Эй мўъминон! Аз Худованд битарсед ва дониста бошед, ки зиндагии уммати мусалмон танҳо ва танҳо бо Ислом аст. Бақои ин миллат дар муҳофизати ин дин ва фанои он дар тарки ин дин аст.
Худованд инсонро аз байни дигар махлуқоташ ҷудо намуда, дар замин халифа гардонидааст ва барои ў тамоми оламро мусаххар сохтааст ва ўро имкониёти зиёди ақлони ва ҷисмони додааст. Ўро ба неки ва бади мубтало намудааст ва ўро амру наҳй намудааст ва барояш ваъдаю ваъид кардааст.
Яке аз беҳтарин неъматҳои Худованд барои фарзандони Одам он аст, ки барои онҳо хона ва манзили истиқомат додааст, ки дар он истиқомату истироҳат намоянд, аз гармою сармо ба он паноҳ баранд, аз чашмҳо пинҳон шаванд, молу дороиашонро дар он нигоҳ доранд, аз душман ба он паноҳ баранд ва дигар манофеъ.