86 - At-Taariq ()

|

(1) 1. Аллоҳ савганд ёд мекунад ба осмон ва ситорае, ки шабонагоҳ пайдо мешавад.

(2) 2. Ва ту чӣ донӣ, ки ситорае, ки дар шаб пайдо мешавад, чи ҳаст?

(3) 3. Ситораи дурахшоне ҳаст, ки торикии шабро мешикофад.

(4) 4. Касе вуҷуд надорад, магар ки бар ӯ фариштае вакил карда шудааст барои навиштани амалҳои ӯ.

(5) 5. Пас одамӣ, ки рӯзи аз нав зинда гардонидани баъд аз мирониданро инкор мекунад, бингарад, ки аз чӣ чиз офарида шудааст?

(6) 6. Аз оби мании ҷаҳандаи ночиз офарида шудааст,

(7) 7. ки аз миёни устухони пушти мардва устухони синаи зан берун меояд.

(8) 8. Бегумон, Аллоҳ ба бозофариниши ӯ тавоност,

(9) 9. рӯзе, ки розҳои ниҳон ошкор мешаванд. Ва амали солеҳ аз амали фосид ҷудо мегардад.

(10) 10. Онгоҳ ӯро тавоноӣ ва ёваре набошад.

(11) 11. Савганд ба осмони бозборанда![3099]
[3099]Ба ҷуз Аллоҳ барои махлуқ сазовор нест ба ғайри Аллоҳ қасам ёд кунад, зеро, ки ин амали ширк аст.

(12) 12. Савганд ба замине, ки дар он шикофиҳо ҳаст аз онҳо гиёҳҳо мерӯянд.

(13) 13. Бегумон, Қуръон сухани равшан ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст.

(14) 14. Ва он ҳазл нест!

(15) 15. Бегумон, ононе ки паёмбар саллалллоҳу алайҳи ва салламро бовар намекунанд ҳилае меандешанд, то Қуръон ва расулро дурӯғ бароранд ва ботили худро таъйид намоянд.[3100]
[3100] Тафсири Саъдӣ 1\920

(16) 16. Ва Манниз чорае меандешам, то ҳақро нусрат диҳам, агарчӣ кофиронро нописанд ояд.

(17) 17. Пас кофиронро мӯҳлат деҳ, андак мӯҳлаташон деҳ! Ва дар фуруд омадани азоб ба онҳо шитоб макун!