Роҳҳои шаръӣ барои исботи даромадани моҳи рамазон

Гузориши мухтасар:

Фатво дар бораи исботи даромадани моҳи рамазон бо роҳҳои шаръӣ.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Роҳҳои шаръӣ барои исботи даромадани моҳи рамазон

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Муҳаммад ибни Солиҳ Ал-Усаймин

    Таҳияи: Дорул Ислом\Тоҷикӣ

    2014 - 1435

    الاعتماد على الرؤية المعتادة

    «باللغة الطاجيكية»

    الشيخ محمد بن صالح العثيمين

    إعداد: دار الإسلام / طاجيكي

    2014 - 1435

    Роҳҳои шаръӣ барои исботи даромадани моҳи рамазон.

    С: Роҳҳои шаръӣ барои исботи моҳи рамазон кадом аст? Оё метавон барои исботи саршави ё тамомшавии моҳи рамазон ба ҳисобҳои расадхонаи ситорашиносон эътимод кард? Оё барои мусулмон ҷоиз аст, ки барои дидани моҳ аз телескоп истифода барад?

    Ҷ: Роҳҳои шаръӣ барои фаҳмидани дохилшавии моҳи рамазон ин аст, ки мардум ба тарафе ки моҳ аз он тараф тулуъ мекунад, нигоҳ карда онро пайдо намоянд. Беҳтар он аст, ки шахсони мавриди эътимод ва тезбин ин корро анҷом диҳанд, ки агар муваффақ ба дидани моҳ шуданд мувофиқи дидагии онон воҷиб гардад, ки агар моҳи рамазон бошад, рӯза бар онон воҷиб шавад ва агар моҳи шавол бошад, хурдани рӯза (ид) бар онон воҷиб шавад.

    Агар дидани моҳ бо ин тариқа нашуд, набояд ба ҳисоби расадхона эътимод кард, магар дар ҳолате ки ба воситаи он моҳ дида шавад.

    Дар воқеъ дидани моҳи рамазон ба воситаи ин дастгоҳ (телескоп) бо далили умуми гуфтаи Паёмбар (с) муътабар аст, ки мефармояд:

    [إِذَا رَأَيْتُمُوهُ فَصُومُوا، وَإِذَا رَأَيْتُمُوهُ فَأَفْطِرُوا] (البخاري كتاب الصيام 1900, و مسلم في الصيام 8/1080)

    “Бо дидани моҳ рӯза бигиред, Ва бо дидани он рӯзаро бихуред” (Бухори китоби сиём 1900, Муслим, сиём 8/1080)

    Фақат бар ҳисоботи бидуни дидани моҳ эътимод набояд кард. Аммо истифода аз дурбинҳои наздиккунанда дар дидани моҳ ишколе надорад.

    Ногуфта намонад, ки истифода аз дурбинҳои наздиккунанда дар дидани моҳ, танҳо ҷоиз аст на воҷиб. Зеро ончики аз зоҳири ҳадисҳо фаҳмида мешавад, ин аст, ки мусулмонон бар дидани одии моҳ эътимод кунанд, на бар чизи дигаре. Аммо агар аз он истифода карданд ва шахси боэътимод аз ин роҳ моҳро дид, ишколе надорад. Ва мардум низ аз қадимул-айём аз ин равиш истифода мебурданд. Ва дар шаби сиюми (30) шаъбон ё сиюми рамазон дар ҷои баланде истода бо ин дурбинҳо моҳро нигоҳ мекарданд.

    Ба ҳар ҳол ҳарвақт ки дидани моҳ бо ҳар василае собит шуд амал ба муқтазои он воҷиб мегардад, Чунки ҳадиси Паёмбар (с) дар ин бора ом аст, “Бо дидани моҳ рӯза бигиред, Ва бо дидани он рӯзаро бихуред”.

    Фатвои шайх Муҳамад ибни Усаймин, китоби Даъват 2/150-151.

    Гирифташуда аз китоби "Фатвоҳои олимони ҳарамайн с. 1215" Нухаи форсии сомонаи дорулислом

    Назари ту бароямон муҳим аст