Рузи 8-уми март ё иди модар

Нависанда : Мусъаби Ҳамза

Гузориши мухтасар:

Аввали пайдоиши иди 8-уми март, иди модар, иди занон, ва ҳукми пешвозгири ва тақдими туҳфа дар ин ид.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Рўзи 8 март ё иди модар

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Мусъаби Њамза

    2010 – 1431

    عيد المرأة (يوم 8 مارس)

    « باللغة الطاجيكية »

    مصعب حمزة

    2010 - 1431

    Рўзи 8 март ё иди модар

    Ин рўз дар олам бо чанд ном машњур аст, аз љумла, рўзи олами барои занон ва ё рўзи озодии занон ва ё рўзи модар ва ѓайри ин номњо ва њамааш дар бораи икроми зан модар ва эътироф дар сањмгугузории занон дар соњаи сиёсї, иљтимої, иќтисодї ва ѓайра мебошад.

    Ва дар баъзе давлатњо (хусусан давлатњои Русия, Хитой, Куба) имрўзро барои коргарон ва хусусан барои занон рўзи истироњат эълон кардаанд.

    Пешвозгирии ин рўз њамчун ид аз замони барпошавии семинари оламие, ки аз љониби иттињоди демократии занона барпо шуд, шурўъ шудааст.

    Ва ин иттињоди демократии занона њамфикру њамаќидаи њизбњои куммунистї аст, пас дар ин рўз аввалин бор рўзи олами барои занон пешвоз гирифта шуд. Агарчанде баъзе аз донишмандон дар ин назаранд, ки аввалин бор имрўз ваќте пешвоз гирифта шуд, ки занони Амрико ба нишони эътироз даст аз кор боздоштанд. Пас ин рўзро барои икром ва эњтироми зан ба номи рўзи олами барои занон номгузорї карданд.

    Алоќаи ин рўз ба ислом ва ё суннати пайѓамбар (с) ва њукми пешвозгирии ин рўз њамчун ид.

    8 март, ки аксарияти мардуми олам инрўзро њамчун ид пешвоз мегирад, аз љумлаи бидъат ва корњои навовардашудаи дар дин аст.

    Ва ин ид аз диёри ѓарбињо ба сабаби ѓофил будани мусулмонњо аз ањкоми динашон ва пайравии куркурона карданашон аз њар коре, ки аз ѓарбињо сар мезанад ба ватани онон даромадааст.

    Дар њоле ки расули акрам (с) мефармояд:

    «من أحدث في أمرنا هذا ما ليس منه فهو رد». (متفق عليه)

    «Касе дар дини мо навоварие кунад, ки аз он набошад (яъне аз дин набошад) пас ў радшудааст» (Муттфаќун алайњї)

    Пас ин коре аст љадид ва нав, ки дар дини ислом вуљуд надорад ва бо ин гуфтаи расули худо (с) рад мешавад.

    Ва ягон бидъате вуљуд надорад, магар ин ки ба сабаби пайдо шуданаш суннате аз суннатњои пайѓамбар аз байн меравад.

    Дар љои дигар Расул Худо (с) мефармояд:

    قال صلى الله عليه وسلم: « ما أحدث قوم بدعة إلا رفع مثلها من السنة فتمسك بسنة خير من إحداث بدعة ». رواه أحمد

    «Ягон ќавм бидъатеро навоварї накарданд магар ба сабабаш суннате бардошта шудааст, пас чанг задан ба суннат бењтару хубтар аст аз навоварии бидъат» (Ањмад)

    Инчунин машњур аст, ки дар дини ислом иди наве барпо намудан ѓайри иди рамазон ва иди ќурбон љоиз нест. Зеро ин идњо аз љумлаи шариат ва ибодатњо мебошанд, чигунае ки Худованд мефармояд:

    ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﭺ ﭻ ﭼ ﭽ ﭾ ﭿﭼ الحج: ٦٧

    «Барои њар уммате шариатеро муќаррар кардаем, ки онњо дар он амалкунандаанд»

    Аммо эњтироми њамсар ва икромаш аз љумлаи амрњои худо ва расулаш аст. Чуноне ки худованд мефармояд:

    ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﯢ ﯣ ﭼ النساء: ١٩

    «Ба некї бо онњо муомила ва рафтор намоед»

    Ва чигунае ки расули Худо мефармояд

    وقال النبي صلى الله عليه وسلم: خيركم خيركم لأهله، وأنا خيركم لأهلي. رواه الترمذي.

    «Бењтарини шумо бењтаринатон барои ањлу хонаводааш (њамсараш) аст, ва ман бењтарини шумоён барои њамсарам» (Тирмизї)

    Расули худо дар ин њадис барои мо таълим медињад, ки бењтарини шумо њамоне аст, ки бо њамсараш рафтор ва гуфтори нек дошта бошад ва мегўяд: Ў бењтарини шумо дар ин кор аст, яъне бо њамсараш рафтори нек ва гуфтори хуш дорад ва онњоро дар корњои хона кўмак мекард ва бо онњо шухї ва муомилаи нек мекард.

    Пас мо њам, ки уммат ва пайравони ў њастем бояд дар ин кор аз суннат ва рафтори ў пайравї кунем ва бо њамсарони худ хушрафтор ва хушгуфтор бошем.

    Инчунин бояд инро донем ки ин корњо вобаста ба як рўзи муайян ё ваќти мањдуде нест, балки инсон њамаваќт бо њамсараш рафтори нек дошта бошад.

    Аммо ин ки фаќат рўзи муайян мисли рўзи 8 март ўро тўњфа дињад ва икром кунад, ин аз љумлаи бидъатњо аст ва аз тарафи дин мањдуд ва мамнуъ аст.

    Ичунин дар ин рўз баъзењо барои модарон њам тўњфа бурда ва онњоро эњтиром мекунанд, ки ин њам нодуруст аст, зеро эњтироми модар њам дар њама њолат барои фарзанд вољиб ва вазифаи асосї аст.

    Хусусан ваќте ки падару модар ба синни пиронсолї мерасанд ва эњтиёљ ба касе доранд, ки онњоро нигоњубин кунад.

    Пас эњтироми модар ва тўњфа додану кўмак карданашро мунњасир ба як рўз кардан љоиз нест.

    Ва њамаваќт бояд инсон ба хизмати онњо њозир бошад.

    Чигунае, ки дар њадиси шариф омадааст, ки расули худо фармуданд:

    Аз Абуњурайра (р.з) ривоят шудааст, ки марде назди Паёмбар (с.в) омаду гуфт: Эй Расули Худо ман бењтарин муомилаву хушрафториямро бо кї кунам? Паёмбар (с.в.) гуфт: Бо модарат, он мард гуфт боз бо кї? Паёмбар (с.в.) гуфт: Боз бо модарат, он мард гуфт боз бо кї? Паёмбар (с.в.) гуфт: Боз бо модарат, он мард гуфт: боз бо кї? Паёмбар (с.в.) гуфт: Боз бо падарат.

    Ва дар њадиси дигаре омадааст, ки љавоне назди Расули Худо омад ва мехост љињод равад, Расули Худо аз ў пурсид, падару модар дорї? Гуфт: оре гуфт: бирав барои онњо љињод намо

    Яъне љињоди ту нигоњубини падару модарат аст.

    Пас аз ин меояд, ки худованд амр намудааст, ки падару модарро њамаваќт бояд эњтиром намоем ва барои хушњолии онњо њар сари чанд ваќт тўњфае барояшон таќдим намоем то ин ки онњо аз мо розї бошанд.

    Зеро Худованд яке аз сабабњои дохил шудани инсонро ба љаннат розигии модарашро ќарор додаст ва маълум мешавад бо розї будани модар инсон метавонад дохили љаннат шавад.

    Њукми ислом дар пешвозгирии иди модар ё 8 март

    Пешвозгирии идњое, ки аз ислом нестанд љоиз нест

    Ва пешвозгирии ингуна идњо кўмак барои пањн шудани корњои бидъатї ва гумроњї аст.

    Ва расули худо (с) идњои исломиро баён намудааст, ки сето аст: иди рамазон, иди ќурбон ва рўзи љумъа.

    Ѓайр аз ин се ид њар иде, ки аст ботил ва навовардашудаи дар дин аст.

    Расули Худо мефармояд:

    «من عمل عملاً ليس عليه أمرنا فهو رد» أخرجه مسلم

    «Касе амалеро анљом дињад, ки дар он амру фармони мо нест, пас он амал мардуд аст» (Муслим)

    Ва дар ривояти дигар омада аст, ки фармуданд:

    «من أحدث في أمرنا هذا ما ليس منه فهو رد». (متفق عليه)

    «Касе дар дини мо навоварие кунад, ки аз он набошад (яъне аз дин набошад) пас ў радшудааст» (Муттфаќун алайњї)

    Дар љои дигар расули Худо мефармояд:

    «عليكم بسنتي وسنة الخلفاء الراشدين المهديين من بعدي، تمسكوا بها وعضوا عليها بالنواجذ، وإياكم ومحدثات الأمور، فإن كل محدثة بدعة، وكل بدعة ضلالة». أخرجه الخمسة إلا النسائي، وفي رواية للنسائي: ((وكل ضلالة في النار)).

    «Ба суннати ман ва баъди ман ба суннати халифањои рошидин чанг занед» (Халифањои рошидин: Абубакри Сиддиќ, Умар ибни Хаттоб, Усмон ибни Афон, Алї ибни Абутолиб (рз) њастанд) ва бо дандонњои худ онро сахт доред ва аз корњои нав (дар дин) дурї љўед, зеро њар як кори нав бидъат аст ва њар як бидъат залолат ва гумроњї аст», (панљгона ѓайри Насої ривоят кардааст.)

    Дар ривояти Насої омадааст, ки: «Ва њар як залолату гумроњї дар оташи дўзах аст»

    (Фатвои шайх: Абдуллоњ ибни Сулаймон ал Манїъ)

    Пас ин гуна ид дар ислом вуљуд надорад ва мусулмонњо бояд аз ин гуна корњои гуноњ ва гумроњї дурї љўянд.

    Дастабандии илми:

    Назари ту бароямон муҳим аст