Гузориши мухтасар:

Аз Ибни Аббос (р) омада аст, ки мегуяд: «Паёмбари Худо закоти Фитрро барои пок гардидан рўзадор аз беҳудагӣ, бадсуханӣ ва ҳамчунин барои фароҳам гардидани ғизои муносибе барои ниёзмандон воҷиб гардонид. Касе онро пеш аз намоз (яъне намози ид) адо намояд, он закоти пазируфташуда аст ва касе онро пас аз намоз адо намояд, он садақае аз садақот мебошад»
Миқдори садақаи Фитр барои ҳар фард бо ҳисоби гандум ним соъ ва бо ҳисоби ҷав, хурмо (инҷо мақсад аз хурмо ҳамон хурмои Арабӣ аст, ки рўзаро бо он кушодан суннат аст) ва монанди онҳо як соъи пурра аст, ва дар ҳолати пардохтани арзиши яке аз онҳо низ ҷоиз ва кофӣ мегардад.
Як соъ баробар аст ба = 2156 грамм, яъне бештар аз ду килограмм.

Назари ту бароямон муҳим аст