105 - Al-Fil ()

|

(1) 1. Эй Паёмбар, оё надонистӣ, ки Парвардигорат бо Асҳоби Фил[3115] чӣ кард? Онҳое, ки мехостанд, ки хонаи Каъбаро вайрон кунанд.
[3115] Абраҳаи ҳабашӣ ва аскаронаш

(2) 2. Оё макрашонро ботил насохт?

(3) 3. Ва бар сари онҳо паррандагони гурӯҳ-гурӯҳ фиристод,

(4) 4. то онҳоро бо сиҷҷил[3116] сангборон карданд.
[3116] Санггил

(5) 5. Пас, ононро чун коҳи хӯрдашуда гардонид.