ИСРОРИ САЪЮ КУШИШ ДАР ДАҲАИ ОХИРИ РАМАЗОН

Гузориши мухтасар:

Насиҳатҳои гуҳарборе барои рӯзадорон хусусан касоне ки дар бист рӯзи гузашта дар ибодат кутоҳи кардаанд, пас ин даҳ рӯзи боқимондаро аз даст надиҳанд, зеро дар ин даҳ рӯз ибодатҳое аст, ки дар дигар ҳолатҳо вуҷуд надорад мисли шаби қадр, эътикоф, садақа ва дигар фазилатҳо.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    ИСРОРИ САЪЮ КУШИШ ДАР ДАҲАИ ОХИРИ РАМАЗОН

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Солеҳ ал-Фавзон

    2012 - 1433

    ﴿ الحث على الاجتهاد في العشر الأواخر﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    صالح الفوزان

    2012 - 1433

    ИСРОРИ САЪЮ КУШИШ ДАР ДАҲАИ ОХИРИ РАМАЗОН

    Эй мардум! Аз Худованд битарсед ва дониста бошед, ки шабу рўз зуд мегузарад ва гузашти онҳо аз умри азизи шумо ба шумор меравад ва он аз хазинаи умри гаронбаҳои шумост.

    Пас бикўшед, то ҳар чи бештар дар хазинаи худ чизҳоеро ҷамъовари намоед, ки дар рўзи ҳисоб ба дарди шумо расад, дар он рўзе, ки ба накўкорон гуфта мешавад:

    ﭽكُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ هَنِيٓ‍َٔۢا بِمَآ أَسۡلَفۡتُمۡ فِي ٱلۡأَيَّامِ ٱلۡخَالِيَةِﭼ سُورَةُ الحَاقَّةِ ٢٤

    «Шумо гуворо бихўреду бинўшед, ба сабаби он чи дар рўзҳои гузашта анҷом додед» сураи Алҳоққат, 24.

    Шумо набояд корҳоеро анҷом диҳед, ки дар рўзи ҳисоб пушаймон шавед ва монанди ононе бошед, ки:

    ﭽيَقُولُ يَٰلَيۡتَنِي قَدَّمۡتُ لِحَيَاتِيﭼ سُورَةُ الفَجرِ ٢٤

    «Мегўяд: Эй кош ман барои имрўзам коре мекардам» сураи Фаҷр, 24.

    Эй бандагони Худо! Дониста бошед, ки шумо имрўзҳо дар беҳтарин рўзҳои моҳи Рамазон қарор доред. Бист рўзи ин моҳро гузарондед ва акнун дар даҳаи охир қарор доред. Ҳар ки дар бист рўзи аввал накўкор буд, бояд ин корашро бештар ва хубтар идома диҳад ва дар ин даҳа кўшишашро дучанд намояд, то хайрро болои хайраш изофа намояд ва аз фазилати ин рўзҳо, ки аз дигар рўзҳо фарқ доранд, истифода барад. Он касе, ки дар рўзҳои гузашта сусти ва беаҳамияти карда буд, бикўшад, то ин лаҳзаҳои охирро ба даст орад ва ба даргоҳи Худованд аз корҳои кардааш тавба намояд, шояд ки Худованд тавбаашро қабул намуда, гуноҳҳои гузаштаашро авф кунад, зеро ҳама кор баста ба фарҷоми он аст.

    Эй бандагони Худо! Агарчи ҳаёти мусалмон ҳамааш фурсат аст, вале ин моҳ аз дигар моҳҳо фарқ мекунад. Ин моҳ монанди дурри қиммат ва арзишманде аст. Ин моҳҳоро Худованди муттаъол чандин хусусиятҳо додааст ва дар он баъзе амалҳоро фарз гардонидааст, ки дар дигар моҳҳо дида намешавад.

    Худованд рўза гирифтанро дар рўзҳои ин моҳ фарз гардонидааст ва онро яке аз рукнҳои Ислом қарор додааст ва Худованд рўзаро аз байни ҳама ибодатҳо ихитёр намуда гуфтааст «Рўза аз ман аст ва ман худ мукофоти онро медиҳам» (Ривояти Насои).

    Худованд рўзаро ду имтиёз додааст. Якум ин ки онро ба худаш нисбат додааст ва гуфтааст: "Рўза аз ман аст". Ин нисбат далели шарафи он аст. Дуюм ин ки Худованд худаш мукофоти рўзадоронро омода мекунад.

    Ин маънои онро дорад, ки мукофоти рўзадорон хеле бузург аст ва онро танҳо Худованд медонад. Дар шабҳои моҳи Рамазон қиёми шаб машруъ шудааст, ки онро таровеҳ мегуянд ва онро дар масҷид бо ҷамоат мехонанд.

    Паёмбар (с) мефармоянд: «Ҳар ки бо имом дар масҷид то бозаштани имом намоз хонад, ба ў савоби қиёми лайл навишта мешавад» (Ривояти Тирмизӣ).

    Ҷои дигар Паёмбар (с) мефармоянд: «Ҳар ки моҳи Рамазонро бо имону ихлос рўза гирад, гуноҳони гузаштааш бахшида мешаванд» (Ривояти Муттафақуналайҳи).

    Чи тавре маълум аст, тамоми вақтҳои ин моҳ пур аз ибодатҳост, дар рўз рўза мегиранд ва дар шаб намоз мехонанд, то барои мўъмин ду ҷиҳод ҳосил шавад, дар рўз ҷиҳод ба муқобили нафс бо гуруснаги ва дар шаб бо бедори ва ибодат.

    Ҷиҳод эҳтиёҷ ба сабр дорад, барои ҳамин ин моҳро моҳи сабр меноманд.

    Худованд мефармояд:

    ﭽيَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱسۡتَعِينُواْ بِٱلصَّبۡرِ وَٱلصَّلَوٰةِۚ إِنَّ ٱللَّهَ مَعَ ٱلصَّٰبِرِينَﭼ سُورَةُ البَقَرَةِ ١٥٣

    «Эй касоне, ки имон овардаед, аз сабру намоз кўмак бигиред. Худованд бо шикебоён аст» сураи Бақара, 153.

    Бағави дар тафсири ин оят мегўяд: Мурод аз сабр рўза аст. Асли маънои сабр ҳабс кардан аст ва рўза ҳабси нафс аст аз таъому шароб.

    Ҳар ки байни ин ду ҷиҳод ҷамъ намояд ва дар он сабр намояд, аҷри фаровонеро меёбад. Аммо касоне, ки намози таровеҳро намехонанд ва танбали мекунанд, шаби Рамазонро, ки барои ибодат буд, аз даст медиҳанд ва аз савоби сабр маҳрум мегардад ва савоби бузургеро аз даст медиҳанд. Бояд ин тоифа мардумоне, ки намози таровеҳро куллан, ё баъзан намехонанд, огоҳ бошанд ва агар то имрўз ба ин ё он баҳона онро тарк мекарданд, зуд тавба намоянд ва дар ин рўзҳои боқимонда ин фурсатро аз даст надиҳанд ва аз савоби ин шабҳои пурбаракат маҳрум нагарданд.

    Хуб аст, то дар ин моҳи муборак бештар машғули тиловати Қуръон шавем.

    Худованд мефармояд:

    ﭽشَهۡرُ رَمَضَانَ ٱلَّذِيٓ أُنزِلَ فِيهِ ٱلۡقُرۡءَانُﭼ سُورَةُ البَقَرَةِ ١٨٥

    «Моҳи Рамазоне, ки дар он Қуръон нозил шудааст» сураи Бақара, 185.

    Нузули Қуръон ба ин моҳ хос шудааст, пас тиловат кардани Қуръон дар ин моҳ савоби бештаре дорад. Барои ҳамин, Паёмбар (с) дар ин моҳ бештар тиловати Қуръон мекарданд.

    Дар саҳеҳайн омадааст: «Ҳазрати Ҷабраил дар ҳар шаби Рамазон бо Паёмбар (с) вохўрда, ба ў Қуръонро мехонд».

    Беҳтарин малоикаҳо Ҷабраил ба беҳтарини паёмбарон Муҳаммад (с) бо ҳам беҳтарин китоби Худоро дар беҳтарин моҳҳо, моҳи Рамазон тиловат мекарданд, ки ин далели фазилати тиловати Қуръон аст.

    Дар ин моҳ агарчи тиловат кардан дар дигар моҳҳо низ аз савоб холи нест. Аз тарафи дигар ин нишасти Ҷабраил бо Паёмбар (с) далолат бар он мекунад, ки хуб аст дар ин моҳ Қуръонро дар назди касе, ки беҳтар аз ту ҳифз кардааст, гузарони.

    Тиловати Қуръон дар моҳи мубораки Рамазон метавонад дар намозҳои фарзи бошад, ё дар таровеҳ, ё намози шаб ва ё дар беруни намозҳо. Саҳобагон дар намози шаб дарозтарин сураҳоро мехонданд ба дараҷае, ки дар вақти қиём дигар ба асо такя мекарданд. Ин мисолро барои он овардем, ки касоне, ки мекўшанд бо камтарин оят намозашонро ба итмом расонанд, дарси ибрат гиранд.

    Вақте дар ҳадисҳо омадааст, ки имом бояд ҳоли қавмашро риъоя кунад ва намозашро дароз нахонад, маънои онро надорад, ки намозашро ба монанди нўл задани мурғон бихонад. Риояи қавм маънои онро дорад, ки тамоми аркони намозашро пурра анҷом диҳад ва қироаташро хуб кунад ва саросема нашавад, вале намозашро дароз накунад, то малоли қавм нагардад. Намози таровеҳ аз аввали моҳ то охираш бояд яксон гузарад. Баъзе имомони масҷидҳо ҳаракат мекунанд дарчанд рўзи аввали моҳи Рамазон Қуръонро хатм кунанд ва дар охири Рамазон, ки беҳтарин рўзҳои он аст, намозро кўтоҳ хонанд.

    Эй бандагони Худо! Мурод аз таровеҳу намози шаб дар шабҳои Рамазон танҳо хатми Қуръон ва дуъои хатми он нест. Мақсад он аст, ки тамоми шабҳои Рамазон банда машғули тоъату ибодати Парвардигори хеш бошад.

    Хатм хуб аст, вале мақсади асоси нест. Агар банда натавонад дар шабҳои Рамазон тамоми Қуръонро хатм намояд, вале ў намози таровеҳро дар ҳама шабҳои Рамазон бо нияту ихлоси том анҷом дода бошад, савобаш иншоаллоҳ, дар назди Худованд пурра дода мешавад.

    Касе, ки дар шабҳои Рамазон Қуръонро хатм кунад, вале дар баъзе шабҳои Рамазон таровеҳро тарк карда бошад, дар савобаш камбуди дода мешавад.

    Чизи дигаре, ки дар ин моҳ таъкид шудааст, кўшиши бештар аст дар даҳаи ахири он, зеро ин рўзҳо рўзҳои озодист, аз оташи дўзах барои касоне, мустаҳиққи дўзах шудаанд, вале тавба ва истиғфорро дар ин шабҳо бештар кунанд ва бо нияту ихлос ин шабҳоро ба ибодат гузаронанд. Паёмбар (с) шабҳои ахири ин моҳро бо саъю талоши бештар мегузарониданд ва онро бо таҳаҷҷуд ва таровеҳ зинда медоштанд.

    Ў дар масҷид эътикоф менишаст, то аз ҳама чиз бурида шуда, танҳо машғули ибодат шавад. Пас дар ин шабҳо кўшиши зиёд кардан иқтидо ва пайрави кардан ба Паёмбар (с)аст.

    Худованд мефармояд:

    ﭽلَّقَدۡ كَانَ لَكُمۡ فِي رَسُولِ ٱللَّهِ أُسۡوَةٌ حَسَنَةٞ لِّمَن كَانَ يَرۡجُواْ ٱللَّهَ وَٱلۡيَوۡمَ ٱلۡأٓخِرَ وَذَكَرَ ٱللَّهَ كَثِيرﭼ سُورَةُ الأَحزَابِ ٢١

    «Албатта, барои шумо дар Паёмбар намунаи хуб аст, барои касоне, ки умеди Худо ва рўзи охиратро дошта бошад ва Худоро бештар ёд кунанд» сураи Аҳзоб, 21.

    Даҳаи ахир шабҳое дорад, ки умед аст шаби қадр дар он бошад, Худованд мефармояд:

    ﭽلَيۡلَةُ ٱلۡقَدۡرِ خَيۡرٞ مِّنۡ أَلۡفِ شَهۡرٖﭼ سُورَةُ القَدرِ ِ 3

    «Шаби қадр беҳтар аст аз ҳазор моҳ» сураи Қадр, 2.

    Яъне, амал кардан дар ин шаб беҳтар аст аз амал кардан дар ҳазор моҳе, ки дар он шаби қадр набошад.

    Паёмбар (с) мефармоянд: «Ҳар ки дар шаби қадр бо имону ихлос қиём кунад, гуноҳҳони гузаштааш мағфират карда мешавад» (Ривояти Бухори ва Муслим).

    Қиёми он бо зинда доштани он аст бо тиловату намозу дуо.

    Қиёми он вақте ҳосил мешавад, ки банда дар тамоми моҳ кўшиш намуда буд, хусусан дар даҳаи ахир ва даҳаи ахир шабҳоест, ки аксари уламо мегўянд, шаби қадр дар он аст.

    Шаби қадрро барои мо ошкор накард, ки айнан дар кадом шаб аст ва Худованд онро барои он пўшида доштааст, то бештар машғули ибодат шавем ва тамоми шабҳои моҳи Рамазонро зинда дорем ва ўро бештар ибодат намоем. Мо ҳарчи бештар ибодат намоем ва дар пайи ҷустуҷўи шаби қадр шабҳои бештареро зинда дорем, ҳамон қадар ҳасаноти мо зиёд ва гуноҳои мо камтар мегарданд ва аз танбали раҳо меёбем. Мусалмонеро, ки тавфиқу мадади Худованд расида бошад ва тавонад ин моҳро ба пурраги ибодат намояд ва даҳаи раҳмату мағфирату озодии аз оташи дўзахро бо намозу дуъо паси сар кунад ва шаби қадрро бо имону ихлос пос дорад, арзиши онро дорад, ки аз тамоми файзу баракати ин моҳ бархўрдор шуда, ба корҳои кардааш олитарин дараҷаҳоро ноил мегардад.

    Паёмбар (с) дар даҳаи ахири Рамазон корҳоеро анҷом медод, ки аз ҷумлаи онҳо: Зинда доштани шабҳои он бо таҳаҷҷуд ва таровеҳ, ки дар баробари худ хонадони худро низ бедор менамуд. Ин корест, ки бисёре аз мардум дар ин замона пайи он намегарданд ва фарзандони худро беназорат мегузоранд, то дар хона нишаста, ба тамошои филмҳо шабҳои худро рўз кунанд. Фарзандон дигар пайи шунидани мусиқи ва беҳудаги гашта, ё бо рафиқони бад дар кўчаҳо мегарданд, ё дар хона ба тамошои телевизион ва бозиҳои компютери машғул мешаванд. Ҳатто дар шабҳои Рамазон бо мусиқию хушгузарони шабҳоро рўз мекунанд ва аз файзу эҳсони он маҳрум мешаванд.

    Аммо чун рўз шавад, дигар то бегоҳ хоб мераванд ва аз хондани намозҳои фарзи ҳам маҳрум мегарданд, чунки онҳо барои эҳтироми Рамазон ҳеҷ тарбияе надидаанд. Ин аст натиҷаи беаҳамиятии волидайн. Чи бад тарбияте буд ва чи бемасъулиятие дар ҳоле, ки Паёмбар (с) мефармоянд: «Ҳар яки шумо масъулед ва ҳар якро аз раъияташ пурсида мешавад» (Ривояти Муттафақ).

    Кори дигареро, ки Паёмбар (с) дар даҳҳаи ахир анҷом медоданд, эътикоф буд. Эътикоф яъне, масҷидеро ихтиёр намудан ва дар он машғули ибодат шудан аст ва аз он набаромадан, магар барои ҳоҷатҳои зарури. Паёмбар (с) дар даҳаи ахири Рамазон тамоми корҳои худро қатъ намуда, онро барои ибодату муноҷоти Парвардигор равона мекарданд.

    Шумо эй азизон! дар даҳаи ахири Рамазон, ки он ниҳояти моҳ аст ва шаби қадр дар ин даҳа аст, бештар кўшиш намоед.

    Шумо агар имконияти эътикоф нишастан надошта бошед, пас дар масҷидҳо бештар нишинед ва тиловати Қуръонро бештар намоед. Худованд мефармояд:

    ﭽوَسَارِعُوٓاْ إِلَىٰ مَغۡفِرَةٖ مِّن رَّبِّكُمۡ وَجَنَّةٍ عَرۡضُهَا ٱلسَّمَٰوَٰتُ وَٱلۡأَرۡضُ أُعِدَّتۡ لِلۡمُتَّقِينَ ١٣٣ ٱلَّذِينَ يُنفِقُونَ فِي ٱلسَّرَّآءِ وَٱلضَّرَّآءِ وَٱلۡكَٰظِمِينَ ٱلۡغَيۡظَ وَٱلۡعَافِينَ عَنِ ٱلنَّاسِۗ وَٱللَّهُ يُحِبُّ ٱلۡمُحۡسِنِينَ ١٣٤ وَٱلَّذِينَ إِذَا فَعَلُواْ فَٰحِشَةً أَوۡ ظَلَمُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ ذَكَرُواْ ٱللَّهَ فَٱسۡتَغۡفَرُواْ لِذُنُوبِهِمۡ وَمَن يَغۡفِرُ ٱلذُّنُوبَ إِلَّا ٱللَّهُ وَلَمۡ يُصِرُّواْ عَلَىٰ مَا فَعَلُواْ وَهُمۡ يَعۡلَمُونَ ١٣٥ أُوْلَٰٓئِكَ جَزَآؤُهُم مَّغۡفِرَةٞ مِّن رَّبِّهِمۡ وَجَنَّٰتٞ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَاۚ وَنِعۡمَ أَجۡرُ ٱلۡعَٰمِلِينَﭼ سُورَةُ آلِ عِمرَانَ ١٣٦

    «Шумо барои мағфирати Худованд ва ҷаннате шитобед, ки паҳноияш чун осмонҳо ва замин аст, ки барои муттақиён омода шудааст.

    Ононе, ки дар ҳолатҳои хурсанди ва андўҳ нафақа мекунанд, хашми худро фурў мебаранд ва аз мардум гузашт мекунанд ва Худованд накўкоронро дўст медорад.

    Ва касоне, ки вақте кори ношоямеро анҷом доданд ва ё бар худ ситам намуданд, Худоро ба ёд меоранд ва аз Ў омўрзиш металабанд. Ва кист ғайри Худованд то омўрзиш намояд? Ва онҳо бар он бадие, ки мекунанд, дониста исрор намеварзанд.

    Мукофоти онҳо омўрзишест аз Парвардигорашон ва биҳиште, ки аз зери дарахтони он ҷўйҳо равон аст ва дар он ҷовидон мемонанд. Ва чи хушест аҷри амалкунандагон» (сураи Оли Имрон, 133-136).

    Эй мардум! Аз Худованди мутаъол битарсед ва худро бо тавба кардан ба даргоҳаш аз гуноҳҳон пок созед ва дар ин айёми боқимонда аз ин моҳи муборак ва дар умри азизи худ барои анҷоми корҳои накў шитобед, пеш аз он ки бигзарад. Дарвоқеъ наҷотёфта он бандаест, ки бо саъю талош нафсашро пок сохт ва навмед аст бандае, ки нафси худро ба пайравии бадиҳо хор намуд. Эй бандагони Худо! Бо зиёд намудани тоъату тиловати Қуръон рўзҳои боқимондаи ин моҳро ғанимат шуморед ва машғули зикру зиёд кардани садақаҳо бошед ва бар тамоми хатоҳои гузашта ба даргоҳи Ҳақ тавба кунед.

    Оқил касест, ки аз фурсати умр истифода барад ва мавсимҳо хайрро барои нест кардани гуноҳҳояш ғанимат шуморад. Хубиҳо бадиҳоро нобуд месозад ва ин пандест барои пандгирандагон.

    Дониста бошед, ки ҳар шабу рўзе, ки мегузарад, аз умри мо кам мегардад ва кўч бастан аз ин диёр наздиктар мегардад. Шумо бисёриҳоро мешинохтед, ки аз ин қасру хонаҳои боҳашамат ва нўшу неъмат рахти сафар бастанд ва дигар барнагаштанд ва акнун пўсида дар гўристон хобанд. Некбахт касест, ки аз дигарон панд мегирад ва ҳамеша кори Худоро ба ёд оварда, аз ў бештар метарсад ва вазифаҳои худро иҷро менамояд. Бадбахт касест, ки дар гузашта бадиҳо кардааст ва аз имрўзаш фоидае ба даст намеорад ва боқимондаи ҳаёти худро сарфи тавбаву надомат ба даргоҳи Худовад намекунад ва намекўшад соҳиби неъматро бо иҷро кардани амрҳояш рози кунонад, пеш аз он ки рўзи қиёмат дар пешгоҳаш истода бошад.

    Эй мусалмонон! Шумо фаромўш накунед, ки дар поёни моҳи Рамазон қарор доред, ки танҳо чанд шабе боқи мондааст. Мардуми зиёде ҳастанд, ки ҳоло дар лаҳзаҳои охири умрашон қарор доранд, вале худ бехабаранд.

    Ҳар ки аз моён агар то имрўз гуноҳе карда бошем, пас биёед тавбаи насўҳ намоем ва ба дари тавба ворид шавем, ки ҳамакнун боз аст ва пеш аз он ки ин дар баста шавад ва номаҳои аъмол пўшида шаванд. Ҳар ки то имрўз накўкор буд ва дар тоъати Худо рўз мегузаронид, пас ин иморати худро мустаҳкамтар намояд ва шукри ин неъматро ба ҷо оварад ва монанди касе набошад, ки ресмонашро баъди тофтан бикшояд.

    Эй мусалмонон! Бо ҳозир шудан дар ҷумъаҳо ва намозҳои ҷамоъат ва барпо намудани дигар намозҳо масҷидҳоро обод созед.

    Худованд мефармояд:

    ﭽوَٱلَّذِينَ هُمۡ عَلَىٰ صَلَوَٰتِهِمۡ يُحَافِظُونَﭼ سُورَةُ المُؤمِنُونَ ٩

    «Ва касоне, ки намозҳояшонро муҳофизат мекунанд» сураи Мўъминун, 9.

    Шумо дар ин моҳ садақаро бештар намоед. Зеро Худованд дар шаъни онҳо мегўяд:

    ﭽأَعَدَّ ٱللَّهُ لَهُم مَّغۡفِرَةٗ وَأَجۡرًا عَظِيمٗا ﭼ سُورَةُ الأَحزَابِ ٣٥

    «Худованд барои онҳо омўрзиш ва мукофоти бузургеро омода кардааст» сураи Аҳзоб, 35.

    Шумо Қуръонро бештар тиловат намоед ва дониста бошед, ки дар рўзи қиёмат шафоъат мекунад ва ҳамеша таровеҳро баргузор намоед, то аз ҷумлаи касоне гардед, ки Худованд дар васфашон мефармояд:

    ﭽتَتَجَافَىٰ جُنُوبُهُمۡ عَنِ ٱلۡمَضَاجِعِ يَدۡعُونَ رَبَّهُمۡ خَوۡفٗا وَطَمَعٗا وَمِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ يُنفِقُونَ ١٦ فَلَا تَعۡلَمُ نَفۡسٞ مَّآ أُخۡفِيَ لَهُم مِّن قُرَّةِ أَعۡيُنٖ جَزَآءَۢ بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَﭼ سُورَةُ السَّجدَةِ ١٧

    «Паҳлўҳои онҳо аз бистар дуранд ва Парвардигори худро бо тарсу тамаъ дуъо мекунанд ва он чи ризқашон додаем, садақа мекунанд. Пас касе намедонад, ки барои ў чи подошҳо омода шудааст, ки равшанибахши дидагон аст. Ин мукофоти аъмоле аст, ки анҷом додаанд» сураи Саҷда, 16-17.

    Эй мусалмонон! Чизи дигареро, ки шариъат дар охири ин моҳ фармудааст, ин садақаи фитр мебошад. Садақаи фитр як соъ ва ё баробари хўроки якрўзаи шумост, ки онро ҳар як фард пиру калон, зану мард ва бою камбағал садақа мекунад, то бо он рўзаи онҳо пурра гардад ва шукри неъматҳои додаи Худоро ба ҷо оваранд, ки моҳи Рамазонро як моҳ рўза гирифтед, шабҳояшро ибодат намудед ва Ў шуморо аз лағву беҳудаги дар ин моҳ нигоҳ дошт.

    Садақаи фитр барои кўмаки бечорагон аст, то дар рўзи ид машғули талбидан набошанд. Вақти баровардани садақаи фитр аз собит шудани хабари ид аст, то намози ид. Мусалмон метавонад онро як ду рўз пештар аз ид ҳам барорад. Агар дар вақтҳои номбурда онро баровард, он садақаи фитр ба ҳисоб меравад ва илло он мисли дигар садақаҳо мегардад.

    Аксари олимон бар ин ақидаанд, ки калимаи закот, ки дар ояти зерин омадааст, мақсуд ҳамин садақи фитр аст. Худованд мефармояд:

    ﭽقَدۡ أَفۡلَحَ مَن تَزَكَّىٰ ١٤ وَذَكَرَ ٱسۡمَ رَبِّهِۦ فَصَلَّىٰﭼ سُورَةُ الأَعلَىٰ ١٥

    «Дар ҳақиқат наҷот ёфтааст он ки закот диҳад ва Худоро зикр намуда, намоз хонад» сураи Аъло, 14-15.

    Яъне, тамоми комёбиро меёбад он касе, ки закоти фитрро адо намуда, намози идро бигзорад. Пас шумо эй бандагони Худо, бо хуши онро бароред ва бо тамоми хурсанди сарф намоед.

    Худованд мефармояд:

    ﭽلَن تَنَالُواْ ٱلۡبِرَّ حَتَّىٰ تُنفِقُواْ مِمَّا تُحِبُّونَۚ وَمَا تُنفِقُواْ مِن شَيۡءٖ فَإِنَّ ٱللَّهَ بِهِۦ عَلِيمﭼ سُورَةُ آلِ عِمرَانَ ٩٢

    «Шумо ҳаргиз ба ҷаннат намерасед, то ин ки сарф накунед аз он чи дўст медоред. Ва он чизеро, ки сарф мекунед, пас Худованд онро медонад» сураи Оли Имрон, 92.

    Беҳтар аст, ки инсон садақаи фитрро дар ҳамон шаҳре барорад, ки ҳангоми ид дар он қарор дорад. Зеро он эълони ибодат аст ва изҳори шукру сипос ва накўист ба он бародарони мусалмонаш, ки дар паҳлуи ў мебошанд.

    Агар садақаи фитрро ба шаҳри дигар интиқол диҳад, ки дар он фоида бошад, ҳеҷ зараре надорад. Паёмбар (с) ва саҳобагон таъом медоданд бо вуҷуди он ки қиматашро доштанд.

    (Мутарҷим: Аммо дар мазҳаби мо ҳанафиҳо ҷоиз аст, ки ба ҷои таъом қимати таъомро бидиҳад).

    Худованд мефармояд:

    ﭽيَحۡسَبُونَ ٱلۡأَحۡزَابَ لَمۡ يَذۡهَبُواْۖ وَإِن يَأۡتِ ٱلۡأَحۡزَابُ يَوَدُّواْ لَوۡ أَنَّهُم بَادُونَ فِي ٱلۡأَعۡرَابِ يَسۡ‍َٔلُونَ عَنۡ أَنۢبَآئِكُمۡۖ وَلَوۡ كَانُواْ فِيكُم مَّا قَٰتَلُوٓاْ إِلَّا قَلِيلٗا ٢٠ لَّقَدۡ كَانَ لَكُمۡ فِي رَسُولِ ٱللَّهِ أُسۡوَةٌ حَسَنَةٞ لِّمَن كَانَ يَرۡجُواْ ٱللَّهَ وَٱلۡيَوۡمَ ٱلۡأٓخِرَ وَذَكَرَ ٱللَّهَ كَثِيرﭼ سُورَةُ الأَحزَابِ ٢١

    «Онҳо гумон мекарданд, ки гурўҳҳо нарафтаанд. Ва агар гурўҳҳо баргарданд, онҳо дўст медоштанд, ба миёни аъроб бозгарданд ва дар бораи хабари шумо пурсон шаванд ва агар онҳо бо шумо бошанд, ҷанг намекарданд, магар иддаи каме. Албатта барои шумо дар Паёмбар намунаи хуб аст барои касоне, ки умеди Худо ва рўзи охиратро дошта бошанд ва Худоро бештар ёд кунанд» сураи Аҳзоб, оятҳои 20-21.

    Пас шумо, эй бандагони Худо, садақаи фитрро ба ҷо оваред, то имони худро пок намуда, савоби илоҳиро соҳиб гардед ва суннати Паёмбар (с)-ро зинда намоед ва ба бародарони худ накўи кунед ва ҳурмати ин ибодати илоҳиро ба ҷо оваред. Ҳамоно, ки Худованд некўкоронро дўст медорад ва садақакунандагонро мукофот медиҳад. Ҳар ки қадри ибодатҳои Худоро донад, ин далели тақвои дилҳост.

    Назари ту бароямон муҳим аст