Роҳ бидуни бозгашт [ МАРГ ]

Гузориши мухтасар:

Ногаҳон хабар мерасад ки фалони фавт кард.
Аз Абу Саъиди Худри ривоят аст ки Паёмбар - дуову дуруд бар у бод- мефармуд:" Ҳар гоҳ ҷанозаеро гузоштанд ва ба қабристон омода шуд, мардум онро ба души худ ҳамл мекунанд, агар солиҳ ва неку кор бошадмегуяд: маро ба зуди бибаред, ва агар одами баде бошад ба хонаводааш мегуяд: вой бар у куҷояш мебаред? Чи азобе дар интизори уст! Садои ин фарёдро бр ҷуз инсон ҳама чиз мешунавад, агар инсон онро бишнавад беҳуш хоҳад шуд, ва баъд аз марг ба инсон чи чизҳо барояш мемонад.
Нависандаи ин мақола дар бораи марг ва азоби он саҳбат мекунад.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Роҳ бидуни бозгашт

    Марг

    طريق بلا عودة [الموت]

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Таҳияи: Абдуссатори Ҳомид

    2009 - 1430

    طريق بلا عودة [الموت]

    « باللغة الطاجيكية »

    إعداد : عبد الستار حميد

    2009 - 1430

    Роҳ бидуни бозгашт

    Марг

    Ногаҳон хабар мерасад ки фалони фавт кард,

    «‌عن أبی سعید الخدري t قال: کَان النبي ص یَقُولُ: إذا وُضَعَت الجَنازَةُ فَاحتَمَلَها الرِّجالَ عَلی أعَناقِهِمَ فِإن کانَت صالَحِةً قالَت قَدِّموني وإن کانت غَیرَ صالحِةٍ قالت لأَهلِها یاویلَها أینَ تَذهَبوُن بها، یسمع صوتها کلّ شيءٍ إلاَّ الإنسان، ولو سمع الإنسان لَصَعِقَ». (البخاری).

    Аз Абу Саъиди Худри ривоят аст ки Паёмбар (с) мефармуд: Ҳаргоҳ ҷанозаеро гузоштанд ва ба қабристон омода шуд, мардум онро ба души худ ҳамл мекунанд, агар солиҳ ва некукор бошад мегуяд: маро ба зуди бибаред, ва агар одами баде бошад ба хонаводааш мегуяд: вой бар у куҷояш мебаред? Чи азобе дар интизори уст! Садой ин фарёдро ба ҷуз инсон ҳама чиз мешунавад, агар инсон онро бишнавад беҳуш хоҳад шуд, ва баъд аз марг ба инсон чи чизҳо барояш мемонад?.

    Паёмбар (с) мефармояд:

    «یتبع المیت ثلاثة: أهله وماله وعمله: فیرجع اثنان ویبقی واحد، یرجع أهله وماله ویبقی عمله». (متفق علیه).

    "Се чиз баъд аз мурдан инсонро то қабристон ҳамроҳи мекунад: Хонавода, сарват, ва амалҳо, сипас дутой аз онҳо боз мегарданд, ва яке аз онҳо ҳамроҳаш боқи мемонад, ва бо у вориди қабр мешавад, хонавода ва сарвати у бар мегарданд, ва амалҳояш бо у боқи мемонанд"

    Ва албатта он рузи бе бозгашт рузест ки ҳар як инсон онро чашанда аст.

    Худованд мефармояд :

    ﮋ ﮞ ﮟ ﮠ ﮡﮢ ﮣ ﮤ ﮥ ﮦ ﮧﮨ ﮩ ﮪ ﮫ ﮬ ﮭ ﮮ ﮯ ﮰﮱ ﯓ ﯔ ﯕ ﯖ ﯗ ﯘ ﯙ ﮊ. (آل عمران:185).

    "Ҳар нафс маргро мечашад, ва шумо подошти худро батаври комил дар рузи қиёмат хоҳед гирифт, онҳое ки аз оташи дузах дур шаванд ва ба биҳишт ворид шаванд наҷот ёфта ва растагоранд, ва зиндагии дунё чизе ҷуз сармояи фиреб нест"

    Оре агар фавт карди мардум чанозай туро бар души худ ҳамл ва туро ба хок месупоранд, баъд аз он, ҳама чиз хотима ёфта мардум қабри туро пушт карда ва батарафи хонаҳояшон бар мегарданд, ва ту садой кафшҳой онҳоро мешунави, чанд руз хонаводаат барой ту гиря мекунанд, ва сипас туро аз ёд мебароранд.

    Ту танҳо мемони, ҳоло фикр кун агар дубора бар ангехта шави, ва аз қабр бар хези, чи чизро орзу мекуни? Хилоф кори ва дуруғгуй? Оройш ва худнамой? Ва мусиқа гуш кардан? Ё тоат ва ибодати Худой яктову ягона? бо худ фикр кун, ва ҳамай ин саволҳоро ба назар биёвар, ба ёд биёр, ки дар қабр аз аъмол ва кирдорат пурсида мешави.

    Худованд мефармояд:

    ﯸ ﯹ ﯺ ﯻ ﯼ ﯽ ﯿ ﰀ ﰁ ﰂ ﰃ ﰄ ﰅ ﰆ ﰇ ﰈ . (البقره: ٢٨١).

    "Аз онруз битарсед ки шуморо ба суй Худованд баргардонда мешавед, сипас ба ҳар кас он чи анҷом дада аст, ба таври комил боз пас дода мешавад, ва ба онҳо ситам нахоҳад шуд" чун ҳарчи мебинанд натиҷай аъмоли худашон мебошад"

    Пас вой бар ҳоли касонеки барой он сафари тулони тушае омода накардаанд.

    Худованд мефармояд:

    ﭪ ﭫ ﭬ ﭭ. (البقره: ١٩٧).

    "Бе шаку шубҳа, беҳтарин туша парҳезгори аст"

    Бародар ва Хоҳари азиз: инак бароят маълум шуд ки беҳтарин туша барой он руз "тарси Худо, ва фармонбардори аз авомири он будаст" пас омода кун тушай сафаратро ва ғофил мабош аз онрузе ки аз у роҳи гурезе нест.

    Шоири Араб мегуяд:

    تزود من التقوى فإنك لا تدري إذا جن ليل هل تعيش إلى

    وكم من فتى أمسى وأصبح ضاحكا وقد نسجت أكفانه وهو لا يدر

    وكم من عروس زينوها لزوجها وقد أخذت أرواحهم ليلة القدر

    "Зиёд кун аз тушай парҳезкорият чун намедони агар шаб омад то саҳар зинда мемони ё не?

    Чандин ҷавонҳо бегоҳ ва саҳари худро дар хандаву хурсанди мегузаронанд, дар ҳолеки кафанашро барояш омода сохтанд ва у хабаре надорад.

    Ва чандин Арусҳо худро барой шавҳарояшон зебо карданд ва дар шаби аруси ҷонҳояшон гирифта мешавад"

    Пас Бародар ва Хоҳари гироми чаро ғофил шудан аз он руз ки ҳар лаҳза дар интизори мост? Ва чаро фиреб хурдан ва фуру рафтан дар ин дунёе ки ба ҳеҷ кас боқи нахоҳад монд? Оё нашунидай сухани Худоро дар борай ин дунёи фони :

    ﭧ ﭨ ﭽ ﮨ ﮩ ﮪ ﮫ ﮬ ﮮ ﮯ ﮰ ﮱ ﯓ ﯔ ﯕ ﯖ ﯗ محمد: ٣٦

    "Ҷуз ин нест ки зиндагии дунё бозист ва беҳудагист, ва агар имон оред ва парҳезгори кунед бидиҳад Худованд аҷру савоби шуморо, ва наталабад аз шумо молоҳой шуморо" .