معلومات المواد باللغة العربية

Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Шуниданиҳо

Теъдоди матолиб: 16

  • Тоҷикӣ

    Дар ин навор Шайх Муҳаммад Солеҳ Пурдил ҳукми қатл дар исломро баён мекунад, ва зикр мекунад, ки баъзе ҳолатҳо қатл дар ислом ҷоиз аст, балки баъзе ҳолатҳо воҷиб мегардад монанди қатли қасос.

  • Тоҷикӣ

    Дар ин навор Шайх Муҳаммад Солеҳ Пурдил дар бораи чигуна Паёмбари Худо даъват мекард, ва даъватҳо ва муомилоти он бузургвор бар мардум чи таъсире дошт.

  • Тоҷикӣ

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор мардум ва хоссатан донишҷуёнро ба илму донишомузи ташвиқ мекунад, ва инчунин дар рафти суҳбат дар бораи ТАВАССУЛ суҳбат намуда навъҳои ҷоиз ва мамнуъи онро баён мекунад.

  • Тоҷикӣ

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар мавзуъи таълиму тарбия ва пешрафти башарият ва муҷтамаи мусалмонон суханрони мекунад, ва яке аз омилҳои муҳими пешрафти башарият ин таълиму тарбияи занон ва духтарони мусалмон мабошад, ҳар вақто, ки зани мусалмон босавод ва таълим дида бошад метавонад фарзандони хубе ва олиме бавоя расонад, Ва дар ин хусус чанд мисоле аз гузаштагони олами исломи меорад, аз ҷумла модари муъминон Хадиҷа бинти Хувайлид, ки беҳтарин ҳамсаре барои Паёмбари ислом буд.

  • Тоҷикӣ

    Қиссаи ҷолиб ва таъсирбахши Абубакри Сиддиқ бо Мистаҳ (р), ки Абубакри Сиддиқ ба ӯ садақа доданро манъ кард, Ва баъди нозил шудани оёте аз ҷониби Худованд садақаи медодагиашро боз шуруъ кард.

  • Тоҷикӣ

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар бораи баъзе аз сифатҳои Паёмбари Акрам Муҳаммад (Дуову дуруд ба ӯ бод) суҳбат мекунад, ва алалхусус дар бораи сифатҳое, ки мушрикини Қурайш пеш аз биъсати Паёмбар Ӯро бо он сифатҳо мешинохтанд. (Мисли: Муҳаммади Содиқ, Муҳаммади Амин ва дигар сифатҳое, ки барои мусулмонон намуна мебошанд.)

  • Тоҷикӣ

    Шайх Муҳаммад Солиҳи Пурдил дар ин навор дар бораи фазлу бузургии даҳ рӯзи охири моҳи шарифи Рамазон суҳбат мекунад, ва баён мекунад, ки дар ин даҳ рӯз бояд тоату ибодатро ду чанд кард, ва инчунин дар ин даҳ рӯз як шабе ҳаст, ки аз ҳазор моҳ хубтар аст, ва онҳам шаби қадр мебошад.

  • Тоҷикӣ

    Муҳаммад Солеҳ Пурдил дар бораи фазлу бузургии моҳи шарифи Рамазон ва чигуна бояд онро пешвоз гирифт суҳбат мекунад, ва баён мекунад, ки ҳар як мусалмон бояд ин моҳи муборакро аз даст надиҳад ва чи қадаре, ки метавонад тоату ибодатро зиёд кунад. Ва аз исёну гуноҳ дури биҷуяд.

  • Тоҷикӣ

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи дӯстӣ ва бародари дар дини мубини Ислом суҳбат мекунад, ва ҳадиси Паёмбари Худоро ёдовар мешавад ки "Мусалмон мусалмони комил намешавад то ончизеро, ки барои худаш дӯст медорад бояд барои бародараш дӯст бидорад"

  • Тоҷикӣ

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи Қуръон ва Қориҳо суҳбат мекунад, ва таъкид мекунад, ки он Қуръонҳое, ки дар ҳар хона овезон аст бар зарари соҳиби он хона аст, балки лозим аст бар соҳиби он хона он Қуръонро бихонад, на ин ки онро дар зери хоку чанг овезон карда монад. Ва ин чунин барои Қуръон хондан ва онро ҳифз кардан таъкид мекунад.

  • Тоҷикӣ

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи закот ва онро ба чи касоне дода мешавад, ва аҷру савобе, ки Худованд барои закотдиҳанда ваъда кардааст мавиза мекунад.

  • Тоҷикӣ

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи тақво ва чигуна шахс метавонад бо тақво бошад мавъиза мекунад, ва инчунин баён мекунад, ки инсони мусалмон фақат барои худаш зинда нест, бояд худро ба роҳ ва равиши ислом пойдор бикунад ва сипас хонаводаву фарзандонашро, ва сипас хешу ақрибояшро.

  • Тоҷикӣ

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи сар кардани як ҳаёти нав барои ҳар як ҷавон ва духтар, ва онҳам ҳаёти зану шавҳари, ва ташҷиъ мекунад ки саршавии ин кори хайрро бо як тӯйи арусии исломи барпо кунанд, ва барои арусу домод баъзе насиҳатҳое мекунад.

  • Тоҷикӣ

    Дар ин навор шайх Муҳаммад Солиҳи Пурдил дар бораи ҳалол ва ҳаром дар ислом суҳбат мекунад, ва мефармояд ки ҳалолу ҳаром дар ислом ошкоро баён карда шудааст, ва бояд ҳар як шахси мусалмон байни ин ду фарқ бикунад, ва фармонҳои Худову Паёмбарро баҷо биорад.

  • Тоҷикӣ

    Дар ин навор шайх Муҳаммад Солиҳи Пурдил қиссаи ислом овардани ҳазрати Умар писари Хаттоб (Худо аз ӯ рози бод) қисса мекунад, ва инчунин чигуна Ӯро Абулуълуаи маҷуси ба шаҳодат расонд баён мекунад.

  • Тоҷикӣ

    Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар боби шукр кардани неъматҳое, ки Худованд барои ҳар як банда ато кардааст мавъиза мекунад, ва инчунин дар бораи даъват ва раҳнамои кардани дигарон ба суи корҳои хайр ва саховатманди, ки фоидааш барои тамоми мардум мебошад суханрони кардааст.