Суолҳои муҳим дар ҳаёти ҳар як мусулмон дар мавзуъҳои гуногун, мисли Аркони имон ва ислом ва маънои Лоилоҳа Иллаллоҳ, ва оё Худовандро бандагонаш мебинанд, ва шартҳои қабули амалҳо.
Тамоми махлуқот ба Худованд мўҳтоҷанд ва ба он чӣ Ў дорад, ниёз доранд. Аммо Ў аз махлуқот бениёз аст. Худованд дуоро бар бандагонаш воҷиб гардонида ва фармуда аст: “Парвардигори шумо фармуда аст: Маро бихонед то (дуои) шуморо бипазирам! Касоне, ки аз ибодати ман такаббур меварзанд, ба зуддӣ бо зиллат вориди дузах мешаванд” Ғофир 60.