Намоз байни нигаронӣ ва гувороӣ!!!

Нависанда : Мусъаби Ҳамза

Гузориши мухтасар:

Намоз, он нури рушноидиҳандаи ақлҳо, ҳамрози худотарсон, роҳати хастагон, неъмати ба худо қарибшавандагон, биҳишт ва зиндон: Биҳишт, барои касоне, ки аҳли Худованд ҳастанд (яъне касоне, ки доимо ба зикри Худо машғуланд ва авомири Худоро ба ҷой оварда аз навоҳии Ӯ дури меҷӯянд) пас намоз дуркунандаи ғамҳо ва сабук кунандаи андуҳи онҳост.
Зиндон барои касоне, ки дар ҳабси дури ва ҳирмон, ва асири гуноҳу исён мебошанд.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Намоз байни нигаронӣ ва гувороӣ!!!

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Таҳия ва тарҷума: Мусъабӣ Ҳамза

    2013 - 1434

    الصلاة بين هم و لذة

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد و ترجمة: مصعب حمزة

    2013 - 1434

    Намоз байни нигаронӣ ва гувороӣ!!!

    Намоз, он нури рушноидиҳандаи ақлҳо, ҳамрози худотарсон, роҳати хастагон, неъмати ба худо қарибшавандагон, биҳишт ва зиндон: Биҳишт, барои касоне, ки аҳли Худованд ҳастанд (яъне касоне, ки доимо ба зикри Худо машғуланд ва авомири Худоро ба ҷой оварда аз навоҳии Ӯ дури меҷӯянд) пас намоз дуркунандаи ғамҳо ва сабук кунандаи андуҳи онҳост.

    Зиндон барои касоне, ки дар ҳабси дури ва ҳирмон, ва асири гуноҳу исён мебошанд.

    Табиби дилҳо ибни Қайим (р) ҳолати мардумро дар бобати намоз ба чанд мартаба тақсим кардааст:

    1- Мартабаи касоне, ки худро зулм мекунанд, тундрав, бепарво, Ва ӯ касе аст, ки дар таҳорати худ, вақти намоз, аркони намоз, ҳудуди намоз, рукуъу саҷдаи намозаш бепарво ва ифротӣ аст ва барояш аҳамияте надорад.

    2- Касе, ки вақтҳои намозро риъоят мекунад, аркони зоҳири, рукуъу суҷуд, таҳорат ва ҳудуди намозро ба ҷой меорад, Локин!!! Кушишҳои худро дар васваса зоеъ намудааст. Пас дар намоз бо васваса ва фикрҳои беҳуда машғул шудааст.

    3- Касе, ки бар ҳудуди намоз муҳофизат кардааст, аркони намозро ба ҷой овардааст, нафси худро аз васваса ва фикрҳо дар намоз наҷот додааст, пас ӯ машғул бар муборизаи зидди нафс аст, то инки намозашро надуздад, пас ӯ дар намоз ва ҷиҳод(ҷиҳод бар зидди нафс) аст.

    4- Касе, ки ба сӯӣ намоз бархост тамоми ҳуқуқашро, аркону ҳудудашро ба ҷой меорад, дилаш ғарқи ба ҷой овардани ҳуқуқу аркони намоз аст, то инки чизе аз онро зоеъ накунад, Балки ҳама фикру ғамаш ин аст, ки намозро комилан ба пурраги ва тамомӣ анҷом диҳад, Дили ӯ ғарқи аҳволи намоз ва ба ҷой овардани ибодати Худованд шудааст.

    5- Касе, ки ба сӯӣ намоз бархост, дар ҳақиқат ба сӯӣ намоз бархостааст. Ва локин бо вуҷуди ин дили худро дар пеши Худованд гузоштааст. Бо дилаш назар ва муроқибат мекунад, пур аз муҳаббат ва азамати Худованд аст, гӯё инки Худоро мебинад ва мушоҳида мекунад, Он васвасаҳо ва фикрҳо об шуда рафтаанд, парда аз байни ӯ ва парвардигораш бардошта аст.

    Пас ин, байни ӯ ва байни ғайри ӯ дар намоз афзал ва бузургтар аст аз ончи ки байни замину осмон аст.

    Ва ин дар намозаш ба парвардигори худ машғул аст.

    Пас қисми аввал иқоб ва азоб карда мешавад, ва дувумӣ ҳисобукитоб мешавад, ва севуми ҷуброни гуноҳонаш мешавад, ва чаҳоруми аҷру савоб дода мешавад, ва панҷуми аз ҷумлаи муқарабини Парвардигораш мегардад.

    Назари ту бароямон муҳим аст