Охирин мусофири Биҳишт

Гузориши мухтасар:

Он гоҳ ки пурсида шавад!
Аввал касе, ки дарвозаҳои Биҳишт бар вай кушода хоҳад шуд ва вориди Биҳишт мешавад чи касе аст?
Бегумон било даранг ҳама посух хоҳад дод:
Сарвари аввалин ва охирин ва саиди анбиё ва мурсалин Муҳаммади Мустафо (с).
Аммо суоле, ки пеш меояд ин аст, ки охирин мусофири Биҳишт кист?

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Охирин мусофири Биҳишт

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Одил Ҳайдари

    Таҳия: Манзураи Музаффар

    2012 - 1433

    ﴿ آخر من يدخل الجنة ﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    عادل حيدري

    إعداد وترجمة: منظوره مظفر

    2012 - 1433

    Охирин мусофири Биҳишт

    Он гоҳ ки пурсида шавад!

    Аввал касе, ки дарвозаҳои Биҳишт бар вай кушода хоҳад шуд ва вориди Биҳишт мешавад чи касе аст?

    Бегумон било даранг ҳама посух хоҳад дод:

    Сарвари аввалин ва охирин ва сайиди анбиё ва мурсалин Муҳаммади Мустафо (с).

    Аммо суоле, ки пеш меояд ин аст, ки охирин мусофири Биҳишт кист? Охирин касе, ки бар наъими муқим қадам мениҳад чи касе аст? Касе, ки пас аз вай дарҳои Биҳишт баста мешаванд ва пас аз он касе ворид бар Биҳишт намешавад. Оре охирин мусофири Биҳишт чи касе мебошад?

    Расули Худо (с) достони ин мардро бар ёрони худ баён медорад ҳамчуноне, ки ин ҳадис мутафақ алайҳ буда ва аҳодиси саҳеҳи дигаре низ перомуни ин мард вуҷуд дорад.

    Достони охирин мусофири Биҳишт баргирифта аз аҳодиси Набавӣ.

    Охирин мусофири Биҳишт мардеаст, ки солиёни дарозро дар ҷаҳаннам таҳти азоб гузаронда то ин ки ба сӯи Худо дасти зорӣ баланд мекунад ва мегӯяд: Бор Илоҳо маро аз ин оташ наҷот деҳ чаро, ки буяш маро орзурда ва шуълаҳояш маро сӯзондааст, Худояш гӯяд: Туро раҳо созам, аммо машрут бар ин ки дигар бор чизе аз ман нахоҳӣ, мегӯяд: Парвардигоро, ба иззати ту савганд, ки пас аз он чиз дигаре аз ту нахоҳам.

    Он гоҳ, ки аз ҷаҳаннам наҷот меёбад ва аз пули сирот мегузарад аз хушҳоли мегӯяд: Баланд мартаба аст Худованде, ки маро наҷот дод бегумон имрӯз бар неъмате даст ёфтаам, ки ҳеҷ кадом аз пешиниён бадон даст наёфта ва ҳеҷ яке аз ояндагон бадон нахоҳанд расид (ғофил аз ин аст, ки вай охирин мусофири Биҳишт мебошад, аммо чаро ин суханро нагӯяд?! Магар на ин аст, ки: (Касе, ки аз оташ дур дошта шуд ва бар Биҳишт ворид омад пас яқинан ба пирӯзӣ расидааст).

    Дар ин миёни ногаҳон дарахте сабз ва зебо дар муқобилаш меравад ва аз зери он чашмае ҷорӣ мешавад ва чун ин саҳнаро мебинад мегӯяд: Бор Илоҳо маро ба ин дарахт наздик бинамо то даме дар сояаш биосоям ва аз обаш ҷӯръае бар гирам, Худояш гӯяд: Эй фарзанди одам чи қадар суст паймон ҳастӣ магар аҳд набаста будӣ, ки дигар чизе аз ман нахоҳӣ?

    Аммо Худо ӯро маъзур медонад, ки ӯро сабр дар муқобил неъматҳо нест, он мард гӯяд: Савганд ба иззати ту, ки бори дигар чизе нахоҳам, ва Худованд хостаи вайро мепазирад.

    Вақте, ки аз он дарахт мегузарад ногаҳон дарахте сабзтар ва зеботар аз дарахти аввал дар муқобилаш меравад ва чунин саҳнаро мебинад мегӯяд: Бор Илоҳо маро ба ин дарахт наздик бинамо то даме дар сояаш биёсоям ва аз обаш ҷӯръае бар гирам.

    Худояш гӯяд: Эй фарзанди одам чи қадар сустпаймон ҳастӣ магар аҳд набаста будӣ дигар чизе аз ман нахоҳӣ? Аммо Худо ӯро маъзур медорад чун медонад, ки ӯро сабр дар муқобили неъматҳо нест. Он мард гӯяд: Савганд ба иззати ту, ки бори дигар чизе нахоҳам ва Худованд хостаӣ вайро мепазирад.

    Вақте, ки аз он дарахт мегузарад ногаҳон дарахте сабзтар ва зеботар аз ду дарахти аввал дар муқобилаш мерӯяд ва чун ин саҳнаро мебинад мегӯяд: Бор Илоҳо маро ба ин дарахт наздик бинамо то даме дар сояаш биёсоям ва аз обаш ҷуръае бар гирам! Худояш гӯяд: Эй фарзанди одам чи қадар сустпаймон ҳастӣ магар аҳд набаста будӣ дигар чизе аз ман нахоҳӣ? Аммо Худо ӯро маъзӯр медорад чун медонад, ки ӯро сабр дар муқобили неъмат нест, он мард гӯяд: Савганд ба иззати ту, ки бори дигар чизе нахоҳам ва Худованд хостаи вайро мепазирад.

    Вақте, ки аз он дарахт мегузарад ногаҳон садоӣ хушиҳои аҳли Биҳиштро мешунавад пас мегӯяд: Худоё маро ба Биҳишт дохил намо! Худояш гӯяд: Эй фарзанди одам чи қадар суст паймон ҳастӣ магар аҳд набаста будӣ дигар чизе аз ман нахоҳӣ? Аммо Худо ӯро маъзӯр медорад чун медонад, ки ӯро сабр дар муқобили неъматҳо нест ва ба ӯ мегӯяд вориди Биҳишт шав, ва чун вориди Биҳишт мешавад тасаввур мекунад, ки биҳишт пур шудааст ва ҳама қасрҳо ва неъматҳо соҳиби шудааст, ва чизе барои ӯ боқӣ нагузоштаанд, дарҳол бар мегардад ва мегӯяд: Бор Илоҳо Биҳиштро пур ёфтам, Худояш гӯяд: Вориди Биҳишт шав ва чун барои бори дуввум вориди Биҳишт мешавад бори дигар тасаввур мекунад Биҳишт пур шуда ва ҳамаи қасрҳо ва неъматҳоро соҳиби намудаанд ва чизе барои ӯ боқӣ нагузоштаанд, дарҳол бар мегардад ва мегӯяд: Бор Илоҳо Биҳиштро пур ёфтам! Худояш гӯяд вориди Биҳишт шав, ва чун барои бори севвум вориди Биҳишт мешавад бори дигар тасаввур менамояд,ки Биҳишт пур шуда ва ҳамаи қасрҳо ва неъматҳоро соҳиби намудаанд ва чизе барои ӯ боқӣ нагузоштаанд, дарҳол бар мегардад ва мегӯяд: Бор Илоҳо Биҳиштро пурёфтам!

    Худояш гӯяд: Ончиро мехоҳӣ орзӯ кун ва чун орзу мекунад Худояш гӯяд: Барои ту дар Биҳиштаст ончиро, ки орзу намудӣ ва даҳ баробари дунё.

    Он мард аз шиддати хушҳолӣ мегӯяд: Бор Илоҳо оё маро ба боди масхара гирифтаӣ дар ҳоле, ки ту фармонраво ҳастӣ?!!!

    (Вале Худованд инҷо ӯро ба боди масхара нагирифтааст, балки дар ҳақиқат ин неъматро ба ӯ бахшидааст. Вале аз сабабе ки ақли он шахс инро тасаввур карда наметавонад аз Худованд савол мекунад, ки Оё ӯро ба боди масхара гирифтааст. Худованд мо ва ҳама бандагони муъминро аз неъматҳои биҳишт бархурдор гардонад, омин)

    Ва Расули Худо (с) пас аз нақли ин достон бар саҳобагон (разияллоҳу анҳум), хандиданд.

    _______________________________________

    Манобеъи истифодашуда:

    Саҳеҳ Бухори: Китоби тавҳид, ҳадиси 7437.Китоби Рақоиқ 6571.

    Саҳеҳ Муслим. Китоби Имон, ҳадисҳои 308,309,310.

    Дастабандии илми:

    Назари ту бароямон муҳим аст