Иди муҳаббат ё иди ошиқон

Гузориши мухтасар:

Фатвои гуруҳе аз олимон дар бораи ҳаром будани пешвозгирии иди муҳаббат ва дӯстдори ё иди ошиқон ё иди қиддиса Валентин.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Иди муҳаббат ё иди ошиқон

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Лаҷнаи доима барои баҳси илми ва фатво

    Таҳия ва тарҷума: Мусъаби Ҳамза

    2011 - 1432

    فتوى اللجنة الدائمة عن عيد الحب

    «باللغة الطاجيكية»

    اللجنة الدائمة للبحوث العلمية والإفتاء

    إعداد وترجمة: مصعب حمزة

    2011 - 1432

    Иди муҳаббат ё иди ошиқон

    Ба номи худованди бахшандаи меҳрубон

    Ҳамду санои бепоён барои худованд, ва дуруду салом бар паёмбари охирзамон, ва баъд:

    Суоле барои лаҷнаи доима ворид шуд ки матнаш ин аст:

    Баъзе аз мардум рӯзи 14 февралро ҳамчун рӯзи муҳаббат ва дустдори (wolintin day) пешвоз мегиранд, ва дар ин рӯз либосҳои сурхи дар он сурати дил кашида шуда пушида, ва ба ҳамдигар гули сурх туҳфа мекунанд, ва ҳамдигарро табрик мегуянд, ва баъзе дуконҳо ингуна чизҳоро намоиш дода ба фуруш мегузоранд, фикри шумо чист: 1-Ин рӯзро ҳамчун ид пешвоз гирифтан, 2-Харид кардан аз он дуконҳо дар ин рӯз, 3-Фурухтани соҳиби дуконҳо (онҳо худ ин рӯзро ҳамчун ид пешвоз намегиранд) ин чизҳоро барои касоне ки ин рӯзро ид медонанд, ташаккур?

    Лаҷнаи доима барои фатво баъди назар бар ин суол чунин ҷавоб дод:

    Далелҳои сареҳу ошкор аз Қуръон ва ҳадисҳои паёмбар ва иҷмоъи уммат далолат бар ин мекунад , ки дар Ислом ду ид аст, иди фитр (рамазон) ва иди азҳо (қурбон) ва ғайри ин ду ид ҳар иде ки мутаъалиқ ба касе ё ҷамоъате ё воқеъае бошад ё мисли инҳо, аз идҳои нав ва ғайри исломи ба ҳисоб рафта барои мусулмон ҷоиз нест ки ин идро пешвоз гирад ё хушҳоли кунад ё ингуна идро иқрор кунад, ичунин ҷоиз нест, ки дар пешвозгирии ингуна идҳо касеро кумак кунад.

    Зеро пешвозгири ё кумак дар ин рӯз гузашт ва таҷовуз бар ҳудудҳои Худованд ва поймоли қонунҳои Илоҳи мебошад, ва ҳар касе ин корро кунад , пас худашро зулм кардааст (зеро худро ба азоби Худованд гирифтор намудааст)

    Ба болои ин агар он ид аз идҳои кофирон бошад гуноҳ болои гуноҳ зам мешавад, зеро дар он ташаббуҳ ва монанди бар кофирон аст ва як навъи дустдории онҳо аст, ки Худованд муъминонро аз монанди кардан бар кофирон ва дӯст доштани онҳоро дар Қуръони карим наҳйи кардааст.

    Ва аз расули Худо (с) собит аст ки фармуданд: "Касе ки ба қавме монанди кунад, пас у аз он қавм аст"

    Ва иди муҳаббат ва дӯстдори аз ингуна идҳо аст, зеро ин ид аз идҳои бутпарастони насрони аст. Пас мусулмоне ки ба Худо ва рӯзи охират имон дорад, барояш ҳалол нест, ки уро пешвоз гирад ё ба ин ид рози бошад ва ё дигаронро табрик гӯяд. Балки бар у воҷиб аст ки уро тарк кунад ва аз у дури ҷӯяд, то инки амри Худо ва расулашро ба ҷо орад ва худро аз ғазаб ва азоби Худо наҷот диҳад.

    Инчунин барои мусулмон кумак кардан дар пешвозгирии ин ид ё дигар идҳои ҳаром бо хуроки ё нушоки ё хариду фуруш ё сохтани чизе ё туҳфа ё табрикнома ё эълон кардани ид ва дигар чизҳо ҳаром аст.

    Зеро ин амалҳо аз ҷумлаи таъовун ва ҳамкори дар гуноҳ ва душмани ва нофармони аз амрҳои Худованд ва расулаш аст.

    Худованд мефармояд:

    ﭧ ﭨ ﭽ ﯭ ﯮ ﯯ ﯰﯱ ﯲ ﯳ ﯴ ﯵ ﯶﯷ ﯸ ﯹﯺ ﯻ ﯼ ﯽ ﯾ ﯿ ﭼ المائدة: ٢

    "Ва дар некӯкорӣ ва парҳез ҳамкорӣ намоед, на дар гуноҳу таҷовуз. Ва аз Худо битарсед, ки ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад" (Моида 2)

    Инчунин бар мусулмон воҷиб аст, ки дар ҳама ҳолат ба Қуръон ва суннат чанг занад, ва хусусан дар вақтҳои фитна ва фасод.

    Мусулмон бояд зирак ва бо эҳтиёт бошад , то инки фирефтаи гумроҳону фосиқон нашавад, ва аз воқеъ шудан дар фисқу фуҷур ва гумроҳии онҳо эҳтиёт кунад.

    Ва мусулмон бояд аз Худованд талаби ҳидоят бар роҳи рост ва устувор мондан дар онро кунад, зеро ғайр аз Худованд ҳидояткунандае нест, ва тавфиқ аз ҷониби Худо аст.

    Ва дуруд ва раҳмати Худо бар паёмбар ва олу асҳобаш бод.

    Дастабандии илми:

    Назари ту бароямон муҳим аст