Оё мазҳаб бидъат аст?!

Гузориши мухтасар:

Суъиол ва ҷавоби мухтасар ва муфид дар бораи мазҳаб ва инки мазҳаб бидъат нест.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Оё мазҳаб бидъат аст?!

    هل التمذهب بدعة؟

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Таҳия: Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    إعداد: محمد عزيز رجب

    —™

    Оё мазҳаб бидъат аст?!

    Суол: Ассалому алейкум

    Устод як шубуҳот дар дилам афтодаст. Хоҳишмандам ки ҷавоби комил хоҳед дод.

    Ман пайрави мазҳаби Абуҳанифаам. Ва ҳар фатвои додааш, агар зидди ҳадис бошад ман қабулаш намекунам. Аз ҷумлаи омин баланд гуфтан. Лекин ба наздики фаҳмидам, ки бисёр салафиҳо мегуянд, пайрави аз мазоҳиб бидъат аст. Маро ҳамин савол ва шубуҳот азоб медихад. Пеш аз онки ба худам ягон қарор барорам, илтимос ба ман фаҳмонед, ки мазҳаб бидъат нест, зеро Шумо гуфта будед, ки мазҳаб бидъат нест, лекин то ҳол делилхоятонро наёфтаам. Худои бузург кумакатон кунад. Амин

    Посух: Ва алайкумус-салому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу

    Бародари азиз,

    Аввалан:

    Ҳар касе ки мазҳабро бидъат мегӯяд, пас дурӯғ мегӯяд ки салафӣ ҳаст, зеро ки ӯ пайравӣ аз салафи солеҳ накарда истодааст. Салафи солеҳ (ниёгони солеҳу некӯкори) мо ин мазҳабҳои фиқҳии аҳли суннатро қабул доштанд ва ҳеҷ кадоме аз онҳо ин мазҳабҳоро бидъат нагуфтааст. Ва мазҳаби Имом АбуҲанифа ва Молику Шофеъӣ ва мазҳаби имом Аҳмад (ва мазҳаби Суфёни Саврӣ ва мазҳаби Лайс ибни Саъд ва мазҳаби Довуди Зоҳирӣ ва мазҳаби имом Авзоъӣ ва ғайраҳо) аз ҳамон даврони табаъа-тобиъин ва даврони муҳаддисон ва имомҳои бузурги Ислом идома дорад. Касе онро бидъат нагуфтааст.

    Ин мазҳабҳои фиқҳӣ дар хидмати дин буданду мемонанд.

    Олимони бузурги муъосир низ мисли Имом Абдулазиз ибни Боз ва имом Носируддини Албонӣ ва аллома Ибни Усаймин низ мазҳабро бидъат нагуфтаанд.

    Пас маълум мешавад, ки ҳар касе мазҳабро бидъат мегӯяд, худаш бидъату навбаромад ва ҷоҳилу бесавод аст.

    Ва ин гуна ҷоҳилу бесавод ҳеҷ вақт салафӣ намебошад.

    Салафият низ он чизе нест, ки ин бесаводон нишон додани мешаванд, балки салафият ин пайравӣ аз Салафи солеҳ аст, дар имону эътиқод ва ибодату зуҳду тақво ва муъомалоту рафтору кирдор. Салафият, ин танҳо даъвои роҳи ҳақ кардан ва муттаҳам кардани дигарон ба бидъат нест. Балки равише комил ва шомиле ҳаст, ки тамоми воҷибот ва мустаҳабботро аз эътиқоду ибодат сар карда то рафтору кирдор ва одобу ахлоқро дар бар мегирад.

    Ва аммо далели бидъат набудани мазҳаб ин аст, ки мазҳаб як чаҳорчубае ва қолабе ҳаст барои осон гардонидани фаҳму татбиқи дин (Истинбот ва амал бо Қуръону Суннат). Зеро ҳар шахс имкон надорад, ки аз ин ду масдари шариъат мустақилона ҳукме бифаҳмад ва амал намояд. Балки барои авоми мардум зарур аст, ки аз касе пайравӣ намоянд.

    Ва инро мазҳаб барои авоми мардум фароҳам овардааст.

    Аммо муҷтаҳид ва олиму донишмандро воҷиб аст, ки мустақилона аз далел пайравӣ кунад. Ва толибилм ба қадри имкон бояд ки тобеъи далел бошад, на мазҳаб.

    Ва сониян:

    Имом АбуҲанифа (ва низ дигар имомҳо ва фуқаҳои аҳли суннат) ҳеҷ гоҳ дидаву дониста бо далел мухолифат намекунанд, ва зидди ҳадис намебароянд. Балки эшон аз мову шумо дида ба ҳадис ва далел наздиктар буданд ва аз мову шумо дида далелро бештар иззату эҳтиром мекарданд.

    Вале гоҳо бо сабабҳое ин ё он ҳадисе дар назди эшон мақбул набуд ва заъиф буд ё ки иллате дошт. Ва ин масъаларо ШайхулИслом ибни Таймия дар китоби «Рафъул-малом ан аимматил аълом» бо тафсил баён кардааст.

    Ва узри он имомҳои бузургворро дар ин ё он фатвояшон баррасӣ кардааст.

    Ва хоссатан имом АбуҲанифа ки аз диёри ҳадис ва саҳоба (яъне Мадинаи Мунаввара, ки аксари саҳоба онҷо буданду фарзандони саҳоба онҷо қарор доштанд) дуртар буд, ва низ дар даврони Имом АбуҲанифа аҳодиси набавӣ ба таври комил ҷамъоварӣ нашуда буд. Аз ин лиҳоз имом бо он аҳодисе ки дар дастраси ӯ буд фатво медиҳад.

    Вале баъдан ки аҳодиси набавӣ бештар ва беҳтар ҷамъоварӣ шуд ва туруқи бештари ривоёт дастраси фуқаҳо гашт, воҷиб аст, ки аз ҳадис пайравӣ карда шавад ва фатвои олим ва фақиҳе канор гузошта мешавад.

    Ва баъзе аз фуқаҳои мутааххири ҳанафӣ низ дар баъзе аз масоил инро эътироф кардаанд.

    Дар масъалаи оминро баланд гуфтан ва рафъи ядайн дар намоз низ, Лакҳнавӣ (агар иштибоҳ накунам) баён кардааст, ки қавли саҳеҳ исботи он аст. (Бо тафсил иншоаллоҳ шояд ҷойи дигаре бо зикри масдар нақлаш мекунам).

    Ва солисан:

    Аммо ончӣ имрӯз мебинем, ки баъзеҳо “баҳр”-и исломро дар “куза”-и як мазҳабе рехтани мешаванд, ин бидъату таъассуб ва мункари азим аст.

    Ин аст бидъат ва навоварӣ, ки Исломро дар як мазҳаби фиқҳӣ хулоса намоӣ. Таъассуби кӯр-кӯрона ба мазҳаб бидъат ва ҳаром аст, на худи мазҳаб ва пайравӣ аз мазҳабе.

    Ҳамин таъассуби мазҳабӣ ва олимнамоҳои мутаъассиб сабаб гаштаанд, ки пайравӣ аз Қуръону Суннат айбу ҷиноят ҳисоб мешавад, ва ҳар касе ки пайравӣ аз далелро бихоҳад ваҳҳобӣ номида мешавад.

    Ва ахиран:

    Аз фурсат истифода кардаву ин нуктаро низ мехоҳам баён кунам, ки баъзеҳо дар масоили фиқҳӣ аз имом АбуҲанифа тақлид мекунанд, вале дар масоили эътиқодӣ аз Мотуридиву Ашъарӣ тақлид карданӣ ҳастанд. Барои чӣ дар масоили эътиқодӣ ва усули дин низ аз имом АбуҲанифа пайравӣ намекунед?!

    Магар то омадани Ашъариву Мотуридӣ (солҳои 260 то 330 ҳиҷрӣ) мусалмонон имому пешвое дар масоили эътиқод надоштаанд!?

    Имом АбуҲанифа ва имом Молик ва имом Шофеъӣ ва имом Аҳмади Ҳанбал ва имом Бухориву имом Муслим, ки қабл аз инҳо буданд, барои чӣ аз эшон пайравӣ намекунед?

    Оё маъқул аст, ки қарни аввал ва дуввумро бигзориву сипас аз мардуми 250-300 соли баъдӣ усули дин талаб намоӣ?!

    Аллоҳ паноҳ диҳад аз таъассуб ва пайравии ҳавову хоҳиши нафс!

    Валлоҳу таъоло аълам.

    Назари ту бароямон муҳим аст