Сабабҳои мағфирати гуноҳон

Гузориши мухтасар:

Бародару хоҳари азизам! ҳар яки мо дучори хатоҳо мешавем, ва ҳар яки мо эҳтиёҷи зиёде ба бахшишу мағфирати гуноҳоне дорем ки шабу руз аз дастамон сар мезанад, ва аз раҳмати Худованд бар мо ин аст, ки бароямон роҳҳо ва сабабҳои зиёде муҳаё сохтааст ки метавонем барои талаби бахшишу мағфират аз онҳо истифода барем.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Сабабҳои мағфирати гуноҳон

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Таҳия: Қисми илмии дор Алватан

    Тарҷумаи: Ҳомидов Мисбоҳиддин

    2011 - 1432

    ﴿ أسباب مغفرة الذنوب ﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: القسم العلمي بدار الوطن

    ترجمة: مصباح الدين حاميدوف

    2011 - 1432

    Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

    Сабабҳои мағфирати гуноҳон

    Ҳамду сано Худоеро ки гуноҳонро мебахшад, ва тавбаро мепазирад ва салавоту салом бар Паёмбару аҳли байту асҳобаш, ва ҳарки пайрави аз онҳо мекунад.

    Аммо баъд:

    Худованд мефармояд:

    ﴿قُلۡ يَٰعِبَادِيَ ٱلَّذِينَ أَسۡرَفُواْ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمۡ لَا تَقۡنَطُواْ
    مِن رَّحۡمَةِ ٱللَّهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ يَغۡفِرُ ٱلذُّنُوبَ جَمِيعًاۚ إِنَّهُۥ هُوَ
    ٱلۡغَفُورُ ٱلرَّحِيمُ ٥٣﴾ الزمر: ٥٣

    "Бигӯ: «Эй бандагони Ман, ки бар зиёни худ исроф кардаед, аз раҳмати Худо ноумед нашавед. Зеро Худо ҳамаи гуноҳонро мебахшояд. Ӯст бахшояндаву меҳрубон"Зумар 53

    Ва боз мефармояд:

    ﴿وَأَقِمِ ٱلصَّلَوٰةَ طَرَفَيِ ٱلنَّهَارِ وَزُلَفٗا مِّنَ ٱلَّيۡلِۚ إِنَّ ٱلۡحَسَنَٰتِ يُذۡهِبۡنَ ٱلسَّيِّ‍َٔاتِۚ ذَٰلِكَ ذِكۡرَىٰ لِلذَّٰكِرِينَ ١١٤﴾ هود: 114

    «Намоз бигузор дар оғозу анҷоми рӯз ва соъате аз шаб. Зеро некиҳо бадиҳоро аз миён мебаранд. Ин пандест барои пандгирандагон» Ҳуд 114

    Бародару хоҳари азизам! ҳар яки мо дучори хатоҳо мешавем, ва ҳар яки мо эҳтиёҷи зиёде ба бахшишу мағфирати гуноҳоне дорем ки шабу руз аз дастамон сар мезанад, ва аз раҳмати Худованд бар мо ин аст, ки бароямон роҳҳо ва сабабҳои зиёде муҳаё сохтааст ки метавонем барои талаби бахшишу мағфират аз онҳо истифода барем, агар ҳар як мусулмон ба яке аз ин роҳҳо чанг бизанад дар ҳол Худованд уро шомили раҳмати худ месозад, ва ногуфта намонад ки Худованд барои расидан ба ин роҳҳо шарте гузоштааст, ва онҳам имондори ва безори аз ширк мебошад, чунки куфру ширк яке аз сабабҳои монеъ шудани мағфират мебошад, чуноне ки Худованд мефармояд:

    ﴿إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَغۡفِرُ أَن يُشۡرَكَ بِهِۦ وَيَغۡفِرُ مَا دُونَ ذَٰلِكَ لِمَن يَشَآءُۚ وَمَن يُشۡرِكۡ بِٱللَّهِ فَقَدۡ ضَلَّ ضَلَٰلَۢا بَعِيدًا ١١٦﴾ النساء: ١١٦

    «Худо касеро, ки барои ӯ шарике қарор диҳад, намебахшад ва ҷуз он ҳар гуноҳеро барои ҳар кӣ хоҳад, мебахшад. Ва ҳар кас, ки барои Худо шарике қарор диҳад, сахт ба гумроҳӣ афтодаст» Нисо 16

    Сабабҳои мағфирати гуноҳон:

    Бародару хоҳари азизам! инҳо баъзе сабабҳо ва роҳҳое ҳастанд ки сабаби мағфирати гуноҳон мешаванд, ва аз дили инсон ноумедиву дилсарди аз раҳмати Худовандро дур месозад, Худованд мефармояд:

    ﴿لَيۡسُواْ سَوَآءٗۗ مِّنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ أُمَّةٞ قَآئِمَةٞ يَتۡلُونَ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ ءَانَآءَ ٱلَّيۡلِ وَهُمۡ يَسۡجُدُونَ ١١٣﴾ آل عمران: ١٣٣

    «Бишитобед ба суи омурзиши Парвардигори хеш ва расидан ба он биҳишт, ки паҳнояш ба қадри ҳамаи осмонҳову замин аст. ва барои парҳезгорон муҳайё шудааст» Оли Имрон133

    1) Ислом овардан: (агар инсон ғайри мусулмон бошад) Худованд мефармояд:

    ﴿قُل لِّلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ إِن يَنتَهُواْ يُغۡفَرۡ لَهُم مَّا قَدۡ سَلَفَ وَإِن يَعُودُواْ فَقَدۡ مَضَتۡ سُنَّتُ ٱلۡأَوَّلِينَ ٣٨﴾ الأنفال: ٣٨

    «Ба кофирон бигӯй, ки агар даст бардоранд, гуноҳони гузаштаи онҳо бахшида шавад ва агар бозгарданд, донанд, ки бо пешиниён чӣ рафторе шудааст» Анфол 38

    Ин чунин аз Амр ибни Ъос (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) мефармояд: (эй Амр) "Оё хабар надори ки ислом овардан тамоми ончиро ки пеш аз у буд, аз байн мебарад" (яъне гуноҳони пеш аз исломро). (ривояти Муслим)

    2) Ҳиҷрат ба хотири Худо: яъне интиқол ёфтан аз кишвари кофирон ба кишвари мусулмонон ба хотири дин.

    Худованд мефармояд:

    ﴿ثُمَّ إِنَّ رَبَّكَ لِلَّذِينَ هَاجَرُواْ مِنۢ بَعۡدِ مَا فُتِنُواْ ثُمَّ جَٰهَدُواْ وَصَبَرُوٓاْ إِنَّ رَبَّكَ مِنۢ بَعۡدِهَا لَغَفُورٞ رَّحِيمٞ ١١٠﴾ النحل: ١١٠

    «Сипас Парвардигори ту барои касоне, ки пас аз он ранҷҳо, ки диданд, ҳиҷрат карданд ва ба ҷиҳод рафтанд ва пой фушурданд, бахшояндаву меҳрубон аст» Наҳл 11

    Ин чунин аз Амр ибни Ъос (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) мефармояд: "Ҳиҷрат ончики пеш аз у буд аз байн мебарад" (яъне гуноҳони пеш аз ҳичратро) (ривояти Муслим)

    3) Ҳаҷи мабрур (бо барор): аз Амр ибни Ъос (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) мефармояд: "Ҳаҷ, ончики пеш аз у буд, аз байн мебарад" (яъне гуноҳони пеш аз ҳаҷро) (ривояти Муслим)

    Инчунин дар ҳадиси дигаре аз Абуҳурайра (р) омадааст ки Паёмбар (с) фармуд: "Ҳарки адои ҳаҷ кунад ва дар ҳаҷи худ на муоширати зан кунад ва на касеро дашном бидиҳад ва кори баде накунад, бармегардад ба монанди оне ки гуё аз модар нав тавалуд ёфтааст". (ривояти Бухори)

    4) Зикр кардан ҳангоми шунидани азон: аз Саъд (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) гуфт: "Ҳарки бишнавад ки муазин мегуяд (азон медиҳад): ва бигуяд ки "Ва анна ашҳаду ан ла илаҳа илла аллоҳу ваҳдаҳу ла шарика лаҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳу, разийту биллаҳи раббан ва би Муҳаммадиин расулан ва бил ислами динан" яъне "Ва ман низ шаҳодат медиҳам ки нест Худое ба ҷуз як Худо (ки У мустаҳиқи ибодат аст) У ягона аст ва шарике надорад, ва шаҳодат медиҳам ки Муҳаммад расул ва бандаи уст, ва рози ҳастам ки Худованд Парвардигорам мебошад ва Муҳаммад Паёмбарам мебошад ва ислом динам мебошад" ҳар ки инро бигуяд: тамоми гуноҳони гузаштааш бахшида мешавад" (Муслим)

    5) Ҳарки омин гуфтанаш бо омингуи малоикаҳо мувофиқ биёяд: аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) фармуд: "Ҳангоме ки имом омин гуфт, шумо низ омин бигуед, ҳамоно омингуи касе бо омин гуфтани малоикаҳо мувофиқ биёяд, гуноҳони гузаштаи у бахшида хоҳанд шуд" (Бухори ва Муслим)

    6) Ҳарки бигуяд: "Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ" ва ин гуфтааш бо чунин гуфтани малоика мувофиқ биёяд: Паёмбар (с) фармуд: "Ҳангоме ки имом "Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ" гуфт, шумо бигуед: "Аллоҳумма рабана ва лакал ҳамд" ҳамоно гуфтани касе бо гуфтани малоикаҳо ин калимаро, мувофиқ биёяд, гуноҳони гузаштаи у бахшида хоҳанд шуд" (Бухори ва Муслим)

    7) Хондани ду ракаъат намозе ки дар он хато ё саҳве руй надиҳад: чуноне ки Паёмбар (с) мефармояд: "Ҳар ки таҳорат кунад, ва онро бо камолият анҷом бидиҳад, сипас ду ракаъат намозе бихонад ки дар он хато ё саҳве набошад, гуноҳони гузаштаи у бахшида хоҳанд шуд"( Аҳмад)

    8) Молидани ҳаҷарул асвад ва рукни ямони: Аз ибни Умар (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) фармуд: "Молидани ҳаҷарул асвад ва рукни ямони гуноҳонро чуноне аз байн бубаранд ки (чизе аз он боқи намонад)!" ( Аҳмад)

    9) Ҷамъ шудан ба хотири зикри Худованд: Аз Саҳл ибни Ҳанзала (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) фармуд: "Ҳеҷ қавме ба хотири зикри Худованд ҷамъ намешаванд магар ин ки ҳангоми мунсариф шуданашон ба онҳо гуфта мешавад бархезед шумо бахшида шудед" ( Аҳмад)

    Инчунин аз Анас (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) гуфт: "Ҳеҷ қавме наменишинанд ба хотири зикри Худованд, магар инки нидо кунандае аз осмон нидо мекунад,бархезед шумо мағфират шудед" ( Аҳмад)

    ( Мақсад аз зикр дар ин аҳодис ҳалқаҳои тадрис ва илмомӯзи мебошад)

    10) Бемории инсон: Аз Абу Умома (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) фармуд: "Ҳангоме ки банда бемор мешавад, Худованд ба малоикаҳо ваҳий мекунад: Ман бандаамро бо ресмоне аз ресмонҳоям бастам, агар уро қабз кардам уро хоҳам бахшид, ва агар уро шифо бахшидам, пас чуноне аз ҷояш бармехезад, ки дар у гуноҳе боқи намондааст" ( Ҳоким)

    * * * * *

    Сабабҳои дур сохтани ҷазоҳо

    Бародару хоҳари азиз! Ҳарвақто ки инсон муртакиби гуноҳе мешавад, ҷазои он гуноҳ бо даҳ сабаб дур карда мешавад:

    Аввал: Тавбаи насуҳ кунад, то ки Худованд тавбаи уро бипазирад, ҳамоно ҳарки тавбаи насуҳ кунад, мисли онаст ки гуноҳе накардааст.

    Дувум: Аз Худованд талаби мағфират кунад, ва Худованд уро мағфират хоҳад кард.

    Сеюм: Амалҳои солеҳ бикунад то ки ин амалҳо гуноҳонашро аз байн бубаранд, чуноне ки Худованд мефармояд:

    ﴿إِنَّ ٱلۡحَسَنَٰتِ يُذۡهِبۡنَ ٱلسَّيِّ‍َٔاتِۚ ذَٰلِكَ ذِكۡرَىٰ لِلذَّٰكِرِينَ ١١٤﴾ هود: 114

    «Некиҳо бадиҳоро аз миён мебаранд» Ҳуд 114

    Чаҳорум: Барои у бародаронаш дуъо кунанд ва барояш хоҳ зинда бошад, хоҳ мурда, шафоъат кунанд.

    Панҷум: Дустону бародаронаш амалҳои хайр кунанду савобашро барояш бубахшанд.

    Шашум: Паёмбар (с) барояш шафоъат намояд.

    Ҳафтум: Агар уро Худованд дар дунё дучори балоҳое созад, мисли мусибате дар нафсаш ё дар пулу мол ва ё фарзандону хешу табораш биёрад.

    Ҳаштум: Агар Худованд уро дар барзах ба фитна мубтало созад, мисли ин ки қабраш уро пахш кунад, бо ин сабаб аз ҷазо раҳо меёбад.

    Нуҳум: Худованд уро дар арасоти қиёмат дучори балоҳое созад, ки бо сабабаш аз ҷазо раҳо ёбад.

    Даҳум: Агар уро раҳмкунадаи меҳрубон (Худованд) раҳм кунад.

    Ҳар ки агар ин даҳ сабаб, сабаби раҳоияш аз ҷазо нагардад, пас ба ҷуз нафси хеш касеро маломат накунад, чуноне ки Худованд дар ҳадиси қудси мефармояд: «Ҳамоно инҳо ҳамон амалҳои шумо ҳастанд ки бароятон ҷамъовари кардам, ва онҳоро бароятон пешкаш месозам, пас ҳар ки ончиро бубинад ки хушаш биёяд, Худовандро ҳамду ситоиш бигуяд, ва агар ғайри онро бубинад пас ба ҷуз худаш касеро маломат накунад» ( Муслим)

    * * * * *

    Сабабҳои наҷот аз оташи дузах

    Ҳамчуноне ки Худованд сабабҳоеро барои мағфирату бахшиш ва ризогии худ муҳаё сохт, ҳамин гуна амалҳоеро сабаби наҷоти соҳибаш аз оташи дузах гардонидааст, чуноне ки мефармояд:

    ﴿فَمَن زُحۡزِحَ عَنِ ٱلنَّارِ وَأُدۡخِلَ ٱلۡجَنَّةَ فَقَدۡ فَازَۗ ١٨٥﴾ آل عمران: ١٨٥

    «Ва ҳар касро аз оташ дур созанд (наҷот ёбад) ва ба бихишт дароваранд, ба пирӯзӣ расидааст» Оли Имрон 185,

    Намунае аз амалҳое ки сабаби наҷоти соҳибаш аз оташи дузах мегардад:

    1) Ҳарки се фарзандаш вафот кунад ва дар ин мусибат сабр намояд: чуноне ки аз Восила (р) ривоят шудааст Паёмбар (с) фармуд: "Ҳар ки се фарзандаш дафн шавад, Худованд оташро барояш ҳаром мегардонад" (Табарони)

    2) Ҳарки се духтар ё се хоҳарашро бузургу тарбият намояд, ва ба онҳо некиву эҳсон намояд: Аз Оиша (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) фармуд: "Касе нест аз уммати ман ки се духтар ё се хоҳарашро бузургу тарбият намояд ва ба онҳо эҳсону неки намояд, магар ин ки барояш ситре аз оташи дузах мегарданд". ( Байҳақи)

    3) Дифоъ аз ъирзу номуси муъмине дар ҳоли ғоиб буданаш: Аз Асмо духтари Язид (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) гуфт: "Ҳарки аз ъирзу номуси бародараш дар ҳангоми ғоиб буданаш пуштибони намояд, ҳақ дорад ки Худованд уро аз оташи дузах наҷот бахшад" ( Аҳмад)

    4) Ҳарки чиҳил руз такбири аввалро дар ҷамоъат дарёфт намояд: Аз Анас (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) фармуд: "Ҳарки чиҳил руз дар намози ҷамоъат ҳозир шавад, ва такбири аввалро дарёфт намояд, ду халоси ва озоди дар ҳақаш навишта мешавад: халоси аз оташ, ва халоси аз нифоқ" ( Тирмизи)

    5) Ахлоқи неку: Аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) фармуд: "Ҳарки (муомилаи) орому мулоим дошта бошад Худованд уро бар оташи дузах ҳаром мегардонад" ( Ҳоким)

    6) Доимо адо намудани намози бомдод ва намози аср: Аз Умора ибни Рувайба (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) фармуд: "Оташ намерасад ба касе ки пеш аз баромадани офтоб ва пеш аз ғурубаш намоз бихонад" яъне намози бомдоду намози асрро.(Муслим)

    7) Ғубори ҷиҳод: Аз Оиша (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) фармуд: "Ҳар муъмине ки дилаш дар роҳи Худо олудаи ғубор мегардад, магар ин ки Худованд оташро барояш ҳаром мегардонад" ( Аҳмад)

    * * * * *

    Амалҳое ки ҷаннатро барои соҳибаш воҷиб мегардонад

    Худованд мефармояд:

    ﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ كَانَتۡ لَهُمۡ جَنَّٰتُ ٱلۡفِرۡدَوۡسِ نُزُلًا ١٠٧﴾ الكهف: 107

    «Касоне, ки имон оварданд ва корҳое шоиста карданд, меҳмонсарояшон боғҳои фирдавс аст» Каҳф 107

    Намунае аз он амалҳо:

    1) Гуфтани ду калимаи шаҳодат, ва амал кардан ба маъноҳояшон: Аз Убода ибни Сомит (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) фармуд: "Ҳар як бандае бигуяд: Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ, ваҳдаҳу ла шарика лаҳу, ва анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳу, ва анна Ъиса ъабдуллоҳи ва расулуҳу, ва калиматуҳу алқоҳа ила Марям, ва руҳун минҳу, вал ҷаннату ҳақун, ва нору ҳақун" яъне "Шаҳодат медиҳам ки ба ҷуз як Худо дигар худое вуҷуд надорад, У ягона аст, ва барои У шарике нест, ва шаҳодат медиҳам ки Муҳаммад банда ва расули Уст, ва шаҳодат медиҳам ки Исо бандаи Худо ва расули Уст, ва калимаи Уст ки онро ба суи Марям равона сохт , ва руҳест аз ҷониби Худованд, ва шаҳодат медиҳам ки ҷаннат ҳақ аст, ва дузах ҳақ аст" касе нест ки инро бигуяд, магар ин ки Худованд уро дохили ҷаннат месозад, агарчи дар ҳар амале ҳам бошад. ( Бухори ва Муслим)

    2) Аз худ намудани номҳои Худованд: Аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) фармуд: "Худованд наваду нуҳ ном дорад, ҳар ки онҳоро аз худ кунад дохили ҷаннат хоҳад шуд".(Бухори ва Муслим)

    Маънои ин ҳадис чунин аст ки ҳарки ба ин наваду нуҳ номи Худованд имон биёрад ва онҳоро ҳифз намояд ва ба муқтазои онҳо амал намояд, дохили ҷаннат мегардад.

    3) Хондани оятул курси пушти ҳар намоз: Аз Абу Умома (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) фармуд: "Ҳар ки оятул курсиро пушти ҳар як намози фарзи бихонад, пеши роҳи уро аз дохил шудан ба ҷаннат чизе намгирад магар мурдан" (Насои ва тасҳеҳи ибни Ҳачар)

    4) Хондани сураи Таборак: Аз Анас (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) фармуд: "Сураест дар Қуръон, аз си оят иборат аст, аз соҳибаш чунон пуштибони кард ки тавонист уро дохили ҷаннат созад, ва он сура Таборак мебошад" ( Табарони)

    5) Садақа: Аз Ҳузайфа (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) фармуд: "Ҳарки садақае бидиҳад, ва ба он садақа хотири Худоро хоста бошад ва баъд аз он умраш ба охир бирасад дохили ҷаннат хоҳад шуд". (Аҳмад)

    6) Кафолати ятим: Аз Саҳл ибни Саъд (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) фармуд: "Ман ва кафили ятим дар ҷаннат мисли ин ҳасем, ва ангушти авали ва мобайнияшро якҷо карду ишора кард, ва сипас онҳоро аз ҳам каме ҷудо кард". (Бухори)

    7) Тарки талбидани чизе аз мардум: Аз Савбон (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) фармуд: "Ҳарки ба ман кафолат бидиҳад ки аз мардум чизе наметалбад, ман ба у ҷаннатро кафолат медиҳам" Савбон гуфт: ман кафолат медиҳам, ва у аз касе чизе намепурсид. (Абудовуд)

    8) Нигоҳ доштани забон ва руй гардонидан аз ҳаромҳо: Аз Саҳл ибни Саъд (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) фармуд: "Ҳарки байни муйлабу ришашро (яъне даҳонашро) ва байни ду пояшро бароям замонат бидиҳад (то ки дучори гуноҳе нашаванд) ман барояш ҷаннатро замонат медиҳам" (Бухори)

    9) Фармонбардории зан шавҳарашро: Аз Анас (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) фармуд: "Аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) фармуд:"Агар зан панҷ вақт намозашро адо намояд, ва моҳи рамазонашро руза бидорад, ва шармгоҳашро аз ҳаромиҳо нигоҳ бидорад, ва фармонбардори шавҳарашро намояд, дохил мешавад дар ҷаннат аз ҳар дари ҷаннат ки бихоҳад" ( ибни Ҳаббон)

    10) Зане ки бо сабаби нифос вафот кунад: Аз Рошид ибни Ҳубайш (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) фармуд: "Мурдан дар роҳи Худо шаҳодат аст, бо сабаби бемориҳои вабо мурдан шаҳодат аст, бо сабаби ғарқ шудану мурдан шаҳодат аст, бо сабаби бемории шикам мурдан шаҳодат аст, бо сабаби нифос мурдан шаҳодат аст, ва занҳое ки дар нифос вафот мекунанд, тифлонашон онҳоро бо тахти хобашон ба суй чаннат мекашонанд" (Аҳмад)

    11) Безори аз такабури кинаварзи ва қарз: Аз Савбон (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) фармуд: "Ҳарки бимирад дар ҳоле ки аз такабуриву кинаварзи ва аз қарз безор бошад, дохили ҷаннат хоҳад шуд"(Тирмизи)

    13) Раҳми ҳайвон: Аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) фармуд: "Марде сагеро дид ки аз ташнаги хоки намнокро хурда истодааст, сипас он мард бо пояфзолаш он сагро то сероб шуданаш об дод, ва Худованд, он мардро ба хотири ин кораш ташакур гуфт, ва дохили ҷаннаташ гардронд" (Бухори)

    14) Дур кардани ҳарчизи зарароваре аз роҳ: Аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) фармуд: "Ҳамоно мардеро дидам дар ҷаннат сайру гашт мекард,ва онҳам ба хотири буридани дарахте ки дар роҳ буд, ва мардумро (ҳангоми омаду рафташон) озор медод" (Муслим)

    15) Гузашт намудан аз касе ки қудрати пардохтро надорад: Аз Ҳузайфа (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) фармуд:"Марде вафот карду дохили ҷаннат гашт, аз у пурсиданд: ту дар дунё чикор мекарди? гуфт: ман бо мардум хариду фуруш мекардам, ва нотавононро муҳлат медодам, ва аз тангае ё нақде гузашт мекардам. Сипас Худованд уро мағфират кард" (Муслим)

    16) Ҳар ки аз Худованд се бор ҷаннатро талаб кунад ва аз дузах се бор талаби дури кунад: Аз Анас (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) фармуд:"Ҳарки аз Худованд се маротиба талаби ҷаннат кунад, ҷаннат мегуяд: Илоҳо уро дохили ҷаннат гардон, ва агар аз оташи дузах се бор паноҳ биҷуяд, оташи дузах мегуяд: Илоҳо уро аз оташи дузах паноҳ бидеҳ" (Тирмизи)

    * * * * *

    Сабабҳои дигар барои наҷот ёфтан

    1) Таҳорат кардан ва ду ракаъат намоз гузоштан баъд аз он таҳорат: Аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) ба Билол (р) гуфт: "Эй Билол! Ба ман бигу, кадом амали умедворкунандае дар ислом анҷом додаи? ман садои пойафзолҳои туро дар ҷаннат шунидам, Билол гуфт: Ман амали умедворкунандае анҷом надода будам ба ҷуз аз ин ки вақте набуд ки ман таҳорат карда бошам, хоҳ дар шаб бошад, ва ё хоҳ дар руз, магар ин ки бо ин таҳоратам ҳарқадаре ки дар тақдирам буд намоз мехондам" (Бухори ва Муслим)

    2) Рузадории рузи арафа ва ошуро: Аз Абуқатода (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) фаруд: "Рузадории рузи арафа дусола гуноҳони гузашта ва ду соли ояндаро маҳв месозад, ва рузадории ошуро як сола гуноҳи гузаштаро маҳв месозад" (Муслим)

    Аз Худованди бузург таманои онро дорам ки гуноҳони моро бубахшад, ва аз хатоҳои мо даргузарад, ва салавоту салом бар Паёмбару аҳли байту асҳобаш.

    Бо умеди дуъои шумо.