Масъалаҳои рамазони

Гузориши мухтасар:

Мавзуъҳои ин мақола иборатанд аз:
Маънои руза.
Вақти руза.
Моҳи рамазон бар ки фарз аст?
Шартҳои фарзи руза чаҳорто мебошанд.
Шартҳои қабули руза.
Суннатҳои руза шашто мебошанд.
Амалҳое ки рузаро ботил месозад.
Рузаҳои мустаҳаб.
Рузҳое ки руза доштанашон ҳаром аст.
Хусусиятҳои моҳи рамазон.
Насиҳатҳо.
Закоти фитр.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Масалаҳои рамазонӣ

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Шайх Абдуллоҳ ибни Ҷоруллоҳ ал-Ҷоруллоҳ

    Тарҷумаи Ҳомидов Мисбоҳиддин

    ﴿خلاصة الكلام في أحكام الصيام﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    الشيخ عبد الله بن جار الله الجار الله

    ترجمة: مصباح الدين حميدوف

    Масалаҳои рамазонӣ

    Бародару хоҳари мусулмонам! Пеш аз ҳама шуморо ба қудуми моҳи мубораки рамазон табрику муборакбод гуфта аз Худованд таманои онро дорам ки ҳамаи тоъатҳову ибодатҳои шуморо дар номаи аъмолатон сабт намуда ва аз фирдавси аъло бенасибатон нагардонад.

    Ба муносибати қудуми ин моҳи шариф мехоҳам барои шумо аҳкому шартҳо ва воҷиботу суннатҳо ва мустаҳаботи рӯзаро бо шакли мухтасар пешкаш намоям, то ки ба ёд доштану фаҳмидани онҳо бароятон осон гардад, ҳамаи ин аҳком аз суханони Худованд ва Паёмбар (с) ва уламои муҷтаҳидин гирифта шудааст, ва ба хотири тулони нагардидани мавзӯъ далилҳояшонро дар инҷо зикр накардем.

    Аз Худованд таманои онро дорам, ки нависанда ва хонандаву шунавандаи ин навиштаҳоро шомили раҳмати худ гардонад.

    Маънои рӯза: Нахурдан ва наошомидан ва ҳамхоба нашудан бо зан, ба хотири наздики бо Худованд.

    Вақти рӯза: Аз даромадани вақти намози бомдод (дамидани рушнои фаҷр) то ғуруби офтоб.

    Ҳукми рӯзаи моҳи рамазон: рӯза доштани моҳи рамазон фарз аст, ва у чаҳорум рукни ислом мебошад.

    Моҳи рамазон бар ки фарз аст?: Моҳи рамазон бар ҳар мусалмони болиғу оқил ва бар ҳарки қудрати гирифтани онро дошта бошад фарз аст.

    Шартҳои фарзи рӯза чаҳорто мебошанд:

    1) Ислом: Барои ғайри мусулмон рӯза доштан фарз нест то ин ки мусулмон шавад.

    2) Ақл: Барои девона рӯза доштан фарз нест то ин ки ақлаш баргардад.

    3) Балоғат: Барои ноболиғ рӯза доштан фарз нест то ин ки ба сини балоғат бирасад, локин ба хотири ин ки одат намояд ба рӯзадори амр карда мешавад.

    4) Қудрат: Ҳарки қудрати рӯзадориро надошта бошад, мисли беморие ки умеди шифо ёфтанро надошта бошад, ё ин ки бо сабаби пиронсоли натавонад рӯза бидорад, барои ин гуна одамҳо рӯза доштан фарз нест, локин бояд ба ҷои ҳар як рӯзи рӯза як мискинро таъом бидиҳанд.

    Шартҳои қабули рӯза

    1) Ислом: Рӯзадории ғайри мусулмон қабул нест, то ин ки мусулмон шавад.

    2) Ақл: Рӯзадории девона қабул нест, то ин ки ақлаш баргардад.

    3) Шиносои: Рӯзадории кудак қабул нест то ин ки ақлаш пурра гардад ва фарқ кунад.

    4) Пок гардидан аз хуни ҳайз: Рӯзадории зане ки дар ҳолати ҳайз аст қабул нест, то ин ки хуни ҳайзаш боз истад.

    5) Пок гардидан аз хуни нифос: Рӯзадории зане ки дар ҳолати нифос аст қабул нест, то ин ки хуни нифосаш пок гардад.

    6) Ният: Рӯзадор бояд дар моҳи рамазон ҳар шаб нияти рӯзаи фардояшро бикунад агарчи бо дил ҳам бошад.

    Суннатҳои рӯза шашто мебошанд

    1) Ба таъхир гузоштани саҳархури то охири шаб, то наздикии азони бомдод.

    2) Ифтор намудан дар авали вақт, ҳангоми офтобнишини.

    3) Зиёд намудани амалҳои хайр, мисли намозҳои панҷгонаро дар вақташ бо ҷамоъат хондан, ва адо намудани закот бар мустаҳиқонаш, зиёд хондани намозҳои нофила, ва садақаву хондани қуръон, ва дуъову истиғфор намудан.

    4) Ҳангоми бо мушкилот рубару шудан бо шахсе ба ҷои он ки дашном бидиҳад, бигуяд ки ман рӯзадорам то ки савоби бузургеро соҳиб гардад.

    5) Рӯзадор ҳангоми ифтор ҳар дуъоеро ки бихоҳад бикунад, мисли ин дуъо: "Аллоҳума лака сумту, ва ъала ризқика афтарту, фатақабал минни иннака анта самиъул ъалим" яъне: "Боро илоҳо! Барои ту рӯза доштам, ва аз ризқи ту ифтор намудам, пас ин рӯзаи манро бипазир, ҳамоно ту шунаво ва доно ҳасти".

    6) Агар шароит дошта бошад бо хурмои навпухта (рутаб) ифторашро шуруъ намояд, ва агар пайдо нашуд бо хурмои пухта, ва агар пайдо нашуд бо об.

    Чанд маcъалае дар бораи касоне ки рӯза дошта наметавонанд

    Беморе ки рӯза дори барояш зарар меорад, ё мусофире ки сафари қаср дорад (муддате сафар мекунад, ки барояш намозро қаср хондан ҷоиз аст), рӯза надоштанашон беҳтар аст, ва агар рӯза доштан қабул аст, ва агар рӯза надоштанд ҳангоми шифо ёфтан аз бемори, ё баргаштан аз сафар, бояд рӯзҳои гузаштаашонро қазо бидоранд.

    Занҳое ки ҳайзу нифос мебинанд рӯза намедоранд, ва агар рӯза бидоранд қабул нест, ва баъди покшуданашон ба ҷои рӯзҳои гузашта рӯза хоҳанд дошт.

    Ҳомиладор ё зане ки тифлашро шир медиҳад, агар хавф дошта бошанд, ки рӯзадори барои тифлашон зараре мерасонад рӯзаҳояшонро мехуранд ва баъди рафъи мушкилот қазояшро медоранд, ва ба ҷои ҳар рӯзе ки рӯза надошта буданд, мискинеро таом медиҳанд, ва агар рӯза бидоранд қабул аст, ва агар гумон дошта бошанд ки бо сабаби рӯзадори бар худашон зараре мерасад рӯза намедоранд, ва сипас рӯзҳои рӯза надоштаашонро қазо медоранд.

    Оҷизе ки бо сабаби пиронсоли ё беморие ки умеди шифо ёфтанро надорад, рӯзаашро мехурад ва ба ҷои ҳар як рӯз як мискинеро ба миқдори ним соъ (якуним кило тақрибан) таъом медиҳад.

    Амалҳое ки рӯзаро ботил месозад

    1) Ҷимоъ (ҳамхоба шудан бо ҳамсар дар рӯзи рамазон) дар моҳи рамазон ҳангоми рӯзадори ҳаром аст, ва ҳарки ин амалро анҷом бидиҳад барояш ҳам қазо ва ҳам каффора воҷиб мегардад, ва кафора озод намудани ғулом аст ва агар тавонои онро надошт ду моҳ рӯзаи пайдарпай доштан аст ва агар тавонои онро надошт таъом додани шаст мискин аст.

    2) Задани сӯзандоруи қуватбахш, ва ё инки хун додани беморе ки бо сабаби ҷароҳат хунашро аз даст додааст, рӯзаро ботил мегардонад, ва аммо сӯзандоруе ки қувват намебахшад, дар ин масъала олимон ихтилоф кардаанд баъзеҳо мегӯянд ки рӯзаро мешиканад ва баъзеҳо мегӯянд ки рӯзаро намешиканад, локин беҳтараш он аст ки агар зарурат набошад сӯзандору назанад то ин ки вақти ифтор шавад.

    3) Хориҷ намудани манӣ дар бедори бо даст ё истимтоъ бо зане бо ихтиёри худ, рӯзаро ботил месозад аммо хориҷ шудани манӣ дар хоб рӯзаро ботил намесозад.

    4) Хориҷ шудани хуни ҳайз ва нифос, ҳар вақтоки зан хуни ҳайз ё нифосашро дид рӯзааш ботил мегардад.

    4) Шуридани дил ва ихроҷи таому шароб аз тариқи даҳон бо ихтиёр худ ё қасдан, ва агар бе ихтиёр хориҷ гардад ишколе надорад.

    5) Муртад шудан аз дини ислом низ рӯзаро ботил месозад.

    Рӯзаҳои мустаҳаб

    1) Рӯзаи шаш рӯзи моҳи шавол баъд аз рамазон, савоби онро дорад ки гуё як cол рӯза гирифтааст.

    2) Рӯзаи рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе, дар ин ду рӯз амалҳо дар назди Худованд пешкаш карда мешаванд.

    3) Рӯзадории се рӯзи ҳар моҳ, савоби як сола рӯзадориро мегирад, чунки барои ҳар як кори нек даҳ савоб навишта хоҳад шуд, ва беҳтар он аст ки рӯзҳо сездаҳум ва чаҳордаҳум ва понздаҳуми моҳро рӯза бигиранд.

    4) Рӯза доштани нуҳ рӯзи моҳи зулҳиҷҷа.

    5) Рӯза доштани нуҳум ва даҳуми моҳи муҳарам.

    Рӯзҳое ки рӯза доштанашон ҳаром аст

    1) Рӯза доштани рӯзи шак, ва он рӯзи сиюми моҳи шаъбон мебошад.

    2) Рӯза доштани рӯзҳои иди қурбон ва иди рамазон.

    3) Рӯза доштани рӯзҳои ташриқ ба ҷуз аз ҳоҷиёне ки ҳаҷи таматуъ ва қорин мекунанд ва қудрати қурбониро надошта бошанд, ва он рӯзҳои ёздаҳум ва дувоздаҳум ва сездаҳуми моҳи зулҳиҷа мебошад.

    4) Рӯзи ҷумъаро махсус гардонидан барои рӯзадори.

    5) Рӯза доштани зан рӯзаи нафли бе иҷозати шавҳараш.

    Хусусиятҳои моҳи рамазон

    1) Рӯза доштани моҳи рамазон чаҳорумин рукни ислом аст

    2) Дар моҳи рамазон намози таровеҳ ва дар даҳҳаи охираш шабзиндадори мебошад

    3) Дар ин моҳ Қуръон нозил шудааст

    4) Дар моҳи рамазон ҷанги Бадр руй дода буд, ки Худованд дар он ҷанг ҳақро аз ботил ҷудо сохт, ва мусулмононро нусрат бахшиду кофирону мушриконро сарнагун сохт

    5) Фатҳи макка дар моҳи рамазон руй дода буд, ки баъд аз он мардум гуруҳ гуруҳ дохили ислом шуданд

    6) Дар ҳадисе омадааст ки намози нофила дар моҳи рамазон савоби намози фарзиро дорад

    7) Бӯӣ оби даҳони рӯзадор дар назди Худованд аз бӯӣ миск ҳам хушбӯйтар аст.

    8) Малоикаҳо барои рӯзадорон талаби мағфират менамоянд, то ин ки ифтор намоянд.

    9) Худованд дар моҳи рамазон ҳар рӯз ҷаннатро зинат медиҳад, ва уро хитоб мекунад: "Наздик аст ки бандагони солеҳи ман машақатҳо ва мушкилотҳояшонро паси сар мекунанду сипас ба суи ту меоянд"

    10) Дар моҳи Рамазон дарҳои ҷаннат боз мегарданд ва дарҳои дузах баста хоҳанд шуд.

    11) Дар ин моҳ шаби қадр аст, ки аз ҳазор шаб беҳтар аст, пас ҳарки аз ибодати ин шаб маҳрум гардад гуё аз тамоми чиз маҳрум гаштааст.

    12) Дар охирин шаби моҳи шарифи Рамазон гуноҳони рӯзадорон бахшида хоҳад шуд .

    Насиҳатҳо

    1) Рамазонро бо имону ихлос рӯза бигир то ки Худованд тамоми гуноҳони гузаштаатро бибахшад.

    2) Нашавад ки рӯзе аз рӯзҳои рамазонро бе узри шаръи рӯза надори ки ин кор аз гуноҳони кабира мебошад.

    3) Кушиш кун ки намози таровеҳ ва шабзиндадории даҳаи охири моҳи рамазонро тарк накуни то ки Худованд гуноҳони гузаштаатро бибахшад.

    4) Кушиш кун ки либосу таъому нушокият аз ҳалол бошад, то ки амалҳо ва дуъоят қабул гардад.

    5) Агар шароит дошта боши як чанд рӯзадорро ифтор бидеҳ, то ки баробари савоби онҳо соҳиби аҷру савоб гарди.

    6) Дар моҳи рамазон бисёр садақа кун ки беҳтарин садақа садақаи моҳи рамазон аст.

    7) Кушиш кун дар рамазон умра намои чунки умра дар рамазон савоби ҳаҷро дорад.

    8) Кушиш кун ки суҳуратро то наздикиҳои азон бихури.

    9) Кушиш кун ки баъди ғуруби офтоб дарҳол ифтор намои то ки муҳаббати Худовандро соҳиб гарди.

    10) Забонатро аз дуруғу туҳмат ва ғайбату дашном ва суханчиниву фаҳшо нигоҳ бидори, чунки ин амалҳо рӯзаи инсонро ноқис мегардонанд.

    Закоти фитр

    Барои ҳар як мусулмон воҷиб аст ки ба ҷои худ ва баҷои аҳлу оилае ки масъули онҳост закоти фитр бидиҳад.

    Миқдори закоти фитр як соъи набавӣ аз қути (хуроквории асоси) ватан мебошад.

    Миқдори соъи набави чаҳор муд мебошад ки баробар ба дувуним кило аст.

    Аз ҳама закоти фитри хубтар ҳамон чизе аст ки фақирон ба он эҳтиёҷ дошта бошанд.

    Вақти баровардани закот рӯзи ид ва пеш аз намози ид ё ин ки як ё ду рӯз пеш аз рӯзи ид мебошад.

    Ҷоиз аст ки чанд нафар закоти фитрашонро ба як нафар бидиҳанд ва як нафар ҳам метавонад ки закоташро ба чанд нафар бидиҳад.

    Мустаҳиқони закот фақирон сипас мискинҳо ва сипас қарздорон мебошанд.

    Ҳикмати закоти фитр он аст ки инсонро аз ҳар кутоҳие ки дар моҳи рамазон карда буд пок месозад, ва фақирону мискинонро шодмон месозад, то ки рӯзи ид ҳама якҷоя хурсанди кунанду аз пушти ризқу рӯзи саргардон нашаванд, ва ин чунин шукргузориест Худовандро ба хотири он ки барои бандаи закотдеҳ муясар гардонд ки рамазонро то охир рӯза дошт.

    Аз Худованд умеди онро дорам ки рӯзадори ва тамоми ибодатҳоямонро қабул намояд. Омин!!!

    Назари ту бароямон муҳим аст