Шиъа ки аст?

Гузориши мухтасар:

Суолу ҷавобе дар бораи Шиъаён ва имомони онҳо, Гирифташуда аз китоби "Ақоид-уш-шиъати-л иснай ашария", саҳ 26-50.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Шиъа ки аст?

    من هم الشيعة؟

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Абдурраҳмон ибни Саъд аш-Шасрӣ

    عبد الرحمن بن سعد الشثري

    —™

    Таҳия ва тарҷума: Абдурраҳмони А

    إعداد وترجمة: عبد الرحمن. أ.

    Шиъа ки аст?

    Суоли: 1: Шиъаҳо киҳо ҳастанд?

    Ҷавоб: Яке аз олимони шиъа, ки номаш Муҳаммад ибни Нуъмон ва машҳур бо лақаби Алмуфид аст, дар ҷавоби суол чунин мегӯяд: (Онҳо пайравони ҳазрати Алӣ (р.з) ҳастанд, ки ӯро дӯст медоранд ва ба чунин ақидаанд, ки ҳазрати Алӣ (р.з) баъд аз Паёмбари Худо било фосила мустаҳиқи хилофат буд[1]. Ва хилофатро аз халифаҳое, ки пеш аз ҳазрати Алӣ (р.з) дар мақоми хилофат буданд инкор мекунанд ва дар эътиқодашон халифаҳои пеш аз ҳазрати Алӣ (р.з)-ро пайравони ӯ медонанд ва ҳазрати Алӣ (р.з)-ро пайрави онҳо намедонанд[2].

    Шарҳ: Дар ин замон вақте, ки лафзи шиъа гуфта мешавад зеҳн ба сӯи шиъаи исно ашари (шиъаи дувоздаҳ имоми) меравад, ба сабаби он ки ин гӯруҳ аксарияти шиъаҳоро ки дар дар давлатҳои Ирон, Ироқ, Сурия, Лубнон, ва давлатҳои халиҷ ҷойгир шудаанд дар бар мегирад. Инчунин ба хотире, ки масдари ақволу ривоятҳои шиъаҳои дувоздаҳ имомаи имрӯза ғолибан бисёри фикрҳо ва ақволи дигар фирқаҳои шиъаро, ки дар замони мухталиф пайдо шудаанд дарбар гиранда аст.

    Суоли: 2: Асли пайдоиши мазҳаби шиа аз куҷост?

    Ҷавоб: Дурусттарин қавл назди муҳаққиқон он аст, ки аввалин касе, ки решаи ин мазҳабро шинонд ва ошкор намуд, Абдуллоҳ ибни Сабаъи яҳудӣ буд. Балки: Худи китобҳои шиъа ба ин чиз эътироф доранд. Дар китобҳояшон омада аст, ки Абдуллоҳ ибни Сабаъ аввалин касе буд, ки суханро дар бораи имомати ҳазрати Алӣ (р.з) шуҳрат дод, ки он асоси ақидаи мазҳаби шиъа мебошад.

    Инчунин дар китобҳои шиъа омада аст, ки Абдуллоҳ ибни Сабаъ аввалин касе буд, ки таъна задани асҳори Паёмбари Худо (хусурҳо ва домоди Паёмбари Худоро) ки ҳазрати Абубакр ва Умар ва Усмон (р.з) буданд шуруъ намуд.

    Инчунин Абдуллоҳ ибни Сабаъ аввалин касе буд, ки суханро дар бораи раҷъат (баргашт ба дунё) ва ҳазрати Алӣ (р.з)- ро ба манзилати Худо расонидан шуруъ карда буд.

    Ҳасани Навбахти ки яке аз уламои машҳури шиъа аст мегӯяд: "Ассабаия, яъне: Асҳоби Абдуллоҳ ибни Сабаъ, аз ҷумлаи касоне буданд, ки таъна задани ҳазрати Абубакр, Умар ва Усмон ва дигар саҳобагон (р.з) ро ошкор карда буданд, инчунин аз саҳобагон безори эълон карда буд, ва гуфт: Ҳазрати Алӣ (р.з) ӯро ба ин чиз амр карда аст, пас ҳазрати Алӣ (р.з) ӯро аз ин суханаш пурсид, ӯ ба ин суханаш иқрор намуд ва ҳазрати Алӣ (р.з) амр ба куштанаш намуд[3]".

    То ин, ки гуфт: Гурӯҳе аз аҳли илм аз асҳоби Алӣ (р.з) нақл намудаанд, ки: Абдуллоҳ ибни Сабаъ яҳудӣ буд, пас мусалмон шуд ва вилояти ҳазрати Алӣ (р.з) ро даъво карда ва дар вақти яҳуди буданаш ҳамин суханро[4] дар ҳақи Юшаъ ибни Нун мегуфт ва инчунин ин суханро дар ҳақи ҳазрати Алӣ (р.з) баъд аз мусалмон шуданаш ва баъд аз вафоти Паёмбари Худо, гуфт. Ва ӯ аввалин касе буд, ки суханро дар бораи фарз будани имоматии ҳазрати Алӣ (р.з) ошкоро гуфт ва безориро аз душманони Алӣ (р.з) ошкоро баён намуд ва мухолифини ҳазрати Алӣ (р.з) ро кашф намуд ва онҳоро ҳукм ба куфр кард.

    Аз ҳамин гирифта мухолифини шиъа гуфтаанд, ки асли шиъа аз яҳудият гирифта шуда аст. Боз яке аз шайхҳои бузурги шиъа, ки номаш Саъдул Қумми аст мегӯяд: Вақто, ки хабари вафоти ҳазрати Алӣ барои Абдуллоҳ ибни Сабаъ расид даъво намуд, ки ҳазрати Алӣ намурда аст ва боз бар мегардад ва дар ҳаққаш ғулув намуд.[5]

    Суоли: 3: Дувоздаҳ имоме, ки шиъаҳо ба онҳо эътиқод доранд лутфан бароямон баён мекардед, ки онҳо киҳо ҳастанд?

    Ҷавоб: 1. Халифаи рошидин ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб (р.з) кунияаш: Абул Ҳасан буд, ва шиъаҳо ӯро мулаққаб ба Муртазо кардаанд, соли 32 пеш аз ҳиҷрат ба дунё омада аст, ва дар соли 40 ҳиҷри ба шаҳодат расида аст.

    2. Ҳасан ибни Алӣ ибни Абутолиб, кунияаш Абу Муҳаммад, мулаққаб ба Закки буд, соли 2 ҳиҷри ба дунё омад, ва дар соли 50 ҳиҷри аз дунё гузашт.

    3. Ҳусен ибни Алӣ ибни Абутолиб, кунияаш Абу Абдуллоҳ ва мулаққаб ба шаҳид буд, соли 3 ҳиҷри ба дунё омад, ва дар соли 61 ҳиҷри аз дунё гузашт.

    4. Алӣ ибни Ҳусен ибни Алӣ ибни Абутолиб, кунияаш Абумуҳаммад ва мулаққаб ба Зайнулобидин буд, соли 38 ҳиҷри ба дунё омад ва дар соли 95 ҳиҷри аз дунё гузашт.

    5. Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусен ибни Алӣ ибни Абутолиб, кунияаш Абуҷаъфар ва мулаққаб ба Боқир буд, соли 57 ҳиҷри ба дунё омад ва дар соли 114 ҳиҷри аз дунё гузашт.

    6. Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусен ибни Алӣ ибни Абутолиб, кунияаш Абуабдуллоҳ, ва мулаққаб ба Содиқ буд, соли 83 ҳиҷри ба дунё омад ва дар соли 148 ҳиҷри аз дунё гузашт.

    7. Мусо, Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусен ибни Алӣ ибни Абутолиб, кунияаш Абуиброҳим ва мулаққаб ба Козим буд, соли 128 ҳиҷри ба дунё омад ва дар соли 183 ҳиҷри аз дунё гузашт.

    8. Алӣ ибни Мусо, Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусен ибни Алӣ ибни Абутолиб, кунияаш Абулҳасан ва мулаққаб ба Ризо, соли 148 ҳиҷри ба дунё омад, ва дар соли 203 ҳиҷри аз дунё гузашт.

    9. Муҳаммад ибни Алӣ ибни Мусо, Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусен ибни Алӣ ибни Абутолиб, кунияаш Абуҷаъфар ва мулаққаб ба Ҷавод буд, соли 195 ҳиҷри ба дунё омад, ва дар соли 220 ҳиҷри аз дунё гузашт.

    10. Алӣ ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Мусо, Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусен ибни Алӣ ибни Абутолиб, кунияаш Абулҳасан ва мулаққаб ба Алҳоди буд, соли 212 ҳиҷри ба дунё омад, ва дар соли 254 ҳиҷри аз дунё гузашт.

    11. Ҳасан ибни Алӣ ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Мусо, Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусен ибни Алӣ ибни Абутолиб, кунияаш Абумуҳаммад ва мулаққаб ба Аласкари буд, соли 232 ҳиҷри ба дунё омад, ва дар соли 260 ҳиҷри аз дунё гузашт.

    12. Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Мусо, Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусен ибни Алӣ ибни Абутолиб, кунияаш Абулқосим ва ӯро мулаққаб ба Маҳди кардаанд, соли 255 ҳиҷри ба дунё омад ва дар соли 256 ҳиҷри аз дунё гузашт, ва шиаҳо ақида доранд, ки ӯ то имрӯз зинда аст.[6]

    Суоли: 4: Оё аз шиъаҳо ягон гурӯҳе ҳаст, ки бигӯянд: Ҳазрати Ҷибраил (ъ) дар нозил кардани ваҳйи илоҳӣ хато карда аст?

    Ҷавоб: Бале!! Дар ҳақиқат Ғарибия гуфта аст: Ҳазрати Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бо Алӣ (р.з) шабиҳтар аз ғуроб бо ғуроб буд, ва шабиҳтар аз паша ба паша буд, пас Аллоҳ таъоло Ҷибраил (ъ) ро ба назди ҳазрати Алӣ (р.з) фиристод, пас Ҷибраил (ъ) дар расонидани ваҳй хато кард ва ба ҷои ҳазрати Алӣ (р.з) ваҳйро бар Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) расонд. Бинобарин ақида ҳазрати Ҷибраил (ъ) ро лаънат мегӯянд[7].

    Шарҳи муҳим: Оё миёни ин қавли Ғароби ва ақволи шиъаҳои дувоздаҳ имома фарқе ҳаст? Дуруғи бофтаи дигарро шайхашон Алкулайни мегӯяд: Марде назди Абуҷаъфар (р) омад ва гуфт: "Оё Қуръон кифоят намекунад онҳоро? Гуфт: Бале, агар муфассире бар он биёбанд. Пас он мард гуфт: Оё Паёмбари Худо онро тафсир накарда аст? Гуфт: Бале, Паёмбари Худо онро танҳо бар як мард тафсир кард, ва манзилати он мардро бар умматаш тафсир намуд, ки он ҳазрати Алӣ (р.з) мебошад”.[8]

    Ба хотири ҳамин шайхҳои шиъа Қуръони каримро, Қуръони сомит (хомуш) номиданд, ва имомро Қуръони нотиқ (сухангӯ) номиданд.

    Шайхҳои шиъа дуруғеро дар ҳақи ҳазрати Алӣ (р.з) бофтаанд, ки гуё ҳазрати Алӣ (р.з) гуфта бошад (дар ҳоле, ки ҳазрати Алӣ аз ин сухан пок ва дур мебошад): "Ин (яъне: Қуръони карим) китоби хомуши Аллоҳ таъолло аст, ва ман китоби гуёи Аллоҳ таъоло ҳастам [9])".

    Шайхи дигарашон, ки номаш Айёши аст, дуруғеро бофта мегӯяд: Аз Абубасир ривоят аст, ки Абуҷаъфар дар тафсири калимаи (Нур) ки дар ояти карима омада аст:

    ﴿فَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِهِۦ وَعَزَّرُوهُ وَنَصَرُوهُ وَٱتَّبَعُواْ ٱلنُّورَ ٱلَّذِيٓ أُنزِلَ مَعَهُۥٓ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ ١٥٧﴾ [الاعراف: ١٥٦]

    "Пас касоне, ки имон оварданд ба ӯ, ҳамроҳи карданд ӯро, ва кумак карданд ӯро, ва пайрави карданд ба он нуре, ки ба ӯ нозил шуд".

    Сураи Аъроф, ояти 157.

    Гуё Абуҷаъфар гуфта бошад, ки мақсад аз нур дар ин оят ҳазрати Алӣ (р.з) мебошад.

    Таъоруз:

    Дуруғе бофтаанд: (Аз Абухолиди кобули гуфт: Абуҷаъфар (р)-ро аз ин ояти карима пурсидам:

    ﴿فَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِهِۦ وَعَزَّرُوهُ وَنَصَرُوهُ وَٱتَّبَعُواْ ٱلنُّورَ ٱلَّذِيٓ أُنزِلَ مَعَهُۥٓ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ ١٥٧﴾ [الاعراف: ١٥٦]

    "Пас касоне, ки имон оварданд ба ӯ, ҳамроҳи карданд ӯро, ва кумак карданд ӯро, ва пайрави карданд ба он нуре, ки ба ӯ нозил шуд".

    Сураи Аъроф, ояти 157.

    Пас гуфт: Эй Абухолид: Валлоҳи, ки мақсад аз нур имомҳои хонаводаи Паёмбари Худо то рӯзи қиёмат ҳастанд, ва онҳо қасам ба номи Аллоҳ нуре ҳастанд, ки Аллоҳ таъоло нозилашон карда аст”.[10]

    Шарҳ:

    Шиъаи дувоздаҳимоми рисолатро бе ягон даъвои хато ба амирул-муъминин ҳазрати Алӣ (р.з) додаанд. Ва дуруғе бофтаанд, ки гуё рисолати Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ таъоло бар ӯ бод) танҳо шинос намудани ҳазрати Алӣ (р.з) бар уммат буд ва мегӯянд: Вазифаи Паёмбари Худо танҳо баён кардани Қуръони карим бар ҳазрати Алӣ (р.з) буд. Дар ҳоле, ки Аллоҳ таъоло мефармояд:

    ﴿بِٱلۡبَيِّنَٰتِ وَٱلزُّبُرِۗ وَأَنزَلۡنَآ إِلَيۡكَ ٱلذِّكۡرَ لِتُبَيِّنَ لِلنَّاسِ مَا نُزِّلَ إِلَيۡهِمۡ وَلَعَلَّهُمۡ يَتَفَكَّرُونَ ٤٤﴾ [النحل: ٤٤]

    "Бо далоил ва саҳифаҳо, ва нозил кардем ба суи ту ёд дошт то барои мардум чизеро возеҳ куни, ки барояшон нозил шуда ва шояд фикр кунанд".

    Сураи Наҳл, ояти 44.

    Хонандаи гироми! Хуб фикр кардан дар атрофи ин мавзӯъро ба ту вогузор мекунам.

    Суоли: 10: Лутфан аз шумо хоҳиш мекунем, ки ақидаи шиъаҳоро мухтасаран нисбати каму зиёд ва ё муҳарраф будани Қуръон баён кунед.

    Ҷавоб: Шайхи машҳурашон Алмуфид мегӯяд: "Ман мегӯям: Бешак барои мо хабарҳои зиёде омада аст, аз имомҳои роҳнамоямон, ки аз оли Расуллоҳ ҳастанд, дар бораи мухталиф будани Қуръон ва он чизеро, ки золимҳо дар ин Қуръон каму зиёд карданд”.[11]

    Инчунин мегӯяд: "Имомҳои мо муттафиқ ҳастанд, ки баъзе аз пешвоёни гумроҳкунанда (асҳоби Паёмбар (с) ро дар назар дорад) бисёри аз Қуръони ҳақиқиро тағйир доданд, ва дар он дигаргуниҳо дароварданд, ки мувофиқи он ваҳй нозил шуда ва суннати Паёмбари Худо нест, ва ҳамаи гурӯҳҳои Хавориҷ, Муътазила, Зайдия, Мурҷиа, ва асҳоби ҳадис бо ҳам муттафиқ шудаанд, бар хилофи имомҳо ва ҳар он чизеро, ки мо омода кардаем([12])".

    Шайхи дигарашон, ки машҳур ба Омилӣ аст, мегӯяд: "Дар назди ман барои дуруст будани ин сухан (каму зиёд будани Қуръон) баъд аз он, ки хабарҳои зиёдеро пайгири намудам ва асарҳои зиёдеро кофтам ба хулосае омадам, ки ин масъала яке аз заруриёти мазҳаби шиъа аст ва ин масъала аз бузургтарин фасодҳои ба зур гирифтани хилофат буд”.[13]

    Ва шайхашон Яҳё (шогирди Карки) дар китоби "Ал имома" дар "Таъни нуҳум бар сеюм", мегӯяд: "Бо вуҷуди иҷмоъи аҳли қибла аз хосу ом, (бар ин Қуръон) Қуръоне ки байни мардум аст, он Қуръони комил ва пурра нест, Ва дар ҳақиқат як қисме аз Қуръони асли аз байн рафтааст, ки ҳоло дар дасти мардум нест”.[14]

    Маҷлисӣ мегӯяд: Вале асҳоби паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) коре карданд, ки қавми Мусо кард: Онҳо аз гусолаи Сомирии ин уммат, яъне: Абубакру Умар пайравӣ карданд ва ингуна мунофиқон хилофати паёмбарро аз ҷонишини ӯ ғасб карданд ва ба халифаи худо, яъне: Қуръон таҷовуз карданд ва онро таҳриф карда ва тағйир доданд ва ҳарчи хостанд бо он карданд.[15]

    Ва Омили мегӯяд: Дар зиёратномаҳои мутаъадиде, ҳамчун зиёратномаи ғадир ва ғайра... ва дуъоҳое ҳамчун дуъои ду бути Қурайш (қасд аз ду бути Қурайш Абубакр ва Умар аст) ва ғайра... ибораҳои сареҳу ошкор омадааст, ки Қуръон баъд аз паёмбар таҳриф шудааст.[16]

    Табарсӣ ҳам дар атрофи таън ва эрод ба Қуръон ривоятҳое зикр намудааст: Он ривоятҳо хеле зиёд ҳастанд, то ҷое ки сайид Неъматуллоҳи Ҷазоирӣ дар бархе аз муаллафоти худ ( чигунае ки аз ӯ ривоят кардаанд) гуфтааст: Ривоятҳои далолаткунанда дар ин мавзӯъ зиёда аз ду ҳазор аст.[17] Сипас бистуяк ривоят барои исботи ақидааш дар мавриди таҳрифи Қуръон зикр кардааст.[18],[19]

    Марҷаъӣ олиқадри шиъа Неъматуллоҳи Ҷазорӣ мегуяд: Таслим шудан ба инки Қуръон мутавотир аст ва ҳамаи он ба воситаи Ҷибриил аз ҷониби Худо нозил шудааст, мешавад ривоятҳо ва ҳадисҳои машҳур ва мутавотире ки бар таҳриф шудани Қуръон далолат мекунад, дур андохта шаванд, Ҳоло онки асҳоби мо ин ривочтҳоро саҳеҳ дониста ва онро тасдиқ кардаанд.[20]

    Ва сарпарасти ҳавзаи илмия Абулқосими Мусавии Хуи мегуяд: Каму зиёд шудани ҳарфҳо ва ё ҳаракатҳои Қуръон амри қатъӣ аст.[21]

    Тавзеҳ:

    Худованд мефармояд:

    ﴿وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَا تَسۡمَعُواْ لِهَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانِ وَٱلۡغَوۡاْ فِيهِ لَعَلَّكُمۡ تَغۡلِبُونَ ٢٦﴾ [فصلت: ٢٦]

    Кофирон гуфтанд: «Ба ин Қуръон гӯш мадиҳед ва сухани беҳуда ба он биёмезед, шояд пирӯз гардед!»

    Сураи Фуссилат ояти 26

    Худованд мефармояд:

    ﴿إِنَّا نَحۡنُ نَزَّلۡنَا ٱلذِّكۡرَ وَإِنَّا لَهُۥ لَحَٰفِظُونَ ٩﴾ [الحجر: ٩]

    “Мо Қуръонро худ нозил кардаем ва худ нигаҳбонаш ҳастем”.

    Сураи Ҳиҷр ояти 9

    Худованд мефармояд:

    ﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِٱلذِّكۡرِ لَمَّا جَآءَهُمۡۖ وَإِنَّهُۥ لَكِتَٰبٌ عَزِيزٞ ٤١ لَّا يَأۡتِيهِ ٱلۡبَٰطِلُ مِنۢ بَيۡنِ يَدَيۡهِ وَلَا مِنۡ خَلۡفِهِۦۖ تَنزِيلٞ مِّنۡ حَكِيمٍ حَمِيدٖ ٤٢﴾ [فصلت: ٤١، ٤٢]

    “Онон, ки ба Қуръон, ки барои ҳидояташон омадааст, имон намеоваранд (бар мо пӯшида намемонанд ва ба сазои хеш расанд), ҳол он ки китобе арҷманд аст.

    На аз пеши рӯй ботил ба ӯ роҳ ёбад ва на аз пас. Нозилшуда аз ҷониби Худованде ҳакиму сутуданист”.

    Сураи Фуссилат ояти 41-42

    Гирифташуда аз китоби "Ақоид-уш-шиъати-л иснай ашария", саҳ 26-50.

    [1]) Яъне: Шиъаи имомия ҳамон касе аст, ки ақида дошта бошад, ки ҳазрати Алӣ (р.з) баъд аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бевосита халифаи ҳақиқи буд, ва ба ин ақидаашон хилофати ҳазрати Абубакру Умар ва ҳазрати Усмон (Худованд аз онҳо розӣ бод)- ро инкор мекунанд. Пас ба гуфтаи шайхашон (Алмуфид) шиъа гуфта намешавад, магар касеро, ки ақида дошта бошад: хилофати ҳақиқи баъд аз вафоти Паёмбари Худо то охири замони ҳазрати Алӣ (р.з), ҳақи ҳазрати Алӣ буд, (ва он замон баъд аз вафоти Паёмбари Худо то охири хилофати ҳазрати Алӣ-ро замони хилофати ҳазрати Алӣ (р.з) медонанд).

    [2]) Яъне: Ба гуфтаи онҳо ҳазрати Алӣ (р.з) дар зоҳир пайрави хулафое, ки пеш аз ӯ буданд, буд, аммо дар ботин онҳоро пайрави ҳазрати Алӣ (р.з) медонанд. Ва ба гуфта ва ақидаи шайхашон (Алмуфид) ҳазрати Алӣ (р.з) аз нигоҳи тақия пайрави онҳо буд на аз нигоҳи эътиқод ва пайравии ҳақиқи.

    Масдар: Китоби Алмуфид ки унвонаш ба забони араби чунин аст (Авоилул мақолот фи мазобил мухторот саҳ. 35.) Муҳаммад ибни Нуъмон мулаққаб ба Алмуфид.

    [3]) Китоби Фирақи шиъа\ саҳ. 50. Ҳасан ибни Мусо ан-Навбахти, яке аз шайхҳои қарни сеюми шиъаён.

    [4]) Дар замони яҳуди буданаш дар ҳақи Юшуъ ибни Нун даъвои Худоги мекард ва вақте, ки мусалмон шуд ҳамон даъворо дар ҳақи ҳазрати Алӣ (р.з) намуд.

    [5]) китоби: Алмақолот вал фирақ (саҳ. 10\ 21.) аз Саъд ибни Адуллоҳи Қумми .

    [6] ) Назар карда шавад дар китоби: Усул-алкофи, боб (мо ҷоа фи исна ашар...) аз Муҳаммад ибни Яъқуби Кулайни.

    [7]) Назар карда шавад ба китоби: Нурул бароҳин ё инки Анисул ваҳид фи шарҳи тавҳид (2\310) аз Ҷазоири, таҳқиқи Раҷои, чопи соли 1417, чопхонаи: муасисаи нашр, чопи 1.

    [8]) Китоби Усули кофи (1\179) дар боб ва тафсири ояти якуми сураи Қадр.

    [9]) Китоби: Алфусулул ҳиммаҳ фи усулил аимма, Али ибни Муҳаммади наммози, (1\595\ боби 33).

    [10]) Китоби Усули кофи (1\139) боби: имомҳо нуре аз ҷониби Аллоҳ таъоло ҳастанд.

    [11]) Китоби: Авоили мақолот (саҳ. 80, 81) дар боби: Таълифи Қуръон, ва каму зиёдие ки дар он аст.

    [12]) Китоби: Авоили мақолот.

    [13]) Китоби: Миръотул анвор (саҳ. 84.) дар муқаддимаи дуюм, ки дар бораи баён кардани баъзе тағаюроте, ки дар Қуръон шуда аст... фасли чаҳорум: дар бораи хулосаи суханони олимонамон дар масъалаи тағйир ёфтани Қуръон ва ботил сохтани далилҳои касоне, ки инро инкор мекунанд.

    [14]) Китоби: Фаслул-хитоб (саҳ. 31.) муқаддимаи сеюм.

    [15]) Ҳаётул-қулуб, Маҷлисӣ 2/541,

    [16]) Миръотул анвор, Омили, Муқаддима саҳ 36-39,

    [17]) Фаслул-хитоб , Табарсӣ, 125

    [18]) Ал-Бурҳон, Муқаддима 36-39

    [19]) Фаслул-хитоб , Табарсӣ 125

    [20]) Ал-Анвор ан-нуъмония, Неъматуллоҳи Ҷазоирӣ 2/357,

    [21]) Ал-баён фи тафсири Қуръон 1/136.

    Назари ту бароямон муҳим аст