(1) 1. Ба ростӣ Мо Кавсарро[3118] ба ту ато кардем.
[3118] Хайри бисёр, ё ҳавзе дар ҷаннат ва дар ду ҷонибаш хаймаҳо аз лӯълӯъ ва хокаш аз мушк.
(2) 2. Пас ба ихлос барои Парвардигорат намоз бихон ва ба номи Ӯ қурбонӣ кун,
(3) 3. Бегумон бадхоҳи ту ва бадхоҳи он чи ки ту аз ҳидоят ва нур овардаӣ, худ абтар[3119] аст.
[3119] Марде, ки наслаш бурида шудааст