Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми бистушашум: Асоси дуюм, фиристодани кӯдак барои анҷом додани ниёзмандиҳо

Гузориши мухтасар:

Мақола дар бораи Бинои иҷтимоии кӯдак ва Асоси дуюм, фиристодани кӯдак барои анҷом додани ниёзмандиҳо, мебошад, гирифташуда аз китоби "Тарбияи фарзандон"

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми бистушашум:

    Асоси дуюм, фиристодани кӯдак барои анҷом додани ниёзмандиҳо

    سلسلة تربية الأولاد، القسم السادس والعشرون: عن بناء الطفل الاجتماعي، والأساس الثاني: ارسال الطفل لأداء بعض الاحتياجات

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир

    إعداد: حقنظراو طاهر

    —™

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми бистушашум:

    Асоси дуюм, фиристодани кӯдак барои анҷом додани ниёзмандиҳо

    Шоёни таваҷҷӯҳ аст, ки фиристодани кӯдак ҷиҳати ан­ҷом додани ниёзмандиҳо омили бисёр муҳим, фаъол ва му­ассире дар рушди иҷтимоии кӯдак мебошад, зеро ки анҷом додани ниёзмандиҳо ба василаи кӯдак барои хона ва ё ба­рои яке аз падару модар дорои натиҷаи бисёр муфиду мус­бат дар зиндагии ҳол ва ояндаи ӯ мебошад, дарҳол ва дар даврони кӯдакӣ барои ӯ муфид мебошад, ба ин маъно, ки ба бисёрӣ аз усули маҷҳул ва масоили ношинохта огоҳӣ меё­бад, ки ин шинохт дар воқеъ мӯҷиби суруру шодӣ ва итми­нони ӯ дар рӯ ба рӯи бо масоил мегардад, дар ояндаи ӯ му­фиду натиҷабахш мебошад, ба ин маъно, ки ҳамон шинохту маҳорате, ки дар даврони кӯдакӣ касб намудааст, ин имкон­ро ба ӯ медиҳад, то дар оянда бидуни халал ва изтироби он роҳи собиту устуворро ба унвони меҳвари зиндагии худ дунбол кунад.

    Аз Собит ривоят шуда, ки Анас (р) гуфт: «Рӯзе барои Расули Худо (с) кореро анҷом додам ва вақте ки корам та­мом шуд, пеши худ гуфтам: «Расули Худо (с) баъд аз намози пешин мехобанд, пас ман назди кӯдаконе, ки бозӣ мекарданд, рафтам. Ҳангоме, ки бозии ононро нигоҳ мекардам, ногаҳон Расули Худо (с) омаданд ва бар он кӯдаконе, ки бозӣ мекар­данд, салом карда, маро фаро хонданд ва ба дунболи кори за­рурию шахсӣ фиристоданд, то онро барояшон анҷом диҳам. Ман низ барои анҷоми он кор рафтам ва Расули Худо (с) дар сояе нишастанд, то ин ки ман он корро анҷом дода, ба наз­да­шон баргаштам. Аз анҷоми коре, ки модарам маро барои ан­ҷоми он фиристода буд, дер кардам. Баъд аз ин ки назди мо­да­рам омадам, гуфт: «Чӣ чиз туро нигоҳ дошт ва таъхир на­мудӣ»? Гуфтам: «Расули Худо (с) маро ба дунболи кори зару­рӣ фиристоданд, то барояшон анҷом диҳам». Модарам гуфт: «Он кор чӣ буд»? Гуфтам: «Кори сиррию маҳрамонаи Расули Худо (с) аст». Модарам гуфт: «Пас рози Расули Худо (с)-ро нигоҳ дор ва онро маҳфуз бидор». Собит мегӯяд: «Сипас, Анас ба ман гуфт: «Эй Собит! Агар он рози Расули Худо (с)-ро ба касе мегуфтам, нахуст ба ту мегуфтам».[1]

    Аз Зуҳра ибни Муайд ривоят шуда, ки «Саъид ибни Му­саяйб гуфтааст: «Бо Урва ибни Зубайр ва Иброҳим ибни Тал­ҳа нишаста будем ва ман гуфтам: «Аз Саъиди Худ­рӣ шуни­дам, ки мегуфт: «Мурод аз «Салоту-л-вусто» намози аср ме­бошад». Дар ин ҳангом Ибни Умар аз канори мо гу­зашт. Урва гуфт: «Як нафар назди ӯ бифиристед, то дар ин бора аз ӯ би­пурсад». Мо низ писарбачаеро назди ӯ фиристо­дем, то аз ӯ савол кунад, баъд баргашту гуфт: «Ибни Умар мегӯяд: «Му­род намози пешин аст ва мо низ аз гуфтаи он писар дар шакку тардид афтодем». Ҳама бо ҳам назди Ибни Умар рафта, аз ӯ пурсидем: «Мурод аз «Салоту-л-вусто» чӣ намозе аст»? Дар ҷавоб гуфт: «Мурод намози пешин аст».[2]

    Алӣ ибни Абутолиб (р) гуфтааст: «Дар синни навҷавонӣ будам. Расули Худо (с) маро назди қавме, ки синну соле аз онон гузашта буд, фиристода фармуданд: «Вақте ду нафаре аз якдигар даъвогар назди ту омаданд, ба сухани ҳеҷ як аз он ду бидуни ҳузури дигаре гӯш мадеҳ, зеро ки агар ин корро на­кунӣ, қазоват табоҳ мегардад ва саранҷом барои ту фасоду ҳалокат ба бор меоварад».[3]

    Дар ривоят омадааст, ки Абдуллоҳ ибни Аббос гуфт: «Бо кӯдакон бозӣ мекардам, ногаҳон Расули Худо (с) омаданд ва ман худро дар пушти дар пинҳон намудам. Расули Худо (с) аз рӯи муҳаббат кафи дастро рӯи ду китфам зада фарму­данд: «Бирав, Муъовияро бароям садо кун». Ман низ ду бор рафта баргаштам ва арз кардам: «Хӯрок мехӯрад. Он ҳаз­рат (с) фармуданд: «Худованд шикамашро сер насозад».[4]

    Дар ривояте омада, ки Анас гуфтааст: «Ҳар вақт Расули Худо (с) мехостанд таҳорат кунанд, ман ва кӯдаки дигаре васоили таҳоратро аз қабили об ва ғайра барои Расули Худо (с) ҳозир мекардем».[5]

    Дар ривояти дигар омада, ки Анас гуфтааст: «Чанд на­фар кӯдак бо ҳам будем ва дар он рӯз ҳама рӯзадор будем, ит­тифоқан он рӯз жола борид ва Абуталҳа гуфт: «Эй Анас, миқдоре аз он жола ба ман бидеҳ, ки бихӯрам». Анас мегӯяд: «Ба ӯ гуфтам: «Магар ту рӯзадор нестӣ»? Талҳа гуфт: «Ча­ро не, рӯзадорам, аммо жола на хӯрданӣ аст ва на нӯшиданӣ, балки он як баракати осмонӣ аст, ки ба василаи он шиками худро пок мекунем». Анас мегӯяд: «Назди Расули Худо (с) рафтам ва моҷароро ба арзи ӯ расонидам». Фармуданд: «Ҳук­ми онро аз ман ёд бигир».[6]

    Дигар аз одоби анҷом додани ниёзмандиҳо ба василаи кӯдак он аст, ки агар анҷоми ин ниёзмандӣ роҷеъ ба дар­ёф­ти қарз бошад, пас бояд ба кӯдак омӯхт, ки бо нармиву му­ҳаббат онро талаб кунад. Чунонки омадааст Расули Худо (с) фармуданд:

    «Шахсе ба мардум қарз медод ва ба писараш мегуфт: ҳар гоҳ(барои дарёфти он) назди фарди тангдаст рафтӣ, аз ӯ бигзар, шояд Худованд низ аз мо бигзарад. Пас, ба лиқоуллоҳ пайваст ва Худованд ӯро бахшид».[7]

    Дар ривояти дигар «Расули Худо (с) фармуданд:

    «Аз умматони пеш аз шумо марде буд, ки мавриди муҳо­сиба қарор гирифт ва ҳеҷ амали неке барои ӯ ёфт нашуд, ҷуз ин ки дар миёни мардум мерафт ва сарватманд низ буд ва ба писаронаш дастур медод, ки нисбат ба фарди тангдаст гу­зашт ва сарфи назар дошта бошанд (ва ба онон гуфт:) Ху­дованди Ғолибу Тавоно фармудааст: «Мо нисбат ба он аз ӯ сазовортарем». Пас, онон низ аз фарди тангдаст сарфи на­зар карданд».[8]

    Табиист, баъд аз ин ки кӯдакон анҷом додани ниёзман­диҳои волидайн ва лавозими манзилро омӯхтанд ва ба он одат карданд, ҳисси нав ва нерӯи қавие дар зеҳну замири онон эҷод мешавад, ки ба василаи он хостаҳо ва масоили марбут ба падару модари худро мешиносанд ва пеш аз он ки онон бихоҳанд, онҳоро барои эшон анҷом медиҳанд. Чу­нонки Ибни Аббос (р) гуфтааст: «Расули Худо(с) дар хонаи Маймуна буданд ва ман об ва васоили таҳорат гирифтанро барои ӯ ҳозир намудам, баъд Маймуна гуфт: «Ин обро Аб­дул­лоҳ ибни Аббос барои таҳорати шумо гузоштааст». Он Ҳазрат (с) фармуд: «Худоё, ӯро дар дин огоҳ кун ва тафсиру тафҳими Қуръонро ба ӯ биомӯз!».[9]

    Бинобар ин, мулоҳиза мешавад, ки Расули Худо (с) чӣ гуна подоши кӯдаконеро, ки барои ӯ кореро анҷом медо­данд, ба дуои хайр медоданд. Пас, моро низ ба пайравӣ аз онон лозим аст, ҳарчи бештар корҳои некро нисбат ба пада­ру модар ва дигар мусулмонон анҷом диҳем, ба умеди он ки муддати замоне дуои хайри онон аз ҷониби Худованд мав­риди иҷобат воқеъ шавад ва чунин подоше ҳам насиби мо гардад. Иншоаллоҳ…

    [1]. Ба ривояти Имом Аҳмад, Бухорӣ ва Муслим аз Собит (р).

    [2]. Ба ривояти Байҳақӣ дар «Суннат». – Ҷ. 1.. – С. 458 аз Зуҳра ибни Муайд (р).

    [3]. Ба ривояти Абӯяъло дар «Муснад». – Ҷ. 1.. – С. 305 ва ба ривояти Аҳмад, Абӯдовуд, Тирмизӣ ва Байҳақӣ.

    [4]. Ба ривояти Муслим. Таваҷҷӯҳ: Муслим дар шарҳи ин ҳадис мегӯяд: Расули Худо (с)дар гуфтани ҷумлаи: «Худованд шикамашро сер насозад» қасди дуои бад надоштаанд. Метавон ба ҷузъи 14-и китоби одоб, боби 25, ҳадиси 94 муроҷиат кард.

    [5]. Ба ривояти Шайхайн ва Хузайма дар «Саҳеҳ».

    [6]. Ба ривояти Абуяъло дар «Муснад». – Ҷ. 3.. – С. 15 ва Ҳайсамӣ дар «ал-Маҷмаъ». – Ҷ. 3.. – С. 172 ва ба ривояти Аҳмад ва Баззор.

    [7]. Ба ривояти Муслим ва Бухорӣ аз Абуҳурайра (р).

    [8]. Ба ривояти Муслим аз Абумасъуд (р).

    [9]. Ба ривояти Ҳоким ва гуфтааст: Санадаш саҳеҳ мебошад ва Заҳабӣ низ онро саҳеҳ гуфтааст.

    Назари ту бароямон муҳим аст