Мусалмон ҳамеша ростгӯ мебошад

Нависанда : Абдураҳмони. А

Гузориши мухтасар:

Худованд мефармояд: “Эй касоне, ки имон овардаед аз Худо битарсед ва ҳамроҳи ростгуён бошед”.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Мусалмон ҳамеша ростгӯ мебошад

    الصدق صفة من صفات المسلمين

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Таҳиякунанда: Абдураҳмон. А

    إعداد: عبد الرحمن. أ.

    —™

    Мусалмон ҳамеша ростгӯ мебошад

    Мусалмони бо имон дар гуфтору рафтораш ҳамеша бо бандагони Аллоҳ таъоло ростгӯ ва амин мебошад, чун Аллоҳ таъоло ӯро дар китоби покаш ба ин ахлоқи нек амр карда аст, чуноне мефармояд:

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَكُونُواْ مَعَ ٱلصَّٰدِقِينَ ١١٩﴾ [التوبة: ١١٩]

    “Эй касоне, ки имон овардаед аз Худо битарсед ва ҳамроҳи ростгуён бошед”.

    Сураи Тавба, ояти 119

    Инчунин масулмон бояд бо Парвардигораш росткор бошад, Аллоҳ таъоло мефармояд:

    ﴿فَلَوۡ صَدَقُواْ ٱللَّهَ لَكَانَ خَيۡرٗا لَّهُمۡ ٢١﴾ [محمد : ٢١]

    “Ҳамоно агар бо Худо ростӣ мекарданд, ҳаққо ки барояшон беҳтар буд”.

    Сураи Муҳаммад, ояти 21

    Ростгуи сабаби оромиши дилҳо, ва хушбахтии зиндаги дар миёни бандагон мебошад, Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳадиси шариф мефармояд:

    عن أبي محمد الحسن بن علي – رضي الله عنه – قال: حفظت من رسول الله – صلى الله عليه وسلم -: "دع ما يريبك إلى ما لا يريبك, فإن الصدق طمأنينة, والكذب ريبة". رواه الترمذي.

    Аз Абумуҳаммад Ҳасан ибни Алӣ (р.з) ривоят аст, ки гуфт: Ёд дорам аз Расули Худо ки фармуд: "Тарк кун ончиро ки туро ба шак меандозад, ва чанг бизан ба чизе ки туро ба шак намеандозад, чунки ростӣ итминону оромиши хотир аст ва дуруғ шак аст".

    Ривояти имом Тирмизӣ.

    Инчунин ростӣ сабаби роҳнамои ба суи некиҳост, ки инсонро ба суи ҷаннат далолат мекунад, Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

    عن أبي مسعود – رضي الله عنه – عن النبي – صلى الله عليه وسلم – قال: "إن الصدق يهدي إلى البر, وإن البر يهدي إلى الجنة, وإن الرجل ليصدق حتى يكتب عند الله صديقا, وإن الكذب يهدي إلى الفجور, وإن الفجور يهدي إلى النار, وإن الرجل ليكذب حتى يكتب عند الله كذابا". متفق عليه .

    Аз Абумасъуд (р.з) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ҳамоно ростӣ инсонро ба сӯи некӯкорӣ роҳнамоӣ мекунад ва некӯкорӣ инсонро ба сӯи биҳишт раҳнамун мегардонад, Ва ҳамоно банда рост мегӯяд то инки дар назди Аллоҳ таъоло бисёр ростгӯ ва сиддиқ навишта мешавад, Ва дурӯғ инсонро ба сӯи дӯзах мекашад ва инсон ҳамоно дурӯғ мегӯяд то ки дар назди Аллоҳ таъоло каззоб ва бисёр дуруғгӯ навишта мешавад". Муттафақун ъалайҳи.

    Инсони ростгӯро Аллоҳ таъоло ҳамеша ба роҳи ҳақ муваффақ мегардонад, ва дарвозаҳои хайрро барояш боз мегардонад, ва дохил шудан ба биҳиштро барояш муяссар мегардонад, ва ҳарчизе, ки аз Аллоҳ таъоло содиқона талаб кунад Аллоҳ таъоло талабашро барояш ато мекунад, дар ҳадиси дигаре Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

    عن سهل بن حنيف – رضي الله عنه – أن النبي – صلى الله عليه وسلم قال: "من سأل الله تعالى الشهادة بصدق بلغه منازل الشهداء , وإن مات على فراشه". رواه مسلم .

    Саҳл ибни Ҳунайф аз Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят мекунад ки фармуд: "Касе, ки аз рӯи сидқу ростӣ аз Аллоҳ таъоло шаҳодатро талаб кунад, Аллоҳ таъоло ӯро аз дараҷаҳои шаҳидҳо баҳраманд месозад, агар чи дар ҷойгаҳаш бимирад".

    Ривояти имом Муслим.

    Мусалмон дар ҳамагуна рафтору кирдораш ростгӯ мебошад, Дар корҳои хонаводагияш бо зану фарзандаш, дар вазифае ки ба душ гирифта аст, бо мардум содиқона рафтор кунад ва ҳаққи мардумро содиқона бигардонад, дар хариду фуруш ва тиҷораташ бояд ростгӯ ва амин бошад, то инки Аллоҳ таъоло дар тиҷораташ баркат диҳад ва моли ҳалолро насибаш гардонад.

    Расули акрам (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

    عن حكيم بن حزام – رضي الله عنه – قال: قال رسول الله – صلى الله عليه وسلم: "البيعان بالخيار ما لم يتفرقا, فإن صدقا وبينا بورك لهما في بيعهما, وإن كتما وكذبا محقت بركة بيعهما". متفق عليه.

    Аз Ҳаким ибни Ҳизом ривоят аст ки гуфт: Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ҳарду муомилакунандагон (фурӯшанда ва харидор) ихтиёр доранд то замонеки аз ҳам ҷудо нашаванд. Агар рост гуфтанд ва баён намуданд дар муомилаашон баракат дода мешавад ва агар пушиданд ва дурӯғ гуфтанд баракати муомилаашон аз миён меравад".

    Муттафақун аъалайҳи

    Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ин ҳадис ростгуёнро ба баракат ваъда дода ва дуруғгӯёнро ба хасорат ва бебаракати дар корҳояшон хабар медиҳад.

    Чун дуруғгуӣ сабаби дур шудани муҳаббат ва дустӣ аз миёни мардум мегардад, инчунин сабаби гум шудани адолат, ва дур шудани баракат мегардад.

    Инчунин сабаби барпо шудани зулму ситам миёни мардум, ва фиребу найранг бо ҳамдигар мешавад.

    Дини ислом ҳар гуфтору кирдоре ки сабаби зулму ситам, ва аз байн рафтани ҳуқуқи ҳамдигар мегардад, шадидан аз он манъ карда ва асҳобашро ба уқубатҳои бад ва ҳалокати сахт ваъид мекунад.

    Аллоҳ таъоло моро аз ҷумлаи ростгӯён ва росткорон гардонда, ва роҳи дохил шудан бар биҳиштро бароямон осон ва равшан бигардонад.

    Назари ту бароямон муҳим аст