(1) 1. Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савгандба анҷиру зайтун
(2) 2ва савганд бакӯҳи Тури Сино, ки дар он ҷо Аллоҳ бевосита бо Мӯсо алайҳиссалом сухан гуфт.
(3) 3. Савганд ба ин шаҳри эмин аз ҳамаи хавф, ки Макка аст,
(4) 4. ки мо одамироба таҳқиқ дар некӯтарин сурате биёфаридем.
(5) 5. Он гоҳ ӯро ба сӯи дӯзах гардонидем, агар аз итоъати Парвардигораш ва аз пайравии расули Аллоҳ рӯй гардонад,
(6) 6. магар онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, пас барои ононподоши бепоён аст.
(7) 7. Эй инсон, пас чист, ки баъд аз ин ҳама панду насиҳат туро ба дурӯғ шуморидани қиёмат вомедорад?
(8) 8. Оё Аллоҳ ҳукмкунандатарини ҳокимон намебошад дар ҳама чизе, ки офаридаст? Бале албатта мебошад!