معلومات المواد باللغة العربية

www.firdavsi.com - Мақолаҳо

Теъдоди матолиб: 5

  • Тоҷикӣ

    Бидуни шак, воқеаи Карбало яке аз воқеаи дилхарошест, ки дар таърихи Ислом ба сабт расида аст. Дар ин воқеа бисёре аз фарзандон, наздикон ва ёрони ҳазрати Ҳусайн {разияллоҳу анҳу} ба шаҳодат расиданд. Мо дар ин воқеа номҳои бисёре чун Алии Асғар, Аббос, Ҷаъфар ва ғайраро дар расонаҳо, китобҳо ва ғайра борҳо шунидаем, ки бо обу тоб барои онҳо сӯгворӣ шуда ва ҳатто кӯдакон ҳам бо ин номҳо ошноии комил пайдо кардаанд. Ҷолиб аст, бидонед, дар миёни ин номҳо, номҳое ҳамчун АБУБАКР, УМАР ва УСМОН низ дида мешавад, ки аз наздиктарин афрод ба ҳазрати Имом Ҳусайн {разияллоҳу анҳу} будаанд. Ба таври мисол, ҳазрати Ҳусайн {разияллоҳу анҳу} бародароне ба номҳои АБУБАКР, УМАР ва УСМОН доштаанд ва ҳатто фарзанде ба номи АБУБАКР дошта, ки ҳамаи онон дар воқеаи Карбало дар канори ҳазрати Ҳусайн {разияллоҳу анҳу} ва дар канори бародарони дигарашон ба ҳамон далеле ки ба хун ғалтиданд, ба шаҳодат расиданд, аммо имрӯза ҳеҷ номе аз онҳо бурда намешавад.

  • Тоҷикӣ

    Халифаҳои Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам шогирдони мадрасаи нубувват ва баъди Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва дигар пайғамбарон бузургтарин ва беҳтарин бандагони Аллоҳ таоло мебошанд. Ҳамчуноне Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам пешвои пайғамбарон ва имоми ҷаҳониён дониста мешавад, саҳобагонаш пешвои саҳобагони дигар пайғамбарон ва баъди пайғамбарон бузургтарин фарзандони Одам дониста мешаванд.

  • Тоҷикӣ

    Доктор Муҳаммад Ал-Хашшоб (محمد الخشاب) устоди шуъбаи дастгоҳи гузориш ва ҷигари донишкадаи тибби донишгоҳи Зақозиқ (Миср) ба ин мавзӯъ ишора мекунад, ки бедор шудан барои намози бомдод, кори соати биологии баданро беҳ месозад ва дастгоҳҳои гуногуни ҷисмро водор месозад, ки ба беҳтарин ваҷҳ вазифаҳои худро анҷом диҳанд. Бар асоси пажӯҳишҳое, ки аз тарафи маркази пажӯҳишҳои миллии Қоҳира анҷом ёфтаанд, хондани намози бомдод дар вақти муқарарашудаи он, кори ҳуҷайраҳои баданро фаъол месозад ва онҳоро аз тақсимоти номарғуб нигаҳ медорад.

  • Тоҷикӣ

    Салому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу. Як савол: Як ҳадиси Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст, ки рости гап, маънояшро медонам, лекин матнашро ба тоҷикӣ ифода карда наметавонам. Яъне маънои ҳадис ҳамин мебошад, ки инсоне ки мурда аст дар қабр хобида ҳаст ва ба сабаби ин ки касе барои ӯ гиряву доду фарёд мезанад, ҳамон марди мурда ба азоб дучор ҳаст. Ҳамин ҳадис оё саҳеҳ мебошад? Барои он ки ҳазрати Оиша (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ин ҳадисро қабул намекунад ва такя бар ояти Анъом; 164 ҳаст ба фикрам) мекунад.: Бигӯ: «Оё ҷуз Аллоҳ Парвардигоре ҷӯям?» Парвардигори ҳар чизест ва ҳар кас танҳо ҷазои кори худро мебинад. Ва касе бори гуноҳи дигареро бар дӯш намекашад. Сипас бозгашти ҳамаи шумо ба назди Парвардигоратон аст ва ӯ шуморо ба он чизҳое ки дар он ихтилоф меварзидед, огоҳ мекунад. Фикри шумо дар бораи ин ҳадис чист ва агар санадҳояшро меовардед, хуб мешуд.

  • Тоҷикӣ

    Нависанда : С. Юсуфӣ Таҳрир : Мисбоҳиддини Ҳомид

    Маълуму маъруф аст, ки дар дини мубини Ислом ҳамагӣ ду ид вуҷуд дорад: Рамазону Қурбон ва ё бо номҳои дигар иди саиди Фитр ва иди Азҳо. Инро ҳама медонанд ҳатто ғайри мусулмонҳо ҳам. Родию ва телевизёнҳои гуногуну мухталифи ҷаҳон аз рафту ҷараёни ин ду ид дар кишварҳои мухталифи мусалмоннишин гузоришҳои ҷолибу диданӣ пахш мекунанд.