معلومات المواد باللغة العربية

Абдулҳаннони Абдурраҳмон - Мақолаҳо

Теъдоди матолиб: 6

  • Тоҷикӣ

    Аз Паёмбари Худо (с) омӯхтам, ки табассум дар рӯи бародарам садақа аст. Аз Паёмбари Худо (с) омӯхтам, ки роҳи зудтар шифо ёфтан садақа аст.

  • Тоҷикӣ

    Ҷин ҳаммонанди «руҳ» аз умури ғайбӣ аст, ки ҳақиқат ва авсофи он ба ҷуз аз тариқи хабари содиқ (ваҳй) барои мо равшан намешавад.

  • Тоҷикӣ

    Чаро мо ба Худои худ дуъо менамоем,вале ин ҳама дуъову тазаррӯъи мо пеши Парвардигори оламиён пазируфта намешавад? Дар ҳоле, ки Худованд мефармояд “Парвардигоратон гуфт: “Дуъову илтиҷо кунед Маро, то (дуъои) шуморо иҷобат кунам”

  • Тоҷикӣ

    Тарҷумаи сураи Ар-Раҳмон бо зикри сабаби нузул, номгузори ва баъзе фазилатҳои он, Аз Алӣ (р) омадааст, ки мегўяд: «Ҳар чизе арӯсе дорад ва арӯси Қуръон «Ар-раҳмон» аст».

  • Тоҷикӣ

    Аз Ибни Аббос (р) омада аст, ки мегуяд: «Паёмбари Худо закоти Фитрро барои пок гардидан рўзадор аз беҳудагӣ, бадсуханӣ ва ҳамчунин барои фароҳам гардидани ғизои муносибе барои ниёзмандон воҷиб гардонид. Касе онро пеш аз намоз (яъне намози ид) адо намояд, он закоти пазируфташуда аст ва касе онро пас аз намоз адо намояд, он садақае аз садақот мебошад» Миқдори садақаи Фитр барои ҳар фард бо ҳисоби гандум ним соъ ва бо ҳисоби ҷав, хурмо (инҷо мақсад аз хурмо ҳамон хурмои Арабӣ аст, ки рўзаро бо он кушодан суннат аст) ва монанди онҳо як соъи пурра аст, ва дар ҳолати пардохтани арзиши яке аз онҳо низ ҷоиз ва кофӣ мегардад. Як соъ баробар аст ба = 2156 грамм, яъне бештар аз ду килограмм.

  • Тоҷикӣ

    Албата шаби қадр як ё се ва ё чанд рўзҳои тоқе қабл аз расидани Иди Фитр сурат мегирад, ва ё ба ибораи дигар онро дар шабҳои тоқи даҳ рўзи охири аз рамазон метавон дарёфт, ки ибодати кардани ин шаб бештар аз ҳазор моҳ ва ё ҳаштоду се сол аст, яъне савоб ва подоши зиндадорӣ кардан ва ба тоату ибодат гузаронидани ин шаб бештар аз умри як банда аст.