора кардем ва мондем.


    Фардо субҳ барои дидани раиси гузарнома ба роҳ афтодем ва ба утоқи раис дохил шудем. Инсони бисёр палиде буд. Ҳангоме, ки гузарнома ва ақсҳоро дид, гуфт: Чи касе ба ман исбот мекунад, ки ту соҳиби ин гузарнома ҳасти? Ақс ва гузарномаро гирифт ва дар гушаи утоқаш гузошт ва дари онро қуфл кард ва гуфт: Ту ҳеҷ гузарномае надошти ва надори магар ин, ки ақси мутобиқи дастуроти моро биёри!


    Холид мегуяд: Кушиш кардем то раисро қонеъ кунем, аммо фоидае надошт. Ман шуруъ ба баҳс бо ҳамсарам кардам, ки Худованд ба кадри тавонои аз инсон интизор дорад. Вале у ба ман ҷавоб медод: «Ҳар касе тарси Худо дошта бошад Худованд роҳро барояш осон мекунад ва ризқи уро аз роҳҳои гуногун фаровон мекунад» (ояти Қуръон). Дар аснои чарру баҳси мо раис асабони шуд ва моро аз дафтараш берун кард.


    Аз идора берун омадем ва рафтем ба утоқамон, то дар бораи мавзуъ маслиҳат кунем. Ман уро қонеъ кунам у низ маро. Ман далел биёварам у далел меовард, то ин, ки шаб шуд. Намози хуфтанро хондем ва шом хурдем. Ман хостам, ки бихобам ҳамсарам ба ман гуфт: Холид! Дар ин вазъияти сахт мехоҳи бихоби? Мехоҳи бихоби дар ҳоле ки мо эҳтиёҷ ба илтимос ба суи Парвардигорамон дорем? Аз ҷо бархез ва ба Худованд руй биёр! Зеро акнун вақти паноҳ бурдан аст.


    Аз ҷо бархостам ва ҳар қадар, ки метонистам намоз хондам ва баъдаш хобидам. Аммо у нахобид ва пайваста намоз мехонд. Ҳар вақт бедор мешудам ва нигоҳаш мекардам ё дар ҳоли рукуъ буд ё саҷда ё қиём ё дуо ва ё гиря. То замоне, ки бомдод шуд ва у маро бедор кард ва гуфт: Бедор шав вақти намози бомдод аст. Биё бо ҳам намоз мехонем. Аз хоб бархестам ва таҳорат кардам ва бо ҳам намоз хондем. Сипас у каме хобид ва баъд гуфт: Бархез биравем идораи гузарнома! Гуфтам: Биравем? Бо чи мадраке? Ақсҳо куҷост? Ақсе надорем. Гуфт: Бояд биравем ва талош кунем. Аз раҳмати Худо ноумед нашав!


    Холид мегуяд: Ба Худо қасам ҳамин, ки поямонро дар аввалин дафтар аз дафтарҳои идора гузоштем, яке аз кормандони садо зад; Фалони духтар? Ҳамсарам ҷавоб дод: Бале. Гуфт: Биё ин гузарномаат ба ҳамон сурате, ки мехости. Вале аввал хазинаашро пардохт бояд куни. Хеле хушҳол шудем ва ба Худо қасам агар тамоми пулҳоямонро, ки ҳамроҳ доштем мехост ба у медодем. Гузарномаро гирифтем ва баргаштем.
    Дар роҳ у ба ман нигоҳ карда гуфт: Нагуфтам «Ҳар касе тарси Худо дошта бошад Худованд роҳро барояш осон мекунад ва ризқи уро аз роҳҳои гуногун фаровон мекунад».
    Холид мегуяд: Ин калимотеро, ки мегуфт дар дилам чунон тарбияти имони гузошт, ки дар ин солҳои дароз аз дарсҳо ва суханрониҳое, ки шунида будам нагузошта буд.
    Баъд аз ин гузарномаро муҳр задем ва тамоми васоиламонро ҷамъ кардем, то пеши хонаводаи ҳамсарам биравем.
    Рафтем ва дарро задем. Бародари бузургаш дарро боз кард. Ҳангоме, ки хоҳарашро дид хушҳол шуд ва тааҷҷуб кард. Ҷеҳра ҳамон ҷеҳраи хоҳараш буд, вале либос, либоси у набуд. Либоси сиёҳе, ки ҳама баданашро пушонида буд. Ба ҷуз ҷеҳраашро. Ҳамсарам вориди хона шуд дар ҳоле, ки лабханд мезад ва бародарашро дар оғуш гирифта буд. Баъд аз он ҳам ман ворид шудам ва дар солони хона нишастам. Хонаи соддае буд, ки аз он осори фақр намоён буд.


    Ман танҳо нишастам, вале ҳамсарам дохили утоқ садои ҳарф заданашро мешунидам. Садои марду зан бо забони руси, ки ман чизе намефаҳмидам ва намедонистам, ки дар бораи чи суҳбат мекунанд, баланд шуд. Вале кам-кам садоҳо баландтар шуд ва фарёд ба ҳаво рафт. Эҳсос кардам, ки авзоъ вайрон шуда истодааст. Вале наметонистам бифаҳмам чаро? Чун забони русиро намедонистам. Баъд аз чанд лаҳзае ногаҳон се ҷавон ва як пирамард пеши ман омаданд. Бо худам гуфтам ҳатман барои хушомадед гуи ба ҳамсари духтарашон омадаанд. Аммо ногаҳон хушомадгуи табдил ба задухурд шуд.


    Вақте ба худ омадам дидам, ки ман байни чандто ваҳши ҳастам ва чизе намонда, ки аз ин дунё худоҳофизи кунам. Пас ҳеҷ чораи ба ҷуз фирор ва наҷоти худ аз дасти инҳо надидам. Ин танҳо роҳи ҳал барои наҷоти ман буд. Ба суръат дарро боз кардам ва аз хона фирор кардам. Онҳо дунболи ман давиданд. Дар байни ҷамъият худро гум кардам. Рафтам ба тарафи утоқе, ки иҷора карда будем, ки аз онҷо зиёд дур набуд.


    Ба худам нигоҳ кардам; пешони ва сару руям варам карда буд ва хун аз даҳонам ҷори буд. Либосҳоям пора шуда буд. Ба худам гуфтам: Ҳоло ман наҷот пайдо кардам вале ҳамсарам чи ҳол дошта бошад? Худамро фаромуш кардам ва ба ҳамсарам фикр мекардам. Охир уро хеле дуст медоштам. Қиёфааш пеши чашмонам буд. Оё у низ ҳамон зарба ва кутакҳое, ки ман хурдам, хурда бошад? Ман мард ҳастам ва таҳаммул дорам, вале у зан аст. Тоқат надорад. Ҳатман манро раҳо мекунад ё шояд аз дин баргардад.
    Шайтон корашро шуруъ кард. Фикрҳои аҷибу ғарибе дар сарам пайдо шуд, ки ту дигар аз имруз ҳамсаре нахоҳи дошт....
    Чи бояд мекардам? Биравам! Не. Инҷо қимати инсон хеле поён аст. Шояд бо даҳ доллар шахсеро барои куштани мо супориш карда бошанд. Пас бояд дар хона бимонам. Дар хона мондам, то ин ки субҳ шуд. Либосҳоямро иваз кардам ва рафтам то хонаи онҳоро аз дур таҳти назар бигирам. Дари хонашон баста буд.... Ногаҳон дар боз шуд ва ҳамонҳое, ки маро латукуб карда буданд аз хона берун омаданд. Фаҳмидам, ки мехоҳанд сари корашон бираванд.Рузи чаҳорум, ки хонаро мепоидам, баъд аз ин ки онҳо ба корашон рафта буданд, ногаҳон дари хона боз шуд. Чеҳраи ҳамсарамро дидам, ки чапу рост нигоҳ мекард.
    Холид мегуяд: Дар тули зиндагиям саҳнае шигифтангезтар ва зеботар аз инро надида будам. Фикр накунам зеботар аз уро аслан дида будам. Бо вуҷуди ин ки ҷеҳрае ки медидам сурх ва рангин аз хун буд.


    Зуд наздик рафтам. Ба у нигоҳ кардам. Қариб буд бимирам. Охир, рангаш сурх шуда буд. Руи ҷеҳра, дастон ва поҳояш хун буд. Фақат як либоси содда баданашро пушонда буд. Ногаҳон чашмам ба занҷире афтод, ки бо он пои уро баста буданд ва занҷире, ки дастонашро аз пушт қуфл карда буданд. Замоне, ки уро дидам натавонистам худамро нигаҳ дорам ва гиря кардам. Ба ман гуфт: Холид, аввал ин, ки мутмаин бош! Ман ба ҳамон аҳде, ки бо Худо баста будам пойдорам. Қасам ба Худо, ки ҳеҷ маъбуде барҳақ ба ҷуз у нест. Ончи мекашам бо заррае аз он чи саҳобагон ва тобиин балки пайгамбарон кашидаанд баробар нест.
    Аллоҳу акбар!!! Чи зане?!
    Дуввум ин ки байни ману хонаводаам байндурои накун!
    Саввум; дар утоқ бимон, то замоне, ки биёям. Вале зиёд дуо кун! Намози шаб бихон! Зеро намоз баъд аз Худованд беҳтарин паноҳгоҳ барой инсон аст.


    Холид мегуяд: Рафтам ва дар утоқам мондам. Як руз... ду руз...се руз...Дар охири рузи саввум ногаҳон дари утоқ ба садо даромад. Яъне чи касе метавонад бошад? Аввалин бораст, ки дари ин утоқ куфта мешавад. Хеле тарсидам. Чи касе дар ин нимашаб инҷо омадааст?! Ҳатман ҷои маро пайдо кардаанд...
    Дар ин ҳангом садоеро шунидам, ки зеботар аз онро нашунида будам. Садои ҳамсарам буд. Дарро боз кардам. Худаш буд.
    Гуфт: Меравем! Гуфтам: Бо ин ҳол? Гуфт: Бале!
    Сипас мо васоиламонро бардоштем ва мошин гирифтем. Ба ронанда гуфтам: Фурудгоҳ. Калимаи фурудгоҳро аз ҳамсарам ёд гирифта будам. Ҳамсарам гуфт: Фурудгоҳ намеравем. Фалон шаҳр меравем. Гуфтам: Чаро?


    Гуфт: Агар онҳо хабардор шаванд, ки ман фирор кардаам дар фурудгоҳ ба дунболи мо мегарданд. Мо ба фалон шаҳр меравем, ки фурудгоҳи байнламилали дорад.
    Ба фурудгоҳ, ки расидем билет харидем. Аммо то парвоз вақти зиёде монда буд. Ба ҳамин хотир утоқе гирифтем ва дар онҷо мондем.
    Холид мегуяд: Ба ҳамсарам нигоҳ кардам. Худоё ҳеҷ ҷои солиме руи баданаш набуд. Дар байни роҳ аз у пурсидам: Чи иттифоқе барои ту афтод?Гуфт: Замоне, ки вориди хона шудам ва бо хонаводаам нишастам ба ман гуфтанд, ки ин чи либосест, ки ту пушидай? Гуфтам: Ин либоси ислом аст. Гуфтанд: Ин мард кист? Гуфтам: У ҳамсари ман аст. Ман мусалмон шудаам ва бо у издивоҷ кардаам. Онҳо гуфтанд: Ин имкон надорад! Гуфтам: Ба ман гуш кунед, то достонамро бароятон қисса кунам... Ман достони он тоҷири русиро, ки мехост маро ба кори бад кашонад нақл кардам.


    Бародарон ва хоҳарони гироми нигоҳ кунед, ба у гуфтанд: Агар он кори фоҳишагиро анҷом медоди ва обруятро мефурухти барои мо беҳтар буд аз ин, ки мусалмон инҷо биёи!
    Ба таассуби шадиде, ки ин мардум доранд, нигоҳ кунед!
    Сипас у гуфт: Ба ман гуфтанд аз ин хона берун намерави магар насрони ё ҷасади беҷон!


    Баъд аз он хоҳарам шуруъ ба суол кардан намуд: Чаро динатро раҳо карди? Дини модарат... дини падарат... дини аҷдодат?! Ман уро қонеъ кардам ва барояш ҳақиқати исломро шарҳ додам. Аз бузургиҳо ва хубиҳое, ки дар ин дин аст ва аз ақидаи поке, ки дорад, гуфтам. Кам-кам суханонам ба у таъсир гузошт. Кам-кам қазия барояш равшан мешуд.


    Дар охир гуфт: Ҳақ бо туст! Ин ҳамон дини саҳиҳаст. Ҳамон дине, ки ман ҳам бояд онро қабул кунам. Дар ҳамин вақт ба ман гуфт: гуш кун хоҳарам! Ман ба ту мехоҳам кумак кунам. Ба у гуфтам: Агар мехоҳи ба ман кумак куни, коре бикун, ки ман ҳамсарамро бинам. Вале мушкил ин ҳамон ду занҷир буд, ки ман бо он баста шуда будам ва калиди ин занҷирҳо да дасти хоҳарам набуд. Ин занҷирҳо ба сутуни хона баста шуда буданд.
    Рузе, ки хоҳарам ислом овард, тасмим гирифт, ки дар роҳи дин қурбони диҳад. Тасмим гирифт, ки маро аз занҷирҳо раҳо кунад, бо вуҷуди ин, ки калидҳо дасти бародаронам буданд. Дар он руз хоҳарам барои бародарам машруби сахттаъсир омода кард, то ба у бидиҳад. У ҳам хурд. Он қадар ҳурд, ки дигар чизе намефаҳмид. Сипас у калидҳоро аз ҷайби у бардошт ва занҷирҳоро боз кард ва ман охири шаб пеши ту омадам. Холид гуфт: Пас хоҳарат чи мешавад? Гуфт: Аз хоҳарам хостам, ки исломашро ошкор накунад ва ин ба сурати махфиёна бошад. То ин, ки шароит фароҳам шавад.
    Холид мегуяд: Мо савори ҳавопаймо шудем ва ба кишвар бозгаштем. Ҳамсарамро ба бемористон бурдам. Муддате онҷо монд. То ин, осори зарбаҳо ва ҷароҳатҳояш пок шавад.

    Ин буд достони духтари Русие ки ба хотири динаш ва ҳичобаш ба ҳамаи ин мушкилот тоқат овардаст, ва нофармонии Парвардигорашро накардааст, ва аз барои динаш ҳамаи чизҳои дунёро тарк карда ва иззату афофи худашро ҳифз кардааст.

    Назари ту бароямон муҳим аст